Тавозӯъ сифати олии инсонӣ

0
302

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Тавозӯъ сифати олии инсонӣ

Муқаддима
Тавозӯъ, ки дар форсӣ ба фурӯтанӣ тарҷума шудааст, яке аз хусусиёт ва сифоти олии инсонӣ аст, ки осори он дар иртибототи иҷтимоӣ намоён мешавад. Инсони мутавозеъ касе аст, ки беҳтар аз ончи интизор дорад, дигарӣ бо ӯ таомул дошта бошад, бо дигарон таомул дорад. Пас фаротар аз доираи адолат бо бархурдҳои эҳсонии хеш, ҳамагонро маҷзуби  рафтори  худ  месозад ва аз онҷое, ки тавозӯъ аз сифоте аст, ки касе ба ӯ ҳасад намеварзад, аз мушкилоти ҳасодат низ дар амон хоҳад буд. Аз ин рӯ беҳтарин сифати инсонӣ ва комилтарин рафтори иҷтимоиро бояд аз шахси мутавозеъ интизор дошт.
Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки ҷомеаи исломӣ бар мадори макорими ахлоқӣ мегардад, интизор меравад, ки ин сифат дар мусалмонон ва мӯъминон ба беҳтарин шакл вуҷуд дошта бошад, то ҷомеаи намуна ва бартареро ба ҷаҳониён муаррифӣ кунад.

Тавозӯъ ба чӣ мегӯянд?
Тавозӯъ ё фурӯтанӣ,  яъне худро бартар ва болотар аз касе надонистан аст, дар иваз фарди мусалмон бояд ҳар касро; чӣ фақир ва чӣ заиф ва чӣ дар мақоми поинтар аз худаш, бузург бидорад. Худованди Мутаол ҳамаи моро ба фурӯтани амр намуда ва мефармояд:

وَ اخفِض جَنَاحَكَ لِمَنِ اتَّبَعَكَ مِنَ المُؤمِنِينَ  

“Ва барои касоне аз мӯъминон, ки аз ту пайравӣ мекунанд, боли [муҳаббати] худро, бигустарон.” (Сураи Шуаро, ояти 215)

Манзур аз тавозӯъ ва фурутанӣ дар баробари тамоми инсонҳост. Ҳамчунин мефармояд:

تِلكَ ٱلدَّارُ الأخِرَةُ نَجعَلُهَا لِلَّذِينَ لَا يُرِيدُونَ عُلُوّا فِي الأَرضِ وَلَا فَسَادا وَ العَاقِبَةُ لِلمُتَّقِينَ

“Он сарои охират аст, ки онро барои касоне қарор медиҳем, ки ҳеҷ бартарӣ ва фасодеро дар замин намехоҳанд; ва оқибат[-и нек] барои парҳезгорон аст.” (Сураи Қасас, ояти 83)
Пас, биҳишт махсуси касоне аст, ки  гуноҳ ва нофармонии Худоро накарда ва намехоҳанд бар бандагони Худо истикбор биварзанд.
Тавозӯи Расули Худо(с)
Тавозӯъ аз боризтарин хусусиёти ахлоқии ҳазрати Расули Акрам(с) буд. Намунаҳои бисёре аз фурӯтанӣ ва тавозӯъи он ҳазрат(с) мавҷуд аст, ки аз ҷумлаи онҳо метавон ба ин ҳадис ишора кард, ки:
Аз ҳазрати Оиша(рз) савол шуд: Паёмбар(с) дар мёни хонаводааш чигуна рафтор мекард? Посух дод:

كَانَ فِى مِهْنَةِ أَهْلِهِ، فَإِذَا حَضَرَتِ الصَّلاَةُ قَامَ إِلَى الصَّلاَةِ

“Эшон ба кори хонаи хеш машғул буданд (ононро кӯмак менамуданд) ва чун вақти намоз мерасид, намозро иқома мекарданд.” (Саҳеҳи Бухорӣ, ҳадиси 5692)

Он ҳазрат(с) худ шири гӯсфандонро медӯшид, кафшҳояшро медӯхт, ҷомаашро васла мезад, бо хидматкораш хурок мехӯрд, худ аз бозор васоил мехарид ва бо дастони хеш ҳамлашон мекард, дар салом кардан бар тарафи муқобил пешӣ мегирифт ва бо ӯ даст медод, барои ӯ фарқе намекард, ки он шахс кӯчак бошад ё бузург, сиёҳ бошад ё сурх ва банда бошад ё озод. Он ҳазрат(с) худро аз ёронаш ҷудо накарда ва дар корҳо чӣ кам ва чӣ зиёд бо онҳо ҳамкорӣ менамуд.
Замоне, ки Паёмбар(с) Маккаро фатҳ карданд, дар ҳоле вориди шаҳр шуданд, ки сари хешро бахотри тавозӯъ дар баробари Парвардгори ҷаҳониён чунон ба зер афканда буд, ки чизе намонда буд, ба пушти шутураш бирасад. Сипас он ҳазрат ҳамаи аҳли Маккаро бахшида ва аз онҳо даргузашт ва фармуд:

اِذْهَبُوا فَأَنْتُمْ الطُّلَقَاءُ

“Биравед, ки шумо ҳама озодед.” (Ҷомеулусул фи аҳодисиррасул, Абусаодот ибни Асир, ҳадиси767 )
Анвоъи тавозӯъ
Тавозӯъ мумкин аст дар робита бо Худованд ё дар иртиботи фиристодаи Ӯ ва дигар мардум бошад. Инсони мусалмон дар иртибот бо Худованд фурӯтани пеша мекунад, то аъмоли ӯро қабул фармояд ва дар баробари ӯ ниҳояти хузуъ ва фурӯтаниро пеша мегирад. Дар муқобили авомири Ӯ на чуну чаро намуда ва на бо афкор ё амёли хеш дар баробари он меистад. Ҳамчунин дар иртибот бо Расули Худо(с) бо тамассук ба суннат ва роҳнамоиҳояш тавозӯъ ва фурӯтанӣ ихтиёр намуда, бо адаб ва фармонбарӣ аз вай пайравӣ намуда ва дар авомир ва навоҳӣ бо вай мухолифат намекунад.
Инсони мусалмон дар робита бо мардум рафтори мутавозеъ дошта ва бар онон фахр намеварзад. Ҳурмат ва мақоми онҳоро, дар ҳар рутба ва пояе, ки бошанд, нигоҳ медорад. Сухани ҳақро қабул дошта ва ба он гардан мениҳад, ҳол гӯяндаи он ҳарки бошад фарқе намекунад.
Фазилати тавозӯъ
Тавозӯъ хислати писандидае аст, ки баёнгари покии нафси инсон буда ва ба сӯи муҳаббат, дӯстӣ ва баробарӣ миёни мардум роҳнамоӣ карда ва боиси густариши ҳамбастагӣ миёни онҳо ва канор рафтани кина ва ҳасодат ва душманӣ аз қалбҳояшон мегардад. Муҳиммтар аз ҳама ин ки тавозӯъ сабаби хушнудии Худованди Субҳон мебошад, ки Паёмбари Худо(с) фармудааст:

مَا نَقَصَتْ صَدَقَةٌ مِنْ مَالٍ وَمَا زَادَ اللَّهُ عَبْدًا بِعَفْوٍ إِلاَّ عِزًّا وَمَا تَوَاضَعَ أَحَدٌ لِلَّهِ إِلاَّ رَفَعَهُ اللَّهُ

“Ҳеҷ садақа молро кам насохт ва Худо ҳеҷ бандаеро ба афв ҷуз иззат наяфзӯд  ва ҳеҷ кас барои Худо фурӯтани накард, магар инки Худованд ӯро баландмартаба намуд.” (Саҳеҳи Муслим, ҳадиси 6757)
Ҳамчунин он ҳазрат(с) мефармоянд:

مَنْ تَوَاضَعَ لله رَفَعَهُ الله

“Ҳаркас ба хотири Худованд фурутанӣ кунад, Худованд ӯро баландмартаба гардонад.” (Лубобулҳадис, Ҷалолиддини Суютӣ, саҳ 29).
Ва низ фармудааст, ки:

إنَّ اللَّهَ تَعَالَى أَوْحَى إلَيَّ: أَنْ تَوَاضَعُوا، حَتَّى لَا يَبْغِيَ أَحَدٌ عَلَى أَحَدٍ، وَلَا يَفْخَرَ أَحَدٌ عَلَى أَحَدٍ

“Ҳар ойина Худованд ба ман ваҳй намуд, ки фурӯтанӣ кунед, то касе бар касе ситам накунад ва касе бар касе нанозад. (Саҳеҳи Муслим, ҳадиси7389)
Пас, тавозӯъ шикастагӣ ва фурӯтании нафс аст ва на зиллати манфӣ ва рафтани зери бори зулму ситам ва худро залил кардан дар баробари ситамгар!. Фарди мутавозеъ дар даруни худ ҳолате дорад, ки ӯро мутазалзил мекунад, ба гунае ки барои худ ҳеҷгуна бартарӣ ва имтиёзе нисбат ба дигарон қоил набуда ва ҳамвора дар рафтор ва гуфтори худ дигаронро бузург ва гиромӣ медорад ва нисбат  ба онҳо ҳурмату эҳтиром қоил аст.
Гоҳо чунин тасаввур мешавад, ки тавозӯъ инсонро кӯчак мекунад, дар ҳоле  ки ин як бардошти сатҳӣ ва нодуруст аст, ҳамвора мебинем афроди мутавозеъ дар ҷомеа мавриди эҳтиром ва дорои азамат ва шахсият ҳастанд ва тавозӯъ бар манзилати онҳо меафзояд.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед