Мудоро ва хушахлоқӣ дар Ислом

0
256

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Мудоро ва хушахлоқӣ дар Ислом

Муқаддима
Дини муқаддаси Ислом, ҳамвора пайравони худро ба мудоро ва хушахлоқӣ дар муносибати бо дигарон даъват мекунад ва онҳоро аз   бадахлоқӣ боз медорад. Қуръони Карим дар ситоиши Паёмбари Акрам(с) мефармояд:

اِنَّکَ لَعَلی خُلُقٍ عَظیمٍ

“Ба дурустӣ, ки ту ба ахлоқи писандида ва бузурге ороста шудаӣ.” (Сураи Қалам, ояти 4)

Мудоро ва хушахлоқӣ аз боризтарин сифоте аст, ки дар муоширатҳои иҷтимоӣ боиси  муҳаббат шуда ва дар таъсири сухан асари бисёре дорад. Ба ҳамин ҷиҳат Худованди Меҳрубон, паёмбарон ва сафирони худро инсонҳои хушахлоқ қарор дод, то беҳтар битавонанд дар мардум асар гузоранд ва онҳоро ба сӯи худ ҷазб намоянд. Ин мардони бузург барои таҳаққуқ бахшидан ба аҳдофи илоҳӣ, бо бархурдорӣ аз ҳусни хулқ ва шарҳи садр, чунон бо мудоро ва кушодарӯӣ бо мардум рӯ ба рӯ мешуданд, ки на танҳо ҳар инсони ҳақиқатҷӯйро ба осонӣ шифтаи худ месохтанд ва ӯро аз зулоли ҳидоят сероб мекарданд, балки гоҳе душманонро низ огоҳ ва мунқалиб мекарданд.

Мисдоқи комили ин фазилат, вуҷуди муқаддаси Расули гиромии Ислом(с) аст. Қуръони Карим, ин мазияти гаронбаҳои ахлоқиро инояти бузург аз сӯи Худованди Мутаол дониста, мефармояд:

فَبِما رَحْمَةٍ مِنَ اللهِ لِنْتَ لَهُمْ وَ‌لَو کُنْتَ فَظّاً غَلیظَ الْقَلْبِ لانْفَضوُا مِنْ حَولِکَ

 “Ва ба сабаби раҳмате аз ҷониби Худо бо онон нармхӯ шудӣ ва агар бадхулқ ва сангдил будӣ, ҳатман аз атрофи ту пароканда мешуданд.” (Сураи Оли Имрон, ояти 159)

Ва ҳамчунин Худованди Мутаол ба Паёмбар(с) ва тамоми мусалмонон супориш ба мудоро ва хушахлоқӣ намуда мефармояд:

خُذِ الْعَفْوَ وَأْمُرْ بِالْعُرْفِ وَأَعْرِضْ عَنِ الْجَاهِلِینَ

“Афвро пеш гир; ва ба [кори] шоиста фармон деҳ; ва аз ҷоҳилон рӯй гардон.” (Сураи Аъроф, ояти 199)

Мудоро ва хушахлоқии Паёмбар(с)

Паёмбари Худо(с) бо мардум бисёр бо нармӣ ва хушахлоқӣ бархурд мекард. Ҳазрати Оиша(рз) ингуна аз мудоро ва хушахлоқии он Ҳазрат(с) таъриф менамояд, ки:

عَنْ عَائِشَةَ رضى الله عنها أَنَّهَا قَالَتْ: مَا خُيِّرَ رَسُولُ اللَّهِ -صلى الله عليه و آله وسلم- فِى أَمْرَيْنِ إِلاَّ اخْتَارَ أَيْسَرَهُمَا مَا لَمْ يَكُنْ إِثْمًا فَإِنْ كَانَ إِثْمًا كَانَ أَبْعَدَ النَّاسِ مِنْهُ وَمَا انْتَقَمَ رَسُولُ اللَّهِ -صلى الله عليه و آله وسلم- لِنَفْسِهِ إِلاَّ أَنْ تُنْتَهَكَ حُرْمَةُ اللَّهِ تَعَالَى فَيَنْتَقِمَ لِلَّهِ بِهَا.

Ҳаргиз Расули Худо(с) миёни ду кор мухайяр нашуд, магар инки осонтари онро мегирифт, модоме ки гуноҳ намебуд. Агар гуноҳ мебуд, дуртарини мардум аз он мебуд ва ҳаргиз Паёмбар(с) барои худ дар ҳеҷ чизе интиқом нагирифт, магар инки ҳарими Худо поймол шуда бошад ва онгоҳ барои Худо интиқом мегирифт. (Саҳеҳи Бухорӣ, ҳадиси 3367)

Ва ҳамчунин Паёмбар(с) ба ёрони худ мефармуданд, ки:

يَسِّرُوا وَلَا تُعَسِّرُوا، وَ بَشِّرُوا وَلَا تُنَفِّرُوا

Осонгирӣ намуда ва сахтгирӣ накунед ва ба мардум мужда диҳед ва онҳоро гурезон накунед. (Саҳеҳи Бухорӣ, ҳадиси 69)

Анвои мудоро ва хушахлоқӣ

Мудоро ва хушахлоқӣ яке аз бартарин хислатҳои ахлоқӣ аст ва дар ҳар чизе ошкор шавад онро некӯ намуда ва зебояш мекунад. Паёмбари Ислом(с) мефармоянд:

إِنَّ الرِّفْقَ لاَ يَكُونُ فِى شَىْءٍ إِلاَّ زَانَهُ وَلاَ يُنْزَعُ مِنْ شَىْءٍ إِلاَّ شَانَهُ

Хушахлоқӣ ва нармрафторӣ дар ҳеҷ чизе намебошад, ҷуз инки онро зинат медиҳад ва аз ҳеҷ чизе ба дур намешавад, магар инки онро зишт месозад. (Саҳеҳи Муслим,ҳадиси 6767). Аз анвои мудоро, ки як мусалмон бояд худро ба он ороста намояд, мавориди зер мебошанд:

  1. Мудоро ва хушахлоқӣ бо мардум

 

Инсони мусалмон дар бархурди бо мардум аз тундӣ ва хушунат ва бадахлоқӣ парҳез мекунад. Паёмбар(с) аз бадахлоқӣ ва тундӣ дурӣ мекард. Худованди Мутаол мефармояд:

وَلَوْ كُنْتَ فَظًّا غَلِيظَ الْقَلْبِ لَانْفَضُّوا مِنْ حَوْلِكَ

  Ва агар бадхулқ ва сангдил будӣ, ҳатман аз атрофи ту пароканда мешуданд.” (Сураи Оли Имрон, ояти 159)

Ва дар ҳадисе омадааст:

أنَّ رَجُلاً قال لِلنَّبِّی- صلّی الله علیه وآله و سلّم -: «أَوْصِنِی»، قالَ: «لا تَغْضَبْ»، فَرَدَّدَ مِرَاراً، قال: لا تَغْضَبْ

  Марде назди Паёмбар(с) омад ва гуфт: Маро насиҳате намо. Он Ҳазрат(с) фармуданд: Хашмгин машав, он мард чандин бор хостаи худро такрор кард. Паёмбар(с) фармуданд: Хашмгин машав.(Саҳеҳи Бухорӣ, ҳадиси 5765)

Илова бар онки мусалмон хашмгин намешавад, балки дар ҳангоми хашм ва ғазаб дигаронро дашном намедиҳад ва носазогӯӣ намекунад, чаро, ки Паёмбари Акрам(с) мусалмононро аз ин амали зишт бар ҳазар дошта ва фармудаанд:

سِبَابُ الْمُسْلِمِ فُسُوقٌ، وَقِتَالُهُ كُفْرٌ

Дашном додани мусалмон фисқ ва ҷанги бо вай куфр аст. (Саҳеҳи Бухорӣ, ҳадиси 6665)

  1. Мудоро ва хушахлоқӣ бо зердастон

Паёмбари Худо(с) бо хидматкорон ва зердастони худ, бо мудоро ва хушахлоқӣ рафтор намуда ва супориш менамуданд, касе ки хидматкоре дорад аз ғизое, ки мехурад ба ӯ бидиҳад, аз либосе, ки худ мепӯшад бар ӯ бипӯшонад ва беш аз тавонаш коре аз ӯ нахоҳад ва агар чунин намуд, бояд ӯро кӯмак намояд. Он Ҳазрат(с) дар робита бо ҳуқуқи хидматкорон мефармуданд:

مَنْ لَطَمَ مَمْلُوكَهُ أَوْ ضَرَبَهُ فَكَفَّارَتُهُ أَنْ يُعْتِقَهُ

Касе ки бардаашро шаппотӣ зада ё ӯро шалоқ бизанад, каффорааш ин аст, ки ӯро озод намояд. (Саҳеҳи Муслим, ҳадиси 4388)

  1. Тарки озору азият ҳатто аз ҳайвонҳо

Дини Ислом осеб расондан ва азияту озори ҳайвонот ва ҳар ҷондори дигареро наҳй кардааст.

أَنَسِ بْنِ مَالِكٍ قَالَ دَخَلْتُ مَعَ جَدِّى أَنَسِ بْنِ مَالِكٍ دَارَ الْحَكَمِ بْنِ أَيُّوبَ فَإِذَا قَوْمٌ قَدْ نَصَبُوا دَجَاجَةً يَرْمُونَهَا فَقَالَ أَنَسٌ: نَهَى رَسُولُ اللَّهِ -صلى الله عليه و آله و سلم- أَنْ تُصْبَرَ الْبَهَائِمُ

 Анас ибни Молик(рз) аз конори мардуме мегузашт, ки хурусеро ба унвони ҳадаф дар баробари худ қарор дода ва ба сӯи он санг меандохтанд. Анас гуфт: Паёмбар(с) аз азоб додани ҳайвонот наҳй фармудааст, яъне аз инки онро баста ва мабҳус дошта ва ба озору азияташ бипардозанд ё ҳадафи тир қарор диҳанд, то бимирад. (Саҳеҳи Муслим, ҳадиси 5169)

Ва низ Паёмбар аз бо азоб куштани  мавҷудот наҳй карда аст.

نَهَى النَّبِىُّ -صلى الله عليه و آله و سلم- أَنْ يُقْتَلَ شَىْءٌ مِنَ الدَّوَابِ صَبْرًا

Паёмбар(с) аз бо сахтӣ куштани  мавҷудоти зинда наҳй мефармуданд.  (Саҳеҳи Муслим, ҳадиси 5175)

 

Ва боз дар ҷои дигар, Паёмбари Худо(с) забҳи ҳайвон бо корди тезро, ки сабаби дард кашидани ҳайвон нашавад, ҷузъи  нармрафторӣ бо ҳайвонот дониста фармудаанд:

إِنَّ اللَّهَ عَزَّ وَجَلَّ كَتَبَ الْإِحْسَانَ عَلَى كُلِّ شَيْءٍ، فَإِذَا قَتَلْتُمْ فَأَحْسِنُوا الْقِتْلَةَ، وَإِذَا ذَبَحْتُمْ فَأَحْسِنُوا الذَّبْحَ، وَلْيُحِدَّ أَحَدُكُمْ شَفْرَتَهُ وَلْيُرِحْ ذَبِيحَتَهُ

Ба дурустӣ, ки Худованд эҳсон ва некиро бар ҳар чизе воҷиб намудааст, пас чун куштед (дар ҷанг), некӯ бикушед ва чун ҳайвонеро забҳ намудед, некӯ забҳ кунед, бояд, ки яке аз шумо теғи худро (корд)-ро тез кунад ва забиҳаи худро роҳат намояд. (Саҳеҳи Муслим, ҳадиси 5167)

Аз Расули Худо савол шуд:

قَالُوا يَا رَسُولَ اللَّهِ! وَإِنَّ لَنَا فِى هَذِهِ الْبَهَائِمِ لأَجْرًا؟ فَقَالَ فِى كُلِّ كَبِدٍ رَطْبَةٍ أَجْرٌ

Гуфтанд  ё Расулаллоҳ(с)! Худованд барои некӣ ба ҳайвонот ҳам ба мо подош медиҳад? Расули Худо(с) фармуданд: Некӣ кардан ба ҳар мавҷуди зиндае, савоб дорад. (Саҳеҳи Бухорӣ, ҳадиси 5663)

Фазилати мудоро ва хушахлоқӣ

Паёмбари Ислом(с) бар мудоро ва хушахлоқӣ бисёр таъкид намуда ва мефармуданд:

إِنَّ اللَّهَ رَفِيقٌ يُحِبُّ الرِّفْقَ وَيُعْطِى عَلَى الرِّفْقِ مَا لاَ يُعْطِى عَلَى الْعُنْفِ وَمَا لاَ يُعْطِى عَلَى مَا سِوَاهُ

Ба дурусти, ки Худованд нармрафтор буда ва нармишро дӯст медорад ва дар баробари нарм рафторӣ савобе медиҳад, ки ба бадрафторӣ ва дигар корҳо намедиҳад. (Саҳеҳи Муслим, ҳадиси 6766).

Ва низ тибқи аҳодиси ворида инсони мусалмон ба иллати мудоро ва хушахлоқӣ аз оташи дӯзах дур гашта ва аҳли биҳишт мешавад, Паёмбари Акрам(с) фармудааст:

أَلَا أُخْبِرُكُمْ بِمَنْ يَحْرُمُ عَلَى النَّارِ؟ أَوْ بِمَنْ تَحْرُمُ عَلَيْهِ النَّارُ؟ عَلَى كُلِّ قَرِيبٍ هَيِّنٍ لَيِّنٍ سَهْلٍ

Оё шуморо бо хабар насозам аз касе, ки бар дӯзах ҳаром аст? Ё инки дӯзах бар вай ҳаром аст? Баъд Паёмбар(с) фармуданд, дӯзах, бар ҳар шахси наздик (унспазир), мулоим, хушахлоқ ва осонгир ҳаром аст!

Агар инсон бо мардум хушахлоқ ва бо мудоро бошад, Худованди Субҳон низ дар рӯзи қиёмат бо ӯ ба нармӣ ва мудоро рафтор менамояд. Ва аз дуоҳои Паёмбар(с) ин буд, ки

اللَّهُمَّ مَنْ وَلِىَ مِنْ أَمْرِ أُمَّتِى شَيْئًا فَشَقَّ عَلَيْهِمْ فَاشْقُقْ عَلَيْهِ وَمَنْ وَلِىَ مِنْ أَمْرِ أُمَّتِى شَيْئًا فَرَفَقَ بِهِمْ فَارْفُقْ بِهِ

Парвардигоро! ҳар кас уҳдадори амре аз умури уммати ман шуд ва бар онҳо сахт гирифт, ту низ бар вай сахт бигир ва ҳар ки сарпарасти амре аз умури уммати ман шуд ва бо онҳо ба нармӣ ва бо мулойимат рафтор кард, ту низ бо нармӣ ва мулойимат бо ӯ рафтор кун.(Саҳеҳи Муслим, ҳадиси 4826).

Бинобар ин дини Ислом, ҳамеша пайравони худро ба мудоро ва хушахлоқӣ дар рафтори бо дигарон даъват намуда ва онҳоро аз дуруштӣ ва бадахлоқӣ боз медорад чаро, ки мудоро ва хушахлоқӣ аз боризтарин сифоте аст, ки дар муоширатҳои иҷтимоӣ боиси нуфузи муҳаббат шуда ва дар таъсири сухан асари бисёре дошта ва боиси наҷоти аз ҷаҳаннам мешавад.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед