Намунае аз одобу рафтори як мусалмон

0
215

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Намунае аз одобу рафтори  як мусалмон

Муқаддима
Дини мубини Ислом, ки бартарин ва комилтарин адёни осмонӣ аст, ҳаргиз чизе аз ахлоқро фурӯгузор накардааст ва тамоми омӯзаҳои ахлоқиро ном бурда ва барои онҳо шарҳу тавзеҳ додааст, то дар рӯзгори зиндагии инсонҳо ба кор равад ва ба зиндагии ҳадафманди илоҳӣ табдил шавад. Бинобар ин Қуръони Карим ва суннати набавӣ ва ривоёти бузругон барои зиндагии одамӣ, пеш аз таваллуд то даврони ҳаёт ва ҳатто пас аз он барнома ва роҳкорҳои амалиро баён кардааст. Дар инҷо дар пайи он ҳастем, то баъзе аз омӯзаҳо ва одоби исломиро баршуморем; одобе, ки одамиро лозим аст дар зиндагии рӯзонаи худ ба кор барад, то зиндагии ӯ ба як зиндагии саодатманд ва динӣ табдил шавад. Бархе аз ин одоб иборатанд аз:

  1. Назофат ва покизагӣ

Инсон лозим аст, ки дар хона ва маҳалли кор, покиза бошад ва либос ва баданашро махсусан ҳангоми рафтан ба масҷид барои адои намозҳо ва ба вежа намози ҷумъа покиза нигоҳ дорад. Дар рӯзи ҷумъа ғусл кунад ва атрҳои хӯшбу истеъмол намояд ва беҳтарин либосҳоро бипушад ва бо либосҳои чиркин ва касиф ба масҷид наравад, зеро сабаби азият ва озори намозгузорони дигар мешавад ва саъй кунем мисвок бизанем, ба вежа ҳангоми вузу гирифтан ва намоз хондан, зеро Паёмбари бузургвори Ислом(с) дар аҳодиси зиёде умматашро бар истифода аз мисвок тарғиб ва ташвиқ намудааст. Аз ҷумла мефармояд:

السِّوَاكُ مَطْهَرَةٌ لِلْفَمِ مَرْضَاةٌ لِلرَّبِّ

“Мисвок задан сабаби покизагии даҳон ва хушнудии Парвардигор мешавад.” (Сунани ибни Моҷа, ҳадиси 289.)

  1. Рафтор ва бархурди хуб ва муносиб бо мардум

А) Яке дигар аз одоби исломӣ ин аст, ки инсон чизеро ки барои худаш дӯст медорад, бояд барои дигарон ҳам дӯст бидорад. Расули Худо(с) мефармоянд:

لَا يُؤْمِنُ أَحَدُكُمْ حَتَّى يُحِبَّ لِأَخِيهِ مَا يُحِبُّ لِنَفْسِهِ

“Инсон ба имони комил нахоҳад расид магар ин, ки ҳарчиро барои худ ва хонаводаи худ дӯст дорад барои дигарон низ дӯст дошта бошад.” (Саҳеҳи Бухорӣ,  боби имон, ҳадиси 13.)

Б) Дар хариду  фурӯш, бо гузашт ва меҳрубон бошем, чун Расули Худо(с) мефармоянд:

رَحِمَ اللَّهُ عَبْدًا سَمْحًا إِذَا بَاعَ، سَمْحًا إِذَا اشْتَرَى، سَمْحًا إِذَا قَضَى، سَمْحًا إِذَا إِقتَضَی

“Раҳмати Худованд бар бандае, ки ба ҳангоми харид ва фурӯш ва ба ҳангоми гирифтани ҳаққи худ аз дигарон ва ба ҳангоми додани ҳаққи онон, каримона ва бо гузашт амал кунад.” (Саҳеҳи Бухорӣ, ҳадиси 1970)

В) Аз дигар одоби исломӣ ин аст, ки бо мардум иртибот дошта бошем ва онҳоро панду андарз диҳем ва дар сурати лозим  азият ва озорашонро таҳаммул кунем, то ҷузъи касоне бошем, ки Расули Худо(с) дар бораи онон фармудааст:

الْمُسْلِمُ إِذَا كَانَ مُخَالِطًا النَّاسَ وَيَصْبِرُ عَلَى أَذَاهُمْ خَيْرٌ مِنْ الْمُسْلِمِ الَّذِي لَا يُخَالِطُ النَّاسَ وَلَا يَصْبِرُ عَلَى أَذَاهُمْ

“Мусалмоне, ки бо мардум муошират ва нишасту бархост мекунад ва азият ва озорашонро таҳаммул менамояд, беҳтар аз мусалмоне аст, ки бо мардум муошират надорад ва азият ва озорашонро таҳаммул намекунад” (Сунани Тирмизӣ, ҳадиси 2431.)

  1. Инсоф ва пазириши ҳақ

Яке дигар аз одоби исломӣ ин аст, ки сухани ҳақро бипазирем агар чи гӯяндаи он хурдсол ё душман бошад ва аз напазируфтани ҳақ ва таҳқир кардани мардум бипарҳезем; зеро Расули Худо(с) моро аз ин кор барҳазар дошта ва мефармояд:

لاَ يَدْخُلُ الْجَنَّةَ مَنْ كَانَ فِى قَلْبِهِ مِثْقَالُ ذَرَّةٍ مِنْ كِبْرٍ». قَالَ رَجُلٌ إِنَّ الرَّجُلَ يُحِبُّ أَنْ يَكُونَ ثَوْبُهُ حَسَنًا وَنَعْلُهُ حَسَنَةً. قَالَ:  إِنَّ اللَّهَ جَمِيلٌ يُحِبُّ الْجَمَالَ الْكِبْرُ بَطَرُ الْحَقِّ وَغَمْطُ النَّاسِ

 “Касе ки ба миқдори заррае ғурур ва кибр дар дил дошта бошад, вориди биҳишт намешавад. Гуфтанд: касе мехоҳад либос ва кафшаш зебо бошад, оё ин ҳам ғурур ва кибр аст? Паёмбар(с) фармуданд: Худо зебост ва зебоиро дӯст дорад. “Кибр” яъне, напазируфтани ҳақ ва таҳқири мардум.” (Саҳеҳи Муслим, ҳадиси 275.)

  1. Адолот ва ҳақгӯӣ

     А) Аз муҳмитарин одоби исломӣ он аст, ки дар ҳама ҳол адолатро пеша кунем, ҳатто дар таомул бо душманонамон ва душманӣ бо қавме  сабаби ин нашавад, ки бар онҳо ситам раво дорем. Худованди Мутаол мефармояд:

وَلا يَجرِمَنَّكُم شَنَآنُ قَومٍ عَلى أَلّا تَعدِلُوا ۚ اعدِلوا هُوَ أَقرَبُ لِلتَّقوى ۖ وَاتَّقُوا اللَّهَ ۚ إِنَّ اللَّهَ خَبيرٌ بِما تَعمَلونَ

Ва албатта душмании гурӯҳе шуморо ба тарки адолат водор накунад; адолат пеша кунед, ки он ба тақво наздиктар аст; ва тақвои Худоро пеша кунед; ҳамоно Худованд ба он чи анҷом медиҳед огоҳ аст. (Сураи Моида, ояти8)

    Б) Яке дигар аз одоби исломӣ гуфтани ҳақ аст. Ҳақро бигу ҳатто агар бар зиёни худат, хешон ё дӯстонат бошад, зеро ин дастури Худованд аст, ки мефармояд:

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُواْ كُونُواْ قَوَّامِينَ بِالْقِسْطِ شُهَدَاء لِلَّهِ وَلَوْ عَلَى أَنفُسِكُمْ أَوِ الْوَالِدَيْنِ وَالأَقْرَبِينَ إِن يَكُنْ غَنِيًّا أَوْ فَقِيرًا فَاللَّهُ أَوْلَى بِهِمَا فَلاَ تَتَّبِعُواْ الْهَوَى أَن تَعْدِلُواْ وَإِن تَلْوُواْ أَوْ تُعْرِضُواْ فَإِنَّ اللَّهَ كَانَ بِمَا تَعْمَلُونَ خَبِيرًا

“Эй касоне, ки имон овардаед! Барпо дорандагони адолат бошед; [ва] барои Худо гувоҳӣ диҳед ва агарчи ба зарари худатон ё падару модар ва наздикон[-и шумо] бошад; агар [яке аз онҳо] бениёз ё фақир бошад, пас, Худо ба [риояти ҳоли] онон сазовортар аст. Пас, аз ҳаво [ва ҳавас] пайравӣ накунед, ки [аз ҳақ]мунҳариф мешавед; ва агар таҳриф кунед ё рӯй гардонед, пас, ба дурустӣ, ки Худо ба он чи анҷом медиҳед, огоҳ аст.” (Сураи Нисо, ояти 135)

  1. Риояти ҳуқуқи ҳамсоягон

Аз дигар одоби исломӣ он аст, ки ҳамсояатро бо гуфтор ва кирдорат азият ва озор надиҳӣ; чун Расули Худо(с) дар бораи азият кардани ҳамсоя, ҳушдор дода ва мефармояд:

وَاللهِ لَا يُؤْمِنُ وَاللهِ لَا يُؤْمِنُ وَاللهِ لَا يُؤْمِنُ الذي لا يأمَن جارُه بَوائِقَهُ

“Ба Худо қасам имон надорад; ба Худо қасам имон надорад; ба Худо қасам имон надорад; касе, ки ҳамсояаш аз шарри ӯ дар амон нест.” (Саҳеҳи Бухорӣ, ҳадиси 5670.)

Расули Худо(с) дар ҳадиси дигаре мефармоянд:

وَمَنْ كَانَ يُؤْمِنُ بِاللهِ وَالْيَوْمِ الْآخِرِ فَلَا يُؤْذِ جَارَهُ

“Касе ки ба Худо ва рӯзи охират имон дорад, набояд ҳамсояашро азият ва озор диҳад.” (Саҳеҳи Бухорӣ, ҳадиси 5672.)

Ҳаргоҳ ҳамсоя дучори мусибате шуд, бо ӯ ҳамдардӣ кунем ва дар кам намудани ғам ва андӯҳаш вайро ёрӣ намоем. Барои таъмини оромиши ҳамсояҳо ба хонавода ва меҳмонҳоямон иҷоза надиҳем бо садои баланд суҳбат кунанд; махсусан замоне, ки ҳамсоя дар ҳоли истироҳат ва ё бемор аст, ки ин гуна рафторҳо сабаби озор ва азияти онҳо аст.

  1. Вафои ба аҳду паймон

Яке дигар аз одоби исломӣ ин аст, ки агар ба касе ваъда додем ҳатто агар кӯдак ҳам бошад, бояд ба ваъдаи худ амал кунем. Мӯъмин бояд дар гуфтораш садоқат дошта бошад ва агар ба касе ваъда дод ба он амал намояд. Ҳар кас ваъдахилофӣ кунад ба яке аз сифоти мунофиқон, муттасиф шудааст; чун Паёмбар(с) мефармоянд:

آيَةُ الْمُنَافِقِ ثَلاَثٌ إِذَا حَدَّثَ كَذَبَ وَإِذَا وَعَدَ أَخْلَفَ وَإِذَا اؤْتُمِنَ خَانَ

“Нишонаи мунофиқ се чиз аст: ҳаргоҳ суҳбат кунад, дурӯғ гӯяд; ҳаргоҳ ваъда диҳад, хилофи ваъда кунад; ва ҳар замон мардум ба ӯ итминон кунанд, ба онон хиёнат намояд.”(Саҳеҳи Бухорӣ, ҳадиси 5744.)

Аз он чи баён гардид натиҷа мегирем, ки дини мубини Ислом барои саодати тамоми мардум ва зиндагии роҳаттари онҳо одоберо баён кардааст, ки дар Қуръон ва ривоёти исломӣ баён шудаст, аз ҷумла:  1) Назофат ва покизагии бадан ва либос. 2) Рафтор ва бархурди хуб ва муносиб бо мардум. 3) Инсоф ва пазириши ҳақ ҳатто аз душман ва кӯдак. 4) Адолат ва ҳақгӯӣ ҳатто агар бар зиён ва зарари гӯянда бошад. 5) Риояти ҳуқуқи ҳамсоягон.  6) Вафои ба аҳду паймон, ки тамоми инҳо аз одоби исломӣ буда ва лозим аст риоят шаванд.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед