Осор ва оқибати зино дар дунё ва охират

0
349

Ба номи Худованди Бахшанда ва Меҳрубон

Осор ва оқибати зино дар дунё ва охират
Муқаддима

Яке аз зишттарин ва зарарбортарин гуноҳони кабира зино аст, ки сабаби фурӯпошии ҷомеа ва суқути башарият дар фасод ва нобудӣ мешавад. Зино ва зинокорӣ имрӯза аз ҷумлаи гуноҳон ва балоҳои вайронгаре аст, ки ҷомеаи башарӣ ба хусус ҷомеаи пешрафтаро домангир кардааст. Зино сарчашмаи бисёре аз ҷангу низоъҳо, худкушиҳо, фирор аз хонаҳо, фарзандони зинозода ва бемориҳои ҷинсӣ аст.

وَلاَ تَقْرَبُوا الزِّنَى إِنَّهُ كَانَ فَاحِشَةً وَسَاءَ سَبيلاً‌

“Ва ба зино наздик нашавед, ки коре бисёр зишт ва роҳе бад аст”.(Сураи Исро, ояти 32).

Осори дунявӣ ва ухравии зино дар ривоёт

Ин гуноҳи кабира ва амали бисёр зишт, ки Қуръони Карим ошкоро аз наздик шудан ба он манъ кардааст, дар суханони Паёмбари Акрам (с) ба оқибати бад ва зиёнбори он ишора шудааст, ки мо дар инҷо ба бархе аз онҳо ишора мекунем.

Шаш асари бади зино

Зино дар дунё обурӯро мебарад, рӯзиро кам мекунад, умрро кӯтоҳ мекунад ва дар охират сабаби ғазаби Худованд, сахтии ҳисоб, дохил шудан дар оташ ва ҷовидонагӣ дар он мешавад. Паёмбари Акрам (с) дар ин маврид мефармоянд:

يَا مَعْشَرَ اَلْمُسْلِمِينَ إِيَّاكُمْ وَ اَلزِّنَا فَإِنَّ فِيهِ سِتَّ خِصَالٍ، ثَلاَثاً فِي اَلدُّنْيَا وَ ثَلاَثاً فِي اَلْآخِرَةِ فَأَمَّا اَلَّتِي فِي اَلدُّنْيَا فَإِنَّهُ يَذْهَبُ البَهَاءِ وَ يُورِثُ اَلْفَقْرَ وَ يَنْقُصُ اَلْعُمُرَ وَ أَمَّا اَلَّتِي فِي اَلْآخِرَةِ فَإِنَّهُ يُورِثُ سَخَطَ الله وَ سُوءَ اَلْحِسَابِ وَ اَلْخُلُودَ فِي اَلنَّارِ

Эй гурӯҳи мусалмонон! аз зино парҳез кунед, ки дар он шаш асари бад аст, се асар дар дунё ва се асар дар охират, онки дар дунёст ин аст, ки арзиши шахсро аз байн мебарад ва сабаби фақр мешавад ва умрро кӯтоҳ мекунад, ва онки дар охират аст ин аст, ки сабаби хашми Парвардгор ва сахтии ҳисоб ва ҷовидонагӣ дар ҷаҳаннам мешавад. (Шуабулимон, ҷ 4, саҳ 379; Канзулуммол, ҷ 5, саҳ 464).

 Зино сабаб мешавад, ки бо номуси зинокор зино шавад

Паёмбари Акрам (с) фармуданд:

مَن زَنی زُنِیَ به

Ҳар касе, ки (бо номуси дигарон) зино кунад, (бо номусаш) зино мешавад. (Канзулуммол, ҷ 5, саҳ 314).

Зино имонро аз инсон дӯр мекунад

Паёмбари Акрам (с) фармуданд:

مَن زَنی أو شَرِبَ الخَمر نَزَعَ الله مِنهُ الإیمَانَ کَما یَخلَعُ الإنسَانَ القَمِیصَ مِن رَأسِه

Ҳар касе, ки зино ё шаробхорӣ намояд Худованд имонашро ҷудо мекунад ҳамон тавр, ки инсон либосро аз сараш дар меоварад. (Мустадраки Ҳоким, ҷ 1, саҳ 22).

Сахттарин азобҳо дар интизори зинокор аст

Паёмбари Акрам (с) фармуданд:

إشتَدَّ غَضَبُ اللهِ عَلی الزُّناةِ

Хашм ва ғазаби Худованд бар зинокорон бисёр шадид аст. (Канзулуммол, ҷ 5, саҳ 318).

Худованд ба зинокор назар намекунад

Паёмбари Акрам (с) фармуданд:

الزّانِی بِحَلِلَةِ جَارِه لا یَنظُرُ الله إلیه یَومَ القِیامَة و لا یِزَکِّیه وَ یَقول لَهُ: أدخُل النّار مَعَ الدّاخِلِینَ

Дар рӯзи Қиёмат Худованд касеро, ки бо зани ҳамсояаш зино кунад назар намекунад ва ӯро пок намесозад ва ба ӯ мегуяд: бо дузахиён ба Дузах дохил шав. (Канзулуммол, ҷ 5, саҳ 313).

Зинокор монанди бутпараст аст

Паёмбари Акрам (с) фармуданд:

المُقِیمُ علی الزِّنا کَعابِد وَثَنٍ

Ҳар касе, ки зиноро тарк накунад монанди бутпараст аст. (Канзулуммол, ҷ 5, саҳ 314)

Зино сабаби афзоиши марг дар ҷомеа мешавад

Паёмбари Акрам (с) фармуданд:

إذَا ظَهَر الزِّنَا وَ الرِّبَا فِی قَریَةٍ فَقَد أحَلُّوا بِأنفُسِهِم عَذابَ الله

Ҳар замоне, ки дар деҳае зино ва рибо падид ояд (мардум) азоби Илоҳиро ба ҷон харидаанд. (мӯъҷамулавсат, ҷ 1, саҳ 178).

Зинокор дар Рӯзи қиёмат бо чеҳраӣ пур аз оташ маҳшур мешавад

Паёмбари Акрам (с) фармуданд:

إنَّ الزُّناة، یأتُونَ تَشتَعِلُ وُجُهُهُم نَاراً

Дар Рӯзи қиёмат зинокорон бо чеҳраҳои шӯълавар аз оташ маҳшур мегарданд. (Канзулуммол, ҷ 5, саҳ 315).

Ақсоми зино
Зино ақсоме дорад, ки ду мавриди муҳамми онро зикр мекунем.

  1. Зинои чашм
    Паёмбари Акрам (с) фармуданд:

زِنَا العَینَینِ النَّظَرُ

Нигоҳи (шаҳватнок) зинои чашм аст. (Саҳеҳ Муслим, ҷ 8, саҳ 52)

  1. Зинои забон
    Паёмбари Акрам (с) фармуданд:

زِنَا اللِّسَان الکَلَام

Сухани (беҳуда) зинои забон аст. (Канзулуммол, ҷ 5, саҳ 326)

Худованд дар Қуръони Карим ба гуноҳкорон ва касоне, ки ба худ ситам кардаанд тавсия мекунад, ки тавба кунанд:

قُلْ يَا عِبَادِيَ الَّذِينَ أَسْرَفُوا عَلَى أَنْفُسِهِمْ لَا تَقْنَطُوا مِنْ رَحْمَةِ اللَّهِ إِنَّ اللَّهَ يَغْفِرُ الذُّنُوبَ جَمِيعًا إِنَّهُ هُوَ الْغَفُورُ الرَّحِيمُ.

“Бигӯ эй бандагони Худо, ки бар худ зулм ва ситам кардаед, аз раҳмати Худованд ноумед нашавед, ки Худо ҳамаи гуноҳонро якҷо мебахшад”. (Сураи Зумар, ояти 53).

Худованди Мутаол дар ояти дигаре дар мавриди аҷру подоши касоне, ки аз раҳмати Худо ноумед намешванду тавба мекунанд ва аз ин амали зишт даст мекашанд мефармояд:

إِلاَّ مَنْ تابَ وَ آمَنَ وَ عَمِلَ عَمَلاً صالِحاً فَأُوْلئِکَ يُبَدِّلُ اللَّهُ سَيِّئاتِهِمْ حَسَناتٍ وَ کانَ اللَّهُ غَفُوراً رَحيماً

“Магар он касоне, ки тавба кунанд ва имон оваранд ва кори шоиста анҷом диҳанд, ки Худованд бадиҳо ва зиштиҳояшонро ба хубиҳо табдил мекунад ва Худованд бисёр бахшанда ва меҳрубон аст.” (Сураи Фурқон, ояти 70).

Натиҷа
Зино яке аз гуноҳони кабира ва бисёр зишт аст, вале бузургии Худованд ва меҳрубонии ӯ ба андозае аст, ки агар гунаҳкоре, ки ин амали зиштро анҷом додааст ҳақиқатан аз кори худ пушаймон бошад ва тасмими ҷиддӣ бар тавба ва тарки гуноҳ ва ҷуброни бадии худ бигирад, умеди бахшиш ва омурзиши ӯ аз тарафи Худои Меҳрубон хеле зиёд аст.
Ба ҳамин хотир агар шахсоне, ки хоҳони наҷот ҳастанд бо умед ба афву бахшиши илоҳӣ бояд бидуни инки касеро аз гуноҳи худ бохабар созанд, ҳарчи зудтар тавба кунанд. Ва касе, ки бо тавба бахшида шавад Рӯзи қиёмат муҷозот намешавад.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед