Вижагиҳо ва сифоти мӯъминон

0
75

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Вижагиҳо ва сифоти мӯъминон

Муқаддима:
Худованд дар Қуръони Карим мефармояд:

قَالَتِ ٱلۡأَعۡرَابُ ءَامَنَّاۖ قُل لَّمۡ تُؤۡمِنُواْ وَلَٰكِن قُولُوٓاْ أَسۡلَمۡنَا وَلَمَّا يَدۡخُلِ ٱلۡإِيمَٰنُ فِي قُلُوبِكُمۡۖ وَإِن تُطِيعُواْ ٱللَّهَ وَرَسُولَهُۥ لَا يَلِتۡكُم مِّنۡ أَعۡمَٰلِكُمۡ شَيۡ‍ًٔاۚ إِنَّ ٱللَّهَ غَفُور رَّحِيمٌ

“Бодиянишинон гуфтанд: «Имон овардем!» Бигӯ: «Имон наовардаед, валекин бигӯед ислом овардаем; ва ҳанӯз имон дар дилҳои шумо дохил нашудааст; ва агар Худо ва паёмбари Ӯро итоат кунед, шуморо аз корҳоятон чизе кам намекунад; ҳамоно Худованд омурзандаи меҳрубон аст».” (Сураи Ҳуҷурот, ояти 14)

Манзури ин ояти карима ҳамаи арабҳо нест, балки афроди махсусе буданд, ки бо таваҷҷӯҳ ба қудрати фазояндаи Ислом, фақат барои ин мусалмон шуда буданд, ки дар сояи қудрати мусалмонон дар амон бошанд ва аз дастовардҳо ва манофеъи пирӯзиҳои мусалмонон, баҳраманд шаванд дар воқеъ онҳо ба имон овардани худ содиқ набуданд, балки бо иқрори Ислом ба забон маслиҳатан мусалмон шуда буданд ва ақволу афъоли онҳо бо ҳам фарқ дошт, албатта аз аъроби бодиянишин касоне буданд, ки воқеан мӯъмини ба Худо ва содиқ буданд, чунонки дар ҷойи дигаре Худованд дар бораи онҳо мефармояд:

وَمِنَ ٱلۡأَعۡرَابِ مَن يُؤۡمِنُ بِٱللَّهِ وَٱلۡيَوۡمِ ٱلۡأٓخِرِ وَيَتَّخِذُ مَا يُنفِقُ قُرُبَٰتٍ عِندَ ٱللَّهِ وَصَلَوَٰتِ ٱلرَّسُولِۚ أَلَآ إِنَّهَا قُرۡبَة لَّهُمۡۚ سَيُدۡخِلُهُمُ ٱللَّهُ فِي رَحۡمَتِهِۦٓۚ إِنَّ ٱللَّهَ غَفُور رَّحِيم

“Ва аз бодиянишинон касоне ҳастанд, ки ба Худо ва рӯзи қиёмат имон меоваранд ва он чиро ки инфоқ мекунанд василаи наздикӣ дар пешгоҳи Худо ва дуоҳои Паёмбар мешуморанд. Огоҳ бошед! Дар ҳақиқат, он барояшон василаи наздикӣ аст; ба зудӣ Худо онҳоро дар раҳмати Худ дохил мекунад; ҳамоно Худованд омурзандаи меҳрубон аст.” (Сураи Тавба, ояти 99)

Ва Худованд дар ҷои дигар сифтоти мӯъминони воқеиро баён карда мефармояд:

إِنَّمَا ٱلۡمُؤۡمِنُونَ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ بِٱللَّهِ وَرَسُولِهِۦ ثُمَّ لَمۡ يَرۡتَابُواْ وَجَٰهَدُواْ بِأَمۡوَٰلِهِمۡ وَأَنفُسِهِمۡ فِي سَبِيلِ ٱللَّهِۚ أُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلصَّٰدِقُونَ

“Мӯъминон фақат касоне ҳастанд, ки ба Худо ва расулаш имон оварданд, сипас, шак накарданд ва бо амволашон ва ҷонҳояшон дар роҳи Худо ҷиҳод карданд; онҳо худ ростгӯёнанд.” (Сураи Ҳуҷурот, ояти 15)

Дар ин ояти муборака, сифоти мӯъминон зикр гардидааст, мӯъминони ростгӯе, ки ба Худованди Мутаол ва Расули баргузидаи Ӯ ва ба ончи аз Худо бар эшон нозил гардида имон ва яқини комил дошта бошанд ва бидуни шак ва шубҳае дар роҳи Ислом мол ва ҷони худро қурбонӣ менамоянд ва аз ҳеҷ фидокорие дареғ намеварзанд ба дурустӣ, ки аъмоли онҳо нишон медиҳад, ки имон дар аъмоқи қалбҳои онҳо ҷой гирифтааст.

Дар ҳадисе, ки саҳеҳи Муслим аз ҳазрати Умар(рз) ривоят менамояд омадааст, ки

بَيْنَمَا نَحْنُ عِنْدَ رَسُولِ اللهِ ج ذَاتَ يَوْمٍ، إِذْ طَلَعَ عَلَيْنَا رَجُلٌ شَدِيدُ بَيَاضِ الثِّيَابِ، شَدِيدُ سَوَادِ الشَّعَرِ، لَا يُرَى عَلَيْهِ أَثَرُ السَّفَرِ، وَلَا يَعْرِفُهُ مِنَّا أَحَدٌ، حَتَّى جَلَسَ إِلَى النَّبِيِّ ج، فَأَسْنَدَ رُكْبَتَيْهِ إِلَى رُكْبَتَيْهِ، وَوَضَعَ كَفَّيْهِ عَلَى فَخِذَيْهِ، وَقَالَ: يَا مُحَمَّدُ أَخْبِرْنِي عَنِ الْإِسْلَامِ، فَقَالَ رَسُولُ اللهِ ج: «الْإِسْلَامُ أَنْ تَشْهَدَ أَنْ لَا إِلَهَ إِلَّا اللهُ وَأَنَّ مُحَمَّدًا رَسُولُ اللهِ ج، وَتُقِيمَ الصَّلَاةَ، وَتُؤْتِيَ الزَّكَاةَ، وَتَصُومَ رَمَضَانَ، وَتَحُجَّ الْبَيْتَ إِنِ اسْتَطَعْتَ إِلَيْهِ سَبِيلًا» ، قَالَ: صَدَقْتَ، قَالَ: فَعَجِبْنَا لَهُ يَسْأَلُهُ، وَيُصَدِّقُهُ، قَالَ: فَأَخْبِرْنِي عَنِ الْإِيمَانِ، قَالَ: «أَنْ تُؤْمِنَ بِاللهِ، وَمَلَائِكَتِهِ، وَكُتُبِهِ، وَرُسُلِهِ، وَالْيَوْمِ الْآخِرِ، وَتُؤْمِنَ بِالْقَدَرِ خَيْرِهِ وَشَرِّهِ» ، قَالَ: صَدَقْتَ، قَالَ: فَأَخْبِرْنِي عَنِ الْإِحْسَانِ، قَالَ: «أَنْ تَعْبُدَ اللهَ كَأَنَّكَ تَرَاهُ، فَإِنْ لَمْ تَكُنْ تَرَاهُ فَإِنَّهُ يَرَاكَ» ، قَالَ: فَأَخْبِرْنِي عَنِ السَّاعَةِ، قَالَ: «مَا الْمَسْئُولُ عَنْهَا بِأَعْلَمَ مِنَ السَّائِلِ» قَالَ: فَأَخْبِرْنِي عَنْ أَمَارَتِهَا، قَالَ: «أَنْ تَلِدَ الْأَمَةُ رَبَّتَهَا، وَأَنْ تَرَى الْحُفَاةَ الْعُرَاةَ الْعَالَةَ رِعَاءَ الشَّاءِ يَتَطَاوَلُونَ فِي الْبُنْيَانِ» ، قَالَ: ثُمَّ انْطَلَقَ فَلَبِثْتُ مَلِيًّا، ثُمَّ قَالَ لِي: «يَا عُمَرُ أَتَدْرِي مَنِ السَّائِلُ؟» قُلْتُ: اللهُ وَرَسُولُهُ أَعْلَمُ، قَالَ: «فَإِنَّهُ جِبْرِيلُ أَتَاكُمْ يُعَلِّمُكُمْ دِينَكُمْ

Мо хидмати Паёмбар(с), нишаста будем ногаҳон марде зоҳир шуд, ки либосҳояш ба шиддат сафед ва мӯйҳояш шадидан сиёҳ буд, ҳеҷ нишонае аз осори сафар бар ӯ дида намешуд ва на ҳам касе аз мо ӯро мешинохт! Назди Паёмбар(с), омад ва ду зону нишаст ва зонуҳояшро ба зонуҳои Паёмбар(с) часпонд. Ва дастҳояшро бар рӯйи ронҳояш гузошт ва гуфт: Эй Муҳаммад! Маро аз Ислом огоҳ соз, он ҳазрат фармуданд: инки гувоҳӣ диҳи, ки ҳеҷ маъбуди бар ҳаққе ҷуз Худои Ягона вуҷуд надорад ва инки Муҳаммад фиристодаи Худо аст ва намозро барпо дорӣ ва закот бипардозӣ ва моҳи рамазонро рӯза бигирӣ ва агар тавоноӣ дошти ҳаҷҷи байтуллоҳро адо намоӣ. Гуфт: рост гуфтӣ. Тааҷҷуб кардем чигуна ҳам аз эшон мепурсад ва ҳам таъйид мекунад! Гуфт: маро аз имон огоҳ соз? Фармуданд: инки ба Худо ва фариштагон ва китобҳо ва расулонаш ва ба рӯзи қиёмат ва ба тақдир, чи хайр ва чи шарри он имон ва бовар дошта бошӣ. Гуфт: маро аз эҳсон огоҳ соз. Фармуданд: инки Худоро тавре бипарстӣ, ки гӯё ӯро мебинӣ, чун агар ту ӯро намебинӣ Ӯ қатъан туро мебинад. Гуфт: аз қиёмат маро хабар деҳ. Фармуданд: дар ин бора саволшаванда аз саволкунанда бештар намедонад. Гуфт: аз нишонаҳои он маро хабар деҳ, фармуданд: инки каниз арбоби худашро бизояд ва инки бубини чӯпонони тангдаст бо пойи бараҳна ва урён дар сохтани сохтумонҳо бар якдигар фахр меварзанд. Ровӣ мефармояд: онгоҳ он ғариба роҳашро гирифта рафт, мо андаке сабр кардем онгоҳ ҳазрат(с) фармуданд: оё медонед саволкунанда кӣ буд? Гуфтем: Худо ва Расулаш донотаранд, фармуданд: Ҷабраил омада буд, то ба шумо динатонро биёмӯзад. (Саҳеҳи Муслим, боби маърифатул имон, ҳадиси 102)

Муҳимтарин сифоти мӯъминон
Аз муҳимтарин сифоти мӯъмин имон аст. Имон он аст, ки дил, Худо ва Пайғамбар(с)-ро тасдиқ кунад ва бовар дошта бошад, тасдиқ ва боваре, ки дар он шак ва тардиде роҳ надиҳад, тасдиқ ва боваре ки собит ва мутмаин бошад ва ларзон ва парешон нагардад ва васвасаҳо ба он роҳ наёбад ва дил ва хирад дар бораи он мутазалзил ва нигарон нашавад. Он имоне, ки ҷиҳоди бо мол ва ҷон дар роҳи Худо аз он сарчашма бигирад.

Қалби инсон вақте ширинии ин имонро бичашад ва ба он итминон пайдо кунад ва бар он собит ва мондагор гардад, ҳатман барои пиёда кардани ҳақиқати имон дар хориҷ аз муҳавватаи ҷон ва дили худ бармехезад ва ба талош меистад ва дар роҳи пиёда кардани он дар зиндагии воқеӣ, лаҳзае аз пой наменишинд. Оре мӯъмини воқеӣ он ҷаҳонбини зебоеро, ки аз имон дар дили ӯстувор ба ҷаҳони воқеият ва соири башарияят арза медорад.

إِنَّمَا ٱلۡمُؤۡمِنُونَ ٱلَّذِينَ إِذَا ذُكِرَ ٱللَّهُ وَجِلَتۡ قُلُوبُهُمۡ وَإِذَا تُلِيَتۡ عَلَيۡهِمۡ ءَايَٰتُهُۥ زَادَتۡهُمۡ إِيمَٰنا وَعَلَىٰ رَبِّهِمۡ يَتَوَكَّلُونَ

“Мӯъминон танҳо касоне ҳастанд, ки ҳар гоҳ Худо ёд шавад, дилҳояшон ҳаросон гардад; ва ҳангоме, ки оятҳояш бар онҳо тиловат шавад, имонашон зиёд гардад; ва танҳо бар Парвардигорашон таваккул мекунанд.” (Сураи Анфол, ояти 2)

Яъне: Падид омадани тарс ва бим аз Худо дар ҳангоми ёди Парвардигори якто, аз нишонаҳои мӯъминон аст. Ва мӯъминони комил ҳамон касоне ҳастанд, ки чун оёти Худо бар онҳо хонда шавад, бар имонашон афзуда мешавад ва низ мӯъминони комил ҳамон касоне ҳастанд, ки бар Парвардгори худ таваккул мекунанд, на бар дигарӣ. Таваккули бар Худо, яъне супурдани корҳо ба дасти Ӯст, аз ҳамин рӯ, дар аҳодис омадааст, ки  таваккули бар Худованди Мутаол, ҳамаи имон аст.

Ва дар ояти дигар омадааст, ки

ٱلَّذِينَ يُقِيمُونَ ٱلصَّلَوٰةَ وَمِمَّا رَزَقۡنَٰهُمۡ يُنفِقُونَ  أُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡمُؤۡمِنُونَ حَقّاۚ لَّهُمۡ دَرَجَٰتٌ عِندَ رَبِّهِمۡ وَمَغۡفِرَة وَرِزۡق كَرِيم 

“Касоне, ки намозро барпо медоранд ва аз он чи ба онҳо рӯзӣ додаем, инфоқ мекунанд; Онон худ дар ҳақиқат, мӯъминанд; барои онҳо назди Парвардигорашон мартабаҳо ва омурзиш ва рӯзии арзишмандест.” (Сураи Анфол, оёти 3 ва 4)

Яъне: Онҳо  ҳамон мӯъминоне ҳастанд, ки миёни аъмоли қалб; Чун бими аз Худо, ихлос ва таваккул ва миёни аъмоли аъзо ва андомҳо; чун намоз ва закот ҷамъ мекунанд. Барои ин гурӯҳ, манозил ва мақомоти хайр ва каромат ва шарафе аст дар биҳишт, ки баъзе аз ин манзилҳо ба ҳасаби имон ва аъмоли солеҳи соҳибони худ аз баъзе дигар бартар аст.

Натиҷа  инки мӯъминони воқеӣ касоне ҳастанд, ки:

  1. Чун номи Худованди Мутаол дар миён ояд аз ҳайбат ва хавф, ба ларза афтанд.
  2. Бо шунидани оёт ва аҳкоми илоҳӣ имон ва яқинашон устувортар шавад.
  3. Эътимод ва таваккули аслии онҳо ҷуз ба зоти поки Худо бар аҳаде нест.
  4. Дар пешгоҳи Худо, сари бандагӣ фурӯд оварда бо тамоми вуҷуд намозро барпо медоранд.
  5. Дороӣ ва ҳастии худро дар роҳи Худованди Мутаол сарф мекунанд ва инонанд мӯъминони комил, содиқ ва росих ва инҳоянд, ки ба мақомот ва маротиби бузурги қурби илоҳӣ ноил мегарданд.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед