Садақа ва фоидаҳои он -1

0
161

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Садақа ва фоидаҳои он

(Қисмати аввал)

Муқаддима

Садақа молест, ки инсон ба қасди қурбат дар роҳи Худо медиҳад. Дар дини мубини Ислом ҳамонгуна, ки касби моли ҳаром ҷоиз нест,  харҷ кардани беасоси он низ исрофкорӣ буда,  ҷоиз намебошад. Беҳтарин ҳолат барои масрафи мол истифодаи бахше аз он дар роҳи хайр бо нияти  садақа додан аст. Аз нигоҳи  оёт ва ривоёт садақа додан на танҳо  моли инсонро кам намекунад, балки садақа боиси афзоиши мол мешавад. Садақа дар ҳақиқат молест, ки ба Худо дода мешавад, пас бояд пок ва ҳалол бошад. Осор ва баракоти зиёде дар  садақа додан вуҷуд дорад, ки  оёт ва ривоёт ба он ишора дорад. Худованд дар робита бо садақа додан амр ва дастурҳои  зиёд кардааст. Набии Мукаррами Ислом(с) низ ҳамеша саҳобагони худро ба ин амри Худописандона ташвиқ мекарданд.

Аҳаммият ва арзиши садақа

Аз назари Қуръони Карим арзиш ва аҳаммияти садақаро мардум замоне мефаҳманд, ки хелло дер шудааст. Яъне бад аз марг ва ё дар замони эҳтизор, ки пардаҳо канор рафта ва ҳақоиқ ошкор шудааст.

Худованд дар ин робита мефармояд:

وَأَنْفِقُوا مِنْ مَا رَزَقْنَاكُمْ مِنْ قَبْلِ أَنْ يَأْتِيَ أَحَدَكُمُ الْمَوْتُ فَيَقُولَ رَبِّ لَوْلَا أَخَّرْتَنِي إِلَى أَجَلٍ قَرِيبٍ فَأَصَّدَّقَ وَأَكُنْ مِنَ الصَّالِحِينَ

Ва аз ончи рузии шумо кардем инфоқ кунед, пеш аз ин ки марг шуморо фаро гирад. Ва бигӯяд; Парвардигоро чаро то муддати бештар марги маро ба таъхир наандохтӣ, то садақа диҳам ва аз солиҳон ва некукорон бошам”(Сураи Мунофиқун, ояти 10)

Бо таваҷҷӯҳ ба ояти шарифа метавон ба аҳаммияти садақа пай бурд, чаро ки инсон баъд аз канор рафтани ҳиҷобҳо ва дидани ҳақоиқ аз Худованд мехоҳад марги уро ба таъхир андозад, то садақа диҳад; яъне садақаро бар дигар аъмол тарҷеҳ медиҳад.

Баъзе фоидаҳои садақа

1)Афзоиши мол ва сарват

إِنَّ الْمُصَّدِّقِينَ وَالْمُصَّدِّقَاتِ وَأَقْرَضُوا اللَّه قَرْضًا حَسَنًا يُضَاعَفُ لَهُمْ وَلَهُمْ أَجْرٌ كَرِيمٌ

Дар ҳақиқат мардон ва занони садақадиҳанда ва онон ки ба Худованд қарзи некӯ медиҳанд онҳоро подош дучандон гардад ва аҷри некӯ хоҳанд дошт(Сураи Ҳадид, ояти18)

Ва ҳамчунин дар ояти дигар мефармояд:

مَثَلُ الَّذِينَ يُنْفِقُونَ أَمْوَالَهُمْ فِي سَبِيلِ اللَّه كَمَثَلِ حَبَّةٍ أَنْبَتَتْ سَبْعَ سَنَابِلَ فِي كُلِّ سُنْب لَةٍ مِائَةُ حَبَّةٍ وَاللَّه يُضَاعِفُ لِمَنْ يَشَاءُ وَاللَّه وَاسِعٌ عَلِيمٌ

Касоне ки амволи худро дар роҳи Худо инфоқ мекунанд, монанди базрест, ки ҳафт хуша меруёнад, ки дар ҳар хушае сад дона дорад ва Худованд онро барои ҳар кас бихоҳад ду ё чанд баробар мекунад ва Худованд [раҳмати] васеъ дорад ва  [Ӯ] доност”.(Сураи Бақара, ояти 261)

Бо таваҷҷӯҳ ба оёти зикршуда, афзоиши мол аз тариқи садақа қобили исбот аст. Пас ҳамон гуна ки  гуфта  шуд моле, ки дар роҳи Худо садақа дода мешавад на танҳо кам намешавад, балки афзоиш меёбад.

Ҳамчунин дар аҳодиси набавӣ ба такрор дида мешавад, ки садақа молро афзоиш медиҳад.

قال رسول الله(ص): من تصدق بعَدل تمرة من كسب طيب -ولَن يقبل الله إلاَ الطيب- فإن الله يقبلها بيمينه ثم یربيها لصاحبها كما يربي أحدكم فَلُوَّه حتى تكون مثل الجبل

Ҳар кас ба миқдори як адад хурмо аз касби ҳалол садақа диҳад ва Худованд ҷуз моли ҳалолро намепазирад. Ва ҳамоно Худованд қабул мекунад онро бо дасти рости хеш ва онро барои соҳибаш бузург мекунад, ҳамонгуна, ки шумо курраасберо бузург мекунед. Ва он луқмаи садақа ба андозаи кӯҳ мегардад. (Саҳеҳи Бухорӣ, ҳадиси 1410)

2)Дафъи бало

Худованд дар Қуръони Карим мефармояд:

الَّذِينَ يُنْفِقُونَ أَمْوَالَهُمْ بِاللَّيْلِ وَالنَّهَارِ سِرًّا وَعَلَي نِيَةً فَلَهُمْ أَجْرُهُمْ عِنْدَ رَبِهِمْ وَلَا خَوْفٌ عَلَيْهِمْ وَلَا هُمْ يَحْزَنُونَ

Онҳое, ки амволи худро шабу рӯз пинҳон ва ошкор инфоқ мекунанд, муздашон назди Парвардигорашон аст. На тарсе ба онҳо аст ва на ғамгин мешаванд (Сураи Бақара, ояти 274)

Ва ҳамчунин аз Расули Акрам(с) ривоят шудааст, ки мефармояд:

سبعةٌ يُظِلُّهم اللهُ في ظلِّه يومَ لاَ ظلَّ إلَّا ظلُّه… ورجلٌ تصدَّق بصدقةٍ فأخفاها حتَّى لاَ تعلَمَ شِمالُه ما تُنفِقُ يمينه

Яке аз ҳафт касеро, ки Худованд дар рӯзе, ки сояе ҷуз сояи Ӯ нест таҳти сояи худ қарор медиҳад, он мардест, ки садақа медиҳад ба тавре, ки дасти чапаш амали дасти росташро намефаҳмад. (Саҳеҳи Бухорӣ, ҳадиси 1423)

Бо таваҷҷӯҳ ба оят ва ҳадиси зикршуда ба хубӣ равшан аст, ки яке аз фоидаҳое, ки садақа дорад, аз байн бурдани гуноҳон аст.

Дар ин ҷо илова бар фоидаи садақа ва дар амон мондан аз балоҳо ва азоби охират, ба фазилати садақаи пинҳонӣ низ ишора шудааст, пас садақа гуноҳонро аз байн мебарад ва хашми Худовандро дафъ мекунад. Хашме, ки аз анҷоми феъли ҳаром нашъат гирифтааст ва боиси нузули бало ва азоб шудааст.

Натиҷа

Ба таври кулли садақа ва баракоти садақаро метавон ду қисмат кард.

Як: Афзоиши мол ва рузӣ

Ду: Дафъи бало ва касби ризояти илоҳӣ

Хамон тавр ки гуфта шуд садақа боиси афзоиши ризқу рузӣ мешавад ва аз балоҳо, хашми илоҳӣ, марг ва беморӣ пешгирӣ мекунад ва боиси хушнудии Парвардигор мегардад.

Бояд садақа доданро дар зиндагии худ амалӣ кунем, то бо ин амали хайр  зиндагии дар дунё ва охирати худро замонат кунем.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед