Шарм ва ҳаё дар оёт ва ривоёт

0
68

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Шарм ва ҳаё дар оёт ва ривоёт

Муқаддима
Шарм ва ҳаё, яке аз муҳимтарин сифоти писандидаи нафсонӣ аст, ки таъсири фаровоне бар қисматҳои мухталифи зиндагии ахлоқӣ бо нақши боризи боздорандагӣ дошта ва дар шаръи муқаддас бар он таъкид шудааст, ки муқобили он сифати разилаи бешармӣ ва беҳаёӣ қарор дорад.

Ҳаё аз решаи “ҳаява” ё “ҳаяя”, ба маънои шарм доштан ва хиҷолат аст, ки дар муқобили он “беҳаёӣ” ва “бешармӣ” қарор дорад. Ва манзур аз ҳаё худдорӣ аз анҷом додани корҳои зишт, ба сабаби тарси аз сарзаниш шудан аст. (Китобул-Айн, Халил ибни Аҳмади Фароҳидӣ, ҷ3, саҳ 317; Маҷмаул-Баҳрайн, Фахруддин ибни Муҳаммади Турайҳӣ, ҷ1, саҳ 608) Ҳаё аз сифоти ҷамилаи Худованд, анбиё, авлиёи илоҳӣ ва инсонҳои мӯъмин ба ҳисоб меояд ва ин сифати ҳасана аз ҷойгоҳ ва арзиши вежае бархӯрдор аст, то онҷо ки дар ривоёти исломӣ ба унвони меъёр ва мелок, барои санҷиши аъмол қарор дода шуда ва аз он ба унвони либос ва зинати Ислом ва ҷузъи имон таъбир шудааст, чунон ки Паёмбар(с) фармуданд:

الإِيمَانُ بِضْعٌ وَسَبْعُونَ أَوْ بِضْعٌ وَسِتُّونَ شُعْبَةً، وَالْحَيَاءُ شُعْبَةٌ مِنَ الإِيمَانِ

Имон ҳафтоду чанд шоха аст ва ҳаё шохае аз имон аст. (Саҳеҳи Бухорӣ, ҳадиси 9).

Балки ҳаё ва имон ду ҳамнишин ва дӯсте ҳастанд, ки аз ҳам ҷудо намешаванд. Расули Худо(с) мефармоянд:

الْحَيَاءَ وَالإِيمَانَ قُرَنَاء جَمِيعًا، فَإِذَا رُفِعَ أَحَدُهُمَا رُفِعَ الآخَرُ

Ҳаё ва имон ду ҳамнишинанд, ки бо  рафтани яке, дигарӣ низ меравад. (Шаъбулимон, ҳадиси 7727)

Ва бояд ёдовар шуд, ки шарму ҳаё набояд монеи ҳақгӯӣ ва ҳақталабӣ  ва ё боиси тарки амри ба маъруф ва наҳй аз мункар шавад. Дар ин маворид ҳаё зарурат надошта ва мусалмон бояд дар он арсаҳо риояти адаб ва ҳикматро бинамояд.

Шарм ва ҳаё аз сифоти Худованди Мутаол

Чунон ки баён шуд, яке аз сифоти Худованди Мутаол соҳиби шарм ва пӯшанда буда, ҳаё ва пӯшишро дӯст медорад. Паёмбар(с) фармуданд:

إِنَّ اللَّهَ حَيِىٌّ سِتِّيرٌ يُحِبُّ الْحَيَاءَ

Худованд соҳиби шарм ва ҳаё ва бисёр пушанда аст ва ҳаё ва пушишро дӯст медорад. (Сунани Аби Довуд, ҳадиси 4014)

Шарм ва ҳаёи Паёмбари Худо(с)

Паёмбари Худо(с) бошарму боҳаётарини мардум буд. Ҳангоме ки аз чизе кароҳат дошт, саҳоба онро дар чеҳраи эшон медиданд. Ҳар вақт дар мавриди яке аз муслимин чизеро, ки нопасанд медошт, барои Ӯ таъриф мекарданд, суханонашро мутаваҷҷеҳи он насохта ва намефармуданд: ки чаро фалонӣ инчунин ва ончунин кард? Балки мефармуданд: чаро баъзеҳо ингуна амал менамоянд? Бидуни инки исми он шахсро биёварад, то обрӯяш наравад. Паёмбар(с) ҳеҷ гоҳ бадзабон ва беҳудагӯй набуда ва касе набуд, ки дар кӯча ва хиёбон доду фарёд намояд.

Анвои шарм ва ҳаё дар оёт ва ривоёт

  • Шарму ҳаё аз Худованди Мутаол

Ин навъ ҳаё болотарин дараҷаи ҳаё аст. Ҳар вақт дар нафси банда собит шуд, ки Худо ӯро мебинад ва Худованд бо ӯ ҳамроҳ аст, ҳарҷо ки бошад, дар ин сурат дар кутоҳӣ кардан аз фармони илоҳӣ ҳаё мекунад. Чаро ки яқин дорад Худованд бар аъмол, кирдор ва рафтори ӯ огоҳ аст. Худованди Мутаол мефармояд:

أَلَمْ یَعْلَم بِأَنَّ اللَّهَ یَرَى

“Магар надонистааст, ки Худо мебинад?”(Сураи Алақ, ояти 14)

Ва дар ҷои дигар мефармояд:

وَلَقَدْ خَلَقْنَا الْإِنسَانَ وَنَعْلَمُ مَا تُوَسْوِسُ بِهِ نَفْسُهُ وَنَحْنُ أَقْرَبُ إِلَیْهِ مِنْ حَبْلِ الْوَرِیدِ

“Мо инсонро офаридем ва васвасаҳои нафси ӯро медонем ва мо ба ӯ аз раги қалбаш наздиктарем.” (Сураи Қоф, ояти 16)

Худованди Мутаол дар мавриди касоне ки бидуни шарм ва ҳаё ба гуноҳ ва нофармонӣ даст мезананд, мефармояд:

يَسْتَخْفُونَ مِنَ النَّاسِ وَلَا يَسْتَخْفُونَ مِنَ اللَّهِ

“[Корҳои норавои худро] аз мардум пинҳон медоранд [вале наметавонанд] аз Худо пинҳон доранд.” (Сураи Нисо, ояти 108)

Мусалмоне, ки ҳангоми анҷоми гуноҳ ва маъсият аз Парвардигораш шарм дорад, ба шиддат аз Худованд хиҷолат кашида ва ба суръат ба сӯи Парвардигори хеш боз мегардад ва талаби бахшиш ва мағфират мекунад. Паёмбар(с) фармуданд:

اسْتَحْيُوا مِنَ اللهِ حَقَّ الْحَيَاءِ

Аз Худованд ончунон, ки шоистаи Ӯ аст, шарм ва ҳаё дошта бошед!. (Сунани Тирмизӣ,  ҳадиси 2382)

  • Шарму ҳаё аз Паёмбари Ислом(с)

Мусалмон аз Паёмбар(с) шарму ҳаё дошта ва пойбанди суннатҳо ва таолими гаронқадри вай буда ва ба он тамассук меҷӯяд ва ба ончи, ки фармон дода амал мекунад ва аз ончи наҳй кардааст, дурӣ менамояд. Чаро ки медонад ин дастури Худованд ба тамоми мусалмонон аст, ки фармуд:

ما آتاكُمُ الرَّسُولُ فَخُذُوهُ وَ ما نَهاكُمْ عَنْهُ فَانْتَهُوا

“Ончиро Расули Худо барои шумо оварда бигиред (ва иҷро кунед) ва аз ончи наҳй карда худдорӣ намоед.” (Сураи Ҳашр, ояти 7)

  • Шарму ҳаё аз мардум

Мусалмон аз мардум шарм дорад ва дар додани ҳаққе, ки бар онҳо воҷиб аст, кӯтоҳӣ накарда, некиҳои онҳо дар ҳаққи хешро инкор намекунад ва бо зиштӣ ва тундӣ бо онҳо сухан намегӯяд.
Нишонаи шарм ва ҳаёи мусалмон ин аст, ки чашмони худро бар ҳаром ва ҳар манзараи зиёнборе, ки набояд бубинад, мепӯшонад. Шарм ва ҳаё иҷоб мекунад, ки духтари мусалмон дар пӯшиши худ ҳиҷобро риоят карда ва ҷисм ва ончиро, ки Худованд ҳаром намуда ошкор насозад ва ба ин тартиб ҳуҷб ва ҳаёро унвон ва маниши худ қарор диҳад ва нишонае бошад аз покӣ ва иффати вай.

Шарм ва ҳаё боис мешавад, ки мусалмон аз сухани зишт ва кирдори зишт ва аз зулму ситам дурӣ кунад, чаро ки инҳо сифоти дӯзахиён асту бас!

Паёмбари Худо(с) дар ин маврид фармудаанд, ки:

الْحَيَاءُ مِنْ الْإِيمَانِ وَالْإِيمَانُ فِي الْجَنَّةِ وَالْبَذَاءُ مِنْ الْجَفَاءِ وَالْجَفَاءُ فِي النَّارِ

Ҳаё аз имон аст ва имон дар биҳишт аст. Беҳаёӣ ва фаҳҳошӣ аз ситамкорӣ аст ва ситамкор дар оташи дӯзах аст. (Сунани Тирмизӣ, ҳадиси 1932).

  • Шарму ҳаё аз нафси хеш

Ҳар кас аз мардум шарм ва ҳаё кард ва аз худаш ҳаё накард, нафси худро камтар аз дигарон донистааст. Агар инсон дар хилват чизеро анҷом дод, ки дар ошкоро ҳаргиз наметавонад он корро анҷом диҳад ин шахс, ҳеҷ арзише барои худаш қоил нашудааст.

Фазилати шарм ва ҳаё
Шарму ҳаё назди Худованди Мутаол, манзалати волое дорад. Ин хислати зебо, инсонро ба сӯи анҷоми корҳои хайр раҳнамои карда ва аз бадиҳо дур месозад. Ба ҳамин далел шарму ҳаё ҳамеша боиси бориши борони хайру баракат бар соҳибаш мебошад. Чунонки Паёмбари Ислом(с) мефармоянд:

الْحَيَاءَ لَا يَأْتِي إِلَّا بِخَيْرٍ

Шарм ва ҳаё, ҷуз хайр чизеро ба бор намеоварад. (Саҳеҳи Бухорӣ, ҳадиси 5766).

Ва дар ҷои дигар мефармоянд:

الْحَيَاءُ كُلُّهُ خَيْرٌ

Шарму ҳаё ҳамааш хайр аст. (Саҳеҳи Муслим, ҳадиси 166)

Бинобар ин метавон гуфт, ки инсон бояд шарм ва ҳаёро ҷузви ахлоқ ва одоти ҳамешагии худ қарор диҳад, то онгоҳ, ки ба ризо ва хурсандии Парвардигораш даст ёбад. Ва ҳаё яке аз сифоти нафси пок ва балки дар раъси макорими ахлоқ мебошад ва зинати имон ва шиори Ислом аст, чуночи дар ҳадисе аз Паёмбари гиромии Ислом омадааст:

إنَّ لِكُلَّ دينِ خُلُقاً، وَ خُلُقُ الإسلامِ الْحياءُ

Ҳар дин васф ва нишонае  дорад ва нишони мумтози Ислом “шарм ва ҳаё” аст. (Сунани ибни Моҷа, ҳадиси 4182).

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед