Тавба аз назари Қуръони Карим

0
159

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Яке аз неъматҳо ва муҳибатҳои азими Худованди Мутаол, ки ба чашмаҳои амиқ ва ҷӯшони файз ва раҳмати хосси Ӯ муттасил аст ва ҳамвора ҷорӣ дар наҳрҳои зиндагии инсон ва бартарафкунандаи ҳамаи олӯдагиҳо ва муназзаҳкунандаи лаҳазоти ҳаёти ӯ мебошад «тавба ва истиғфор» аст.

Вожашиносӣ

Тавба ба маънои бозгашти банда ба сӯи Худо аст.(Ибни Манзур, Лисонулъараб, зайли вожаи «тавба»)

Тавба яке аз истилоҳоти пуртакрор дар Қуръони Карим ва ривоёт аст. Дар 69 ояти Қуръони Карим ба мавзӯи тавба пардохта шудааст ва бо баёни муҳаббати илоҳӣ нисбат ба тавбакунандагон, мардумро ба тавбаи насӯҳ даъват мекунад. Дар аҳодис низ ҷойгоҳ ва аҳаммияти тавба мавриди таъкид қарор гирифта ва аз таъхири он наҳй шудааст.

Тавба дараҷоте дорад, ки поинтарин мартабаи он тавба аз гуноҳон аст, дараҷоти болотари он, тавба аз ғафлат, тавба аз тавваҷҷӯҳ ба ғайри Худо ва тавба аз мушоҳидаи ғайри Ҳақ Таоло аст.

Тавба дар Қуръони Карим

Илова бар ин ки номи нуҳумин сураи Қуръони Карим, тавба аст, ин вожа ва муштақоти он 87 мартаба ва дар 69 оят мавриди истифода қарор гирифтааст. Қуръони Карим пазириши тавбаро махсӯси касоне медонад, ки дар асари нодонии кори ношоист анҷом додаанд, вале ба маҳзи фаҳмидан тавба кардаанд.

إنَّمَا التَّوْبَةُ عَلَی اللَّهِ لِلَّذینَ یعْمَلُونَ السُّوءَ بِجَهالَةٍ ثُمَّ یتُوبُونَ مِنْ قَریبٍ فَأُولئِک یتُوبُ اللَّهُ عَلَیهِمْ وَ کانَ اللَّهُ عَلیماً حَکیماً

Тавба назди Худованди Мутаол, танҳо барои касоне аст, ки аз рӯйи нодони муртакиби гуноҳ мешаванд, сипас ба зуди тавба мекунанд ва ононанд, ки Худо тавбаашонро мепазирад. Худованд доноӣ ҳаким аст.

(Сураи Нисо, ояти 17)

Аммо тавбаи касоне, ки то лаҳзаи марг ба корҳои ношоист идома дода ва ҳангоми марг ба дунболи тавба ҳастандро мақбул нест.

وَ لَیسَتِ التَّوْبَةُ لِلَّذینَ یعْمَلُونَ السَّیئاتِ حَتَّی إِذا حَضَرَ أَحَدَهُمُ الْمَوْتُ قالَ إِنِّی تُبْتُ الْآنَ وَ لاالَّذینَ یمُوتُونَ وَ هُمْ کفَّارٌ أُولئِک أَعْتَدْنا لَهُمْ عَذاباً أَلیماً

Тавбаи касоне, ки гуноҳ мекунанд, то вақте, ки марги яке аз эшон бирасад, мегӯяд: «акнӯн тавба кардам», пазируфта нест ва [низ тавбаи] касоне, ки дар ҳоли куфр мемиранд, пазируфта нахоҳад буд, онҳоро барояшон азоби дарднок омода кардаем”(Сураи Нисо, ояти 18)

Тавба ҳамеша ба дунболи гуноҳ нест, балки гоҳе ба маънои нигоҳ ва раҳмати вежаи Худованд ба касе аст.

Тавбаи насӯҳ

Дар Қуръони Карим аз мардум хоста шудааст, то ба сӯи Худованди Мутаол тавбаи насуҳ кунанд.

یا أَیهَا الَّذینَ آمَنُوا تُوبُوا إِلَی اللَّهِ تَوْبَةً نَصُوحا

Эй касоне, ки имон овардаед, ба даргоҳи Худо тавбаи ростин кунед.

 (Сӯраи Таҳрим, ояти 8 )

Тавба дар Ислом дорои чанд шароит аст;

1-Тарки гуноҳ,

2-Пушаймони аз гуноҳ,

3-Тасмим бар анҷом надодани дубораи гуноҳ,

4-Ҷуброни гуноҳ,

Тавба ҳамчун берун овардани либоси чиркин аз бадан ва пӯшидани либоси пок ва тамиз аст.

Тавба ҳамчун шустушӯи бадани олӯда ва атр задан аст.

Қуръони Карим дар оғози сураи Ҳуд мефармояд:

وَأَنِ اسْتَغْفِرُوا رَبَّكُمْ ثُمَّ تُوبُوا إِلَيْهِ

Ва аз Парвардгори худ омурзиш биталабед, сипас ба сӯи ӯ бозгардед”.

(Сураи Ҳуд ояти 3)

Овардани истиғфор ва тавба дар як оят, ҳокӣ аз он аст, ки ин ду бо ҳам тафовут доранд, аввал ба маънии шустушӯ дувум ба маънии касби камолот ва фазоил аст. Инсон нахуст бояд худро аз гуноҳон пок созад ва сипас худро ба авсофи илоҳӣ биёрояд, нахуст ҳаргунаи маъбуди ботилро аз қалби худ бизудояд ва сипас маъбуди ҳақро дар он ҷой диҳад.

Ҳофиз мегӯяд

То нафс мубарро зи навоҳӣ накунӣ

Дил ойнаи нури илоҳӣ накунӣ

Натиҷа

Тавба ба маънои бозгашт ва тарки гуноҳ аст; бандае, ки аз Худо ба василаи гуноҳ дур шудааст, инак қасди бозгашт ба маъбуди хешро дорад. Тавба воҷиб аст ва амре аст ихтиёрӣ ва иродӣ. Фарди гуноҳкор барои найл ба тавба, бояд илова бар ирода майл ба тарки гуноҳ ва маъсиятро низ дошта бошад. Ин майл бояд нисбат ба соири амёл, аз ҷумла анҷоми маъсият, қавитар бошад. Муҳимтарин монеи тавба ва бозгашт аз масири нодуруст ба роҳи савоб, ба таъхир афкандани он аст. Беҳтарин замони тавба, пас аз иртикоби амали нодуруст ва ба вижа дар замон ҷавонӣ аст. Инсоне, ки дар ҷавонӣ натавонад ба сӯи Худо бозгардад, дар даврони пирӣ имкони тавба барои ӯ ба маротиб сахттар ва мушкилтар хоҳад буд.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед