Оқибати мутакаббирон ва мустакбирон

0
214

Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон
Оқибати мутакаббирон ва мустакбирон

Муқаддима
Масъалаи такаббур ва истикбор аз мавзӯъҳое аст, ки уламои луғат ва ахлоқ ҳамагӣ дар бораи он сухан гуфтаанд. Олимон бар ин назаранд, ки такаббур шоистаи Худованд аст ва ҷуз Худованд шоистаи касе нест ва хурӯҷи банда аз ҳадди худаш ба шумор меравад. Пас такаббур дар махлуқот сифати зам (бад) аст.
Такаббур ва истикбор аз дидгоҳи уламои луғат
Такаббур ба маънои бузургӣ нишон додан ва мутакаббирон (такаббур кунандагон) исми фоили ҷамъи он аст. Истикбор ба маънии талаби бузургӣ кардан аст ва мустакбирон (талаби бузургӣ кунандагон) исми фоили ҷамъи он аст. Уламои луғат дар мавриди такаббур чунин менависанд: сифати такаббур ҷуз аз Худованд шоиста нест, зеро Худованди Субҳон ҳамон аст, ки соҳиби қудрат ва фазл (бахшиш) аст. Касе монанди Ӯ нест ва Ӯ аст, ки сазовор аст ба Ӯ мутакаббир гуфта шавад. Ва шоиста нест барои ҳеҷ кас, ки такаббур кунад, зеро мардум дар ҳуқуқ мусовианду баробар ва чизе барои касе нест, ки барои дигаре набошад. Пас такаббур фақат шоистаи Худованд аст. (Ибни манзур, Лисонулараб, ҷ 5, саҳ 129; Роғиби Исфаҳонӣ, Алмуфрадот фӣ ғарибилқурон, вожаи “кибр”).
Ончи аз ҷамоварии назариёти уламои луғат бардошт мешавад ин аст, ки такаббур дар ҳақиқат бузургӣ нишон додан ва бартар донистани худ нисбат ба дигарон аст. Агар аз сӯи Худованди Мутаол бошад чун муқтазои бузургии Ӯ аст сифати бад ба ҳисоб намеравад, аммо дар махлуқот сифати бад аст.
Такаббур ва истикбор аз дидгоҳи уламои ахлоқ
Уламои ахлоқ ва муаллимони тарбияти исломӣ, таваҷҷӯҳи вижае ба ин сифати ахлоқӣ нишон додаанд. Саъдӣ дар бӯстон беш аз панҷсад байтро дар мадҳи тавозӯъ ва замми такаббур ихтисос додааст. Ў ҳушдор медиҳад, ки мабодо молу ҷоҳ ва илму ҳунар, инсонро худбин ва мутакаббир созад ва ба воситаи ҳамин худбинӣ, сабаби суқути ахлоқӣ ва иҷтимоии инсон фароҳам шавад. (Бӯстон, боби 4, саҳ 116).
Имом Муҳаммади Ғаззолӣ (р) дар мавриди такаббур менависад: Кибр ва уҷб (худписандӣ) ду бемории ҳалоккунанда ҳастанд ва мутакаббир ва муъҷаб (шахси худписанд) ду шахси беморанд ва дар пешгоҳи ҳазрати илоҳӣ ҳарду мавриди ғазаб қарор гирифтаанд. Бидон кӣ, кибр ва бузургиталабӣ хислате накӯҳидааст ва дар ҳақиқат душманӣ бо Худованд аст, ки азамат сазовори Вай асту бас. (Ғаззолӣ, Эҳёъ Улумуддин, ҷ 3, саҳ 718).
Такаббур ва истикбор аз дидгоҳи Қуръони Карим
Масъалаи саркашӣ ва кибру ғурур аз масоиле аст, ки дар Қуръони Карим ва оёти фаровон ба он ишора шудааст ва ме‏тавон гуфт, ки мисоли аълои кибру ғурур, Шайтон ва Иблис будааст, ки дар сураи Бақара ояти 34 ва ҳамин маврид дар сураи Сод, ояти 74 ба он ишора шудааст.
Дуввумин намунаи ин кибру ғурур, Фиръавн аст, ки дар Қуръони Карим ба он ишора шудааст. Агарчи Иблис ба амри Худо итоат накард, аммо Фиръавн худро Рабби Аъло хонд (сураи Нозиъот, ояти 24) ин мавзӯъ ба шакл‏ҳои гуногун ба ‏кор рафта, ки аз назари иҷтимоӣ ҳам Қуръон ба он ишора кардааст (сураи Анъом, ояти 123) ва кибр дар зиндагонро муҷримони маккор ва дар ҷойи дигар, онҳоро шоистаи ҷаҳаннам донистааст.

ادْخُلُوا أَبْوَابَ جَهَنَّمَ خَالِدِينَ فِيهَا فَبِئْسَ مَثْوَى الْمُتَكَبِّرِينَ

Аз дарҳои дӯзах ворид шавед дар ҳоле, ки дар он ҷовидона ҳастед; Пас ҷойгоҳи мутакаббирон чӣ бад ҷойгоҳе аст. (сураи Ғофир, ояти 76 ва сураи Зумар, ояти 60 ва 72).

Такаббур ва истикбор дар ривоёт ва аҳодис
Масъалаи такаббур ва истикбор дар аҳодиси зиёде омада ва мавриди мазаммат қарор гирифтааст, ки нақли ҳамаи онҳо дар ин мухтасар намеғунҷад, вале баъзеро гулчин карда аз назари хонандагони азизи ин баҳс мегузаронем.
Паёмбари Акрам (с) дар ҳадиси қудсӣ мефармоянд:

الکبریاء رِدائی و العظمة إزاری، فمن نازعنی واحداً منهما القیته فی جهنم

Кибриёӣ ва бузургӣ ва худситоӣ сазовори Ман асту бас, ҳар кас бо Ман дар яке аз ин ду баробарӣ кунад ӯро дар оташ меафканам. (Муснади Имоми Аъзам/ китоби одоб/ ҳ 450/ саҳ 880).
Яке аз сифоти Худованд сифати мутакаббир аст. “Алмутакаббир; Зоти Парвардгор мутакаббир аст”. Кибриёӣ танҳо аз зоти Парвардгор аст. Кибриёӣ аз ӯ аст азамат ва бузургӣ фақат моли Ӯ аст. Ў мутакаббир аст ба маънии ин, ки кибриёӣ ва бузургӣ ва ғурур танҳо зебандаи Ӯ аст. Вале ғайри Ӯ чи тавр? Ғайри Ӯ ҳар чӣ ҳаст дар муқобили ӯ наметавонад азамат ва кибриёӣ дошта бошад. Башар агар бихоҳад ба азамат ҷилва кунад дар он дурӯғ вуҷуд дорад; яъне тазоҳур ба чизе аст, ки надорад барои ҳамин такаббур дар зоти Парвардгор сифати камол аст, чун маънояш зебанда ба кибриёӣ аст ва дар мардум сифати нақс аст чун онҷо ҳақиқаташ, ки зебандагӣ ба кибриёӣ аст вуҷуд надорад, тазоҳур ба кибриёӣ аст, яъне тазоҳур ба азамате аст, ки он азаматро надорад.
Расули Худо (с) фармуданд:

اهل النار کل جعظَری جوَّاظ مستکبر، و اهل الجنة الضعفاء المغلوبون

Аҳли ҷаҳаннам ҳама ҷаъзарӣ (худписанд ва бадахлоқҳои сангдил) ва ҷаввоз (худхоҳ ва шикам бузург; Мақсад касе аст, ки ҷамъ мекунад ва ба дигарон намедиҳад) ва мутакаббирон, аҳли биҳишт заифон ва мазлумон ҳастанд. (Мустадраки Ҳоким, ҷ 1, саҳ 235)
Расули Худо (с) фармуданд:

ألا أخبرک بأهل النّار؟ کلّ جعظری جوّاظ مستکبر جمّاع منوع

Мехоҳӣ туро аз аҳли ҷаҳаннам хабар диҳам? ҳар кас, ки худписанд ва худхоҳ ва мутакаббир ва ҳарис ва бахил бошад. (Ҷомиулкабири Табаронӣ, ҷ 7, саҳ 129, ҳадиси 6589).
Расули Худо (с) фармуданд:

لایدخل النار أحد فی قلبه مثقال حبة من إیمان، ولا یدخل الجنة أحد فی قلبه مثقال حبة خردل من کبریاء

Дохили дӯзах намешавад касе, ки дар қалбаш ба андозаи донае аз имон бошад ва дохили биҳишт намешавад касе, ки дар қалбаш ба андозаи донае аз такаббур бошад. (Саҳеҳи Муслим, ҷ 1, саҳ 65).
Расули Худо (с) фармуданд:

ان المستکبر رأسه بین رِجلیه، حیث کان، یرتفع برأسه فی تابوت من نار مقفل علیه، و لا یَخرُجُ من النار ابدا

Муснади Имоми Аъзам/ китоби одоб/ ҳ 451/ саҳ 880 ва 881).
Расули Худо (с) мефармоянд:

اجتنبوا الکبرَ، فان العبد لا یزال یتکبّر حتی یقول الله تعالیک: اکتبوا عبدی هذا فی الجبارین

Аз такаббур дӯрӣ кунед; Зеро, ки банда пайваста такаббур меварзад, то ҷое, ки Худованд мефармояд: номи ин бандаи маро дар миёни мутакаббирон бинависед. (Канзулуммол, ҳадиси 7729).

Расули Худо (с) фармуданд:

لا يَدخُلُ الجَنَّةَ مَن كانَ في قَلبِهِ مِثقالُ ذَرَّةٍ مِن كِبرٍ. فقالَ رَجلٌ : إنّ الرَّجُلَ يُحِبُّ أن يكونَ ثَوبُهُ حَسَنا و نَعلُهُ حَسَنةً ! قالَ : إنَّ اللّه َ جَميلٌ يُحِبُّ الجَمالَ. الكِبرُ بَطَرُ الحَقِّ و غَمْطُ النّاسِ

Касе, ки дар дилаш заррае такаббур бошад ба биҳишт намеравад. Марде гуфт: инсон дӯст дорад, ки ҷомааш зебо ва кафшаш зебо бошад. Ҳазрат фармуд: Худованд зебо аст ва зебоиро дӯст дорад. Кибр саркашӣ дар баробари ҳақ ва ҳақир ба ҳисоб овардани мардум аст. (Аттарғиб ва Аттарҳиб: ҷ 3, саҳ 567).

Расули Худо (с) фармуданд:

لَا يَدْخُلُ الْجَنَّةَ مَنْ كَانَ فِي قَلْبِهِ مِثْقَالُ ذَرَّةٍ مِنْ كِبْرٍ

Касе, ки дар қалбаш ба андозаи заррае кибр ва худ бузургбинӣ бошад ба биҳишт ворид намешавад. (Муснади Имоми Аъзам/ китоби одоб/ ҳадиси 451/ саҳ 880 ва 881).

Расули Худо (с) фармуданд:

الا اخبرکم باهل النار؟ کل عتلً، جوّاظٍ، مستکبر

Оё шуморо аз аҳли ҷаҳаннам огоҳ кунам? Ҳама “утулл” (фарди хашине, ки нармиш ва утуфат надошта бошад ё фарди пурхӯре, ки дигаронро аз неъматҳои илоҳӣ манъ мекунад) ва “ҷаввоз” (худхоҳ ва шикам бузург; Мақсад касе аст, ки ҷамъ мекунад ва ба дигарон намедиҳад) ва “мустакбир” (касе, ки талаби бузургӣ кунад). (Саҳеҳи Бухорӣ, ҳадиси 6071)
Дармон
Бузургони ахлоқ дар бораи роҳи дармони такаббур ва истикбор суханҳои бисёре доранд, ки дармони ғолиби онҳо ин ду роҳ аст: Роҳи “илмӣ” ва роҳи “амалӣ” .
Аммо роҳи илмӣ, ба ин сурат аст, ки афроди мутакаббир дар бораи худ бияндешанд, ки кистанд ва чистанд? Ва куҷо буданд? Ва ба куҷо мераванд? Ва саранҷоми кори онҳо чӣ хоҳад шуд?
Ва ҳам дар бораи азамати Худованд биандешанд ва худро дар баробари зоти бемисоли Ӯ бубинанд.
Таърихи саросар ибрати ҷаҳонро баррасӣ кунанд дар бораи сарнавишти Фиръавнҳо ва Намрудҳо каме мутолиа кунанд.
Инсоне, ки дар оғози хилқаташ аз оби мании беарзише бавуҷуд омада ва дар поён мурдори гандидае мешавад ва чанд рӯзе, ки дар миёни ин ду зиндагӣ мекунад, чизе нест, ки ба хотири он мағрур шавад ва фахрфурӯшӣ намояд.
Аммо дармони такаббур аз тариқи амалӣ ба ин тариқ ҳосил мешавад, ки саъй кунад аъмол мутавозеъонаро анҷом диҳад, то ин фазилати ахлоқӣ дар аъмоқи вуҷуди ӯ реша кунад. Дар баробари Худованд ва халқи Ӯ тавозӯъ кунад, сар ба саҷда ва бар рӯйи хок ниҳад.
Либоси содда бипӯшад, ғизои содда бихӯрад, бо ходимон ё коргаронаш бар сари як суфра бинишинад, дар салом кардан бар дигарон тақаддум ҷӯяд садри маҷлис бинишинад ва дар роҳ рафтан бар дигарон пешӣ нагирад.
Бо кӯчаку бузург яксон бошад ва аз ҳамнишинӣ бо афроди мутакаббир ва мағрур бипарҳезад ва дар амал имтиёзе барои худ бар дигарон қоил нашавад, хулоса ончиро нишонаи тавозӯъ ё аз мазоҳири он аст, дар амал ва сухан ба кор бандад ва саъй кунад ҳолат ва одат ва сипас малакаи ӯ гардад.
Онҳо, ки ба хотири насаби худ бар дигарон фахр мефурӯшанд бояд дар ин ҳақиқат биандешанд, ки инҳо умуре нестанд, ки инсон ба сабаби онҳо ифтихор кунад ва барои худ имтиёзе қоил бошад.
Аммо касоне, ки ба хотири ҷамол ва зебоӣ гирифтори кибр ва ғурур мешаванд бояд дар ин маънӣ биандешанд, ки бо як беморӣ, махсусан бемориҳои пӯстӣ, тамоми ин ҷамолу зебоӣ бар бод меравад чизе, ки ба ин суръат қобили завол аст чигуна метавонад сабаби ғурур ва бартарӣ ҷӯӣ бар дигарон шавад?
Ва агар сабаби такаббури ӯ қувват ва қудрати ҷисмонӣ аст бояд фаромӯш накунад, ки гоҳ бо як ҳодисаи кӯчаки қалбӣ ё мағзӣ тамом ё қисмате аз бадан фалаҷ мешавад ва ба куллӣ аз кор меафтад.
Аммо онҳое, ки ба сабаби сарват ва фузунии амвол ва касрати ёрон гирифтори ғурур ва такаббур мешаванд ҳама медонем амвол ва сарватҳои дунявӣ доиман даст ба даст мегардад, сарватмандони бузург рӯзе фақир мешаванд ва кох нишинон, хок нишин мегарданд. Чизе, ки ин қадар нопойдор аст чигуна мумкин аст ин ҳама мояти ғурур ва ғафлат гардад.
Агар сабаби кибру ғурури ӯ илм ва дониши фаровон аст набояд фаромӯш кунанд, ки ҳисоби онҳо дар қиёмат аз дигарон бисёр мушкилтар аст.
Ва саранҷом агар сарчашмаи такаббур анвои ибодат ва тоатҳои илоҳӣ аст, ки инсони мутакаббир анҷом дода бояд ба ин воқеият биандешад, ки Худованд танҳо ибодатеро мепазирад, ки аз ҳаргуна уҷбу кибр пок бошад ва ба яқин гуноҳкорон нодим ва пушаймон ба наҷот наздиктаранд, то обидони мағрур!
Бахусус ин, ки аз нишонаҳои қабулии ибодат ин аст, ки инсон худро кӯчак ва ҳақир бидонад ва агар тамоми ибодати ҷину инсро анҷом диҳад боз аз тарси Худо ғофил нашавад.
Натиҷа
Такаббур ба маънои худбузургӣ нишон додан ва бартар донистани худ нисбат ба дигарон аст, агар аз сӯи Худои Мутаол бошад барои он, ки шоистаи Ӯ аст сифати мадҳ (хуб), аммо барои махлуқот сифати зам (бад) ба шумор меравад.
Уламои тарбияти ахлоқи исломӣ такаббурро сифати бад ва бемории нобуд кунандаи ахлоқи инсон донистаанд. Қуръони Карим ҷойгоҳи мутакаббиронро ҷаҳаннам ва Шайтонро намунаи ошкори мутакаббирон муаррифӣ кардааст. Паёмбари Акрам (с) дар аҳодис ба шиддат аз такаббур наҳй кардаанд ва ҳушдор додаанд касоне, ки заррае такаббур дар қалбашон дошта бошанд ҳаргиз вориди биҳишт нахоҳанд шуд.
Сифати бади такаббурро бо ду роҳи илмӣ, яъне андешидан дар бораи худ, азати Худованди Мутаол ва оқибати мутакаббирон ва роҳи амалӣ, яъне анҷом додани аъмоли мутавозиона ва парҳез аз ҳамнишинӣ бо афроди мутакаббир метавон дармон кард.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед