Нишонаҳои дӯстии мӯъминон бо ядгидар

0
154

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Нишонаҳои дӯстии мӯъминон бо якдигар
Қисмати аввал

Аз нигоҳи дини Ислом, муҳаббату дӯстӣ байни мусалмонон бештарин нақшро дар созмондеҳии ҷомеаи ормонии инсонӣ дорад. Қуръони Карим ва ривоятҳои исломӣ ба равшанӣ исбот мекунанд, ки ҷомеаи матлуби инсонӣ дар Ислом, ҷомеае аст, ки бар асоси муҳаббати мардум нисбат ба якдигар шакл бигирад. Дини Ислом дар талош аст ҷомеаеро бисозад, ки ҳамаи мардум худро бародари якдигар бидонанд ва нисбати якдигар меҳрубон бошанд ва далелаш он аст, ки ҳеҷ чиз ҳамчун муҳаббат дар сомондеҳии ҷомеаи дилхоҳи инсонӣ корсозтар нест ва ин масъала кумак мекунад, то мардуми боимон нисбати якдигар хайрхоҳ дар дин бошанд ва ин ваҳдату ҳамдилӣ нақшаҳои шуми душман дар ихтилофафканӣ байни мусалмононро бекор мекунад. Худованди Мутаол дар Қуръони Карим мефармояд:

وَالمُؤمِنونَ وَالمُؤمِناتُ بَعضُهُم أَولِياءُ بَعضٍ

Ва мардони мӯъмин ва занони мӯъмин, баъзе аз онон дӯстони баъзе [дигар] ҳастанд.” (Сураи Тавба, ояти 71)

Барои фаҳмидани ин ки чигуна мӯъминон ёру ёвари якдигар ҳастанд, бояд вежагиҳои дӯстии мардону занони боимонро бидонем, то дар партави он мӯъминон шинохта шаванд ва ҷомеаи исломӣ битавонад бо кумаки ингуна мардум бо инчунин вежагиҳо равобити иҷтимоиро сомон бахшад ва ҷомеаро ба сарманзили мақсад бирасонад.

Нишонаҳои дӯстии мӯъминон бо якдигар

 1 – Ҳиҷрат аз сарзамин куфр ба сӯи сарзамини Ислом

Ҳиҷрат, яъне тарки сарзамини куфр ва иқомат дар сарзамини мусалмонҳо ба хотири нигаҳдории дин. Ҳиҷрат бо чунин маъно ва ҳадафе, то рӯзи қиёмат бар мусалмонҳо воҷиб аст ва Расули Худо (с) мусалмонеро, ки иқомат ва зиндагӣ дар сарзамини куфрро интихоб кунад аз худ намедонад. Аз ин рӯ иқомат дар сарзамини куфр магар барои касоне, ки тавоноии ҳиҷрат надоранд ва ҳамчунин касоне, ки дар он диёр ба таблиғ ва нашри маорифи Ислом мепардозанд, ҳаром мебошад. Худованди Мутаол мефармояд:

الَّذِينَ تَتَوَفَّاهُمُ الْمَلَائِكَةُ ظَالِمِي أَنْفُسِهِمْ قَالُوا فِيمَ كُنْتُمْ قَالُوا كُنَّا مُسْتَضْعَفِينَ فِي الْأَرْضِ قَالُوا أَلَمْ تَكُنْ أَرْضُ اللَّهِ وَاسِعَةً فَتُهَاجِرُوا فِيهَا فَأُولَئِكَ مَأْوَاهُمْ جَهَنَّمُ وَسَاءَتْ مَصِيرًا

Дар ҳақиқат, касоне, ки фариштагон ҷонашонро меситонанд, дар ҳоле ки ситамгари хешанд, ба онҳо гӯянд: Дар чӣ [ҳоле] будед? Гӯянд: Мо дар замин мустазъаф будем; гӯянд: Оё замини Худо васеъ набуд, то дар он ҳиҷрат кунед? Пас, онон ҷойгоҳашон ҷаҳаннам аст ва бад ҷойгоҳест.(Сураи Нисо, ояти 97).

2 – Пуштибонӣ ва ёрӣ кардани мӯъминон

Мардуми мӯъмин бо ҷон, мол ва забони худ дар ниёзҳои динию дунёиашон ба якдигар ёрӣ мерасонанд ва ин нишонаи дӯстӣ ва меҳру муҳаббат дар онҳо қалбӣ аст ва ҳадаф аз он ризояти Худованди Мутоал мебошад. Худованди Мутаол мефармояд:

وَالمُؤمِنونَ وَالمُؤمِناتُ بَعضُهُم أَولِياءُ بَعضٍ

“Ва мардони мӯъмин ва занони мӯъмин, баъзе аз онон дӯстони баъзе [дигар] ҳастанд.” (Сураи Тавба, ояти 71).

Ва ҳамчунин дар ояти дигар мефармояд:

وَ إِنِ اسْتَنْصَرُوكُمْ فِي الدِّينِ فَعَلَيْكُمُ النَّصْرُ إِلَّا عَلَى قَوْمٍ بَيْنَكُمْ وَبَيْنَهُمْ مِیثَاقٌ

Ва агар аз шумо дар бораи дин ёрӣ бихоҳанд, пас, бар шумост ёрӣ кардан; магар бар зидди қавме, ки байни шумо ва байни онон паймоне бошад.” (Сураи Анфол, ояти 72).

 3 – Шарики шодӣ ва мусибати якдигар

Мардуми боимон дар ғаму шодӣ, хушӣ, ранҷ ва тамоми масоиле, ки қалб, ҷисм ё рӯҳу равони бародарони боимони худро таҳти таъсир қарор медиҳад худро шарик медонанд, ҳамеша ва дар тамоми ҳолатҳои зиндагӣ дар канори якдигар мемонанд. Расули Худо (с)мефармояд:

قَالَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ: مَثَلُ الْمُؤْمِنِينَ فِي تَوَادِّهِمْ وَتَرَاحُمِهِمْ وَتَعَاطُفِهِمْ مَثَلُ الْجَسَدِ؛ إِذَا اشْتَكَى مِنْهُ عُضْوٌ تَدَاعَى لَهُ سَائِرُ الْجَسَدِ بِالسَّهَرِ وَالْحُمَّى

Расули Худо (с) мефармояд: “масали мусалмонҳо дар дӯстӣ ва муҳаббат ва шафақат ҳамчун пайкари воҳиде ҳастанд; ҳаргоҳ узве аз он ба дард ояд, таб ва беқарорӣ дигар аъзоро фаро мегирад.” (Саҳеҳ Бухорӣ, ҳадиси 6011, Саҳеҳ Муслим, ҳадиси 2586).

Ва ҳамчунин фармуд:

قَالَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ: إنَّ المُؤْمِنَ لِلْمُؤْمِنِ كَالْبُنْيَانِ يَشُدُّ بَعْضُهُ بَعْضًا، وَ شَبَّكَ أصَابِعَهُ

Расули Худо(с) фармуд: “Масали мӯъмин барои мӯъмини дигар ҳамчун сохтмоне аст, ки ҷузъе аз он ҷузъи дигарро истеҳком мебахшад.” (онгоҳ Расули Худо (с) барои таҷассуми ин мисол ангуштони ду дасти худро ба ҳам гиреҳ кард.) (Саҳеҳ Бухорӣ, ҷ 1, ҳадиси 467. Саҳеҳ Муслим, ҷ 4, ҳадиси 65. Сунани Тирмизӣ, ҷ 4, ҳадиси 1928).

 4 – Дӯстдор ва хайрхоҳи дигар мӯъминон

Хайрхоҳӣ як масъалае аст, ки марзи нифоқу имонро равшан мегардонад, чароки хайрхоҳӣ як масъалаи қалбӣ аст ва шахси муқобил тавоноии дарку фаҳми онро надорад ва мурдуми мӯъмин дар ин хайрхоҳӣ бо қалби солиму пок ҳамеша хайри худро ба дигар мӯъминон мерасонанд ва натанҳо саъй дар гумроҳии бародари динии худ надорад, балки онро фиреб намедиҳад ва чӣ басо дар лаҳзаҳои сахт ба ӯ ҳушдорҳои лозимро медиҳад ва ҳар чизеро, ки барои худаш мехоҳад онро барои бародари мӯъминаш ҳам мехоҳад. Расули Худо (с) дар ин бора фармуд:

عَنِ النَّبِيِّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَالَ: ‏لَا يُؤْمِنُ أَحَدُكُمْ حَتَّى يُحِبَّ لِأَخِيهِ مَا يُحِبُّ لِنَفْسِهِ

Аз Расули Худо (с) ривоят аст, ки фармуд: “Имони ҳеҷ як аз шумо ба камол намерасад, магар онки ҳар чизеро барои худ меписандад барои бародараш ҳам бипасандад.” (Саҳеҳ Бухорӣ, ҷ 2, ҳадиси 6).

Ҳазрат боз дар ривояти дигар фармуд:

قَالَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ: الْمُسْلِمُ أَخُو الْمُسْلِمِ لاَ يَظْلِمُهُ وَلاَ يَخْذُلُهُ وَ لایُسَلِّمُهَ بِحَسْبِ امْرِئٍ مِنَ الشَّرِّ أَنْ يَحْقِرَ أَخَاهُ الْمُسْلِمَ كُلُّ الْمُسْلِمِ عَلَى الْمُسْلِمِ حَرَامٌ دَمُهُ وَمَالُهُ وَعِرْضُهُ

Паёмбари Акрам (с) фармуд: “Мусалмон бародари мусалмон аст, ба ӯ ситам раво намедорад ва ӯро хор намекунад ва ӯро ба душмане намесупорад, дар бадӣ ҳамин андоза, ки бародари хешро таҳқир намояд ӯро бас аст ва ҷону молу шарафи ӯ бар дигарӣ ҳаром аст.(Саҳеҳ Муслим, ҷ 2, ҳадиси 478).

5 – Такриму эҳтироми якдигар ва парҳез аз айбҷӯӣ ва ночиз донистани шахсияти дигарон

Яке аз сифатҳои барҷастаи мӯъминон, эҳтиром кардан ба якдигар аст, ки дар қолаб ва шаклҳои мухталиф мебошад ва дар тӯли тамоми робитаҳо ин масъала метавонад иртиботҳои мардуми мӯъмин бо якдигарро сомон бахшида ва меҳру муҳаббати онҳо ба якдигрро боарзиш ҷилва бидиҳад ва барои расидан ба ҳадаф лозим аст, ки мӯъминон тамоми рафторҳо ва ахлоқҳои нописандро аз худ дур кунанд, дар ин бора Худованди Мутаол бархе аз сифатҳои нописандро, ки дар шаъну ҷойгоҳи мӯъмин нест баён кардааст, ки ба намунаи он ишора мекунем, Худованди Мутаол дар Қуръони Карим мефармояд:

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لَا يَسْخَرْ قَوْمٌ مِنْ قَوْمٍ عَسَى أَنْ يَكُونُوا خَيْرًا مِنْهُمْ وَلَا نِسَاءٌ مِنْ نِسَاءٍ عَسَى أَنْ يَكُنَّ خَيْرًا مِنْهُنَّ وَلَا تَلْمِزُوا أَنْفُسَكُمْ وَلَا تَنَابَزُوا بِالْأَلْقَابِ بِئْسَ الِاسْمُ الْفُسُوقُ بَعْدَ الْإِيمَانِ وَمَنْ لَمْ يَتُبْ فَأُولَئِكَ هُمُ الظَّالِمُونَ

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا اجْتَنِبُوا كَثِيرًا مِنَ الظَّنِّ إِنَّ بَعْضَ الظَّنِّ إِثْمٌ وَلَا تَجَسَّسُوا وَلَا يَغْتَبْ بَعْضُكُمْ بَعْضًا أَيُحِبُّ أَحَدُكُمْ أَنْ يَأْكُلَ لَحْمَ أَخِيهِ مَيْتًا فَكَرِهْتُمُوهُ وَاتَّقُوا اللَّهَ إِنَّ اللَّهَ تَوَّابٌ رَحِيمٌ

Эй касоне, ки имон овардаед! Гурӯҳе гурӯҳ[-и дигар]-ро масхара накунад, шояд [онон] беҳтар аз онҳо бошанд; ва на заноне занон[-и дигар]-ро, шояд [онон] беҳтар аз онҳо бошанд; ва худатонро айбҷӯӣ накунед; ва якдигарро бо лақабҳо[-и бад] нахонед; чӣ бад аст номгузории фисқ баъд аз имон; ва касе, ки тавба накунад, пас, онҳо худ ситамгаранд.

Эй касоне, ки имон овардаед! Аз бисёре аз гумонҳо дурӣ кунед, ҳатман баъзе гумонҳо гуноҳ аст; ва [дар корҳои дигарон] кунҷковӣ накунед; ва баъзе шумо баъзе [дигар]-ро ғайбат накунад; оё яке аз шумо дӯст дорад, ки гӯшти бародарашро, дар ҳоле ки мурдааст бихӯрад? Пас, онро намеписандед; ва аз Худо битарсед, ҳамоно Худованд бисёр тавбапазири меҳрубон аст.(Сураи Ҳуҷурот, ояти 11-12)

Дар ин бахш бо баъзе аз иншонаҳои дӯстии мӯъминон бо якдигар ошно шудем ва идомаи онҳо дар қисмати баъд баён хоҳад шуд.

Идома дорад….

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед