Осори тақво

0
361

 

Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон
Осори тақво аз нигҳи оёти Қуръони Карим

 Маънои “тақво” дар луғат ва истилоҳ
Тақво аз масдари “виқоя” ба маънои “ҳифз ва нигоҳдоштани чизе аз зарар ва бадӣ” мебошад.(Роғиб, Муфрадот фи ғарибил-Қуръон, ҷ.1, саҳ.881, модаи в.қ.й)
Ва дар истилоҳи қуръонӣ, тақво “ҳифзу нагаҳдории ҷисму рӯҳи худ ва дигарон аз гуноҳ ва палидиҳо, бо ҳадафи расидан ба дараҷоти бандагӣ ва умед ба раҳмати илоҳӣ” аст.(Ибни Касир, Тафсирул-Қуръон, ҷ.1, саҳ.40).   Бо таваҷҷӯҳ ба маънои луғавӣ ва истилоҳӣ, ин калима дар мавриди рӯҳ ва ҷисм ба кор маеравад.
Худованд тақворо дар як оят беҳтарин тӯшаи зиндагӣ барои охират номидааст:

وَتَزَوَّدُواْ فَإِنَّ خَيْرَ الزَّادِ التَّقْوَى وَاتَّقُونِ يَا أُوْلِي الأَلْبَابِ
“Ва тӯша баргиред ва дар ҳақиқат, беҳтарин тӯша тақвост, пас эй соҳибхирадон! [Аз мухолифати Ман] парҳез кунед”(Сураи Бақара/197)

Ва боз дар ояти дигар тақворо ба унвони либос ва пӯшиши некӯ зикр мекунад:

…وَلِبَاسُ التَّقْوَىَ ذَلِكَ خَيْرٌ ذَلِكَ مِنْ آيَاتِ اللّهِ لَعَلَّهُمْ يَذَّكَّرُونَ
“… ва либоси тақво, ин беҳтар аст. Ин аз нишонаҳои Худост, бошад, ки онон панд гиранд”(Сураи Аъроф, ояти26)

Ҳазрати Алӣ(к) дар маънои тақво мефармояд:

إعلَمُوا عِبادَ اللهِ أنَّ التَّقوَی دَارُ حِصنٍ عَزِیزٍ وَ الفُجُورُ دَارُ حِصنٍ ذَلِیلٍ
Бидонед бандагони Худо! Тақво қалъаи мустаҳкам ва шикастнопазир аст ва фисқу зиндагии гуноҳолуд қалъаи хоркунанда ҳастанд”(Ибни Абилҳадид, шарҳи Наҳҷул-Балоға, хутбаи 157)

 Калимаи тақво дар забони араб ба маънои ҳифз ва нигоҳ доштани ҷисм аз зарар ба кор рафтааст, чунон ки дар таърих омадааст, асҳоби гиромӣ гоҳ дар ҷангҳо аз сахтии ҳамлаи душман, ба Паёмбари Ислом(с) паноҳ мебурданд, то худро ҳифз кунанд. (Ҳусайн Ал-Бағавӣ, Маолимут-танзил, ҷ.1, саҳ.34)
Ҳамчунин муфассир ва муҳаддиси номдор Бағавӣ менависад: Умар ибни Абдул-Азиз дар таърифи тақво мегӯяд, “маънои тақво тарки ҳаром ва худро аз дигарон бартар напиндоштан аст”(Ҳусайн Ал-Бағавӣ, Маолимут-танзил, ҷ.1, саҳ.35)
Аҳли тақво дар Қуръони Карим
Инсони мӯъмини бо тақво, ҳамаи тавони худро барои расидан ба некиҳо бакор мегирад ва аз неъматҳои Худо ғофил намегардад ва аз дороияш, он чи барои зиндагӣ ниёз дорад, истифода мекунад ва ба  ниёзмандон низ кӯмак мекунад.
Худои Мутаол дар баёни сифоти аҳли тақво мефармояд:

ذَلِكَ الْكِتَابُ لاَ رَيْبَ فِيهِ هُدًى لِّلْمُتَّقِينَ * الَّذِينَ يُؤْمِنُونَ بِالْغَيْبِ وَيُقِيمُونَ الصَّلاةَ وَمِمَّا رَزَقْنَاهُمْ يُنفِقُونَ
“Он китобест, ки ҳеҷ шакке дар он нест. Роҳнамои парҳезгорон аст, онон, ки ба ғайб имон меоваранд ва намоз барпо медоранд ва аз он чи рӯзияшон додаем, инфоқ мекунанд.(Сураи Бақар, отия2- 3)

Ибни Касир аз Қутода(рҳ) дар тафсири ин оят ривоятеро нақл мекунад:
Матни арабияш зирк шавад
Аз он чи Худо додааст, инфоқ кунед, ки онҳо назди шумо амонати илоҳӣ ҳастанд ва ба зӯдӣ аз онҳо ҷудо хоҳед шуд! (Ибни Касир, Тафсирул-Қуръон, ҷ.1, саҳ.44)
Бо нигоҳе ба маорифи қуръонӣ, ба ин мерасем, ки Қуръон Карим барои тақво осори муҳимро дар ду бахши “осори дунёӣ ва осори ухравӣ” баён намудааст.

  1. Осори тақво дар зиндагии дунявӣ:
    Бахши муҳимме аз таъсироти тақво дар зиндагии дунявӣ ҳастанд ва Қуръони Карим баъзеро зикр намудааст.
  • Касби ризқу рӯзии илоҳӣ
    Худои Мутаол дар оёти қуръонӣ барои аҳли тақво неъматҳоеро муқаррар намудааст, ки яке аз онҳо ризқу рӯзӣ мебошад.

Худованд мефармояд:

وَمَن يَتَّقِ اللَّهَ يَجْعَل لَّهُ مَخْرَجًا * وَيَرْزُقْهُ مِنْ حَيْثُ لَايَحْتَسِبُ
Ва ҳар кас тақвои Худоро пеша кунад, барояш роҳи раҳоӣ қарор медиҳад ва ӯро аз ҷое, ки гумон намекунад, рӯзӣ медиҳад”.(Сураи Талоқ, ояти2-3)

Касоне, ки ба розиқ будани Худованд имон доранд, корҳои худро тавре анҷом медиҳанд, ки Худо фармуда бошад, онгоҳ барои расидан ба натиҷа, фақат ба Худованд таваккул мекунанд. Онҳо худро маъмур ба анҷоми вазифа медонанд ва натиҷаро ба Худои Раззоқ вогузор мекунанд.(Муҳоҷир, Сираи некон, саҳ.43)
Худованд низ ингуна бовар ва амали бандагонро бе посӯх нагузошта, дар идомаи ҳамон оят, бо башорат ба онҳо мефармояд:

وَمَن يَتَوَكَّلْ عَلَى اللَّهِ فَهُوَ حَسْبُهُ إِنَّ اللَّهَ بَالِغُ أَمْرِهِ قَدْ جَعَلَ اللَّهُ لِكُلِّ شَيْءٍ قَدْرًا
“… ва ҳар кас бар Худо таваккул кунад, пас, Ӯ барояш кофист, ҳамоно Худо кори худро ба анҷом расондааст, ба таҳқиқ барои ҳар чизе андозае қарор додааст.”(Сураи Талоқ, ояти3)

  • Касби ҳидояти қуръонӣ
    Аз неъматҳои башорат додашуда ва беназири илоҳӣ барои аҳли тақво, касби ҳидояти қуръонӣ аст.
    Худованд бо ишора ба ин ки дар Қуръони Карим ҳеҷ шакку шубҳае нест, онро ҳидоятгар нисбати аҳли тақво медонад ва мефармояд:

ذَلِكَ الْكِتَابُ لاَ رَيْبَ فِيهِ هُدًى لِّلْمُتَّقِينَ
“Он Китобест, ки ҳеҷ шакке дар он нест, роҳнамои парҳезгорон аст”.(Сураи                                                               Бақара,ояти2)

Шакке нест, ки инсон бо илму амал ва бо талош метавонанд ба ҳақиқатҳое бирасад, аммо ҳидояте, ки Қуръон онро барои аҳли тақво матраҳ мекунад, дараҷаи болотаре аз он чизест, ки дигарон бо илму талоши худ мерасанд.(Ибни Касир, Тафсирул-Қуръон, ҷ.1, саҳ.41)
Ҳидояти қуръонӣ инсонро басират ва огоҳии болотар аз он чи дагарон доранд, мебахшад ва рӯҳу нафси ӯро аз шарри гуноҳон ва бадии онҳо, ҳифз мекунад. Яке аз нишонаҳои ҳидоятёфтагони аз суфраи Қуъон , дар баробари зулм ва бадии дигарон бетараф ва хомуш  нахоҳанд нишаст, балки барои ислоҳи ҷомеа ва уммат, талош хоҳанд кард..

  1. Осори тақво дар олами охират
    Тақвое, ки Худованд аз бандагонаш хостааст, ҳамон тавр, ки барои дунё фоидаҳои зиёде дорад ва ду мавриди онҳо зикр гардид, барои қиёмат низ дорои осори муҳимме мебошад, ки Қуръони Карим бархе аз онҳоро зикр кардааст.
  • Расидан ба биҳишт ва неъматҳои беназири он
    Чунон, ки зикр гардид, аҳли тақво ба дараҷоте аз бандагӣ дар дунё мерасанд ва неъматҳое хоссе ба онҳо дода мешавад. Дар қиёмат низ Худованд ҷойгоҳи хоссе барои онҳо ваъда додааст, ки яке аз онҳо расидан ба биҳишт ва неъматҳои фаровони он аст.
    Худованд дар Қуръони Карим ба аҳли тақво башорат медиҳад:

اِنَّ المُتَّقین فی جَنَّتٍ و نَعیمٍ
“Ҳамоно парҳезгорон дар боғҳо ва неъматҳои фаровон ҳастанд”.(Сураи Тур, ояти17)

Бар асоси ин оятҳо, аҳли тақво дар  охират  низ дорои аҷру подоши вежа ҳастанд. Барои онҳо ҷаннатҳо ва неъматҳои хоссе дода мешавад.
Бинобар ин дар Қуръони Карим ва аҳодис ҳамеша ба инсонҳое, ки мехоҳанд оқибаташон некӯ бошад, тавсия мешавад дар дунё тӯшаи некӯ, яъне тақворо сармашқи зиндагии худ қарор диҳанд, то дар сарои охират аз он чи Худованд ваъда додааст, баҳраманд гарданд.(Муҳоҷир, Сираи некон, саҳ.98)
Худованд мефармояд:

وَتَزَوَّدُواْ فَإِنَّ خَيْرَالزَّادِ التَّقْوَى وَاتَّقُونِ يَا أُوْلِي الأَلْبَابِ
Ва тӯша баргиред ва дар ҳақиқат, беҳтарин тӯша тақвост, пас эй соҳибхирадон! (Аз мухолифати Ман) Парҳез кунед.(Сураи Бақара,ояти197)

Бахшиши гуноҳ ва афзоиши подош
Аз неъматҳои илоҳӣ барои бандагони ботақво ин аст, ки Худои Раҳмон гуноҳон ва хатоҳои ночизи онҳоро нодида мегирад ва барои тақвояшон, аҷру подоши бемонанд, насибашон мегардонад.
Қуръони Карим дар бораи аҳли тақво мефармояд:

وَمَن يَتَّقِ اللَّهَ يُكَفِّرْ عَنْهُ سَيِّئَاتِهِ وَيُعْظِمْ لَهُ أَجْرًا
Ва ҳар кас тақвои Худоро пеша кунад, бадиҳои  ӯро мепӯшонад ва подошро барои ӯ бузӯрг месозад.(Сураи Талоқ,ояти5)

Аз онҷое, ки  оммаи инсонҳо мумкин аст дорои хато ва гуноҳе бошанд, Худованд ба онҳое, ки тақворо пешаи худ мекунанд, ин ваъдаро медиҳад, ки гуноҳони шуморо мепӯшонам ва подоши бузӯрг насибатон мегардонам.(Сулламӣ, Ҳақоиқу-Тафсир, сураи Талоқ, ояти5)
Ва низ тақворо сабаби наҷот аз ҷаҳаннам зикр мекунад:

ثُمَّ نُنَجِّی الَّذینَ اتَّقَوا وَّ نذَرُ الظَّلِمیِن فیها جِثِیّا
Сипас, касонеро ки парҳезгорӣ карданд, наҷот медиҳем ва ситамгаронро дар он(оташ), ба зонуафтода, раҳо мекунем.(Сураи Марям,ояти72)

Ҷамъбандӣ
Тақво ба маънои “доштани ҳисну сипар дар баробари бадиҳо” барои ҳар инсон ва дар кул барои ҷомеаи башарӣ сифати лозимӣ аст.
Инсонҳои ботақво ба неъматҳои вежае аз тарафи Худованд ноил мегарданд, ки баъзе дунёӣ ва баъзе ухравӣ ҳастанд.
Аз неъматҳои дунявӣ, ки барои аҳли тақво ваъда додашудааст, метавон ба ризқу рӯзии вежа ва ҳидояти қуръонӣ ишора намуд.
Ва аз неъматҳои ухравӣ, боғҳои пурнеъмат ва пурбаҳо зикр шудааст, ки бо наҷоти аҳли тақво аз оташи дӯзах ба онҳо дода мешавад.
Пӯшондани бадиҳои бандагон ба сабаби тақвое, ки дар зиндагӣ доранд, аз ҷумла осори тақво аст, ки ҳамроҳ бо афзоиши подоши амалҳои онҳо, барояшон дода мешавад.
Бинобар ин, ҷомеаи дорои тақвои фардӣ ва ҷамъӣ, як ҷомеаи мавриди ризои илоҳӣ мебошад. Барояшон неъматҳои хос ва подоши дунявӣ ва ухравӣ дода мешавад. Онҳо ҳамеша бо рӯҳияи муқовим, умедвор, пурталош ва ислоҳгар зиндагӣ ва дигаронро низ ба сӯи ҳаққу адл ҳидоят мекунанд.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед