Уҷб ва худписандӣ

0
101

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Калимаи  суқут(поён омадан), ки дар муқобили суъуд(боло рафтан) аст аз унвонҳои машҳуре аст, ки ҳамвора бар забони олимону андешмандон ҷорӣ  буда ва дар адабиёти динӣ низ ба тафсил аз он сухан ба миён омадааст. Инсон танҳо мавҷуди пуррамзу  розе аст, ки дар миёни  мавҷудоти олам, меҳварияти аслии низоми хилқатро дорад. Яъне ҳадафи аслӣ аз хилқати офариниш чизе ҷуз инсон нест. Ин ҳамон мавҷуди бисёр печида аст, ки Худованди олам баъд аз хилқати инсон худро аҳсан-ул-холқин номида аст. Пас равшанаст, ки агар Худованд ба хотири хилқати инсон  аҳсан-ул-холқин бошад, инсон низ аҳсан-ул-махлуқин мебошад.

Ба  ҳамин ҷиҳатаст, ки агар тамомии аҷзои кучаку бузурги ҷаҳон аз манзумаи шамсӣ гирифта то ҳастаҳои бениҳояти кучаки атомӣ дар мадор ва низоми ҳакимонае, ки ҳаракат мекунанд ҳамагӣ барои ин аст, ки инсон  дар ҷаҳони офариниш  битавонад  дар масире қадам гузорад, ки аз ӯ интизор меравад.  Яъне ба ҷое бирасад, ки мазҳари аҳсан-ул-холқин бошад. Усулан вақте одамӣ дорои чунин ҷойгоҳу мавқеъияти азиме мебошад ҷой дорад, ки Худованд дар вуҷӯди ӯ анвоъи тавонмандиҳои шигифтангезе қарор дода бошад, то инсон битавонад ба василаи онҳо ва истимдод аз фурсатҳои мавҷуд ба камоли мавриди интизораш даст ёбад.

Албатта, ки тамоми саъю талоши инсонҳо дар ҳамин меҳвар давр мезанад, то балки битавонад меъёр ва  камоли худро шносоӣ ва набзи онҳоро дар ихтиёри худ бигирад, то абъоди зиндагии худро дар он росто танзим ва ба ҳадафи ниҳои расад.  Локин аз он ҷое, ки расидан ба чизи арзишманд метавонад бо мавонеъи дохилию берунӣ рӯбарӯ шавад лозим аст, ки амиқан ба онҳо таваҷҷӯҳи комил гардад, то мабодо инсоне, ки бо ормони баланд дар ҳаракат аст ногаҳонӣ роҳи  худро тағир дода ва ба ҷои расидан ба саъодат, асбоби шақоват ва суқути худро фароҳам созад. Бояд гуфт, ки мавонеъи дарунии суъуди одамӣ ҳамон сифатҳои баде аст, ки дар худи ӯ ҷой гирифта ва рафтори ӯро  рақам мезанад. Дар ин навиштор қарор аст яке аз иллатҳои   гумроҳ шудани  инсонро матраҳ намоем, ки ҳамон уҷб ё худписандӣ мебошад ва сипас ба офатҳои он ва роҳҳои дармони он бипардозем.

Уҷб ва моҳияти он

Ҳамчунон гуфта шуд яке аз хислатҳое, ки мумкин аст нафси одамӣ гирифтори он шавад  уҷб  ё худписедию такаббур аст, ки осори вайронгар бар саҳифаи дили инсон мегузорад. Уҷб дар нигоҳи луғат иборат аст аз, худписандӣ (Алмунҷид, саҳ 1079).  Гуфтаанд  уҷб иборат аст аз ин ки  сифат ё неъматеро, ки дорад  бузург  шуморад, аммо  неъматдиҳандаи  он яъне Худоро  фаромӯш кунад.  Дар робита ба  фарқи байни  уҷбу кибр омада аст, ки  мутакаббир  худро болотар аз дигарон  бидонаду мартабаи худро бештар бидонад.  Аммо дар уҷб муқоиса байни ду шахс нест, балки шахс ба худ ва  аъмоли худаш  менозаду   аз худаш  шоду розӣ аст  ва худро касе  медонаду Худоро  фаромӯш мекунад.

Уҷб ва худписандӣ асос  ва модари бисёре аз бадбахтиҳост  ба тавре, ки метавон онро умм-ул-фасод  донист ва лизо дар суханони  авлиёи Худо ин сифати паст ҷузъи хатарноктарин сифатҳо  дониста шуда аст ва агар дар вуҷуди инсон  пешрафт кунад, чизе аз имони инсон боқи намегузорад. Ба унвони мисол агар ба намоз,  рӯза,  садақа ё ҷиҳод бирасад онро нобуд  карда ва аз байн мебарад. Ба тавре, ки инсон вақте номаи аъмоли худро мебинад, асаре аз хайрот ва корҳои хуб  намебинад. Уҷб монанди муриёнае аст, ки амали пинҳонӣ, зариф,  тадриҷӣ ва фавқулъода хатарнок дорад. Бинобар ин  муҳимтарин сабабе, ки муъминонро ҷаҳаннамӣ мекунад  уҷбу худписандӣ аст.

Уҷб аз манзари Қуръони Карим ва ривоят

Уҷб  яке аз офатҳое аст, ки инсонро аз дидани воқеъиятҳо маҳрум мегардонанд ва дар ӯ ҳолатеро эҷод маенамояд, ки гумон мекунад ҳамаи шароит ва авомил дар ихтиёри ӯ ва ба нафъи ӯ аст ва худро танҳо сабагори кирдои неки худаш  медонад.  Ба ҳамин хотир аъмолаш дар назараш зебо ҷилва карда, аз худ розӣ шуда ва Худоро фаромуш мекунад. Бар бандагони Худо миннат  ва бузурнамоӣ мекунад, ки он сабаби нокомиро  дар мароҳили зиндагӣ дорад.

Қуръони Карим барои наҷоти инсон аз ин офати бузург дар оятҳои гуногун  ба ин сифат пардохта ва бо ишора ба чигунагии офариниши инсон  уро аз уҷбу худписандӣ  барҳазар медорад.

أَوَ لَمْ‌یرَ الْإِنْسانُ أَنَّا خَلَقْناهُ مِنْ نُطْفَةٍ

“Оё инсон намедонад, ки мо уро аз нутфаи бе арзиш офаридем?”(Сураи Ёсин, ояти 77)

Дар ин оят ва оёти баъд ба ин нукта ишора дорад  инсоне, ки ба уҷб олуда шуда аст бузургтарин воқеъияти зиндагии хешро, ки ҳамон наҳваи офариниши ӯ аст  фаромуш менамояд.

Худованд  дар ҷои дигар дар мақоми рад ва мазамати уҷби сипоҳи садри Ислом мефармояд:

وَ یَوْمَ حُنَیْن اذْ اعْجَبَتْکُمْ کَثْرتُکُمْ

“Ва рӯзи Ҳунайн, ки фирефта ва мағрури касрати худ шудед.”(Сураи Тавба, ояти 25)

Онҳо гумон  мекарданд  дижҳояшон  онҳоро дар муқобили Худо ҳифз хоҳад кард, вале азоби  Худо аз ҷониби дигар ба суроғашан омад, ки онҳо гумон намекарданд.  Дар ояти дигар Худованд куффорро мазамат мекунад, ки ба хотири  қалъаҳо ва сарвати  худ дучори уҷбу худписандӣ  шуда буданд. Худованд мефармояд:

الّذِینَ ضَلَّ سَعْیُهُمْ فِی الْحَیاه الدّنْیا وَ هُمْ یَحْسَبُونَ انَّهُمْ یُحْسِنُونَ صُنْعا

“Зиёнкортарини мардум касоне ҳастанд, ки кӯшиши онҳо дар роҳи зиндагии дунё табоҳ шуда вале гумон мекунанд, ки некӯкорӣ мекунанд.”(Сураи Каҳф, ояти 102)

Боз Худованд мефармояд:

أَفَمَن زُینَ لَهُ سُوءُ عَمَلِهِ فَرَآهُ حَسَناً

“Оё касе, ки кирдори зишташ дар назараш зинат дода шуда ва онро некӯ пиндошта аст?”(Сураи Фотир, ояти 8)

Ҳолате, ки дар ин ояти шарифа матраҳ шуда аст ҳикоят  аз уҷб аст.

ألَمْ تَرَ اِلی الَّذینَ یزَکُّونَ أَنْفُسَهُمْ بَلِ اللهِ یزکّی مَنْ یشاء

“Оё надид касонеро, ки худситоӣ мекунанд? Ин худситоиҳо беарзишаст. Балки Худо ҳар касро бихоҳад  ситоиш мекунад.”(Сураи Нисо, ояти 49)

Тазкия ба маънои барчидани нопокиҳо барои поку солимсозӣ аст, ки агар  амалӣ   гардад  кори писандида мебошад,  аммо агар фақат ба қавл ва идао бошад бисёр бад мебошад.

فَلَاتُزَکُّواْ أَنفُسَکُمْ هُوَ أَعْلَمُ بِمَنِ اتَّقَی‌

“Пас худситоӣ накунед, Ӯ парҳезгоронро беҳтар мешиносад!”(Сураи Наҷм, ояти 32)

Инсон бояд дар ботин ва замири худаш андеша кунад, ки дар аввали хилқаташ кӣ буд ? оё ӯ ҳамон  нутфае набуд, ки  охири кораш  табдил ба мурдор шуд ?. Ва ҳамчунин бояд  ибрат бигирад, ки   суратҳои зебо ва баданҳои латифи инсон ба ҷое мерасад, ки баъд аз мураданаш   ҳатто ошноҳои ӯ аз буи бадаш мутанаффир шуда аз ӯ фирор мекунанд.

Набии  гиромии Ислом(с) дар робита ба ин мавзуъи мавриди баҳс дар суханони пурарзиши худашон  мефармоянд:

ثلاث مهلکات شحّ مطاع و هوی متّبع و اعجاب المرء بنفسه

“Се чизаст, ки боиси ҳалокат мешаванд;  бахиле, ки аз он итоат шавад,  ҳаво ва ҳавасе, ки аз он пайравӣ шавад ва  худписандӣ.”(Эҳёи Улуми Дин, саҳ 702)

العجب هو استعظام النعمه و الرکون الیها مع نسیان اضافتها الی المنعم

“Уҷб бузург шуморидани неъмат ва эътимод ба он дар канори фаромуш кардани соҳиби неъмат яъне  Худованд аст.” (Эҳёи Улуми Дин, ҷ 3, саҳ 580)

Аммо агар инсон бовар дошт,   ки ин неъматҳо аз тарафи Худованд аст ва  Худованд бар бандааш лутф карда аст, ки неъматеро насибаш гардонидаст, дар ин ҳолат  уҷбу худписандӣ пеш намеояд. Аммо дар ҳолате ки инсон баъд аз анҷом додани кори хайре мағрурона худписанд шавад ин боиси ҳалокати инсон мешавад.

Натиҷа

Уҷбу худписандӣ  аз разоили ахлоқӣ ба маънои рози  шудан ба амалҳои неки худ ба тавре ки он амалҳои некро фақат аз ҷониби худаш бишуморад ва лутфу раҳмати Худоро дар корҳои хайраш нодида гирад.

Уҷб поя ва модари бисёре аз бадбахтиҳо аст. Тавре ки метавон онро ум-л-фасод донист. Бинобар ин  дар суханони авлиёи Худо ин сафатро ҷузъи сифатҳои ҳалокунандаи инсон дониста шуда аст ва агар ин беморӣ  пешрафт кунад, чизе аз имон боқӣ намегузорад.

Уҷб  монанди муриёнаест, ки амали пинҳонӣ, зариф,  тадриҷӣ ва фавқулъода хатарнок мебошад ва яке сабабҳое, ки инсони  муъминро ҷаҳаннамӣ мекунад, ҳамон   уҷбу худписандӣ мебошад.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед