Некӣ ба падар ва модар

0
445

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Некӣ ба падар ва модар

Муқаддима
Некӣ ба падару модар, ҳамон эҳсон ва фармонбардорӣ дар ҳаққи онҳо ва анҷоми аъмоли нек барои эшон аст. Худованди Мутаол, ҷойгоҳи болоеро барои волидайн дар назар гирифтааст, ки қобили муқоиса бо дигар манзилат ва ҷойгоҳҳо намебошад. Фармонбардорӣ ва некӣ ба онҳоро фарз ва воҷиби бас бузург дониста ва онро баъд аз дастури ба ибодати хеш қарор додааст. Худованди Субҳон мефармояд:

وَقَضَىٰ رَبُّكَ أَلَّا تَعۡبُدُوٓاْ إِلَّآ إِيَّاهُ وَبِٱلۡوَٰلِدَيۡنِ إِحۡسَٰنًا

“Ва Парвардигорат ҳукм кард, ки ҷуз Ӯро напарастед; ва ба падару модар некӣ кунед.” (Сураи Исро, ояти 23)

Ва дар ҷои дигар мефармояд:

وَٱعۡبُدُواْ ٱللَّهَ وَلَا تُشۡرِكُواْ بِهِۦ شَيۡ‍ٔٗاۖ وَبِٱلۡوَٰلِدَيۡنِ إِحۡسَٰنٗا

“Ва Худоро бипарастед ва чизеро ба Ӯ шарик қарор надиҳед; ва ба падару модар некӣ кунед.” (Сураи Нисо, ояти 36)

Ва боз дар ҷои дигар мефармояд:

وَوَصَّيۡنَا ٱلۡإِنسَٰنَ بِوَٰلِدَيۡهِ حَمَلَتۡهُ أُمُّهُۥ وَهۡنًا عَلَىٰ وَهۡنٖ وَفِصَٰلُهُۥ فِي عَامَيۡنِ أَنِ ٱشۡكُرۡ لِي وَلِوَٰلِدَيۡكَ إِلَيَّ ٱلۡمَصِيرُ

“Ва инсонро нисбат ба падару модараш супориш кардем –модараш ӯро дар ҳоли нотавонӣ рӯи нотавонӣ ҳамл кард; ва аз шир ҷудо кардани ӯ дар ду сол аст- ки барои Ман ва падар ва модарат шукргузор бош, ки бозгашт ба сӯи Ман аст.” (Сураи Луқмон, ояти 14)

Аз ин оёт мешавад натиҷа гирифт, ки некӣ ба падару модар, амрест аз ҷониби Худованди Мутаол, ки бояд иҷро шавад.

Некӣ ба падар ва модар, пас аз вафоти онҳо
Инсони мусулмон дар замони ҳаёти падару модараш ва пас аз марги онҳо низ бо дуои омӯрзиш ва мағфират барояшон ва ба ҷой овардани паймонҳои онон ва эҳтироми дӯстони онҳо,  ба маънои некӣ дар ҳаққи онҳо  аст, ки ҳамеша дар ин кор  талош бояд кунад.

Таъриф мекунанд, ки марде аз қабилаи Бани Салма, назди Расули Худо(с) омада ва гуфт: Ё Расулаллоҳ! Оё некӣ ба падару модар, пас аз маргашон низ имконпазир мебошад? Расули Худо(с) Фармуданд:

نَعَمْ الصَّلاَةُ عَلَيْهِمَا وَالاِسْتِغْفَارُ لَهُمَا وَإِيفَاءٌ بِعُهُودِهِمَا مِنْ بَعْدِ مَوْتِهِمَا وَإِكْرَامُ صَدِيقِهِمَا وَصِلَةُ الرَّحِمِ الَّتِى لاَ تُوصَلُ إِلاَّ بِهِمَا

“Бале  намоз (ё дуо) бар онон, талаби омӯрзиш барои онҳо, ба ҷой овардани аҳду паймони эшон пас аз маргашон, эҳтиром доштани дӯстони онҳо ва барқарории пайванд ва силаи раҳме, ки танҳо ба воситаи онҳо қобили барқарор намудан аст, неки ба онҳо маҳсуб мешавад.” (Сунани ибни Моҷа, ҳадиси 3664)

Худованди Мутаол, мусалмононро ба дуо дар ҳаққи падару модар ташвиқ ва тарғиб намуда мефармояд барои падару модар ва мӯъминон ингуна дуо кунед:

رَّبِّ ٱغۡفِرۡ لِي وَلِوَٰلِدَيَّ وَلِمَن دَخَلَ بَيۡتِيَ مُؤۡمِنٗا وَلِلۡمُؤۡمِنِينَ وَٱلۡمُؤۡمِنَٰتِ

“Парвардигоро! Маро ва падару модарамро ва ҳар кас, ки бо имон ба хонаи ман дарояд ва мардони мӯъмин ва занони мӯъминро биомурз.” (Сураи Нӯҳ, ояти 28)

 

Фазилати некӣ ба падару модар
Некӣ ба волидайн фазилати бисёр ва подоши бузӯрге назди Худованди Субҳон дорад. Худованди Мутаол, некӣ ба волидайнро аз бузӯргтарин аъмол ва маҳбубтарини онҳо назди худ шуморидааст. Дар ҳадисе аз Русули Худо(с) аз маҳбубтарини аъмол суол шуд, ҳазрат фармуданд: Маҳбубтарини аъмол назди Худованд, некӣ ба волидайн аст.

فقد سئل النَّبِىَّ أَىُّ الْعَمَلِ أَحَبُّ إِلَى اللَّهِ قَالَ: الصَّلاَةُ عَلَى وَقْتِهَا. قَالَ ثُمَّ أَىُّ قَالَ: ثُمَّ بِرُّ الْوَالِدَيْنِ. قَالَ ثُمَّ أَىُّ قَالَ: الْجِهَادُ فِى سَبِيلِ اللَّهِ

“Аз Паёмбар суол шуд: маҳбубтарини аъмол назди Худованд кадом амал аст? Ҳазрат фармуданд: “намози сари вақт”, пурсиданд: сипас кадом аст? Фармуданд: “сипас некӣ ба волидайн”, гуфтанд онгоҳ кадом аст? Фармуданд: “ҷиҳоди дар роҳи Худо”. (Саҳеҳи Бухорӣ, ҳадиси 504)

Аз муҳимтарин корҳои некӣ ба падару модар иборатанд аз:

  • Хушнудии падару модар ҷузви хушнудии Парвардигор аст

Мусалмон ҳамеша дар пайи хушнудии волидайн аст, то ба хушнудии Худояш ноил гашта, аз ба хашм овардани падару модар мепарҳезад, то Худовандро ба хашм наёварад. Паёмбари Худо(с) фармуданд:

رِضَا الرَّبِّ فِى رِضَا الْوَالِدِ وَسَخَطُ الرَّبِّ فِى سَخَطِ الْوَالِدِ

“Хушнудии Худованд, дар хушнудии волидайн аст ва хашми Худованд дар хашми волидайн мебошад.” (Сунани Тирмизӣ, ҳадиси 1821).

Ва дар ҳадиси дигар Паёмбар(с) фармуданд:

مَن أَرْضَى والِدَيْهِ فقد أَرْضَى اللهَ، ومَن أَسْخَطَ والِدَيْهِ فقد أَسْخَطَ اللهَ

“Касе ки волидайнашро хушнуд созад, Худовандро хушнуд сохтааст ва касе ки волидайнашро нороҳат кунад, Худованро нороҳат сохтааст.” (Ҷомеъул аҳодис Суютӣ, ҳадиси 45535)

  • Биҳишт зери пойи модарон аст

Марде назди Паёмбар(с) омада ва гуфт мехоҳад ба ҷиҳод биравад. Паёмбар(с) ба ӯ дастур дод, баргашта ва ба модараш некӣ карда ва ба ӯ хидмат намояд. Он мард бори дигар иштиёқи хеш ба ҷиҳодро баён дошт ва боз Паёмбар(с), амр фармуданд баргардад ва ба модараш некӣ кунад. Бори севум Паёмбар(с) ба ӯ гуфтанд:

وَيْحَكَ الْزَمْ رِجْلَهَا فَثَمَّ الْجَنَّةُ

“Вой бар ту! Дар канори модарат бош, ки биҳишт зери пои ӯст.” (Сунани ибни Моҷа ҳадиси 2781)

Дар ҳадиси дигаре омадааст, ки марде назди Расули Худо(с) омад ва гуфт: ман шавқи ҷиҳод дорам, вале тавони онро надорам. Паёмбар(с) ба ӯ фармуданд:

هَلْ بَقِيَ مِنْ وَالِدَيْكَ أَحَدٌ؟ قَالَ: أُمِّي، قَالَ: فَأَبْلِ اللَّهَ فِي بِرِّهَا، فَإِذَا فَعَلْتَ ذَلِكَ فَأَنْتَ حَاجٌّ، وَمُعْتَمِرٌ، وَمُجَاهِدٌ

“Оё аз падару модарат ҳеҷ кадом зинда аст? Мард посух дод: модарам. Паёмбар фармуданд: пас аз Худованд бихоҳ туро дар некӣ бо ӯ ёрӣ диҳад. Бо анҷоми ин кор ту ҳам, ҳаҷро гузоридаи ва ҳам, умраро ва ҳам ҷиҳод кардаи!” (Алмуъҷамул авсат, Сулаймон ибни Аҳмади Табаронӣ, ҳадиси 2915)

  • Дастёбӣ ба некрафтории фарзандон

Дар натиҷаи некрафтории инсони мусулмон бо волидайн ва итоат намудан аз онҳо, Худованди Мутаол дар оянда фарзандоне ба ӯ ато мекунад, ки бо вай некрафтор ва мутеъ ҳастанд ба ҳамонгуна, ки вай бо волидайни худ рафтор кардааст. Аз Расули Худо(с) ривоят шудааст, ки:

بَرُّوا آباءَكُمْ تَبَرُّكُمْ أَبْنَاؤُكُمْ، وَعِفُّوا تَعِفُّ نِسَاؤُكُمْ

“Бо падаронатон ба некӣ рафтор кунед, то фарзандонатон дар ҳаққатон некӣ кунанд ва покдоманӣ кунед, то занонатон покдоман бошанд.” (Ҷомеъул аҳодис, Ҷалолуддини Суютӣ, ҳадиси 10358)

Нофармонӣ ва озору азияти волидайн

Худованди Мутаол мусалмононро аз нофармонии падару модар ва бепарвоӣ дар баҷо овардани ҳақ ва ҳуқуқи онҳо ва анҷоми коре, ки ононро нороҳат сохта ё биранҷонад ва ё ҳатто, озори эшон бо калимае ҳамчун «ӯф» ва ё нигоҳи тунд ва нописанд барҳазар дошта ва мефармояд:

لَا تَقُل لَّهُمَآ أُفّٖ وَلَا تَنۡهَرۡهُمَا وَقُل لَّهُمَا قَوۡلٗا كَرِيمٗا

“Ба он ду [ҳатто] “ӯф” нагӯй; ва он дуро марон; ва ба онҳо сӯхани каримона бигӯ.” (Сураи Исро, ояти 23)

Набояд падару модарро ба ҳар далеле андӯҳгин кард чун, андуҳгин сохтани падару модар, боиси оқи волидайн хоҳад шуд.

Ҷазои нофармонии волидайн

Паёмбари Худо(с) озори волидайнро аз ҷумлаи гуноҳони кабира ва балки аз бузургтарини гуноҳони кабира шумурдааст. Паёмбар(с) онро бо ширки ба Худо якҷо оварда ва фармудааст:

أَلاَ أُنَبِّئُكُمْ بِأَكْبَرِ الْكَبَائِرِ: الإِشْرَاكُ بِاللَّهِ، وَعُقُوقُ الْوَالِدَيْنِ

“Оё шуморо аз бузургтарин гуноҳони кабира бо хабар насозам: ширк овардани ба Худо ва нофармонӣ ва озори падар ва модар.” (Саҳеҳи Бухорӣ, ҳадиси 2511)

Худованди Мутаол муҷозоти озору азияти падар ва модарро ба ҳамин дунё пешкашида, ки  Паёмбар(с) дар ин маврид мефармоянд:

كُلُّ الذُّنُوبِ يُؤَخِّرُ اللَّهُ مِنْهَا مَا شَاءَ إلَى يَوْمِ الْقِيَامَةِ إلَّا عُقُوقَ الْوَالِدَيْنِ، فَإِنَّ اللَّهَ يُعَجِّلُهُ لِصَاحِبِهِ فِي الْحَيَاةِ قَبْلَ الْمَمَاتِ

“Худованд аз тамоми гуноҳон онҳоеро, ки бихоҳад то рӯзи қиёмат ба таъхир меандозад, ба ҷуз озори падар ва модарро, ки Худованд онро барои он кас, ки муртакиби он гардад, дар ҳамин дунё ва қабл аз марг пеш мекашонад.” (Шаъбул имон, ҳадиси 7889)

Бинобар ин метавон натиҷа гирифт, ки фармонбардорӣ ва некӣ ба падару модар фарз ва воҷиб буда ва хушнудии Худованд, дар хушнудии волидайн ва хашми Худованд дар хашми онҳо аст ва нофармонӣ ва озору азияти волидайн аз ҷумлаи гуноҳони кабира ва балки аз бузургтарини гуноҳони кабира шумурда шудааст ва Худованди Мутаол муҷозоти озору азияти падар ва модарро дар ҳамин дунё ба банда нишон медиҳад.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед