Нишонаҳои доштани ахлоқи ҳасана(бахши дуввум)

0
16

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Инсонҳо ҳеҷ замон аз айб ва нуқсонҳо пок ва холис нестанд, магар ба айб ва нопокии худ ба ҳадди кофӣ ва аз рӯйи огоҳи диққати лозимро карда бошанд. Чун бар зидди нафси худ андак заҳмат ва талош дар ҷиҳати ислоҳаш кунанд, ҳатман натиҷаашро бо лутф ва инояти Парвардигор хоҳанд дид. Бисёр касоне ҳастанд, ки нафси худро пок ва холис пиндоштанд ва худро аз ислоҳи он бениёз донистанд ва нобудии худро барои абадӣ рақам заданд. Чун ин даста аз инсонҳо дар талош барои ислоҳи нафси худ набаромада ва худро аз ҳар гуна нопокӣ ба дур медонанд.

Бо ин тақсим ва он инки инсоне зоҳирраш бо ботинаш содиқ бошад мӯъмин ва онки ботинаш бо зоҳираш дугона бошад мунофиқ  мебошад ва натиҷа мегирем ки инсони боахлоқ мӯъмин ва инсони бадахлоқ мунофиқ аст, ки сифоти муъминон ва мунофиқонро Худованди Мутаъол дар Қуръон зикр кардааст, ки мо зиёдтар ба сифоти мӯъминон мепардозем:

Худованд дар Қуръони Карим сифоти мӯъминонро зикр фармуда аст ва он ҳама самараи хушахлоқиро ба таври зебо ташриҳ кардааст.

Худованд дар сураи Мӯъминун мефармояд:

قَدْ أَفْلَحَ الْمُؤْمِنُونَ

Ба яқин  ки муъминон растгор шуданд”(Сураи Мӯъминун, ояти 1)

أُولَئِكَ هُمُ الْوَارِثُونَ

Онҳо (сазовори) меросбарӣ  ҳастанд”(Сураи Мӯъминун, ояти 23)

Дар Қуръони Карим ёздаҳ маврид калимҳ‏и “фалоҳ” (растгорӣ) бо калима‏и «лаъала» (шояд) ҳамроҳ аст: «لعلّكم تفلحون» локин дар се маврид бидуни ин калима ва ба таври “ҳатмӣ” матраҳ шудааст, яке дар ҳамин сура ва дигараш дар сура‏и Шамс: «قد أَفلح مَن زكّاها» ва дигараш дар сура‏и Аъло: «قد اَفلح مَن تَزكّى». Аз муқоисаи ин се маврид бо якдигар, равшан ме‏шавад, ки имон ва тазкия (таҳзиб ва пок гардонидани нафс) дорои ҷавҳари (зоти) воҳиде ҳастанд.

Бартарин ва охирин ҳадафи тамоми барнома‏ҳои Ислом, фалоҳ ва растгорӣ аст. Дар бисёре аз оёти Қуръон аз тақво сухан гуфта шуда ва ҳадаф аз аҳкоми дин ҳам расидан ба тақво аст: «لعلّكم تتّقون» ва охирин ҳадафи тақво низ фалоҳ аст: «واتّقوا اللّه لعلّكم تفلحون» ҷолиб аст, ки муҳимм‏тарин ва охирин ҳадафи дини Ислом дар аввалин шиори  он омадааст: «قولوا لا اله الاّ اللّه تفلحوا» ба ягонагии Худованд имон оваред ва «لا اله الاّ اللّه» бигӯед, то растагор шавед.

Ҳар шабонарӯз, дар азон ва иқома‏и намозҳои явмия ҷумла‏и «ҳайя ала-ал-фалоҳ»-ро бист бор бар забон ме‏оварем ва ҳадафи ниҳоиеро бо фарёди расо эълом ме‏кунем, то роҳро гум накунем.

Ислом ме‏гӯяд: «قد أفلح المؤمنون», «‏قد أفلَح مَن تَزكّى»касоне растгоранд, ки имон ва тазкия‏и нафс дошта бошанд, вале куфор ми‏гуянд: «قد أفلح الیوم مَنِ استعلى» Фиръавн ме‏гуфт: Имрӯз ҳар кас зӯр ва бартарӣ дорад, растагор аст.

Натиҷа

Аз фароянди таҳқиқ ба ин натиҷа расидем, ки  омили муваффақияти паёмбарони илоҳӣ ба вижа Паёмбари гиромии Ислом (с) дар ҷазби қулуби инсонҳо ва густариши дин, ахлоқи ҳасанаи Ӯ бӯдааст. Аз он рӯй Худои меҳрбон паёмбарону сафирони худро аз миёни инсонҳои меҳрубон ва хушахлоқ баргузид, то беҳтару осонтар дар қалбҳо нуфӯз кунанд ва ононро ба сӯии маърифати илоҳӣ раҳнамӯн бошанд.

Арзиш, ҷойгоҳ ва аҳаммияти ахлоқ барои мо аз гузиниши Худованд дар миёни анбиё аз инсонҳо  маълум гардид, пас мо инсонҳо ин амро муҳим донем ва худро ба ин амри муҳим ороста кунем ва то ҳади тавон, ки иҳтимол равад, барои ба даст оварданаш талош кунем.

Ҳусни хулқ дар сираи набавӣ(с)

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед