Садақа ва фоидаҳои он -2

0
185

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Садақа ва фоидаҳои он

Қисмати дуввум

Муқаддима

Дар қисмати аввал дар робита ба асарҳо, баракатҳо ва аҳаммияти садақа сухан гуфта шуд ва ҳоло мехоҳем навъҳои садақаро бишносем ва касонеро, ки ниёзманди садақа ҳастанд баррасӣ кунем. Тавре ки қаблан ҳам гуфта шуд, садақа ду гуна аст; воҷиб ва мустаҳаб. Садақаи воҷиб дар дини мубини Ислом закот ном дорад ва ҳукми махсус ба худашро дорад, ки дар ин ҷо  аз он баҳс намешавад ва танҳо ба натиҷаҳои анҷом додан ё надодани онҳо пардохта хоҳад шуд ва асарҳои онро дар ҳадисҳо ва оятҳои Қуръони Карим баррасӣ ва баҳс хоҳем кард.

Садақаи воҷиб (закот)

Худованди Мутаол дар оятҳои зиёде аз Қуръони Карим дар мавриди инфоқ сухан гуфтааст ва афроди бахилро мавриди сарзаниш қарор додааст. Дар ин ҷо ба оятҳои дар робита ба даъвати Худованди Мутаол ба инфоқ ва садақа додан мепардозем.

خُذْ مِنْ أَمْوَالِهِمْ صَدَقَةً تُطَهِّرُهُمْ وَتُزَكِّيهِمْ بِهَا وَصَلِّ عَلَيْهِمْ إِنَّ صَلَاتَكَ سَكَنٌ لَهُمْ وَاللَّهُ سَمِيعٌ عَلِيمٌ

“Аз амволи онҳо садақае (ба унвони закот) бигир то ба василаи он онҳоро пок сози ва парвариш бидиҳӣ Ва (дар хангоми гирифтани закот) барои онҳо дуо кун, ки дуои ту мояи оромиши онҳост ва Худованд шунавои доност.” (Сураи Тавба, ояти 103)

Ин оят ба ояти закот маъруф аст ва дар он закотро боиси парвариш ва пок кардани инсон аз ботил медонад. Ва ҳамчунин дар кисмате аз ояти 20 сураи Музаммил  ба додани закот ва қарзи неку дар роҳи Худованди Мутаол амр  мекунад.

وَأَقِيمُوا الصَّلَاةَ وَآتُوا الزَّكَاةَ وَأَقْرِضُوا اللَّهَ قَرْضًا حَسَنًا وَمَا تُقَدِّمُوا لِأَنْفُسِكُمْ مِنْ خَيْرٍ تَجِدُوهُ عِنْدَ اللَّهِ هُوَ خَيْرًا وَأَعْظَمَ أَجْرًا

Ва намоз барпо доред ва закот бипардозед ва қарзи некуе Худоро бидиҳед         (дар роҳи Худо иофоқ кунед) ва (бидонед) ҳарчизеро, ки аз корҳои нек барои худ аз пеш мефиристед назди Худованд ба беҳтаин навъ ва бузургтарин подош хоҳед ёфт(Сураи Музаммил, ояти 20)

Дар  робита ба закот аҳкоми бисёре вуҷуд дорад, аз шахси диҳанда ва гиранда, то миқдор ва замони он дар китобҳои фиқҳӣ ба таври  комил баён шудааст.

Аҳаммияти садақаи воҷиб(закот)

Аҳаммияти закотро метавон аз оёте фаҳмид, ки Худованд дар он мардумро ба сабаби пардохт накардани закот ба азоби сахт ҳушдор медиҳад.

وَلَا يُنْفِقُونَهَا فِي سَبِيلِ اللَّهِ فَبَشِّرْهُمْ بِعَذَابٍ أَلِيمٍ يَوْمَ يُحْمَى عَلَيْهَا فِي نَارِ جَهَنَّمَ فَتُكْوَى بِهَا جِبَاهُهُمْ وَجُنُوبُهُمْ وَظُهُورُهُمْ هَذَا مَا كَنَزْتُمْ لِأَنْفُسِكُمْ فَذُوقُوا مَا كُنْتُمْ تَكْنِزُونَ

Ва дар роҳи Худо инфоқ намекунанд онҳоро ба муҷозоти дарднок башорат бидеҳ. Дар он рӯз, ки онро дар оташи Ҷаҳаннами гарму сузон карда ва бо он суратҳо ва паҳлуҳо ва пуштҳояшонро доғ мекунанд. (Ва ба онхо мегуянд)Ин ҳамон чизест, ки барои худ андухтед! Пас бичашед чизеро, ки барои худ меандухтед! (Сураи Тавба, ояти 34 ва 35)

Бо таваҷҷӯҳ ба оятҳое, ки зикр шуд метавон ба воҷиб будани ин амр яъне садақа(закот) додан  пай бурд, чаро ки барои касоне, ки закот намедиҳанд азобҳои дардноке баён шудааст.

Ҳамчунин ривоятҳое низ зикр шудааст, ки дар он инсони бахилро ба азобу балоҳо ҳушдор медиҳад.

Расули Худо(с) мефармояд:

قال النبي صلى الله عليه وسلم: مَثَلُ الْبَخِيلِ وَالْمُنْفِقِ؛ كَمَثَلِ رَجُلَيْنِ عَلَيْهِمَا جُبَّتَانِ مِنْ حَدِيدٍ مِنْ ثُدِيِّ

تَرَاقِيهِمَا، فَأَمَّا الْمُنْفِقُ فَلاَ يُنْفِقُ إِلاَ سَبَغَتْ أَوْ وَفَرَتْ عَلَى جِلْدِهِ حَتَّى تُخْفِيَ بَنَانَهُ, وَتَ عْفُوَ أَثَرَهُ، وَأَمَّا الْبَخِيلُ

فلاَ يُرِيدُ أَنْ يُنْفِقَ شَيْئًا إِلاَ لَزِقَتْ كُلُّ حَلْقَةٍ مَكَانَهَا, فَهُوَ يُوَسِّعُهَا ولَتَتَّسِع

Расули Худо(с) фармуданд: Масали садақадиҳанда ва бахил монанди масали ду марде аст, ки зиреҳи оҳанин ба тан кардаанд, ки аз сина то гулугоҳ эшонро пӯшонидааст ва чун садақадиҳанда садақа диҳад, зиреҳи оҳанин кушода мешавад ва осойиш саросари пуст ва вуҷудашро фаро мегирад, то он ҷо ки ин осойиш банди ангуштонашро низ фаро мегирад ва чун бахил бихоҳад, ки садақа диҳад, ҳар ҳалқаи он дар ҷои худ ҷамъ мегардад ва танг мешавад ва чун мехоҳад, ки онро кушод кунад, наметавонад.(Саҳеҳи Бухорӣ, ҳадиси 1443)

Мақсад аз ин ҳадис ин аст, ки садақа сипар ва пӯшише барои инсон аст. Шахси хасис бо ин ки  қалбу дасташ барои садақа додан пеш намеравад, он сипар  низ танг мешавад ва мояи обрӯрезӣ ва азоби он хоҳад шуд.

Садақаи  мустаҳаб:

Садақаи  мустаҳаб аҳком ва шароити хоссе ба тафсили закот надорад ва танҳо шарти он нияти холис ва пок будани мол мебошад.

Расули Худо (с) мефармоянд

قال رسول لله (ص): مَن تَصَدَّقَ مِن كَسبٍ طيِّب ولَايقبلُ اللهَ إلَا الطيب

Ҳаркас аз моли ҳалол садақа диҳад.  Худованд садақаеро қабул намекунад, магар аз моли  пок бошад.(Саҳеҳи Бухорӣ, ҳадис 1410)

Дар ин ҳадис, ки дар идомаи он ба афзоиши рузӣ аз роҳи садақа ишора шудааст нуктае дар аввали он овардааст ва он таваҷҷӯҳ ба моли ҳалол аст, ки танҳо шарт барои додани садақаи мустаҳаб аст ва албатта шарти дигар низ вуҷуд дорад ва он ихлос дар ният мебошад, ки пеш аз ин гуфта шуд.

Садақаи пинҳон ва ошкор

Садақаро метавон ба таври ошкор ва пинҳон дод, ки албатта ба додани садақаи пинҳон бештар супориш шудааст.

Худованди Мутаол дар Қуръони Карим дар ин робита мефармояд:

قُلْ لِعِبَادِيَ الَّذِينَ آمَنُوا يُقِيمُوا الصَّلَاةَ وَيُنْفِقُوا مِمَّا رَزَقْنَاهُمْ سِرًّا وَعَلَانِيَةً مِنْ قَبْلِ أَنْ يَأْتِيَ يَوْمٌ لَا بَيْعٌ فِيهِ وَلَا خِلَالٌ

“Бигу ба бандагони ман касоне, ки имон овардаанд намозро ба по доранд ва аз ончи рузияшон додем ошкоро ва пинҳон инфоқ кунанд қабл аз онки рӯзе биёяд, ки на хариду фуруш ва на дустӣ дар он аст.(Сураи Иброҳим, ояти 31)

Ва дар бархе оёт ва ривоёт низ садақаи пинҳонро хело супориш кардаанд ва дар бархе аз оёти Қуръони Карим Худованди Мутаол бандагони худро  ба  анҷом додани пинҳонии ин амал ташвиқ намудааст.

وَ إن تخفوها و تؤتوها الفقراء فَهُوَ خَيرٌلَكم

“Ва агар онҳоро махфӣ сохта ва ба ниёзмандон бидиҳед барои шумо беҳтар аст.”(Сураи Бақара, ояти 271)

Ҳадисе низ дар ин робита аз Расули Худо(с) нақл шудааст:

قال رسول الله(ص) : وَرَجُلٌ تَصَدَّقَ بِصَدَقَةٍ فَأَخفاها حَتى لَاتعلم شِمالُهُ ما صَنَعَتْ يَمينُهُ

Ва марде, ки садақа медиҳад пас тавре диҳад, ки дасти чапаш мутаваҷҷеҳи феъли дасти рости он нашавад. (Саҳеҳи Бухорӣ, ҳадис 1443 )

Ин ояти шарифа ва ҳадиси набавӣ баёнгари он ҳастанд, ки садақаи пинҳонӣ яке аз беҳтарин ибодатҳо ба шумор меояд, чаро ки ин амалро танҳо Худо ва шахси садақадиҳанда медонад.

 Як нуктаи қобили таваҷҷӯҳ ин аст, ки садақаи ошкор агар барои ташвиқи дигарон ба додани садақа ва ё барои зинда нигоҳ доштани ин сунати  исломӣ  бошад,  кори хуб ва арзишмандест, ки боис мешавад ин суннат дар миёни ҷомеаи мо густариш ёбад.

Натиҷа:

Садақа яке аз амалҳои Худописанд аст, ки ба сурати воҷиб ва мустаҳаб дар дини Ислом омадааст. Садақа  боиси афзоиши мол мешавад ва фавоиду осори фаровонеро дар бар дорад. Аммо бояд таваҷҷӯҳ дошт, ки нияти анҷоми садақа бояд холис  барои ризои Худо бошад, вагарна мавриди қабул нахоҳад буд ва осори зикршударо дар пай нахоҳад дошт. Худованди Мутаол аз шахсони бахил безорӣ ҷуста ва барои онҳо азобҳои сахт ва душвор ваъда додааст.

Ҳамон тавре, ки аз оёти илоҳӣ метавон дарёфт, садақа аз муҳимтарин афъоли хайр назди Худост ва дар бештари оятҳо баъд аз ҳукми намоз зикр шудааст, ки ба аҳаммияти ин мавзӯъ ишора дорад.

Ошкоро  ва ё пинҳонӣ анҷом додани ин кор ҳар ду хуб аст ва мавриди ташвиқи Парвардигор қарор гирифтааст.

Умед  аст бо таваҷҷӯҳ ба анҷоми ин фаризаи илоҳӣ ҳамонгуна, ки дар оёту ривоёт ба он ишора шудааст, битавонем ризояти илоҳиро ба даст биёрем.

Идома дорад…

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед