Роҳнамоӣ ба кори нек

0
119

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Муқаддима

Аз ҷумлаи корҳои арзишманде, ки Қуръони Карим ва аҳодиси Расули Акрам (с) ба он таъкид кардаанд, даъвати дигарон ба корҳои хубу писандида аст. Зеро корҳои хубу бад заминаи фикрӣ ва иҷтмоиро барои рафтори мардумӣ ба вуҷуд меоварад, ба ҳамин хотир даъват ва роҳнамоӣ ба кори нек бисёр муҳим аст.

Имом Абӯҳанифа (рҳ) дар китоби Муснадашон ба ду тариқ ҳадисеро нақл кардаанд, ки Паёмбари Акрам (с) фармуданд:

الدَّالُّ عَلى الخَيرِ كَفاعِلِهِ

Роҳнамоикунанда ба хайру некӣ аҷру подоше мисли амалкунандаи ба он дорад. (Муснади Имоми Аъзам, китоби Одоб, ҳ 468, саҳ 894)

Дар ин навиштор ба шарҳи ҳадиси мазкур мепардозем

Паёми ҳадис ин аст, ки роҳнамоикунанда ба сӯи кори нек, савобу подошаш ба андозаи амали роҳнамоишуда аст ва дар савобҳо ба сурати баробар шарик аст. Агар шумо касеро роҳнамоӣ кардеду вай амали хайреро анҷом дод, шумо дар савоби он шарик ҳастед. Агар шумо ӯро роҳнамоӣ ба хайр кардед, вале ӯ амали хайреро анҷом надод, шумо савоби роҳнамоиро назди Худованд барои худ доред. Набояд фаромӯш кард, ки роҳнамоӣ ба сӯи корҳои бад ҳам монанди касе аст, ки он корро анҷом медиҳад. Агар касе, шахсеро ба кори бад ва зидди шаръу ақл ва зиди салоҳи ҷомеа роҳнамоӣ кунад, дар ҳамаи аъмоли баде, ки он шахс анҷом медиҳад, роҳнамо ва ҳидояткунанда дар гуноҳи он ба монанди анҷомдиҳандаи кори бад шарик аст.

Бояд тавваҷӯҳ кард, ки барои анҷоми як амал қатъан муқаддамоти зиёде лозим аст ва дар ин миён, нақши раҳбарону даъваткунандагон ё васвасагарон, нақши муҳим аст. Ҳамчунин нақши корҳои хуб ё баду нангин, ки заминаи фикрӣ ва иҷтимоиро барои ин навъ аъмол омода мекунад, наметавон нодида гирифт. Балки, гоҳ мешавад, ки нақши раҳбарон ва ё суннатгузорон аз омилҳои гумроҳкунандаи дигар бештар аст. Аз ин рӯ, ҳеҷ далеле вуҷуд надорад, ки онҳо шарики гуноҳ ё шарик дар некиҳо набошанд. Ба ҳамин хотир Паёмбари Акарам (с) дар ҳадиси мазкур ба роҳнамоӣ ба кори нек таъкид кардаанд.

Паёмбари Акрам (с) дар ҳадиси дигаре мефармоянд:

أَیُّمَا دَاع دَعَا إِلَى الْهُدَى فَاتُّبِعَ فَلَهُ مِثْلُ أُجُورِهِمْ مِنْ غَیْرِ أَنْ یَنْقُصَ مِنْ أُجُورِهِمْ شَیْءٌ وَ أَیُّمَا دَاع دَعَا إِلَى ضَلَالَة فَاتُّبِعَ فَإِنَّ عَلَیْهِ مِثْلَ أَوْزَارِ مَنِ اتَّبَعَهُ مِنْ غَیْرِ أَنْ یَنْقُصَ مِنْ أَوْزَارِهِمْ شَیْءٌ

Ҳар кас даъват ба ҳидоят кунад ва аз ӯ пайравӣ кунанд, подоше ҳамчун подоши пайравонаш хоҳад дошт, бидуни онки аз подоши онҳо чизе кам шавад. Ва ҳар кас даъват ба гумроҳӣ кунад ва аз ӯ пайравӣ кунанд, мисли пайравонаш азоб хоҳад шуд, бидуни онки аз азоби онҳо кам шавад. (Сунани ибн Моҷа, ҷ 1, саҳ 75)

Дар Саҳеҳ Муслим омадааст, ки Паёмбари Акрам (с) дар миёни ёрони худ нишаста буданд, ҷамъе бо пои бараҳнаву бидуни либос ба ҳузурашон расиданд, дар ҳоле ки шамшерҳоро ба камар баста буданд (омодаи ҷиҳод буданд). Аз мушоҳидаи фақри онҳо, чеҳраи Паёмбар (с) дигаргун шуд, ба хона рафтанд ва сипас баргашта ба Билол дастур доданд, ки мардумро даъват ба ҷамъшавӣ ва намоз кунад, баъд аз хондани намоз Паёмбар (с) хутбае хонданду фармуданд: Э мардум аз Худо битарсед ҳамон Худое, ки ҳамаи шуморо аз як нафас офарид, бидонед Худо огоҳ ба аъмоли шумо аст. Мардум! тақво пеша кунед ва ба фикри рӯзи қиёмат бошед. Ҳар кадом битавонед аз динор, дирҳам, либос, гандум, хурмо, ҳатто бахше аз як донаи хурмо ба ниёзмандон кӯмак кунед. Дар ин ҳангом марде аз Ансор, кисаи пуле овард, ки дар дасташ ҷой намегирифт ин кор сабаби ташвиқи мардум шуд ва пушти сари ҳам кӯмакҳои мухталиф фароҳам шуд, ба ҳадде, ки ду анбор аз маводи ғизоӣ ва либос ҷамъ шуд, осори хурсандӣ дар чеҳраи Паёмбар (с ) ошкор шуд, дар ин ҳангом фармуданд:

 مَنْ سَنَّ فِى الإِسْلامِ سُنَّةً حَسَنَةً فَلَهُ أَجْرُها وَ أَجْرُ مَنْ عَمِلَ بِها بَعْدَهُ مِنْ غَیْرِ أَنْ یَنْقُصَ مِنْ أُجُورِهِمْ شَىْءٌ وَ مَنْ سَنَّ فِى الإِسْلامِ سُنَّةً سَیِّئَةً کانَ عَلَیْهِ وِزْرُها وَ وِزْرُ مَنْ عَمِلَ بِها مِنْ بَعْدِهِ مِنْ غَیْرِ أَنْ یَنْقُصَ مِنْ أَوْزارِهِمْ شَىْءٌ

Касе, ки суннати даъват ба кори некро дар ҷомеа ривоҷ диҳад, подоше ҳамчун подоши пайравонаш хоҳад дошт, бидуни онки аз подоши онҳо чизе кам шавад. Ва ҳар касе даъват ба гумроҳиро ривоҷ диҳад ва дигарон аз ӯ пайравӣ кунанд ҳамон азоби пайравонашро хоҳад дошт, бидуни онки аз азоби онҳо кам шавад. (Саҳеҳ Муслим, ҷ 3, саҳ 86)

Дар инҷо саволе пеш меояд, ки ин аҳодис ва монанди он аз оятҳои Қуръон, бо ояти 164 сураи Анъом, ки мефармояд:

وَ لاتَزِرُ وازِرَةٌ وِزْرَ أُخْرى

“Касе гуноҳи дигареро бар дӯш намекашад”.

Чигуна созгор аст? Посухи ин савол бо тавваҷӯҳ ба як нукта комилан равшан аст ва он инки инҳо масъули гуноҳони касони дигар нестанд, балки масъули гуноҳони худ ҳастанд, зеро дар анҷоми гуноҳи дигарон ширкат доштанду аз як назар гуноҳи худашон маҳсуб мешавад.

Худованди Мутаол дар ояти шарифи 25 сураи мубораки Наҳл мефармояд:

 لِيَحْمِلُوا أَوْزارَهُمْ‌ كامِلَةً‌ يَوْمَ‌ الْقِيامَةِ‌ وَ مِنْ‌ أَوْزارِ الَّذِينَ‌ يُضِلُّونَهُمْ‌ بِغَيْرِ عِلْمٍ‌ أَلا ساءَ ما يَزِرُونَ‌

“То рӯзи қиёмат ба таври комил бори гуноҳони хеш ва (низ баъзе) аз бори гуноҳони касонеро, ки аз рӯи нодонӣ гумроҳашон месозанд, бар дӯш кашанд; огоҳ бошед! Чӣ бад аст он чиро, ки бар дӯш мекашанд.”

Гоҳе гуфтор ва рафтор ва ё навиштаи инсон сабаби гумроҳии ҳазорон нафар мешавад, чиқадар сахт аст, ки инсон ҳам бори гуноҳони худро бар дӯш кашаду ҳам бори гуноҳони ҳазорон нафари дигарро, ҳар гоҳ суханони гумроҳкунанда боқӣ бимонаду сарчашмаи гумроҳии наслҳо шавад, бори онҳо низ бар дӯши инсон сангинӣ мекунад!

Натиҷа

Ба фармудаи Қуръони Карим ва  Расули Акрам (с) даъвату роҳнамоии дигарон ба кори нек аз ҷумлаи бартарин аъмол дар дини Ислом аст, ки савобаш ба андозаи касе аст, ки он кори некро анҷом медиҳад. Дар муқобил ҳам касоне, ки дигаронро ба сӯи корҳои зидди шаръӣ даъвату роҳнамоӣ мекунанд, дар гуноҳи онҳо шарик ҳастанд ва ҳамон тавре, ки зикр шуд гуноҳи даъватгарон ба сӯи гумроҳӣ ду баробар аст. Албата пайравони даъватгарон ҳам бояд тавваҷӯҳ дошта бошанд ва бо илму огоҳии комил роҳнамоӣ худро интихоб кунанд, то мабодо дар доми гумроҳкунандагон афтанд.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед