Олим ва мақоми хавфу тарс аз Худованди Мутаол

0
233

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Олим ва мақоми хавфу тарс аз Худованди Мутаол

Худованди Мутаол барои афроди олим ва донишманд имтиёзҳои фаровон ва хоссеро дар назар гирифтааст ва онҳоро бар дигар афроди ҷомеаи инсонӣ фазилат ва бартарӣ додааст ва бар асоси омӯзаҳои Қуръони Карим онҳо касоне ҳастанд, ки имон ва эътиқоду бовари қалбӣ ба Худованд доранд ва ба ягонагии Ӯ гувоҳӣ медиҳанд ва аз рӯи тарси илоҳӣ аст, ки андӯҳу ғам онҳоро фаро мегирад. Афроди олиму донишманд вақте дар оятҳо ва нишонаҳои илоҳӣ андеша мекунанд, биму тарси илоҳӣ онҳро фаро мегирад ва аз Худованди Мутаол тарси воқеӣ доранд. Худованди Мутаол дар Қуръони Карим дар бораи тарси олимон аз Худованди Мутаол мефармояд:

وَمِنَ النَّاسِ وَالدَّوَابِّ وَالْأَنْعَامِ مُخْتَلِفٌ أَلْوَانُهُ كَذَلِكَ إِنَّمَا يَخْشَى اللَّهَ مِنْ عِبَادِهِ الْعُلَمَاءُ إِنَّ اللَّهَ عَزِيزٌ غَفُورٌ

Ва ҳамчунин аз мардум ва ҷунбандагон ва чорпоён, ки рангҳояш гуногӯн аст [офаридем]; аз Худо дар миёни бандагонаш фақат олимон метарсанд; ҳамоно Худованд пирӯзманди омурзанда аст.” (Сураи Фотир, ояти 28).

Хавф аз Худо ба маънои тақво аз ӯст. Шахсе, ки азамати илоҳиро дарк карда ва ба ҷалолу кибриёии Ӯ огоҳӣ ва шинохт ёфтааст, ба таври табиӣ аз Худованд хавфу тарс дорад, пас мекӯшад бо баҳрагирӣ аз дастурҳои илоҳӣ ва амал ба онҳо ва парҳез аз умуре, ки хашми Ӯро дар пай дорад, ба паноҳгоҳи амн биравад ва тақво ҳамон паноҳгоҳе аст, ки инсон дар паноҳи он аз хашму ғазаби илоҳӣ дар амон қарор мегирад. Инсон бояд аз Худо ба Худо паноҳ барад ва ба ин нукта таъкид кунад, ки “Худоё! Ман ба сӯи ту паноҳ мебарам!” Парвардигоро! Ман аз худат ба худат паноҳ мебарам; ба ин маъно, ки ман аз ҷалолу шукӯҳи ту ба ҷамолат паноҳ мебарам ва аз хашми ту ба раҳмонияту сифати бахшандагият мегурезам. Худованди Мутаол дар Қуръони Карим барои ингуна тақовҷӯӣ ва паноҳгирӣ мефармояд:

فَفِرُّوا إِلَى اللَّهِ إِنِّي لَكُمْ مِنْهُ نَذِيرٌ مُبِينٌ

وَلَا تَجْعَلُوا مَعَ اللَّهِ إِلَهًا آخَرَ إِنِّي لَكُمْ مِنْهُ نَذِيرٌ مُبِينٌ

“Пас, ба сӯи Худо бигурезед; ҳамоно ман аз ҷониби Ӯ барои шумо ҳушдордиҳандаи ошкор ҳастам.”

“Ва бо Худо маъбуди дигареро қарор надиҳед, ҳамоно ман аз ҷониби Ӯ барои шумо ҳушдордиҳандаи ошкор ҳастам.” (Сураи Зориёт, ояти 50-51).

Инки сухан аз фирор аст, ба ин хотир аст, ки ҳар чизе ғайри Худо бояд ҳамчун масъалаи ҳавлнок дар назар гирифта шавад, ки мумкин аст инсонро дучори хатар кунад ва танҳо Худованди Мутаол аст, ки паноҳгоҳ мебошад ва лозим аст аз ҳама чиз ба сӯи Ӯ гурехт. Ин хавф ҳамон хавфи писандидае аст, ки инсони “олим” нисбат ба Худо дорад.

Албатта як суол мумкин аст матраҳ шавад, ки чигуна як олиму донишманди доно ва тавоно, ки бо тамоми вуҷуд қадам дар роҳи касби илму дониш гузошатааст ва Худовандро танҳо ва паноҳгоҳи мутмаин медонад, бояд аз Худованд тарсон бошад ва хавф дошта бошад? Дар посух ба ин суол бояд гуфт, ки инсон бояд аз хашму ғазаб ва ҷалолу шукӯҳи Худо ба ҷамолу раҳмоният ва меҳрубонӣ ва бахшандагии Ӯ бигурезад, то дар паноҳи он амният ёбад ва барои дастёбӣ ба ин аминяти худоӣ ҳам бояд тақвои илоҳиро пеша кунад. Бинобар ин хавфу тарс аз Худованд барои он аст, ки ҳар шахси мӯъмин ва дар қадами аввал, як шахси олим, бо баҳрагирӣ аз тақво ва амали нек худро дар паноҳи зеботарин номҳои раҳмонии Худованди Мутаол қарор бидиҳад ва Қуръони Карим ҳам ба ин масъала ишора кардааст:

يَخَافُونَ رَبَّهُمْ مِنْ فَوْقِهِمْ وَيَفْعَلُونَ مَا يُؤْمَرُونَ

“[Онҳо] Аз Парвардигорашон, ки бар болои онҳо [ҳоким] аст, метарсанд; ва он чиро, ки дастур меёбанд, анҷом медиҳанд.” (Сураи Наҳл, ояти 50)

Албатта дар забон ва адабиёти араб барои калимаҳои хавф, калимаҳои ҳаммаънои дигаре ҳам вуҷуд дорад, аммо ончи, ки хавфу тарси олим аз даргоҳи Худованди Мутаолро нишон медиҳад вожаи “خشیة” “хашият” аст, ки ба ҳамон маънои тарси олим аз Худованд мебошад.

Ибни Масъуд (рз) дар тафсири ояти 28 сураи Фотир фармуд:

قَالَ ابنُ مَسعُود: هُمُ الَّذينَ يَعلَمُونَ أَنَّ اللهَ عَلَى كُلِّ شَيءٍ قَديرٌ

“Онҳо (олимоне, ки аз Худованд хавф доранд) касоне ҳастанд, ки медонанд Худованд ба ҳар чизе тавоно аст.” (Фатҳулқадир, Шавконӣ, ҷ 4, саҳ 403)

Ибни Касир ҳам дар тафсири худ ба баёни нишонаҳои хавфи илоҳӣ пардохта ва менависад:

إِنَّمَا يَخْشَى اللَّهَ مِنْ عِبَادِهِ الْعُلَمَاءُ أَيْ : إِنَّمَا يَخْشَاهُ حَقَّ خَشْيَتِهِ الْعُلَمَاءُ الْعَارِفُونَ بِهِ؛ لِأَنَّهُ كُلَّمَا كَانَتِ الْمَعْرِفَةُ لِلْعَظِيمِ الْقَدِيرِ الْعَلِيمِ الْمَوْصُوفِ بِصِفَاتِ الْكَمَالِ الْمَنْعُوتِ بِالْأَسْمَاءِ الْحُسْنَى -كُلَّمَا كَانَتِ الْمَعْرِفَةُ بِهِ أَتَمُّ وَالْعِلْمُ بِهِ أَكْمَلَ، كَانَتِ الْخَشْيَةُ لَهُ أَعْظَمَ وَأَكْثَرَ.

“Ин сухани Худованд, ки фармудааст: аз миёни бандагони Худо, танҳо донишмандон аз Ӯ метарсанд, яъне ин ки танҳо олимони Худошинос ҳақиқатан аз Худованд тарсу хавф доранд. Чароки ҳар андоза шинохти (Худованди) бузургу тавоно ва донои васфшуда ба зеботоарину комилтарин васфҳо бештар бошад, ба ҳамон андоза шинохт ва илм ба Худованд комилтар мебошад ва хавфи илоҳӣ ҳам бузург ва комил аст. (Алқуръонулазим, Ибни Касир, ҷ 6, саҳ 544).

Бар асоси истифода ва истеъмоли Қуръони Карим аз ду вожаи асосӣ ва аслӣ барои баёни мафҳуми ишорашуда баҳра гирифта шудааст. Гоҳ сухан аз хавф ва гоҳ аз хашят аст. Хавф масъалаи умумӣ аст ва ҳама гирифтори ин ҳолат мешаванд, аммо хашят, масъалаи ихтисосӣ аст ва бинобар таҳлилу тафсири Қуръон, ҳолате аст, ки танҳо олимон ва андешмандони воқеӣ ба он даст меёбанд; зеро аз шинохте баҳраманд мешаванд, ки зимни наздик шудан ба ҳақиқати худовандӣ, ҷалол ва азамати вайро ба хубӣ дарк мекунанд. Ҳаркасе, ки шинохти ҷомеъ ва комиле нисбат ба ҷалолу азамати илоҳӣ пайдо кунад, дар баробари Худованд фурӯтан мешавад ва хашят дар вай падид меояд ва ин ҳолат боқӣ ва барқарор мемонад.

Албатта ин ҷойгоҳи хавф ва тарс аз Худо бар асоси ояти 28-и сураи Фотир махсуси олимон дониста шудааст, аммо ба таври куллӣ бояд инро ҳам ёдовар шуд, ки Худованди Мутаол меҳрубонтарини меҳрубонҳост. Меҳрубонии ӯ ба ҳадде аст, ки ӯ аз миёни сифоти бешумору фаровони худ, китоби худро бо ду сифат, ки ҳар ду далолат бар раҳмату меҳрубонии Ӯ доранд, оғоз кардааст. Яъне, бо сифати “Раҳмон” ва “Раҳим”. Ҳардуи ин сифат реша дар “раҳмат” доранд. Дар Қуръон мефармояд:

وَرَحْمَتِي وَسِعَتْ كُلَّ شَيْءٍ

Ва раҳмати Ман ҳама чизро фаро гирифтааст“. (Сураи Аъроф, ояти 156)

Бухорӣ низ дар Саҳеҳи худ ривоят мекунад, ҳазрати Паёмбар (с) бо ишора ба як зан, ки ба кӯдаке шир медод, хитоб ба асҳоб фармуд: “Оё ин модар фарзандашро дар оташ меандозад?” Гуфтанд: “Ҳаргиз намеандозад”. Он гоҳ ҳазраташ фармуд:

قَالَ رَسُولُ اللهِ – صَلَّى اللهُ عَلَيهِ وَ ءَالِهِ وَ سَلَّمَ – : لَلَّهُ أَرْحَمُ بِعِبَادِهِ مِنْ هَذِهِ بِوَلَدِهَا

Бидонед, ки Худованд бар бандагонаш аз ин модар нисбат ба фарзандаш ҳам меҳрубонтар аст”. (Саҳеҳ Бухорӣ, 15/173)

Ва аз ин рӯ аст, ки Худованди Мутаол дар Қуъони Карим фаровон таъкид фармудааст, ки танҳо аз ман битарсед. Дар сураи Оли Имрон омадааст:

إِنَّمَا ذَلِكُمُ الشَّيْطَانُ يُخَوِّفُ أَوْلِيَاءَهُ فَلَا تَخَافُوهُمْ وَخَافُونِ إِنْ كُنْتُمْ مُؤْمِنِينَ

Ин фақат шайтон аст, ки дӯстонашро метарсонад; пас, агар мӯъминед аз онон натарсед, аз Ман битарсед. (Сураи Оли Имрон, ояти 175)

Ин ояти Қуръони Карим ба ин маъно нест, ки (паноҳ бар Худо) зоти поки Худованди Мутаол зоти тарснок будааст ва бояд аз ӯ тарсу ҳарос дошт, балки ба ин маъно аст, ки ба ҳадде дӯстдор ва итоатгари дастуроти илоҳӣ бошед ва дар роҳи ҳақ қарор бигиред, ки ҳеҷгоҳ аз ин роҳ инҳироф пайдо накунед ва бар асоси илми саҳеҳ амал кунед ва дар васвасаҳои шайтонӣ ба Худованд паноҳ биҷӯед ва ин тарс аз азобу иқоби илоҳӣ бандаи мӯъминро аз гирифтор шудан дар домҳои шайтонӣ дур нигоҳ медорад.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед