Мазаммати риёкорӣ ва худнамоӣ

0
389

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Мазаммати риёкорӣ ва худнамоӣ дар Қуръон ва ривоёт ва роҳи дармони он

Муқаддима
“Риё” аз моддаи “раъй” ба маънои он аст, ки шахс кореро ба ангезаи ҷалби таваҷҷӯҳи мардум анҷом диҳад. Ҳамчунин  низ ба маънои худнамоӣ ва нишон додан ба дигарон гуфта шудааст.  Дар истилоҳ низ наздик ба маънои луғавӣ таъриф шудааст, ки инсон кори хубе анҷом диҳад ва қасдаш тазоҳур ва нишон додан ба мардум бошад, на барои Худо, хоҳ ин кор воҷибӣ бошад, монанди намоз хондан, рӯза гирифтан ва хоҳ ғайри воҷибӣ бошад монанд ба дигарон некӣ кардан   ва садақа ба фақирон додан.
Шахси риёкор дар ҳузури мардум барои корҳои нек шоду шитобон буда, вале дар танҳои беҳол ва ғамгин аст ва чунон чи аз ӯ таърифу тамҷид кунанд, саъй ва талош кунад ва агар аз ӯ бад бигӯянд, кам корӣ менамояд, ки тамоми инҳо нишонаҳои шахси риёкор аст. Ҳазрати Алӣ(кр) низ дар ривояте ба он ишора карда  мефармоянд:

ثَلَاثُ عَلَامَاتٍ لِلْمُرَائِي: يَنْشَطُ إِذَا رَأَی النَّاسَ وَ يَكْسَلُ إِذَا كَانَ وَحْدَهُ و َيُحِبُّ أَنْ يُحْمَدَ فِي جَمِيعِ أُمُورِه
“Риёкор се нишона дорад: дар назди мардум хушҳол ва бо нишот менамояд ва дар танҳоӣ беҳолу  ғамгин ва дӯст медорад, ки мардум тамоми корҳои ӯро таърифу тамҷид кунанд.” (Мизонулҳикма, боби риё, саҳ 20 )

Риёкорон чӣ касоне ҳастанд

  1. Касоне, ки имон ба Худо ва рӯзи қиёмат надоранд
    Осонтарин роҳ барои шинохтани инсонҳои риёкор аз инсонҳои холис ин муроҷиъат ба Қуръони Карим мебошад, чаро ки Қуръон яке мелокҳое аст, ки ҳама бе ҳеҷ баҳонаҷуӣ гуфтаҳои Худоро кабул доранд. Худованд мефармояд:

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُواْ لاَتُبْطِلُواْ صَدَقَاتِكُم بِالْمَنِّ وَالأذَى كَالَّذِي يُنفِقُ مَالَهُ رِئَاء النَّاسِ وَلاَ يُؤْمِنُ بِاللّهِ وَالْيَوْمِ الآخِرِ
“Эй мӯъминон садақот ва кӯмакҳои худро бо миннат ва озор ботил масозед монанди касе, ки молашро барои худнмоӣ инфоқ мекунад ва дар дил ба Худо ва рӯзи растохез имон надорад”(Сураи Бақара, ояти 264)

Худованд касонеро, ки садақа медиҳанд ва ба думболаш миннат мегузоранд ва азият мекунанд ташбеҳ ба афроди риёкори бе имон карда, ки садақоташон ботил ва бе аҷр аст. Яъне амали шахси риёкор аз сароғоз амалаш ботил аст, зеро чунин шахсе ё аслан имон ба Худо ва рӯзи қиёмат надорад ва ё ин ки ба Худо ва рӯзи ҷазо имон дорад, аммо решаҳои  имонии ӯ заъиф ва суст аст, ки вақте кори некеро хост анҷом диҳад, ризояти мардумро аз ризояти Худо боло медонад ва дар натиҷа   аз ӯ ҳеҷ кори некаш дар даргоҳи илоҳӣ  пазируфта намешавад.

  1. Мунофиқон
    Сифати пасти риёкорӣ ба таври маъмул дар инсонҳои мунофиқ дида мешавад, чаро ки ҳувияти инсони мунофиқ сифатҳои нописандро дар худаш қарор медиҳад. Худованд мефармояд:

إِنَّ الْمُنَافِقِينَ يُخَادِعُونَ اللَّهَ وَهُوَ خَادِعُهُمْ وَإِذَا قَامُوا إِلَى الصَّلَاةِ قَامُوا كُسَالَى يُرَاءُونَ النَّاسَ وَلَا يَذْكُرُونَ اللَّهَ إِلَّا قَلِيلًا
“Ҳамоно мунофиқон бо Худо найранг меварзанд; ва Ӯ [дарпосухи найрангашон] тадбир мекунад. Ҳангомеки ба намоз бархезанд, бо сустӣ бармехезанд, дар ҳоле ки бо мардум риёкорӣ мекунанд  ва Худоро ҷуз андаке ёд намекунанд.” (Сураи Нисо, ояти 142)

Риёкорӣ ҷузви сифоти мунофиқон аст ва инсони мусалмон то ҷое, ки мумкин аст бояд аз он дӯрӣ намояд ва қалб ва нияти дарунии худро пайваста барои Худованд пок ва холис нигоҳ дорад. Расули  Акрам(с) фармудаанд:

إِنَّ اللَّهَ لاَ يَنْظُرُ إِلَى أَجْسَادِكُمْ وَلاَ إِلَى صُوَرِكُمْ وَلَكِنْ يَنْظُرُ إِلَى قُلُوبِكُمْ
“Ҳамоно Худованд ба  баданҳо ва симои  шумо наменигарад, балки ба дилҳо (ва аъмоли) шумо менигарад.” (Саҳеҳи Муслим, ҳадиси 6707)

  1. Такзиб кунандагони рӯзи ҷазо
    Аз нишонаҳои инсонҳои риёкор ин аст, ки эшон дар ниҳоят рӯзи қиёмат ва саволу ҷавоби онро инкор мекунанд. Худованд мефармояд:

أَرَأَيْتَ الَّذِي يُكَذِّبُ بِالدِّينِ * فَذَلِكَ الَّذِي يَدُعُّ الْيَتِيمَ * وَلَا يَحُضُّ عَلَى طَعَامِ الْمِسْكِينِ * فَوَيْلٌ لِلْمُصَلِّينَ * الَّذِينَ هُمْ عَنْ صَلَاتِهِمْ سَاهُونَ * الَّذِينَ هُمْ يُرَاءُونَ
“Оё дидӣ касеро, ки [рӯзи] ҷазоро такзиб мекунад? Пас, ӯ ҳамон касест, ки ятимро ба дуруштӣ меронад  ва бар таом додани бенаво тарғиб намекунад. Пас, вой бар намозгузорон.  Ҳамонҳое ки онҳо аз намозашон ғофиланд; Касоне, ки худ риёкорӣ мекунанд” (Сураи Моун, оёти 1 – 6)

  1. Ҳамнишинони шайтон
    Саранҷоми кори риёкорон дустӣ ва ҳамнишинӣ бо шайтон ва инсонҳои шайтонсифат хоҳад буд. Онҳо на ба Худо имон доранд ва на ба рӯзи қиёмат. Худованд мефармояд:

وَالَّذِينَ يُنفِقُونَ أَمْوَالَهُمْ رِئَـاء النَّاسِ وَلاَ يُؤْمِنُونَ بِاللّهِ وَلاَ بِالْيَوْمِ الآخِرِ وَمَن يَكُنِ الشَّيْطَانُ لَهُ قَرِينًا فَسَاء قِرِينًا
“Ва касоне, ки амволи худро барои нишон додан ба мардум, инфоқ мекунанд ва ба Худо ва рӯзи қиёмат имон надоранд; (чаро, ки шайтон рафиқ ва ҳамнишини онҳост) ва ҳар кас, ки шайтон ҳамнишини ӯ бошад, пас, [бидонад, ки] бад ҳамнишине аст.” (Сураи Нисо, ояти 38)

Риёкорӣ ва худ намоӣ ширк аст
Мусалмон риё намеварзад; Зеро, ки риё шарик қарор додани ба Худованди Таоло аст. Паёмбари бузургвори Ислом(с) мефармоянд:

إِنَّ أَخْوَفَ مَا أَتَخَوَّفُ عَلَى أُمَّتِي الإِشْرَاكُ بِاللَّهِ ، أَمَا إِنِّي لَسْتُ أَقُولُ يَعْبُدُونَ شَمْسًا وَلا قَمَرًا وَلا وَثَنًا ، وَلَكِنْ أَعْمَالا لِغَيْرِ اللَّهِ ، وَشَهْوَةً خَفِيَّةً
“Бештарин тарс ва нигаронии ман барои уматам танҳо ширки ба Худост, манзури ман ин нест, кӣ: онҳо хуршед ё моҳ ва ё бут хоҳанд парастид, балки корҳоеро ба хотири ғайр Худо анҷом медиҳанд ва ишон шаҳвати пинҳон дар ботинашон доранд.” (Сунани ибни Моҷа, ҳадиси 4205)

Ва дар ҳадиси дигаре ҳазарт фармуданд:

إِنَّ أَخْوَفَ مَا أَخَافُ عَلَيْكُمُ الشِّرْكُ الأَصْغَرُ قَالُوا: وَمَا الشِّرْكُ الأَصْغَرُ يَا رَسُولَ اللهِ؟ قَالَ:الرِّيَاءُ، يَقُولُ اللَّهُ عَزَّ وَجَلَّ لَهُمْ يَوْمَ الْقِيَامَةِ إِذَا جُزِيَ النَّاسُ بِأَعْمَالِهِمْ: اذْهَبُوا إلى الَّذِينَ كُنْتُمْ تُرَاؤُونَ فِي الدُّنْيَا فَانْظُرُوا هَلْ تَجِدُونَ عِنْدَهُمْ جَزَاءً
“Бештарин тарси ман дар бораи шумо ширки кӯчак аст. Гуфтанд: ё Расулаллоҳ, ширки кӯчак чист? Он ҳазрат фармуданд: Риё! Худованди Азза ва Ҷалла дар рӯзи қиёмат ва ҳангоми ҷазо ва подош додан дар баробари аъмоли мардум мефармояд: Биравед назди онон, ки дар дунё барои онон риё меварзидед; Бубинед оё подошатонро назди онон меёбед?” (ҳамон адрес)

Ба ин тартиб фарди риёкор подоше дар баробари коре, ки мекунад аз даргоҳи Худо дарёфт наменамояд; Чун ҳадафи ӯ аз он амал касби хушнудии мардуму  мадҳу  ситоиши онон ва даст ёфтан ба мақому манзалат дар байни дигарон будааст ва чизе дар қиёмат ба унвони подош нахоҳад дошт.

Риё  ибодатҳоро ботил ва маҳв мекунад
Вақте инсон ибодатеро бидуни ихлос ба ҷой меоварад, дар муқобили он ҳеҷ гуна аҷр ва подошеро дарёфт намекунад ва дар иваз муртакиби гуноҳ ва мустаҳаққи кайфар низ мегарданд. Чаро, ки онро холис ва пок барои Парвардгори ҷаҳониён ба ҷой наовардааст. Худованди Мутаол мефармояд:

فَوَيْلٌ لِلْمُصَلِّينَ * الَّذِينَ هُمْ عَنْ صَلَاتِهِمْ سَاهُونَ * الَّذِينَ هُمْ يُرَاءُونَ * وَيَمْنَعُونَ الْمَاعُونَ
“Пас, вой бар намозгузорон  ҳамонҳое, ки онҳо аз намозашон ғофиланд; Касоне, ки худ риёкорӣ мекунанд ва ниёзҳо[-и дигарон]-ро манъ мекунанд”(Сураи Моун,оёти 4- 7)

Касоне, ки садақа ва хайрот медиҳанд ва ба хотири ин гуна корҳояшон миннат ниҳода ва онро холис барои Худованд анҷом намедиҳанд, дар баробари садақоти хеш аҷре аз ҷониби Худованд дарёфт наменамоянд, Худованди Мутаол, ҳатто ибодати риёкоронро барояшон беҳуда ва бефойда дониста ва мефармояд:

وَقَدِمْنَا إِلَى مَا عَمِلُوا مِنْ عَمَلٍ فَجَعَلْنَاهُ هَبَاءً مَنْثُورًا
“Ва ба сӯи ҳар амале ки анҷом доданд, меравем; пас, онро ғубори пароканда мегардонем.” (Сураи Фурқон, ояти 23)

Дармони бемории риё ва риёкорӣ
Ҳоло ки бо осори бади фардӣ ва иҷтимоии риё ошно шудем, лозим аст дар мавриди дармони он низ ошноӣ пайдо кунем, то битавонем худро аз ин сифати зишт дур нигоҳ дорем ва гирифтори он нашавем.
Ҳамонтавр, ки баён гардид сабаби асосии риё ва риёкорӣ он аст, ки инсон ҳамеша дӯст дорад аз лаззати ситоиш бархурдор шавад ва аз ранҷи накӯҳиш дар амон бошад ва ба ҳамин хотир худнамоӣ мекунад.Бархе аз уламои ахлоқ муътақиданд, ки илоҷи ин беморӣ он аст, ки инсон ба зарарҳои он маърифат пайдо кунад ва бидонад, ки хусрони дунё ва охиратро дар пай дорад. Инсон агар бидонад, ки то Худо нахоҳад мазаммати дигарон ба ҳоли ӯ зараре нахоҳад дошт ва ниёзе ба мадҳи дигарон ҳам надорад, қатъан танҳо барои ризои Худо амал хоҳад кард ва на барои  хушоянди мардум, чаро ки ин Худост, ки ҳар киро бихоҳад иззат мебахшад ва ҳар киро бихоҳад хор месозад. Худованд мефармояд:

قُلِ اللَّهُمَّ مالِكَ الْمُلْكِ تُؤْتِي الْمُلْكَ مَنْ تَشاءُ وَ تَنْزِعُ الْمُلْكَ مِمَّنْ تَشاءُ وَ تُعِزُّ مَنْ تَشاءُ وَ تُذِلُّ مَنْ تَشاءُ بِيَدِكَ الْخَيْرُ إِنَّكَ عَلى‏ كُلِّ شَيْ‏ءٍ قَديرٌ
“Бигӯ: Худоё! [Эй] соҳиби фармонравоӣ! Ба ҳар касеро, ки бихоҳӣ фармонравоӣ медиҳӣ ва аз ҳар кас бихоҳӣ фармонравоиро меситонӣ ва ҳар киро, ки бихоҳӣ иззат мебахшӣ ва ҳар киро бихоҳӣ хор месозӣ; тамоми некӣ ба дасти Туст. Қатъан Ту бар ҳар чизе тавоноӣ.” (Сураи Оли Имрон, ояти 26)

Агар нияти инсон холис барои Худо  набошад ҳамаи ибодот ва корҳои неке, ки барои хушоянди дигарон анҷом дода, зойеъ ва табоҳ мегардад ва лизо инсон бояд решаи риёро дар худ бихушконад. Уламои ахлоқ бар онанд, ки пӯшида доштани ибодат ва дар воқеъ масдуд кардани дарҳо барои риё, ва одат додани нафс ба садоқат ва амали холисона ба дӯр аз тазоҳур, доруии муфиде барои ин беморӣ аст, гарчи дар ибтидо душвор ва сахт аст,  аммо агар муддате ба ин сахтӣ сабр кунад ба тадриҷ бар ӯ осон шуда ва хислати бади риёкорӣ аз ӯ дур хоҳад шуд.
Пас метавон натиҷа гирифт, ки риё ва риёкорӣ инсонро ба партгоҳи ҷаҳаннам кашонда ва сабаби нобудии аъмол ва расвоӣ дар дунё ва охират, ҳамнишинӣ бо шайтон ва такзиби рӯзи қиёмат хоҳад шуд ва яке аз сифатҳои ошкори риёкор ин аст, ки дар назди мардум сариҳол ва бо нишот аст ва дар танҳоӣ сусту беҳол ва дӯст медорад, ки мардум тамоми корҳои ӯро таърифу тамҷид кунанд. Беҳтарин роҳи дармони ин беморӣ ошноӣ бо осебҳо ва табаоти  он аст, ки инсон бояд бо хабар бошад ва бидонад, ки риёкорӣ ва худнамоӣ хусрони дунё ва охиратро дар пай хоҳад дошт.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед