Зуҳд ва қаноати мӯъмин

0
226

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Зуҳд ва қаноати мӯъмин

Муқаддима
Вожаҳои зуҳду қаноат ё порсоӣ ва содазистӣ аз сифатҳои писандидае ҳастанд, ки дар ахлоқи исломӣ аз ҷойгоҳи арзишманде бархурдор мебошанд ва ба василаи онҳо шахси мӯъмин ризояти Худовандро ҷалб мекунад. Мо дар ин навиштор бо маъно, ҳақиқату фалсафа, анвоъ ва самараҳои ин сифатҳои ахлоқӣ бо таваҷӯҳ ба аҳодиси Паёмбари Акрам (с) бештар ошно хоҳем шуд.

Маънои зуҳду қаноат

  1. Зуҳд

Луғатшиносон зуҳдро ба майл надоштан ба чизе, порсоӣ, тарки дунё ва дил набастан ба зоҳири дунё ба хотири охират ва ризояти Худованди Мутаол маъно кардаанд. (Мухторуссиҳоҳ, саҳ 138; Тоҷул-арус, ҷ 4, саҳ 480).

  1. Қаноат

Луғатшиносон қаноатро ба розӣ будан ба кам, басанда кардан ба кам ва розӣ будан ба рӯзие, ки насиби инсон мешавад маъно кардаанд.

Агарчи зуҳду қаноат дар маъно наздик ба ҳам ҳастанд, аммо сифати қаноат сифате аст, ки бо такрору тамрин малакаи шахси мӯъмин шудааст.

Ҳақиқати зуҳду қаноат
Зуҳду қаноат ба ин маъно нест, ки инсон дар дунё молу сарват надошта бошад, балки ҳақиқати зуҳду қаноат ин аст, ки инсон дар айни дороӣ дӯстори дунё ва дороиҳояш нашавад ва содазист бошад Ба иборати дигар ҳақиқати зуҳду қаноат бемайл будан нисбати дунё ва парҳез аз молу сарват ва орзуҳои дунявие аст, ки машғул шудан бо онҳо инсонро аз ризояти Худованди Мутаол дур мекунад.

Қобили зикр аст, ки дар муқобили сифатҳои зуҳду қаноат сифати мазаммат шудаӣ таҷаммулгароӣ аст ва он ин аст, ки фард ба модиёт ва зару зеварҳои дунё дил мебандад, бидуни ин, ки тавони молиявии кофӣ барои таҳияи онҳо дошта бошад ва дар таҳияи мавридҳои ҳамчун; Либос, мошин ва асоси хона зиёдаравӣ мекунад ва танҳо бо ҳадафи ақиб намондан аз дигарон даст ба ин амал мезанад.

Зуҳду қаноати паёмбарон ва раҳбарони илоҳӣ
Таърихи Паёмбарон ва раҳбарони илоҳиро ҳангоме, ки мутолиа мекунем мебинем чун онҳо аз ҳақиқати дунё огоҳ буданд ва бо инки ҳамаи имконоти баҳрамандӣ аз дунё барояшон фароҳам буд, аммо бо ин ҳол дар олитарин марҳалаи зуҳду қаноат ва содазистӣ қарор доштанд ба унвони намуна ҳангоме, ки Паёмбари Акрам (с) дар Мадинаи Мунаввара ҳамаи имконотро доштанд ва метавонистанд лазизтарин ғизоҳоро бихӯранд ва зеботарин либосҳоро бипушанд ва беҳтарин манзилро дошта бошанд, вале мебинем, ки он ҳазрат зуҳду қаноат варзида ва аз фақиртарин мардум содатар зиндагӣ мекунанд.

Саҳеҳайн аз ҳазрати Оиша (р) нақл мекунанд, ки эшон фармуданд: Паёмбари Акрам (с) ва хонаводаи эшон ҳеҷ вақт ду рӯзи пай дар пай шиками муборакашон аз нон сер намешуд. (Алҷамъ Байнассаҳиҳайн, ҷ 4, саҳ 103).

Зуҳду қаноат дар суханони Паёмбари Акрам (с)
Зуҳду қаноат дар хӯрдану ошомидан ва либоспӯшӣ:

Паёмбари Акрам (с) ба василаи зуҳду қаноат моро ба содазистӣ тавсия карда ва аз таҷаммулгароӣ наҳй кардаанд Имом Абуҳанифа (раҳ) дар китоби Муснадашон ҳадисе аз Ҳузайфа (раҳ) саҳобаи гиромии Паёмбар (с) нақл мекунанд:

نهانا رسول الله ان نشرب فی آنیة الذهب و الفضة، و ان نأکل فیها و النلبس الحریر و الدیباج و قال: هی للمشرکین فی الدنیا و لکم فی الآخرة

Ҳузайфа (р) мегӯяд: Паёмбари Акрам (с) моро аз хӯрдану нӯшидан дар зарфҳои тиллоӣ ва нуқраӣ ва аз пӯшидани либосҳои ҳарир (атлас) ва аз бастани дастбанд (барои мардон) манъ карду фармуд: Инҳо дар дунё барои мушрикон ва дар охират барои шумо аст. (Муснади Имом, китоби Атимаҳ ва Ашрибаҳ, ҳадиси 414, саҳ 851).

Зуҳду қаноат танҳо сифатҳое ҳастанд, ки инсонро дар муқобила бо таҷаммулгароӣ пирӯз ва мудирияти нек дар маошу либоси ӯро тақвият мекунанд.

Паёмбари Акрам (с) дар ҳадиси дигаре дар мавриди зуҳди мӯъмин дар хӯрдан мефармоянд:

الکافر یأکل فی سبعة امعاء، و المؤمن یأکل فی مِعیً واحدٍ

Шахси кофир дар ҳангоми ғизо хӯрдан ҳафт рӯдаи худро ва шахси мӯъмин як рӯдаи худро пур мекунад. (Муснади Имом, китоби Атимаҳ ва Ашрибаҳ, ҳадиси 412, саҳ 848-9).

Яъне шахси мӯъмин танҳо аз роҳи ҳалол ва қонуни исломӣ ғизо мехӯрад, аммо шахси кофир ба ин масъала таваҷҷӯҳ накарда, аз роҳҳои мухталиф ва ҳаром ғизо мехӯрад.

Паёмбари Акрам (с) дар мавриди қаноати мӯъмин ба дороиҳояш фармуданд:

إبنُ آدَم إذا أصبَحتَ مُعافیٍ جَسَدِک آمِناً فی سِربِک عِندَک قُوتُ یَومِک فَعَلَی الدُّنیا العَفا

Эй фарзанди одам! ҳаргоҳ дар осоиши ҷисм ва амнияти хотир ва ҳамроҳ бо доштани ҳазинаи рӯзмара шабро ба субҳ расондӣ, онгоҳ хок бар сари дунё. (Шуабул-имон, ҷ 7, саҳ 294).

Расули Гиромии Ислом (с) ба мо ҳушдор додаанд, ки эй мӯъмин ҳар вақте, ки дар саломати ҷисмӣ ва амният будӣ монанди касе ҳастӣ, ки зиндагии мураффаҳу бо обурӯӣ дорад чаро, ки роҳатии мӯъмин дар дунё нест, балки зиндагии роҳати мӯъмин дар охират аст.

Беҳтарин зуҳд
Расули Худо (с) дар мавриди беҳтарин зуҳд фармуданд:

أشرَفُ الزُّهد أن یَسکُن قلبُک عَلی ما رُزِقتَ و إنَّ إشرَفَ ما تَسأل من الله عزَّوَجَل العافیَة فی الدّین و الدُّنیا

Беҳтарин зуҳду порсоӣ он аст, ки дили ту ба ончи дорӣ ором гирад ва беҳтарин хостаи ту аз Худои соҳиби иззату ҷалолат саломатӣ дар дину дунё бояд бошад. (Ҷомеуссағир, ҷ 1, саҳ 161).

Омили зуҳд
Паёмбари Акрам (с) дар мавриди чигуна ба даст овардани сифати зуҳд мефармоянд:

لا تَکُونُ زاهِداً حتّی تَکونَ مُتَواضِعاً

Зоҳид намешавӣ, то вақте, ки мутавозеъ бишавӣ. (Мӯъҷамул-кабир, ҷ 10, саҳ 9).

Осор ва самарҳои зуҳду қаноат:
Яке аз осори муҳимми зуҳду қаноат дар дунё покӣ ва бениёзӣ аз дороии мардум аст, ки Қуръони Карим дар тавсифи онҳо мефармояд:

لِلْفُقَراءِ الَّذِينَ أُحْصِرُوا فِي سَبِيلِ اللَّهِ لا يَسْتَطِيعُونَ ضَرْباً فِي الْأَرْضِ يَحْسَبُهُمُ الْجاهِلُ أَغْنِياءَ مِنَ التَّعَفُّفِ تَعْرِفُهُمْ بِسِيماهُمْ لا يَسْئَلُونَ النَّاسَ إِلْحافاً

(Ин садақаҳо) барои он (гурӯҳ аз) ниёзмандоне аст, ки дар роҳи Худо фурӯ мондаанд, ва наметавонанд (барои таҳияи ҳазинаи зиндагӣ) дар замин сафар кунанд. Аз шиддати хештандорӣ, шахси беиттилоъ, ононро тавонгар мепиндорад. Онҳоро аз симояшон мешиносӣ, бо исрор (чизе) аз мардум намехоҳанд. (Сураи Бақара, ояти 273).

Паёмбари Акрам (с) дар мавриди фоидаҳои зуҳд мефармоянд:

الزُّهد فی الدُّنیا یُریح القَلب و البَدَنَ و الرَّغبَةُ فیها تُتعِبُ القَلبَ و البَدَنَ

Зуҳд ва бемайлӣ ба дунё дилу танро ором ва алоқа ба дунё дилу танро хаста мекунад. (Мӯъҷамул-авсат, ҷ 6, саҳ 177).

Дар мавриди самараи зуҳд дар охират Паёмбари Акрам (с) фармуданд:

جُلَساهُ الله غَداً أهلٌ الوَرَع وَ الزُّهد فی الدُّنیا

Мулоқоткунандагони Худованд дар Рӯзи қиёмат, соҳибони вараъ (парҳезкорон) ва зуҳд дар дунё ҳастанд. (Канзул-уммол, ҷ 3, саҳ 427).

Натиҷа
Осор ва паёмади танаввӯъталабӣ ва таҷаммулгароӣ ноором кардани рӯҳ аст, ки дар муқобилаш зуҳду қаноат ва содагӣ ва содазистӣ аст, ки оромиши рӯҳӣ ва равонӣ ва дар ниҳоят ризояти Худованди Мутаолро ба думбол дорад. Умед аст, ки бо таваҷҷӯҳ ба аҳодиси Паёмбари Акрам(с), ки роҳу равиши зиндагии исломиро ба мо нишон медиҳанд, шеваи зиндагии саҳеҳ ва ҳақиқии худро биёбем ва худро аз суқут дар таҷаммулгароӣ ва гумроҳӣ наҷот диҳем.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед