Саодат дар доштани тавҳид ва дурӣ аз тафриқа аст

0
135

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Саодат дар доштани тавҳид ва дурӣ аз тафриқа аст

Муқаддима
Дин маҷмуае аз боварҳо, омӯзаҳо ва фармону роҳнамоиҳои илоҳӣ барои башар аст, ки ба номи “шариат” ва бо ҳадафи иршоди инсонҳо ба сӯи саодат, нозил гаштааст.

Ҳарчанд шариат барои ҳамаи башар нозил гаштааст ва ҳама бояд онро бидонанд ва амал кунанд, аммо баъзе аз маориф ва ҳақоиқи он, барои оммаи мардум қобили дарк нест ва фақат барои  аҳли тақво равшан мегардад. Афроди  муттақин Қуръон ва суннатро бештар дарк мекунанд ва вазифаи имомат ва раҳбарии ҷомеаро низ онҳо бар дӯш доранд.(Умарӣ, тафсири сураи Бақара, ояти 2)

Саодати динӣ дорои азамат, пойдорӣ, ҷовидонагӣ ва зебоии хоссе аст, ки дар қавонини башарӣ вуҷуд надоранд, чун маншаи шариат Худои Олими Ҳаким аст ва маншаи қавонини башар ақлу илми маҳдуди инсонӣ. (Акбарзод, Андешаҳои бедоргар, ҷ.2, табйини акфори Форобӣ)

Пас, шариат барои эҷоду тақвияти тавҳидгароӣ, ваҳдатгароӣ, ҳамкорӣ ва ҳамёрӣ ва эҷоди адолату эҳсон дар ҷомеаи башарӣ, ки ҳамагӣ унсурҳои муассир дар ташкили ҷомеаи саодатманд ҳастанд, барнома дорад. Чун ин мавридҳо аз ҷумлаи унсурҳои асосии касби саодат ҳастанд ва балки бахше аз нишонаҳои ҷомеаи саодатманд ҳамин аст, ки муаллифаҳои тавҳид, адолат, эҳсон, дӯстӣ ва муҳббат ва ғайра дар он ҷомеа ҳамагонӣ шуда бошанд.

Таҷрибаҳои башарӣ ин масъаларо бештар таъйид мекунад, ки назарияҳои инсонӣ, махсусан онҳое, ки диндор нестанд ва моварои моддиёт ва гоҳ худи моддиётро фаромӯш кардаанд, тавони ҳидояти башар ба сӯи чунин саодатеро надоранд. Чунон, ки таҷрибаи макотибе ҳамчун марксизм, фашизм, леберализм ва ғайра низ дар ҳадди як ҷомеа ва кишвар натавонистанд шохисаҳои аслии саодатро эҷод ва ҳифз кунанд. Дар он мавриде ҳам, ки барои таъмини ниёзи зудгузари инсон барнома доранд, боз дар натиҷаи шодии гурӯҳе, ғаму ғуссаро бар гурӯҳҳои дигар таҳмил мекунанд ва ин бо назарияи исломии “саодати ҷомеаи башарӣ” ҳамхонӣ надорад.

Шариати илоҳӣ барои  имрӯзу фардо, дунё ва охирати башар,  барнома ироа кардааст. Ба унвони мисол, дар маорифи тарбиятии динӣ, вақте як нафар мехоҳад аз неъмате дар ҷое аз ҷаҳон баҳраманд шавад, бояд гузашта ва ояндаи худро низ дар назар бигирад, он гоҳ онро таҳия, тамлик ва масраф намояд, то ҳаққи дигарон маҳфуз бошад. Ин масъалаҳо дар нигоҳи куллӣ ва дар қолаби баҳсҳои адолати иқтисодӣ ва масраф, ахлоқи кору касб, хайроту садақот ва ғайра матраҳ шудаанд.

Қатъан бо истихроҷ ва фаҳму тарҳрезӣ ва тарвиҷ ва дар ниҳоят амалӣ шудани шариати илоҳӣ, инсонҳои солим, хонаводаи солим, ҷомеаи солим, миллати фаъол ва пешрав, кишвари босубот ва амн ва дар як калом, уммати саодатманд ташкил мегардад, ки ҳам ҳол ва ҳам ояндаи башарро саодатманд мегардонанд ва мисдоқи “маъмуратул-арзи Форобӣ” муҳаққақ мегардад .(Акбарзод, Андешаҳои бедоргар, ҷ.2, с.24, Табйини Маъмуратул-арзи Форобӣ)

Тавҳид ва иттиҳод шохисаи аслии ҷомеаи саодатманд
Анбиёи илоҳӣ, аз ҳазрати Одам, Нуҳ, Иброҳим, Мусо ва Исо, то Расули Хотам ҳазрати Муҳаммади Мустафо(с) паёми муштарак ва собит доранд, ки оғози саодат ва фалоҳи башар дар ҳамон паём аст. Онҳо мегӯянд бояд “тавҳид дар тафаккур, назария, бовар ва амал” асоси зиндагии башар бошад. Чунон, ки Худованд мефармояд:

لَقَدْ أَرْسَلْنَا نُوحًا إِلَى قَوْمِهِ فَقَالَ يَا قَوْمِ اعْبُدُواْ اللَّهَ مَا لَكُم مِّنْ إِلَهٍ غَيْرُهُ

Ба яқин Нӯҳро ба сӯи қавмаш фиристодем, пас гуфт: Эй қавми Ман! Худоро бипарастед, ки ҳеҷ маъбуде ҷуз Ӯ барои шумо нест”( Сураи Аъроф, ояти 59)

Ва бо ишора ба ягонагии оин ва усули анбиё мефармояд:

شَرَعَ لَكُم مِّنَ الدِّينِ مَا وَصَّى بِهِ نُوحًا وَالَّذِي أَوْحَيْنَا إِلَيْكَ وَمَا وَصَّيْنَا بِهِ إِبْرَاهِيمَ وَمُوسَى وَعِيسَى أَنْ أَقِيمُوا الدِّينَ وَلَا تَتَفَرَّقُوا فِيهِ

“Аз дин барои шумо муқаррар кард, он чиро ки Нӯҳро ба он фармон дода буд ва он чиро ки ба сӯи ту ваҳй кардаем ва он чиро ки Иброҳим ва Мӯсо ва Исоро ба он фармон дода будем, ки динро барпо доред ва дар он тафриқа наандозед …”(Сураи Шуро, ояти 13)

Аввалин ва муҳимтарин вазифаи онҳо тарвиҷи тавҳид буд ва ҳар инсони дигаре низ бояд чунин бошад, то ҷомеа аз бемории ширк дар амон қарор гирад ва омодаи пазириши ҳақиқат гардад.

Фитна ва тафриқа найранги шаётин барои гумроҳии мӯъминон
Воқеияти таърихи башар нишон медиҳад, ки бо вуҷуди инзорҳои зиёди анбиёи илоҳӣ, пайравӣ аз ҳаво ва ҳаваси нафсонӣ бештар аст. Фармоишҳои  зебои илоҳӣ фаромӯш мешаванд ва гоҳ бар асоси хоҳиши нафсонӣ тафсиру тағйир мегарданд.

Баъзе аз инсонҳо аз рӯи қасд, барои расидан ба хостаҳои худ, фитнаангезӣ мекунанд ва баъзе бидуни қасд, аммо бо як гуфтор ва ё рафтори нодуруст, фитна ва тафриқа эҷод мекунанд ва сабаби гумроҳии  дигарон  мешаванд.

Бар асоси омӯзаҳои қуръонӣ, решаи фитна ва тафриқа ва дурӣ аз тавҳид, шайтони раҷим аст ва гоҳ шаётини инсӣ низ ӯро ёрӣ мекунанд. Мӯъминон бояд бо паноҳ бурдан ба Худованд, худро аз шарри онҳо наҷот диҳанд. Худованд мефармояд:

بِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَنِ الرَّحِيمِ قُلْ أَعُوذُ بِرَبِّ النَّاسِ* مَلِكِ النَّاسِ* إِلَهِ النَّاسِ* مِن شَرِّ الْوَسْوَاسِ الْخَنَّاسِ* الَّذِي يُوَسْوِسُ فِي صُدُورِ النَّاسِ* مِنَ الْجِنَّةِ وَ النَّاسِ

“Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон. Бигӯ: Паноҳ мебарам ба Парвардигори мардум* Фармонравои мардум* Маъбуди мардум* Аз бадии васвасагари пинҳоншаванда* Ҳамон, ки дар синаҳои мардум васваса мекунад* аз ҷин [бошад] ва [ё аз] мардум”(Сураи Нос)

Васваса ва фиреби шайтони раҷим ва инсонҳои шайтонсифат ҳамешагист, он чи муҳим аст мавқеияти мӯъминон дар баробари шайтонҳост.

Яке аз роҳкорҳои асосӣ барои наҷот аз шарри шаётин ва зарарҳои зиндагии ғайри имонӣ, дар сураи Аср баён шудааст, ки мефармояд:

بِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَنِ الرَّحِيمِ وَالْعَصْرِ* إِنَّ الْإِنسَانَ لَفِي خُسْرٍ* إِلَّا الَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ وَتَوَاصَوْا بِالْحَقِّ وَتَوَاصَوْا بِالصَّبْرِ

“Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон. Қасам ба аср* Қатъан тамоми  инсон дар зиён аст* Магар касоне, ки имон оварданд ва корҳои шоиста анҷом доданд ва якдигарро ба ҳақ супориш карданд ва якдигарро ба сабр супориш намуданд”(Сураи Аср)

Гуфтори ин оят ба аҳаммияти кори ҷамъиятӣ ишора дорад. Муъминон бояд дар иҷтимоъ ҳозир бошанд, то ҳамдигарро бишиносанд ва ба некиҳо тавсия кунанд ва ҳамдигарро ёрӣ кунанд.

Дар омӯзаҳои тарбиятии Расули Мукаррами Ислом(с) низ яке аз роҳҳои наҷот аз кайди шаётин, таваҷҷуҳ ба иҷтимоъ ва дурӣ аз тафриқа ва якравӣ дониста шудааст:

عَلَیکُم بِالجَماعَةِ وَ إیّاکُم وَ الفِرقَةِ فَإنَّ الشَّیطانَ مَعَ الواحِد

Бар шумо бод ҳамроҳии ҷомеа ва дурӣ аз тафриқа, чун Шайтон (шахси) танҳоро ҳамроҳӣ мекунад”(Сунани Термизӣ, ҳадиси 2165)

Мӯъминон барои дурӣ аз лағзишгоҳҳо ва вуруд ба сафи муҳсинин ва муслиҳин, бояд бо шариат оншо ва пойбанд бошанд ва дигаронро низ ба он тавсия намоянд. (Бурҳонхон Ашраф, Эҳёуд-дин, саҳ.33)

Ҷамъбандӣ
Дин дорои омӯзаҳои асосӣ ва саодатманд аст. Инсон дар зиндагии фардӣ ва ҷамъӣ, бояд пойбанд ба дин ва шариат бошад, то аз кайду ҳиллаҳои шайтонӣ дар амон бимонад, чун шайтонҳои ҷиннӣ ва инсӣ ҳамеша дар пайи гумроҳии башар ҳастанд.

Эҷоди тафриқа ва ташкили гурӯҳу маслакҳои гуногуни мунҳариф ва қарор гирифтани онҳо дар баробари ҳамдигар, аз ҳиллаҳои шайтонист. Ҷудоӣ байни ду нафар заминаи вуруди шайтон ба қалби онҳоро муҳайё мекунад ва дар натиҷа руҳияи ғайбатгарӣ, бадбинӣ, туҳмат ва адоват дар миёнашон зиёд мегардад.

Ҷомеаи дучори тафриқа ва адоват, роҳи саодати худро мебандад ва наметавонад дар амнияти ҳақиқӣ зиндагӣ кунад. Барои касби амният ва саодат, бояд ҷомеа бар асоси шариати илоҳӣ зиндагӣ кунад ва дар муқобили кайди шаётонҳои инсӣ ва ҷиннӣ, бо амал ба маорифи шариат, дар паноҳи Худованд қарор гирад.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед