Шукр дар Қуръон ва ривоёт

0
351

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Шукр дар Қуръон ва ривоёт

Муқаддима
Шукр, як истилоҳи қуръонӣ ва ахлоқӣ буда ва маънои сипосгузорӣ ва қадрдонии забонӣ ва амалӣ аз неъматҳои Худованд аст.

Бинобар оёти қуръонӣ, шукр ба нафъи худи инсон аст ва шукр ё носипосӣ, ҳеҷ нафъе ё зараре барои Худованд надорад, зеро Худо аз инсон ва афъоли ӯ ғанӣ ва бениёз аст. Бар ҳамин асос, шукри неъмат боиси баракат ва зиёд шудани ризқу рузии инсон мешавад.

Шукр дар луғат ба маънои шинохти эҳсон ва некӯкорӣ ва интишори он аст. (Лисонул араб, Ибни Манзур, ҷ4, саҳ 432) ва дар истилоҳ, ба маънои  ёдоварӣ ва шинохти неъматҳои Худо ва изҳори қалбӣ ва забонӣ ва амалии онҳост. (Алмуфрадот фи ғарибил Қуръон,  саҳ 265).

Шукр ва сипосгузории Анбиё(а)
    Шукр ва сипосгузорӣ ҷузъи хислатҳои ҳамешагии анбиёи Худо(а) буда ва Худованди

اِنَّ إِبْرَاهِيمَ كَانَ أُمَّةً قَانِتًا لِلَّهِ حَنِيفًا وَلَمْ يَكُ مِنَ الْمُشْرِكِينَ * شَاكِرًا لِأَنْعُمِهِ ۚ اجْتَبَاهُ وَهَدَاهُ إِلَى صِرَاطٍ مُسْتَقِيمٍ
“Барости, ки Иброҳим пешвои мутеъи Худо [ва] ҳақгарое буд ва аз мушрикон набуд. [Ва] неъматҳои Ӯро шукргузор буд [Худо] ӯро баргузид ва ба роҳи рост ҳидояташ кард.” (Сураи Наҳл, оёти 120 – 121)

Худованд ҳазрати Нӯҳ(а)-ро ба хотири он ки шокир ва сипосгузор будааст, мавриди таъриф ва тамҷид қарор дода ва мефармояд:

ذُرِّيَّةَ مَنْ حَمَلْنَا مَعَ نُوحٍ ۚ إِنَّهُ كَانَ عَبْدًا شَكُورًا
“[Эй] насли касоне, ки бо Нӯҳ [дар киштӣ] савор кардем! мусалламан ӯ бандаи бисёр сипосгузор буд [пас, шумо ҳам чун ӯ бо амал ба фармонҳои Ҳақ сипосгузор бошед].” (Сураи Исро, ояти 3)

 Худованди Мутаол дар Қуръони Карим  аз ҳазрати Сулаймон(а) ингуна таъриф  ва тамҷид мекунад:

قَالَ هَذَا مِنْ فَضْلِ رَبِّي لِيَبْلُوَنِي أَأَشْكُرُ أَمْ أَكْفُرُ ۖ وَمَنْ شَكَرَ فَإِنَّمَا يَشْكُرُ لِنَفْسِهِ ۖ وَمَنْ كَفَرَ فَإِنَّ رَبِّي غَنِيٌّ كَرِيمٌ
“…гуфт: «Ин аз фазли Парвардигори ман аст, то маро имтиҳон кунад, ки оё шукр мекунам ё носипосӣ менамоям; ва ҳар кас шукр кунад, пас фақат барои худаш шукр мекунад; ва ҳар кас носипосӣ кунад, пас ҳамоно Парвардигори ман бениёзи карим аст.” (Сураи Намл, ояти 40)

Расули Худо(с) дар баробари Парвардигори хеш бисёр шукргузор буд ва ба мо омӯхтааст, то пас аз ҳар намоз бигӯем:

اللَّهُمَّ أَعِنِّى عَلَى ذِكْرِكَ وَشُكْرِكَ وَحُسْنِ عِبَادَتِكَ
“Худоё! Маро бар зикр ва шукр ва ҳусни парастиш ва ибодати худ ёрӣ фармо.”(Сунани Аби Довуд, ҳадиси 1524)

Ҳазрати Оиша(рз) нақл мекунад, ки Расули Худо(с) шабро бедор мемонд ва ба намоз барои Худованди Мутаол мепардохт, то он ки пойҳояшон варам мекард. Аз ӯ мепурсидам: чаро ин корро мекунед?! Дар ҳоле ки гуноҳи гузашта ва ояндаи шумо бахшида шудааст? Ва Паёмбар(с) посух мефармуданд:

أَفَلا أَكُونُ عَبْدًا شَكُورًا
Оё бандаи шукргузоре набошам? (Саҳеҳи Бухорӣ, ҳадиси 6106)

Анвои шукр
Инсони мусалмон аз ҳаркас, ки ба ӯ неки карда ва ё кумаке дар ҳаққи ӯ намуда бошад,  ташаккур ва қадрдонӣ мекунад.

Аз ҷумла анвои шукр иборат аст аз:

  • Ташаккур ва сипос аз Худованд

Инсони мусалмон аз Парвардигори хеш бахотири неъматҳои бешуморе, ки ба ӯ арзонӣ доштааст, сипосгузорӣ карда ва дар баробари неъматҳои Худованди Мутаол носипосӣ ва ношукрӣ намекунад, Худованд мефармояд:

فَاذْكُرُونِي أَذْكُرْكُمْ وَاشْكُرُوا لِي وَلَا تَكْفُرُونِ
“Пас, Манро ёд кунед, то шуморо ёд кунам ва шукри Манро ба ҷой оваред ва [Манро] носипосӣ накунед.” (Сураи Бақара, ояти 152)

Ва дар ҷои дигар мефармояд:

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا كُلُوا مِنْ طَيِّبَاتِ مَا رَزَقْنَاكُمْ وَاشْكُرُوا لِلَّهِ إِنْ كُنْتُمْ إِيَّاهُ تَعْبُدُونَ
“Эй касоне, ки имон овардаед! аз покизаҳое, ки рӯзии шумо кардаем, бихӯред; ва шукри Худоро ба ҷой оваред, агар шумо танҳо Ӯро мепарастед.” (Сураи Бақара, ояти 172)

Ва боз мефармояд:

وَمِنْ رَحْمَتِهِ جَعَلَ لَكُمُ اللَّيْلَ وَالنَّهَارَ لِتَسْكُنُوا فِيهِ وَلِتَبْتَغُوا مِنْ فَضْلِهِ وَلَعَلَّكُمْ تَشْكُرُونَ
“Ва аз раҳмати Ӯст, ки шабу рӯзро барои шумо қарор дод, то дар он (=шаб) ором гиред; ва то [дар рӯз] аз фазли Ӯ талаб кунед; ва шояд шумо шукр кунед.” (Сураи Қасас, ояти 73)

Шукр ва сипоси Худованд бо эътироф ба неъматҳои Ӯ ва баёни он ва бакоргирии он дар тоати Парвардигори Мутаол сурат мепазирад.

Паёмбари Худо(с) фармуданд:

التَّحَدُّثُ بِنِعْمَةِ اللهِ شُكْرٌ، وَتَرْكُهَا كُفْرٌ، وَمَنْ لاَ يَشْكُر الْقَلِيلَ، لاَ يَشْكُر الْكَثِيرَ، مَنْ لاَ يَشْكُرُ النَّاسَ، لاَ يَشْكُر اللَّهَ
“Ибрози неъмати Худованд сипос аз Ӯст ва канор ниҳодани он носипосӣ аст. Касе, ки дар баробари неъмати андак шукр накунад, дар баробари неъматҳои бисёр низ шукр намекунад ва касе, ки сипоси мардумро намегузорад, сипоси Худоро ҳам намегузорад.” (Ҷомеъул аҳодис, Ҷалолуддини Суютӣ, ҳадиси 11053)

Ва боз Расули Худо(с) фармуданд:

إِنَّ اللَّهَ لَيَرْضَى عَنِ الْعَبْدِ أَنْ يَأْكُلَ الأَكْلَةَ فَيَحْمَدَهُ عَلَيْهَا أَوْ يَشْرَبَ الشَّرْبَةَ فَيَحْمَدَهُ عَلَيْهَا
“Ҳамоно Худованд аз бандае розӣ мешавад, ки чун луқмае бихӯрад Худовандро бар он сано гӯяд ва чун обе бинӯшад, Худовандро бар он сано гӯяд.” (Саҳеҳи Муслим, ҳадиси 7108)

Ва низ мефармоянд:

إِنَّ اللَّهَ تَعَالَى يُحِبُّ أَنْ يُرَى أَثَرُ نِعْمَتِهِ عَلَى عَبْدِهِ
“Худованд дӯст медорад, ки нишонаи неъматашро бар бандааш бубинад.” (Сунани Тирмизӣ, ҳадиси 2744)

  • Ташаккур ва сипосгузорӣ аз волидайн

Худованди Мутаол ба сипосгузорӣ ва ташаккур аз волидайн ва ҳамчунин ба эҳсон ва некӣ дар ҳаққӣ онҳо фармон додааст:

أَنِ اشْكُرْ لِي وَلِوَالِدَيْكَ إِلَيَّ الْمَصِيرُ
“… ки барои Ман ва падар ва модарат шукргузор бош, ки бозгашт ба сӯи Ман аст.” (Сураи Луқмон, ояти 14)

Инсони  мусалмон касе аст, ки бо итоат намудан ва хидмат кардан ба падару модари худ сипосгузорӣ намуда ва саъй мекунад ононро розӣ нигаҳ дошта ва ононро наранҷонад.

  • Ташаккур ва сипосгузорӣ аз мардум

Инсони мусалмон некиҳоро қадр ниҳода ва ҳуқуқӣ мардумро ба хубӣ медонад ва аз онон ба хотири хидматҳо ва некиҳояшон сипосгузорӣ менамояд. Расули Худо(с) мефармоянд:

لاَ يَشْكُرُ اللَّهَ مَنْ لاَ يَشْكُرُ النَّاسَ
“Сипоси Худовандро намегузорад, онки сипоси мардум намегузорад.”

Ва ҳамчунин мефармоянд:

إِنَّ أَشْكَرَ النَّاسِ لِلَّهِ عزّو جل أَشْكَرُهُمْ لِلنَّاسِ
“Ҳамоно шукргузортарини мардум барои Худо касоне ҳастанд, ки шукргузортаринанд онон дар баробари мардум.” (Муснади Аҳмад ибни Ҳанбал, ҳадиси 21895)

Расули Худо(с) таъкид доштанд, ки дар баробари онки некӣ дар ҳаққи мо менамояд, ӯро сипос гуфта ва ҳатман аз ӯ ташаккур кунем.

Фазилати шукр
Замоне ки одамӣ ба ахлоқи зебое шукр ва сипосгузории Парвардигораш ороста гашт, бо ин кораш неъматҳои бештареро дар зиндагии ин дунё барои худ тазмин намуда ва ба хушнудӣ ва биҳишти Худояш даст ёфта, аз азоби Ӯ дар охират дар амон мемонад. Худованди Мутаол дар Қуръони Карим эълон медорад, ки:

لَئِنْ شَكَرْتُمْ لَأَزِيدَنَّكُمْ
Агар шукргузорӣ кунед, ҳатман шуморо афзун диҳем(Сураи Иброҳим, ояти 7)

Худованди Мутаол дар ҷои дигар мефармояд:

مَا يَفْعَلُ اللَّهُ بِعَذَابِكُمْ إِنْ شَكَرْتُمْ وَآمَنْتُمْ ۚ وَكَانَ اللَّهُ شَاكِرًا عَلِيمًا
“Агар шукргузорӣ кунед ва имон оваред, Худоро бо азобкардани шумо чӣ кор? Ва Худованд шукргузори доност.” (Сураи Нисо, ояти 147)

Пас аз муҳимтарин фазоили сипосгузорӣ фаровонии неъмат ва дар амон мондан аз азоби охират аст.

Осори носипосӣ ва натоиҷи он
Инсони мусалмон аз он даста афроде нест, ки қадри некӯкории дигаронро надониста ва сипоси Худовандро барои неъматҳояш нагузорад ва шукргузори некии мардум низ набошад, чунин шахсҳо инсонҳои носипос буда ва қадри хубиро намедонанд. Худованд ингуна афродро дар Қуръони Карим мавриди сарзаниш ва маломат қарор дода ва мефармояд:

وَمَنْ شَكَرَ فَإِنَّمَا يَشْكُرُ لِنَفْسِهِ ۖ وَمَنْ كَفَرَ فَإِنَّ رَبِّي غَنِيٌّ كَرِيمٌ
“Ва ҳар кас шукр кунад, пас, фақат барои худаш шукр мекунад; ва ҳар кас носипосӣ кунад, пас ҳамоно Парвардигори ман бениёзи карим аст.” (Сураи Намл, ояти 40)

Ва дар ҷои дигар мефармояд:

لَئِنْ شَكَرْتُمْ لَأَزِيدَنَّكُمْ وَلَئِنْ كَفَرْتُمْ إِنَّ عَذَابِي لَشَدِيدٌ
“Агар шукргузорӣ кунед, ҳатман шуморо афзун диҳем; ва агар носипосӣ кунед, ҳамоно азоби ман сахт аст”. (Сураи Иброҳим, ояти 7)

Аз ин оёти Қуръонӣ метавон натиҷа гирифт, ки Худованди Мутаол биҳиштро подоши инсонҳои сипосгузор ва шокир ва оташи дӯзахро ҷазои носипосон ва зишткирдорон қарор додааст.
Аз он чи баён шуд метавон ба чунин натиҷа расид, ки шукр дар луғат ба маънои шинохти эҳсон ва некӯкорӣ ва дар истилоҳ, ёдоварӣ ва шинохти неъматҳои Худо ва изҳори қалбӣ ва забонӣ ва амалии онҳост ва яке аз хислатҳои ҳамешагии анбиёи Худо(а) шукр ва сипосгузорӣ будааст ва шукр тақсим мешавад, ба ташаккур ва сипосгузорӣ аз Худованд, ташаккур ва сипосгузорӣ аз волидайн ва ташаккур ва сипосгузорӣ аз мардум ва аз муҳимтарин осорӣ носипосӣ ва бадкирдорӣ, гирифторӣ дар оташи дӯзах хоҳад буд.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед