Одоб ва чигунагии иртиботи бо Худо

0
218

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Одоб ва чигунагии иртиботи бо Худо

Муқаддима
Яке аз қиматтарин сармояҳо ва меросҳои ҳаёти одамӣ “адаб” аст, ки ҳатто болотар аз сарвату  сармояи молӣ мебошад. Вақте сухан аз “адаб” ба миён меояд, навъи рафтори хос ва санҷида бо афроди новобаста кӯчак, бузӯрг, дуст, бегона ва ҳатто дар робита бо Худованди Мутаол дар назар меояд. Ин рафторҳо, ки аз тарбияти шоиста сарчашма мегирад, ба тарзи сухан гуфтан, роҳ рафтан, муошират, нигоҳ, дархост, савол, ҷавоб, иртибот ва…марбут мешавад.

Бидуни шак, ончи одамиро арзишманд сохтааст ва ӯро аз растаи ҷунбандагон, ба сафи одамиён ва аз он, ба авҷи ҷаҳони фариштагон парвоз медиҳад, оростагӣ ба одоб ва манишҳои шоистаи инсонӣ аст.

Саъдии зебосухан  мегӯяд:
Одами зода агар беадаб аст, одам нест
Фарқ дар ҷинси бани одаму ҳайвон, адаб аст!

Ба ҳамин далел дар омӯзаҳои дини Ислом, адаб аз аҳаммият ва ҷойгоҳи вежае бархурдор аст ва бо зеботарин таъбирҳои дилнишин аз адаб ёд шудааст, ки дар ин ҷо ба таври хулоса, ба бархе аз одобе, ки фарди мусалмон бояд дар иртиботи бо Худованди Субҳон риоят намояд, ишора мешавад.

  • Ба Ӯ ширк наварзад

Аз муҳмитарин одоби иртибот бо Худо ин аст, ки инсони мусалмон Худованди Мутаолро мепарастад ва касеро бо Ӯ шарик намедонад. Худованди  офаридагор сазовори парастиш аст, беонки шарик ва ҳамтое дошта бошад.
Худованд дар Қуръони Карим мефармояд:

وَاعْبُدُوا اللَّهَ وَلَا تُشْرِكُوا بِهِ شَيْئًا

“Худовандро бипарастед ва чизеро бо Ӯ шарик магардонед” (Сураи Нисо, ояти 36)
Паёмбари Акрам(с) низ фармуданд:

اُعبُدِ اللّه َ و لا تُشرِكْ بِهِ شَيئا، و اعمَلْ للّهِ كأنّكَ تَراهُ

“Худоро бандагӣ кун ва ҳеҷ чизеро шарики Ӯ магардон ва барои Худо чунон рафторе кун, ки гуё Ӯро мебинӣ.” (Шабулимон, ҳадиси 548)

  • Бандагии пок ва бериёи Худованд

Яке дигар аз одоби иртибот бо Худованди Мутаол ин аст, ки инсон бандагии пок ва бериё дошта бошад, чаро ки ихлос ва покии ният шарти асосии пазируфта шудани аъмол ва ибодатҳост. Худованди Субҳон, амалеро мепазирад, ки поку  беолойш ва ба хотири Ӯ ва  аз ҷилвагарӣ ва риё бадур бошад. Онҷо, ки мефармояд:

فَمَنْ كَانَ يَرْجُو لِقَاءَ رَبِّهِ فَلْيَعْمَلْ عَمَلًا صَالِحًا وَلَا يُشْرِكْ بِعِبَادَةِ رَبِّهِ أَحَدًا

“Пас, ҳар кас ба лиқои Парвардигори худ умед дорад, бояд ба кори шойста бипардозад ва ҳеҷ касро дар парастиши Парвардигораш шарик насозад.” (Сураи Каҳф, ояти 110)

 

  • Худовандро ҳозиру нозир донистан дар ҳамаи аъмол

Аз дигар одоби иртиботи бо Худованди Мутаол ин аст, ки Ӯро дар тамоми аъмолу кирдори худ ҳозиру нозир бубинад, чаро ки Худованд бар тамоми офаридагонаш огоҳ аст. Моро мебинад ва мешунавад,  аз он чи дар дарунамон мегузарад, доно аст. Дар натиҷа инсони мусалмон ба парастиши Парвардигораш дар ошкору  ниҳон алоқаманд буда ва аз ҳар чи наҳй намуда бошад дурӣ мекунад. Паёмбари Акрам(с) фармуданд:

أَنْ تَعْبُدَ اللَّهَ كَأَنَّكَ تَرَاهُ، فَإِنْ لَمْ تَكُنْ تَرَاهُ فَإِنَّهُ يَرَاكَ

“Ибодати банда бояд монанди касе бошад, ки Худоро ҳозир ва нозир мебинад. Таваҷҷӯҳ дошта бош, агар ту Худоро намебинӣ, Худо туро мебинад.” (Саҳеҳи Бухорӣ, ҳадиси 4499).
Худованд дар Қуръони Карим низ мефармояд:

أَلَمْ يَعْلَمْ بِأَنَّ اللَّهَ يَرَى

Оё инсон намедонад, ки Худо (ҳамаи аъмолашро) мебинад?!” (Сураи Алақ, ояти 14)

Агар касе таваҷҷӯҳ дошта бошад, ки шахсияти бузургтаре бар аъмолаш ишроф дорад ва ӯро мебинад, бештар дар рафтораш диққат мекунад ва кушиш мекунад тибқи дастуроти ӯ амал кунад.

  • Ёрӣ хостан аз Худованд

Яке дигар аз одоби иртиботи бо Худованди Мутаол ин аст, ки фарди мусалмон танҳо аз Худованд ёрӣ металабад ва итминон дорад, ки Худованд бар додан ва ё манъи ҳар чизе тавоност. Бинобар ин аз Ӯ ҳоҷат ва ниёзҳои худро талаб мекунад,  ёрӣ ва муваффақиятҳои хешро ба даргоҳи Ӯ мебарад. Худованд Қуръони Карим мефармояд:

قلِ اللَّهُمَّ مالِکَ الْمُلْکِ تُؤْتِي الْمُلْکَ مَنْ تَشاءُ وَ تَنْزِعُ الْمُلْکَ مِمَّنْ تَشاءُ وَ تُعِزُّ مَنْ تَشاءُ وَ تُذِلُّ مَنْ تَشاءُ بِيَدِکَ الْخَيْرُ إِنَّکَ عَلي‏ کُلِّ شَيْ‏ءٍ قَديرٌ

“Бигӯ: Худоё! [Эй] соҳиби фармонравоӣ! Ба ҳар кас, ки бихоҳӣ фармонравоӣ медиҳӣ ва аз ҳар кас бихоҳӣ фармонравоиро меситонӣ ва ҳар киро, ки бихоҳӣ иззат мебахшӣ ва ҳар киро бихоҳӣ хор месозӣ; тамоми некӣ ба дасти Туст. Қатъан Ту бар ҳар чизе тавоноӣ.” (Сураи Оли Имрон, ояти 26)

Расули Худо(с) фармуданд:

إِذَا سَأَلْتَ فَاسْأَلِ اللَّهَ، وَ إِذَا اسْتَعَنْتَ فَاسْتَعِنْ بِاللَّهِ

“Ҳаргоҳ хостае дошти аз Худованд бихоҳ! Ва ҳаргоҳ кӯмак ҷӯстӣ онро аз Худованд биҷӯй!” (Сунани Тирмизӣ, ҳадиси 2440)

  • Муҳаббат ва дӯст доштани Худо

Яке дигар аз одоби иртиботи бо Худо ин аст, ки мусалмон Парвардигорашро дӯст дошта бошад ва нофармонии Ӯро накунад. Худованд мефармояд:

وَ الَّذينَ آمَنُوا أَشَدُّ حُبًّا لِلَّهِ

Ва касоне ки имон овардаанд, бештарин муҳаббатро ба Худо доранд” (Сураи Бақара, ояти 165)

  • Гиромидошти муқаддасоти Ислом

Аз дигар одоби иртиботи бо Худо он аст, ки мусалмон авомири Худовандро бузург шуморида ва дар иҷрои он бикӯшад. Ингуна паймони Худованди хешро гиромӣ дошта ва аз он сарпечӣ нанамуда ва дар баҷо овардани ибодот сустӣ ва танбалӣ ба худ роҳ намедиҳад. Лекин муқаддасоти Худовандро бузург медоранд; чун хуб медонанд, ки ин кор аломати покӣ ва парҳезгории қалбҳояшон аст. Худованд мефармояд:

وَ مَنْ يُعَظِّمْ شَعائِرَ اللَّهِ فَإِنَّها مِنْ تَقْوَى الْقُلُوبِ

“Ва ҳар кас нишонаҳои Худоро бузург шуморад, пас, қатъан он [бузургдошт] аз тақвои дилҳост.” (Сураи Ҳаҷ, ояти 32)

  • Таваккал бар Худо

Яке дигар аз одоби иртиботи бо Худо он аст, ки инсони мусалмон дар тамоми корҳояш бар Худованд таваккал менамояд. Худованди Мутаол худ мефармояд:

وَتَوَكَّلْ عَلَى الْحَيِّ الَّذِي لَا يَمُوتُ

“Ва бар он зиндае, ки ҳеҷ гоҳ намемирад таваккул кун.” (Сураи Фурқон, ояти 58).  Ва дар ҷои дигар мефармояд:

وَمَنْ يَتَوَكَّلْ عَلَى اللَّهِ فَهُوَ حَسْبُهُ ۚ إِنَّ اللَّهَ بَالِغُ أَمْرِهِ ۚ قَدْ جَعَلَ اللَّهُ لِكُلِّ شَيْءٍ قَدْرًا

Ва ҳар кас бар Худо таваккал кунад, пас, Ӯ барояш кофист; ҳамоно Худо кори худро [ба анҷом]-расонандааст; ба таҳқиқ Худо барои ҳар чизе андозае қарор додааст. (Сураи Талоқ, ояти 3)

  • Рози будан ба қазои илоҳӣ

Яке дигар аз одоби иртибот бо Худо он аст, ки мусалмон ба қазои илоҳӣ розӣ бошад; ва ин аз нишонаҳои имони ӯ ба Худо ва нишонаи адаб аст. Чунин инсоне бар сахтиҳо сабр карда ва монанди баъзеҳо намегӯяд: Худоё! Ин чӣ буд, ки бар сарам овардӣ?, балки ӯ бар тақдири илоҳӣ эътироз намекунад ва чизеро бар забон меоварад, ки Парвардигорашро хушнӯд созад. Монанди инки ҳар чӣ бар сараш биёяд дар ҳол рӯ ба Худо карда, шукри Ӯро ба ҷо меоварад ва мегӯяд; розиям ба ҳарчи додӣ.

Худованди Мутаол мефармояд:

وَلَنَبْلُوَنَّكُم بِشَيْءٍ مِّنَ الْخَوْفِ وَالْجُوعِ وَنَقْصٍ مِّنَ الْأَمْوَالِ وَالْأَنفُسِ وَالثَّمَرَاتِ ۗ   وَبَشِّرِ الصَّابِرِينَ * الَّذِينَ إِذَا أَصَابَتْهُم مُّصِيبَةٌ قَالُوا إِنَّا لِلَّهِ وَإِنَّا إِلَيْهِ رَاجِعُونَ * أُولَئِكَ عَلَيْهِمْ صَلَوَاتٌ مِّن رَّبِّهِمْ وَرَحْمَةٌ ۖ وَأُولَئِكَ هُمُ الْمُهْتَدُونَ

“Ва қатъан, шуморо ба чизе аз тарсу гуруснагӣ ва коҳише дар молҳо ва ҷонҳо ва маҳсулот меозмоем; ва собиронро башорат деҳ! Касоне, ки чун мусибате ба онҳо бирасад, гӯянд: «Ҳамоно мо аз Худоем ва яқинан мо ба сӯи Ӯ бозмегардем». Ононанд, ки дурудҳо ва раҳмате аз ҷониби Парвардигорашон бар онҳост ва онҳо худ ҳидоятёфтагонанд. (Сураи Бақара, оёти 155 – 157)

  • Шукр ва сипоси Худованд

Яке дигар аз одоби иртиботи бо Худо он аст, ки Худованди Мутаолро ба хотири неъматҳои фаровоне, ки ба мо арзонӣ доштааст, ки қобили шумориш ва ҳисоб нестанд шукргузорӣ кунем. Дар натиҷа мӯъмин пайваста бояд сипосгузори Худованд ба поси ин ҳама неъмат бошад ва носипосии Ӯро накунад. Худованд  мефармояд:

وَإِذْ تَأَذَّنَ رَبُّكُمْ لَئِنْ شَكَرْتُمْ لَأَزِيدَنَّكُمْ ۖ وَلَئِنْ كَفَرْتُمْ إِنَّ عَذَابِي لَشَدِيدٌ

“Ва ҳангоме, ки Парвардигоратон эълон кард: «Агар шукргузорӣ кунед, ҳатман шуморо афзун диҳем; ва агар носипосӣ кунед, ҳамоно азоби ман сахт аст».” (Сураи Иброҳим, ояти 7)

  • Тавба ва бозгашт ба сӯи Худо

Яке дигар аз одоби иртиботи бо Худо тавба ва бозгашт ба сӯи Худост. Худованди Мутаол худ дар Қуръони Карим мефармояд:

یَا أَیُّهَا الَّذِینَ آمَنُوا تُوبُوا إِلَى اللَّـهِ تَوْبَهً نَّصُوحًا عَسَى رَبُّکُمْ أَن یُکَفِّرَ عَنکُمْ سَیِّئَاتِکُمْ وَیُدْخِلَکُمْ جَنَّاتٍ تَجْرِی مِن تَحْتِهَا الْأَنْهَارُ

“Эй касоне, ки имон овардаед! Ба сӯи Худо бо тавбаи холис тавба кунед; умед аст, ки Парвардигоратон аз шумо бадиҳоятонро бипӯшонад ва шуморо дар боғҳое ки аз зери он наҳрҳо ҷорист, дохил кунад.” (Сураи Таҳрим, ояти 8)

Ва дар ҷои дигар мефармояд:

وَ تُوبُوا إِلَی اللّهِ جَمیعًا أَیُّهَا الْمُؤْمِنُونَ لَعَلَّکُمْ تُفْلِحُونَ

“Эй мӯъминон! Ҳамагӣ ба даргоҳи Худо тавба кунед, умед аст, ки растагор шавед.” (Сураи Нур, ояти 31)

Ва аз Паёмбари Акрам(с) низ нақл шудааст, ки ҳазрат фармуданд:

يَا أَيُّهَا النَّاسُ تُوبُوا إِلَى اللَّهِ عَزَّ وَجَلَّ فَإِنِّي أَتُوبُ فِي الْيَوْمِ مِائَةَ مَرَّةٍ

“Эй мардум! Ба сӯи Худо тавба кунед, ки ман рӯзона сад бор ба сӯяш тавба мекунам.” (Саҳеҳи Муслим, ҳадиси 7034).

Пас, адаби инсони мусалмон дар баробари Парвардигораш ингуна аст, ки ба хотири неъматҳояш сипосгузор бошад, зеро ҳамеша шармсори Ӯ  аст. Дар бозгашт ба сӯяш содиқ аст, бар Ӯ комилан таваккал намуда, ба раҳмати Ӯ дил баста, аз азобаш меҳаросад ба қазову  ҳукмаш розӣ буда, бар бало ва озмоиши Ӯ бурдборӣ намуда, ҷуз Ӯро напарастад ва забонаш аз зикри Ӯ боз намеистад, ҳамвора Худовандро ҳозиру  нозир дониста ва дар ошкору  ниҳон, пок ва бериё ба ибодати Парвардигораш мепардозад.

Дар поён аз Худованди Мутаол дархости тавфиқи риояти адаб дар ҳамаи ҳолотро хоҳонем, ба гуфтаи Мавлоно:
Аз Худо ҷӯем тавфиқи адаб
Бе адаб маҳрум гашт аз лутфи Раб.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед