Парҳез аз ҳасад

0
271

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Парҳез аз ҳасад

Муқаддима
Ҳасад яке аз сифатҳои ношоистаест, ки гоҳ инсон дучораш мешавад ва дар худаш заминаи бисёре аз гуноҳони дигарро фароҳам мегардонад. Ин сифат, ки дар зумраи хулқиёти разила қарор дорад, чунон бад ва зараровар аст, ки Худованд ба Паёмбари Аъзам(с) ва мӯъминон мефармояд:

قُلْ أَعُوذُ بِرَبِّ الْفَلَقِ … وَ مِن شَرِّ حَاسِدٍ إِذَا حَسَدَ

Бигӯ: Паноҳ мебарам ба Парвардигори сапедадам, Ва аз бадии ҳасуд, он гоҳ ки ҳасад варзад».(Сураи Фалақ,ояти 1 ва 5)
Абуҳурайра аз Расули Мукаррам(с) ривоят мекунад, ки он ҳазрат фармуданд:

إِیَّاکُم وَالحَسَدَ! فَإِنَّ الحَسَدَ یَأکُلُ الحَسَنات کَمَا تَأکُلُ النَّارُ الحَطَب

Аз ҳасад барҳазар бошед! Ҳамоно ҳасад некиҳоро мехӯрад, чунон ки оташ чубро мехӯрад”( Нисоӣ, китоби зуҳд боби “ҳасад”, ҳадиси 4210)

Дар ин навиштор, бо таваҷҷӯҳ ба аҳаммият ва осори ҳасад дар ҷомеа, дар бораи мафҳум, масодиқ ва зарарҳо ва баъзе аз роҳҳои наҷот аз шарри ҳасад, бо нигоҳ ба маорифи қуръонӣ ва суннати набавӣ, матолиберо кутоҳ баён хоҳем намуд. Умед аст ҳамеша аз шарри ҳасад ва ҳосидин дар амон бошем.
Маънои “ҳасад”
Ин калима арабӣ буда ва ба маънои “орзӯи нобуд шудани чизҳои  касе ва орузуи аз байн рафтани неъмат аз дигарон” мебошад.(Ҷурҷонӣ, Ат-Таърифот,  калимаи “ҳасад”)
Олимони ахлоқ дар канори баёни ҳамин маъно барои ҳасад, онро як ҳолати дарунӣ барои инсон донистаанд ва кори ҳасудро орзӯи вайронӣ ва зараррасонӣ ба дигарон, зикр кардаанд.
Анвоъи  ҳасад
Баъзе аз сифоти разила ва гуноҳон, мумкин аст дар ҳадди хостаи дарунии инсон боқӣ бимонанд ва дар рафтор ва амал, ҷурме анҷом нагирад. Ин навъ гуноҳон ва бемориҳои рӯҳӣ низ дорои зарару зиён ҳастанд ва бояд аз он парҳез ва истиғфор шавад. Аммо гоҳ мумкин аст он ҷурме, ки дар зеҳн парвариш меёбад, дар рафтору гуфтор низ дида шавад, ки ин мартаба аз гуноҳ, дорои кайфар ва ҷазои дучандон хоҳад буд.
Барои ҳасад метавон се мартаба аз ҷурм ва гуноҳро дид:
1) Як марҳила, ҳамон маънои гуфташудаи ҳасад аст. Инсон орзӯи нобудии неъмате аз касеро дар дил дорад, аммо ҳеҷгоҳ онро дар гуфтор ва рафтораш ошкор намекунад.
2) Дар мартабаи пасттар аз ин бемории рӯҳӣ, шахси ҳасуд дар канори орзӯи нобудии неъмате аз касе, орзӯ мекунад онро худаш дошта бошад. Дар ин мартаба низ ҷурми фикрӣ аст ва ба амал намерасад.
3) Аммо бадтарин марҳилаи он ин аст, ки инсон барои расидан ба хостаи ҳасудонааш, коре кунад ва ё сухане бигӯяд, то он шахс аз неъмате, ки дар ихтиёр дорад маҳрум гардад, ки ин мартаба аз ҳасад, гуноҳ ва ҷазои дучандон хоҳад дошт. Инсон бояд аз ҳамаи марҳилаҳои ҳасад, махсусан марҳилаи сеюми он барҳазар бошад ва худро нигоҳ дорад.
Намунаҳои ҳасадварзӣ дар Қуръони Карим
Қуръони Карим бо зикри мисдоқҳое аз ҳасодатҳо, инсонҳоро аз он барҳазар доштааст, баён мекунад. Дар инҷо ба чанд мисдоқи он ишора мешавад.

  1. Достони фарзандони ҳазрати Одам(а)

وَاتْلُ عَلَيْهِمْ نَبَأَ ابْنَيْ آدَمَ بِالْحَقِّ إِذْ قَرَّبَا قُرْبَانًا فَتُقُبِّلَ مِن أَحَدِهِمَا وَلَمْ يُتَقَبَّلْ مِنَ الآخَرِ قَالَ لَأَقْتُلَنَّكَ قَالَ إِنَّمَا يَتَقَبَّلُ اللّهُ مِنَ الْمُتَّقِينَ

“Ва хабари ду фарзанди одамро ба ҳақ бар онон бихон. Ҳангоме, ки он ду барои наздикӣ [ба Парвардигор] қурбонӣ карданд. Пас, аз яке пазируфта шуд ва аз дигарӣ пазируфта нашуд. [Қобил] гуфт: Қатъан туро хоҳам кушт! [Ҳобил] гуфт: Худо фақат аз парҳезгорон мепазирад”.(Сураи Моида, ояти 27)
Дар достони ду фарзанди Одам(а) омадааст, ки оташи кина ва бадхоҳии Қобил сабаб шуд ӯ дучори гуноҳи бузӯргтар, яъне қатли Ҳобил гардад. Дар ҳоле ки Ҳобил аҳли тақво буд ва намехост кори ношоистае анҷом диҳад.(Қуртубӣ, Тафсир, ҷ.3, сураи Моида, ояти27)
Бар асоси он чи дар тафосир ва таърихи ин ҳодиса омадааст, фаҳмида мешавад, ки яке аз фарзандони ҳазрати Одам дар натиҷаи кина ва ҳасаде, ки ба бародараш дошт, гуноҳашро ба марҳилаи амал низ расонд ва бародарашро ба қатл расонд.

  1. Достони ҳазрати Юсуф(а)

قَالَ يَا بُنَيَّ لاَ تَقْصُصْ رُؤْيَاكَ عَلَى إِخْوَتِكَ فَيَكِيدُواْ لَكَ كَيْدًا إِنَّ الشَّيْطَانَ لِلإِنسَانِ عَدُوٌّ مُّبِينٌ

“[Яъқуб] Гуфт: «Эй писаракам! Хобатро барои бародаронат ҳикоят накун, пас, барои ту ҳилаи сахт меандешанд. Қатъан шайтон барои инсон душмани ошкор аст”.(Сураи Юсуф, ояти5)

Чунон, ки ҳазрати Яъқуб(а) пешбинӣ карда буд, фарзандони ҳасудаш, бародари худро дар чоҳ андохтанд ва баъд аз наҷот, боз ӯро фурӯхтанд ва солҳо падарро дар фироқи фарзанд, нигоҳ доштанд.(Қуртубӣ, Тафсир, ҷ.5, сураи Юсуф, ояти5)
Рафтори инҳо низ ҳамчун Қобил, аз марҳилаи ҳасодати зеҳнӣ ба амалӣ расид ва қасди ҷон ва нобудии бародари худро намуданд.

  1. Ҳасодати яҳудиён нисбати Паёбари Ислом(с)

أَمْ يَحْسُدُونَ النَّاسَ عَلَى مَا آتَاهُمُ اللّهُ مِن فَضْلِهِ

Ё ин ки нисбат ба мардум (=Паёмбар ва мӯъминон) ба он чи Худо аз фазлаш ба онҳо ато кардааст, ҳасад меварзанд?”(Сураи Нисо, ояти54)
Муддаиёни пайравӣ аз ҳазрати Мусо(а), худро мунтазири Расули Хотам(с)медонистанд.
Вақте фаҳмиданд Паёмбари Хотам аз насли онҳо нест, нисбати ӯ ва умматаш кинаварзӣ ва душманӣ карданд ва дар ин ҳасодаташон, гуфтори китобашонро низ тағйир доданд.(Ибни Касир, Ал-Бидоя ва-Ниҳоя)
Ҳасодате, ки нисбати уммати Расулуллоҳ(с) дар вуҷуди яҳудиён эҷод шуда буд, сабаби гумроҳии бештар ва фурӯ рафтанашон дар гирдоби гуноҳон гардид ва дурӯғу туҳмат ва ифтироҳои зиёдеро дар ҳаққи он ҳазрат ва мусалмонон баён намуданд. Ингуна он қавми лаҷуҷ ва кинаварз, бори дигар мағзуби Худованди Қаҳҳор гаштанд.

  1. Роҳҳои наҷот аз бемории ҳасодат
    Аз ҷумла сабабҳои эҷоди ин беморӣ дар қалби инсон, бо таваҷҷӯҳ ба маорифи қуръонӣ ва ривоӣ, метавонад ин мавридҳо бошад:
  • Адоват ва душманӣ
  • Кибр ва худбартарбинӣ
  • Ҳубби мақом ва ҷоҳталабӣ
  • Тарс аз нарасидан ба хостаҳои нафсонӣ
  • Ҳисси пастӣ ва камарзиш будан
  • Бахилӣ ва бемории нафсонӣ
  • Заъфу нотавонии имон ва эътиқод

Шахсе, ки як ва ё чанд маврид аз ин ҳолатҳоро дорад, дар баробари пешравӣ ва бартарии дигарон беқарор мегардад ва барои зоил ва нобуд кардани он бартариҳо, ҳар коре, ки дар тавонаш бошад анҷом медиҳад. Чунон, ки аз маорифи қуръонӣ ва одобу ахлоқ ба даст меояд, шахси ҳасуд бо гуфтору рафтор нисбати дигарон нигоҳи бадбинӣ, ҷосусӣ, ғайбат ва туҳмат эҷод мекунад, то ҷойгоҳи ӯро поин ва аз худро болотар бибарад.
Барои пешгирӣ ва ислоҳи ин рӯҳияи паст ва разилона, бояд ҳамаи заминаҳо ва сабабҳои эҷоди ҳасодат, аз инсон нобуд ва ё зери назорат қарор гирад. Бинобар ин, инсоне, ки мехоҳад аз ҳасодат наҷот пайдо кунад, бояд мароҳили зерро таваҷҷӯҳ ва амалӣ намояд:

  1. Шинохти ҳасодат; аввалин қадам барои дармони беморӣ, шинохти он аст. Бояд бифаҳмад дар вуҷудаш беморие ба номи ҳасодат ҳаст ва ин ки баъзе аз фикру амалаш натиҷаи ҳасодати ӯ мебошад.
  2. Шинохти осор; дидан ва шинохтани нишонаҳо ва осори зарарноки бемории ҳасад, метавонад қадами дуюм барои ислоҳи шахси ҳасуд бошад.
  3. Тавба; қадами сеюм ин аст, ки инсон аз рӯи имон ва умед ба бахшандагии Худованд ва ҳидояти Ӯ, аз гуноҳе, ки дар вуҷудаш эҷод шудааст, пушаймонӣ ва тавба кунад, то Худо ёриаш намояд.
  4. Истиғфор ва дуо; марҳилаи баъд аз тавба, талаби истиғфор барои худ ва он ки дар борааш ҳасодат варзидааст, мебошад. Худованд дуои онҳоеро, ки барои дигарон истиғфор мекунанд, бештар мепазирад.
  5. Ибрози дӯстӣ ва маваддати имонӣ; барои пешгирӣ ва тақвияти имони худ аз ҳасодат, бояд нисбати бародарони имонӣ ибрози дӯстӣ ва маваддат шавад, то ҳар гоҳ шаётин қасди эҷоди ҳасодат намуд, қувваи муҳаббат ва дӯстӣ онро дур намояд.
  6. Тавозӯъ ва фурӯтанӣ; мӯъмине, ки худро бо хислати тавозӯъ одат додааст, ҳаргоҳ касе ва ё чизе ӯро камтар нишон диҳад, дар ӯ асари бад нахоҳад гӯзошт ва ӯро мутакаббир намегардонад.
  7. Парҳез аз ҷоҳу мақомталабӣ; чун яке аз заминаҳои ҳасодат ҷоҳу мақом аст, инсони мӯъмин худро толиби мақом нишон намедиҳад.
  8. Иззати нафс; мӯъмине, ки иззати нафс дорад ва ҳеҷгоҳ худро нодору паст ва ночиз намешуморад, ба касе иҷозаи тавҳин ва таҳқир намедиҳад, аз ин ҷиҳат нисбати молу мулки дигарон низ ҳасодат намеварзад, балки Худоро шукр мегӯяд ва худро азиз медорад.
  9. Истиоза биллоҳ; бо ҳамаи ин мавридҳо, мӯъмин ҳамеша худро дар паноҳи Худованд медонанд ва аз шарри шаётини инсӣ ва ҷиннӣ ва шарри ҳасаду ҳасадварзон ба Ӯ паноҳ мебаранд.

Инҳо аз ҷумла роҳҳои ислоҳи нафс ва наҷоти худ аз шарри ҳасад ва ҳасадварзӣ ҳастанд, ки бояд мӯъминон бидонанд ва ҳамеша амалӣ намоянд, то дар амони илоҳӣ маҳфуз бошанд.
Худоё! Моро аз шарри ҳасодат ва ҳасадварзон наҷот бидеҳ ва моро аз мӯъминони муслиҳи уммати Ислом бигардон.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед