Одоби сухан гуфтани мӯъмин аз назари Қуръони Карим

0
208

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Одоби сухан гуфтани мӯъмин аз назари Қуръони Карим

Муқаддима
Зиндагии инсонҳо, бо ҳар рангу фарҳанг ва ҳар дину эътиқоде ба ҳамдигар вобастааст ва бояд робитаи каломӣ ва рафтории некӯеро дошта бошанд, то робитаҳоро ҳифз ва бештар намоянд.

Шариати исломӣ барои ин масъала роҳкорҳои асосиеро дорад. Инсонҳоро аз асос бо дигар мабно ва тариқ тарбият ва ҳидоят мекунад.

Башарият он чиро холиқ ва тадбиргараш гуфтааст, амал кунад, пешрафтҳои имрӯз, фардо ва пасфардо низ наметавонад асоси робитаҳоро вайрон кунад ва таъсири манфӣ бигӯзорад.

Яке аз асоситарин унсури эҷоди робита ва ҳифзу идомаи он, қувваи гуфтор ва сухан гуфтан аст.

Дар ин гуфтор бо таваҷҷӯҳ ба оят ва ривоятҳои динӣ, нигоҳе хоҳем намуд ба қувваи асаргӯзории  инсонҳо дар робитаи байни ҳамдигар, яъне “чӣ гӯна сухан гуфтан”.

Асолати “нигоҳи тавҳидӣ ва убудиятӣ” дар амали мӯъмин

Ислом як мабнои асосиро бино кардааст, ки ҳар сифат ва фазилате дар он қарор нагирад, метавонад худаш даричаи вуруди шайтон бошад ва инсонро гумроҳтар намояд.

Чунон, ки шайтони раҷим назди Худованд қасам ёд кард, ки бандагони туро чунон фиреб медиҳам ва дар ҳамон амалҳои нек ва ибодатҳое, ки ба ҷой меоваранд, чунон дахолат мекунам, ки “намози бандаи намозгӯзор, калиди дӯзахаш гардад ва садақаи ӯ, оташе бар забонаш бошад ва дасти навозиши ӯ бар сари ятим, муҳри ботиле бар дафтари некиҳояш занад!” (Абдулҳақ Носируддин, Фитрати ман, саҳ.4)

Магар бандагоне, ки дар некӣ ва дар гуфтору рафтор ва дар ибодат ва ғайра, ҳамеша ихлос дошта бошанд, ки ин ихлоси дар амал, онҳоро наҷот медиҳад. (Акбарзод, Тафсири Сирот, сураи Сод, ояти 82)

Ихлос ба ин маъне аст, ки “тавҳид дар ибодат ва тавҳид дар истионат” бовари ҳамешагии инсон бошад, чунон, ки рӯзона дар намоз мегӯяд:

إِيَّاكَ نَعْبُدُ وإِيَّاكَ نَسْتَعِينُ

Танҳо Туро мепарастем ва танҳо аз Ту ёрӣ меҷӯем” (Сураи Ҳамд, ояти 5)

Тавҳид дар ибодат, яъне акнун ва дигар замонҳо, ки рукӯъ ва суҷуд дорам, фақат барои Туст, чунон ки барои саҷдаҳои ояндаам, низ аз Ту ёрӣ металабам. (Розӣ, Мафотиҳулғайб, сураи Фотиҳа, ҷ.1, саҳ268)

Ва ҳамчунин ин боварро дошта бошад, ки агар бо касе сухане мегӯяд ва агар некие ба дигарон мекунад, дар натиҷаи фармони илоҳӣ аст ва на фармон ва ё хостаи дигарон.

Ин нигоҳи тавҳидӣ дар корҳо  як фоидаи асосӣ дорад ва он “доштани оромиши ҳамешагӣ дар хизматрасонӣ ба дигарон” аст. Чун инсони некӯкор корашро итоати Худо медонад, аҷри онро низ аз Худо талаб мекунад.

Бо дигарон чӣ гуна сухан бигӯем?
Инсонҳои аҳли хирад, шоирон, адибон, муаллимон, сиёсатмадорон ва балки ҳамаи башар, ба ҳаққонияти ин сӯхан, ки “бо дигарон некӯ сухан бигӯед” бовар доранд.

Шояд касе ба ваҳй ва суннати набавӣ(с) мӯъмин набошад, аммо некӯ будан ва некӯ сухан гуфтанро асл медонад ва пойбандӣ ба онро фазилати инсонӣ мешуморад, чун фитраташ ӯро огоҳ кардааст.

Бо нигоҳ ба китоби ҳидоят, Қуръони Карим ва сираи илоҳии ҳазрати Муҳаммади Мустафо(с) инро метавон фаҳмид, ки бисёре аз омӯзаҳои шариати исломӣ, асл дар ақлу хирад ва хоҳиши ҳақиқии фитрати инсонҳо доранд. Он чи шариати муҳаммадӣ(с) амру наҳй мекунад ва он чи мегӯяд, бо хиради солими башарӣ созгор аст.

Чӣ гуна бо дигарон сухан бигӯем, як саволи мабноӣ ва муассир дар зиндагии ҳол ва ояндаи ҳар инсонест, ки бо нигоҳ ба маорифи динӣ, посӯхҳои зерро метавон ба даст овард.

Бо дигарон “некӯ” сухан бигӯед!
Худои Мутаол посӯхи зебоеро барои пурсиши ин гуфтор баён намудааст, ки мефармояд:

وَقُولُواْ لِلنَّاسِ حُسْنًا

“… ва бо мардум неку [сухан] бигӯед…” (Сураи Бақара, ояти 83)

Сухани нарм, лайин, некӯ ва зеборо, ки нишонаи ахлоқи инсон аст, “қавли ҳасан” мегӯянд. (Табарӣ, Ҷомиӯл-баён, сури Бақара, ҷ.1, саҳ 504)

Некӯ сухан гуфтан ва сухани некӯ гуфтан, як қоидаи куллӣ аст, ки Қуръони Карим баъд аз амри ба тавҳиди дар ибодат, онро зикр намудааст.

Аммо ин ки “қавли ҳасан” чист, дар баъзе оятҳо намунаҳое зикр шудааст ва бо нигоҳ ба сираи набавӣ ва одобу русуми инсонҳои солим, метавон мисдоқҳои бештарро муайян намуд.

Нишонаҳои “қавли ҳасан”

  1. Бояд сухан ботил ва беҳӯда набошад.

Гуфтори лағв, дурӯғ, ботил ва ғайри ҳақ, наметавонад мисдоқи сухани некӯ бошад.

Чунон, ки Худованд дар васфи мӯҳсинин мефармояд:

وَالَّذِينَ لَا يَشْهَدُونَ الزُّورَ وَإِذَا مَرُّوا بِاللَّغْوِ مَرُّوا كِرَامًا

“Ва касоне, ки гувоҳии дурӯғ намедиҳанд; ва ҳангоме, ки бар беҳудае гузар кунанд, бузургворона бигузаранд” (Сураи Фурқон, ояти 72)

Аҳли салоҳ ва имон ва муҳсинин вақташонро бо дурӯғгӯӣ ва гуфтор ва кирдори лағву лаиб ва дидану шунидани бадиҳо намегӯзаронанд, балки ҳар вақт бо лаҳву лаиб рӯ ба рӯ шаванд, аз канораш бо каромат ва бузӯргӣ мегӯзаранд. Бетаваҷҷуҳӣ ва беарзиш донистани суханони беҳӯда, ба хотири бузӯргвории инсонҳои некӯкор аст.

Чунон, ки Замахшарӣ ишора дорад, “вақте бо аҳли лағв ва касоне, ки дучори беҳӯдагӣ ва корҳои бад шудаанд, рӯ ба рӯ мешавад, дар ҳоле ки аз онҳо безор аст, бо каромати нафс худро дур мекунад, то дар кори онҳо шарик набошад!” (Замахшарӣ, Ал-кашшоф, сураи Фурқон, ояти 72, ҷ. 3, саҳ 287)

  1. Бояд сухан мантиқӣ, пойдор ва ҳақ бошад.

Инсонҳои бохирад, он чи мегӯянд бар асоси бовар ва имон аст ва чун имонашон бидуни илм нест, суханашон низ аз рӯи огоҳӣ мебошад.

Сухан аз рӯи илму огоҳӣ бошад, мустаҳкам ва пойдор аст ва дар дигарон таъсири мусбат дорад. Чунон ки Худованд мефармояд:

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا اتَّقُوا اللَّهَ وَقُولُوا قَوْلًا سَدِيدًا

“Эй касоне, ки имон овардаед! Тақвои Худоро пеша кунед ва сухани устувор бигӯед” (Сураи Аҳзоб, ояти 70)

Мӯъмин бар асоси амри илоҳӣ, аз гуфторе, ки сабаби дурӣ аз ризои илоҳӣ бошад ва ӯро ба сӯи бетақвоӣ бикашонад, парзеҳ мекунад ва гуфтораш бо дигарон ва дар бораи дигарон муҳкам ва мутобиқи ҳақ аст.

Инсони мӯъмин, ки ба ҳаққонияти маорифи илоҳӣ бовар дорад, онҳоро дар гуфтору рафтораш ҷорӣ мекунад. Он чи мӯъмин мегӯяд маърифатест, ки касб кардааст. (Акбарзод, Андешаҳои бедоргар, ҷ.1, саҳ 92)

  1. Бояд сухан одилона бошад.

Асосан инсони мӯъмин, ки ҳеҷ гоҳ аз адолат берун намеравад, дар гуфтораш низ дорои адолат аст. Вақте гуфтораш одилона бошад, ҳақ аст ва ҳақ ҳамеша таъсиргӯзории худро дошта ва хоҳад дошт ва ҷоӣ ботилро хоҳад гирифт. Чунон, ки Худои Ҳаким фармуд:

وَقُلْ جَاء الْحَقُّ وَزَهَقَ الْبَاطِلُ إِنَّ الْبَاطِلَ كَانَ زَهُوقًا

Ва бигӯ: Ҳақ омад ва ботил нобуд шуд, ҳамоно ботил нобудшуданӣ аст” (Сураи Исро, ояти 81)

Худованди Мутаол ба касоне, ки мехоҳанд дар бораи молу дороии дигарон доварӣ кунанд ва ё шаҳодат диҳанд, мефармояд:

وَإِذَا قُلْتُمْ فَاعْدِلُواْ وَلَوْ كَانَ ذَا قُرْبَى

“Ва чун сухан гӯед, пас, адолатро риоят намоед ва ҳарчанд хешованд бошад” (Сураи Анъом, ояти 152)

Агар хостед ҳаққу ботилеро доварӣ кунед ва даъвоеро ҳал кунед, бояд бар асоси адолат назар бидиҳед, ҳар чанд як тарафи онҳо наздикони шумо бошад. (Фахри Розӣ, Мафотиҳул-ғайб, ҷ.3, сураи Анъом, ояти 152)

  1. Бояд сухан нарму ором бошад.

Бешак оромиш дар гуфтор, натиҷаи бовари дарунии инсон аст. Агар касе дурӯғ бигӯяд ва ё он чиро бовар надорад ба забон оварад, қатъан оромишеро, ки ҳангоми ростгӯӣ доштааст, нахоҳад дошт.

Вақте инсон мӯъмин аст ва худро пайрави дине медонад, ки ҳамаи маорифаш барои саодати башар аст ва паёмбараш ашрафи махлуқот ва усваи некиҳост, худро низ муқайяд мекунад дар баробари дигарон гуфтораш содиқ, ором ва некӯ бошад.

Худованд низ ба паёбаронаш амр кардааст, то дар баробари мардум бо лаҳни зебо, ором ва некӯ сухан бигӯянд ва  эҷоди иртибот кунанд.

Вақте ҳазрати Мусо(а) ба сӯи Фиръавн, ки инсони мағрӯр ва кофире буд фиристода шуд, Худованд ба ӯ фармуд:

فَقُولَا لَهُ قَوْلًا لَّيِّنًا لَّعَلَّهُ يَتَذَكَّرُ أَوْ يَخْشَى

“Ва бо ӯ сухани нарм гӯед, бошад, ки ӯ панд пазирад ё битарсад” (Сураи Тоҳо, ояти 44)

Ҳарчанд Фиръавн мушрик буд ва иддиои худоӣ дошт, аммо барои ҳидояти ӯ ва онҳое, ки атрофаш ҳастанд ва гуфтори ҳақро мешунаванд, аз равиши некӯ баҳра гирифта шавад. Лизо Мусо(а) маъмур гашт “сухани некӯро бо некӯӣ баён кунад”. (Замахшарӣ, Кашшоф, ҷ3, саҳ 63)

Дар омӯзаҳои некӯе, ки аз баёни Луқмони Ҳаким дар Қуръони Карим омадааст ин аст, ки  “бо дигарон бо овози баланд сухан магӯй”!

Сухани баланд, ҳар чанд ҳақ бошад, гоҳ бо гуфтори баланд, арзиш ва таъсираш кам мешавад ва шояд сабаби ҷангу ҷидол низ бигардад.

Худованд яке аз ҳикматҳои Луқмонро ин гӯна баён мекунад:

وَاقْصِدْ فِي مَشْيِكَ وَاغْضُضْ مِن صَوْتِكَ إِنَّ أَنكَرَ الْأَصْوَاتِ لَصَوْتُ الْحَمِيرِ

“Ва дар роҳ рафтани худ миёнарав бош; ва овозатро оҳиста бидор, ҳамоно бадтарин овозҳо овози харҳо аст” (Сураи Луқмон, ояти 19).

Вақте бо дигарон сухан мегӯӣ, бо риояти шароит ва шаъну мақоми шунавада бошад, то ҳам худат ором бошӣ ва ҳам ӯ дар оромиш бишунавад ва таъсир бигирад. (Акбарзод, Тафсири Сирот, сураи Луқмон, ояти 19)

Ҷамъбандӣ
Инсонҳо дар зиндагии дунёӣ, бар асоси ниёзашон ва ҳам бар асоси хостаи шариат, бо дигарон иртибот эҷод мекунанд.

Иртибот бо дигарон ҳам аз назари муҳтаво ва ҳам аз назари навъи иртибот ва сухангуфтан, бояд сифати ҳасан ва некӯро дошта бошад.

Дини Ислом, ки дорои маорифи некӯ аст, инсонҳоро ба некӯгӯӣ тавсия кардааст ва ҳатто паёмбаронашро амр мекунад, дар баробари душманони шариат, гуфтори некӯ дошта бошанд.

Аз нишонаҳои сухани ҳасан, ки Қуръони Карим дар иртибот бо дигарон ба он таъкид дорад, ин аст, ки сухан ва гуфтор “ботил набошад, одилона бошад, мантиқӣ бошад ва нарму ором баён гардад”.

Худоё! Сухани моро ва гуфтори моро некӯ, мантиқӣ ва устувор бигардон омин.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед