Сабр ва кӯмак гирифтан аз он

0
80

Ба номи худованди бахшандаи меҳрубон

Мақсади  кӯмак гирифтан аз сабр ва намоз дар зиндагӣ чист? Худованд дар Қуръони Карим барои тамоми масоили башар роҳкорҳоеро баён кардааст, ки бархе аз онҳо дар оятҳо ошкоро  баён шудааст ва бархе дигар дар маънои ботинии Қуръони Карим наҳуфта аст. Сабр ва намоз роҳи пирӯзӣ бар мушкилот ва берун рафтан аз ҳаводис ва балоҳост. Ин ду василаи муҳим инсонро барои рӯёрӯӣ бо мушкилот ва ҳодисаҳои бад қувват ва қудрат мебахшад. Барои пешрафт ва пирӯзӣ бар мушкилот ду сутун лозим аст. Аввалин сутун нерӯи дарунӣ  ва сутуни дуввум такягоҳи муҳками берунӣ аст. Дар Қуръони Карим ба ин ду сутуни асоси бо таъбири “сабр” ва “салот” ишора шудааст. Сабр он ҳолати истиқомат ва шакибоӣ ва истодагӣ дар муқобили мушкилот аст ва намоз пайвандест бо Худо  ва василаи иртибот бо такягоҳи муҳкам.

Сабр ва кӯмак гирифтан аз он

Худованд дар Қуръони Карим мефармояд:

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا اسْتَعِينُوا بِالصَّبْرِ وَالصَّلَاةِ إِنَّ اللَّهَ مَعَ الصَّابِرِينَ

“Эй касоне, ки имон овардаед (дар баробари ҳаводиси сахти зиндагӣ) аз сабр ва салот (намоз) кӯмак гиред, ки қатъан Худо бо собирон аст.” (Сураи Бақара, ояти 153)

Худованд дар ин оят ба мӯъминон мефармояд, ки аз сабр ва намоз барои корҳои муҳим ва ҳаводиси зиндагии худ кӯмак бигиред. Сабр аз бузургтарин  хислатҳо ва сифатҳоест, ки Қуръони Карим онро сутуда ва фаровон ба он дастур додааст. Намоз низ аз бузургтарин ибодатҳоест, ки Қуръони Карим бар он аҳаммияти зиёд медиҳад. Ин ду беҳтарин васила барои мувафақият ва пирӯзӣ аст, чаро ки сабр ҳар бало ва ҳодисаи бузургеро кӯчак ва ночиз мекунад ва намоз, ки  рӯй овардан ба Худо ва кӯмак хостан аз Ӯ аст, рӯҳи имонро зинда мекунад ва ба одам мефаҳмонад  ба ҷое такя дорад, ки қудраташ тамомнашуданист.

Сабр сабаби тақвияти иродаи инсон шуда нарасидан ба мувафақиятро шикаст намеҳисобад, балки онро таҷрибаи ҷадид ва чароғи равшан барои идомаи масири зиндагӣ мебинад. Инсон бо намоз ва таваккал бар қудрати номаҳдуди Худованд такя зада оромиши хотир мегирад. Касоне, ки оромиши рӯҳӣ ва равонӣ доранд дар баробари туфони мушкилот истодагӣ ва аз шикастҳо дилсард  ва ноумед намешаванд.

Яке аз иллатҳои муҳими пирӯзии мусалмонон бе шак истиқомат ва шакибоӣ будааст. Дар ҳамин оят ба мусалмонони  садри Ислом, ки душманони нерӯманд ва бераҳм, аз ҳар тараф онҳоро иҳота карда буданд  дастур дода шудааст, ки дар баробари ҳаводиси мухталиф аз қудрати сабр ва поймарди кӯмак гиранд, ки натиҷаи он истиқлоли шахсият ва эътимод ба хештан  дар паноҳи имон ба Худо аст. Таърихи Ислом ин ҳақиқатро ба хубӣ нишон медиҳад, ки ҳамин асл асоси пояи аслии ҳамаи пирӯзиҳо будааст.

Дар ояти дигар омадааст:

وَاسْتَعِينُوا بِالصَّبْرِ وَالصَّلَاةِ وَإِنَّهَا لَكَبِيرَةٌ إِلَّا عَلَى الْخَاشِعِينَ

“Аз сабр ва намоз ёрӣ ҷӯед, ва ба рости ин кор сангин аст, магар барои фурӯтанон.”(Сураи Бақара, ояти 45)

Сабр калиди биҳишт аст. Замоне ки мӯъминон ба биҳишт ворид мешаванд ба онҳо гуфта мешавад салом бар шумо ба хотири сабре, ки кардед. (Сураи Раъд, ояти 24) Ҳамаи ибодатҳо сабр мехоҳанд, то солим ва сиҳат боқӣ монанд.

Сабр василаи раҳбарӣ аст. Худованд раҳбариро ба касоне медиҳад, ки собир ҳастанд. (Сураи Саҷда, ояти 24)

Ҳазрати Аюб(а) саргузашти ғамангез ва дар айни ҳол пуршукӯҳ ва бо убуҳат дорад. Сабр ва шакибоии ӯ махсусан дар баробари ҳаводиси ногувор фавқулода будааст, ба гунае, ки сабри Аюб(а) як масъалаи қадимӣ ва улгӯ гаштааст. Вай бо сабри бемонандаш ва такя бар Худованди Мутаол бар мушкилот пирӯз гашт ва неъматҳои аз даст рафтаро ба даст овард. Зиндагии ӯ дарсе аст барои ҳамаи мӯъминон дар ҳар аср ва замоне ки дар коми мушкилот фурӯ мераванд. Ба хусус мӯъмине, ки сахт дар муҳосираи мушкилот ва мавриди таҳдиди душмани худ мебошанд.

Бале сазовор аст инсон дар тамоми мароҳили зиндагӣ ва баробари ҳамаи сахтиҳо сабр кунад, дар ҷанг ва ҷиҳод, дар таҳаммули мушкилот, дар таъмини махориҷи зиндагӣ, дар баробари сухани афроди нодон ва ғайра.

Ибни Аббос(рз) аз Паёмбар(с)  нақл мекунад:

واعلم أن في الصبر على ما تكره خيراً كثيراً وأن النصر مع الصبر وأن الفرج مع الكرب وأن مع العسر يسراً

Бидон қатъан сабр дар он чизе, ки шумо дӯст надоред хайри зиёде аст ва пирӯзӣ дар шакибоӣ аст  ва кушоиш дар сахтиҳо мебошад ва ҳамроҳи сахтӣ осоние мебошад. (Муснади Аҳмад, ҳадиси 2803)

Аммо намоз, ки василаи иртиботи банда бо Холиқи худ аст ва ҳангоме ки инсон дар баробари ҳаводиси сахт ва мушкилоти тоқатфарсо қарор мегирад ва қудрати худро барои муқобила бо онҳо ночиз мебинад, ниёз ба такягоҳе дорад, ки номаҳдуд ва беинтиҳо бошад,  ин намоз аст, ки ӯро бо чунин мабдае муртабит месозад ва бо такя бар ӯ метавонад бо рӯҳи мутмаин ва ором амвоҷи саҳмгини мушкилотро аз худ дафъ карда дар ҳам шиканад. Инсони заиф дар миёни мушкилоти сахт ва ҳаводиси ногувор агар васл ба қудрати илоҳӣ набошад, нобуд мешавад, аммо инсони муртабит бо Худо дар ҳаводис ва сахтиҳо муқовимат карда ҳар гуна сахтӣ ва балоро аз худ дур мекунад.

Натиҷа

Яке аз иллатҳои муҳими пирӯзии мусалмонон бе шак истиқомат ва шакибоӣ будааст. Дар  оятҳое, ки зикр шуд ба мусалмонони инқилобии садри Ислом, ки душманони нерӯманд ва бераҳм аз ҳар тараф онҳоро иҳота карда буданд, дастур дода шудааст, ки дар баробари ҳаводиси мухталиф аз қудрати сабр ва поймарди кӯмак гиранд, ки натиҷаи он истиқлоли шахсият ва эътимод ба хештан  дар паноҳи имон ба Худо аст. Таърихи Ислом ин ҳақиқатро ба хубӣ нишон медиҳад, ки ҳамин асл пояи муҳими ҳамаи пирӯзиҳо будааст.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед