Мазаммати худхоҳӣ ва нажодпарастӣ

0
113

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Мазаммати худхоҳӣ ва нажодпарастӣ

Муқаддима                                              

يَٰٓأَيُّهَا ٱلنَّاسُ إِنَّا خَلَقۡنَٰكُم مِّن ذَكَر وَأُنثَىٰ وَجَعَلۡنَٰكُمۡ شُعُوبا وَقَبَآئِلَ لِتَعَارَفُوٓاْۚ إِنَّ أَكۡرَمَكُمۡ عِندَ ٱللَّهِ أَتۡقَىٰكُمۡۚ إِنَّ ٱللَّهَ عَلِيمٌ خَبِير

“Эй мардум! Ҳамоно Мо шуморо аз мард ва зане офаридем ва шуморо миллатҳо ва қабилаҳо қарор додем, то якдигарро бишносед; қатъан гиромитарини шумо назди Худо парҳезгортарини шумост; Ҳамоно Худованд донои огоҳ аст.” (Сураи Ҳуҷурот, ояти 13)

Дар ин ояти карима Худованди Мутаол мефармояд; Эй инсонҳо бидонед нажод ва қавм ва забон мояи эътибор ва ифтихор нест. Балки барои он аст, ки ҳар инсоне бо тафовут ва вежагиҳои хосси дарунӣ ва берунӣ аз дигари мушаххас шавад ва дар пайкараи ҷомеаи инсонӣ нақши ҷудогона дошта бошад. Ҳамаи инсонҳо авлоди як мард ва зан яъне, Одам ва Ҳаво(а) мебошанд ва тамоми башар чӣ араб ё аҷам, аврупоӣ ва амрикоӣ ва ё аз ҳар кишвару қавме, ки бошанд насаби ҳамаи онҳо ба Одам ва Ҳаво(а) бар мегардад, пас бартарӣ ба қавм, нажод ва забон ва қабила нест.

  Дар дини муқаддаси Ислом, ингуна масоил аҳаммияте надорад, балки ончи дар назди Худованди Мутаол дорои аҳаммият мебошад, тақво ва парҳезгорӣ аст ва рангу забон ва қавм фақат барои шинохт ва шиносоӣ байни инсонҳо асту бас.

Гиромитарини инсонҳо дар назди Худо

Дар ин оят, Худованди Мутаол барои ҳамаи инсонҳо се асли бисёр муҳим ва асосиро баён фармудааст.

Аввал инки; Асли ҳамаи шумо яке ва аз як падар ва модар аст.

Дуввум инки; Бо вуҷуди инки асли ҳамаи шумо яке аст, ҳикмати Худо ин будааст, ки шуморо ба нажодҳо ва қабилаҳои мухталиф тақсим намояд. Чун ҳамаи инсонҳои рӯи замин наметавонистанд як хонавода ва қабила ташкил бидиҳанд. Истимрори насли башар ва ба вуҷуд омадани хонаводаҳои фаровон тақозо менамуд, ки аз он қабилаҳо ва ақвом ба вуҷуд ояд ва тафовути ранг ва чеҳра ва фарҳангҳои мухталифро низ Худованди Мутаол аз нишонаҳои қудрати худаш қарор додааст.

وَمِنۡ ءَايَٰتِهِۦ خَلۡقُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَٱخۡتِلَٰفُ أَلۡسِنَتِكُمۡ وَأَلۡوَٰنِكُمۡۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَٰت لِّلۡعَٰلِمِينَ

“Ва аз нишонаҳои Ӯ офариниши осмонҳо ва замин ва гуногунии забонҳои шумо ва рангҳои шумост. Ҳамоно дар ин нишонаҳоест барои доноён.” (Сураи Рум, ояти 22)

Севвум инки; Агар асосе барои бартарии инсоне бар инсони дигар вуҷуд дошта бошад ва ончи воқеан касеро бар дигарон фазилат медиҳад, ин аст, ки он инсон беш аз дигарон ба Худованди Мутаол наздик бошад. Аз бадиҳо иҷтиноб намояд ва роҳи покӣ ва некиро дар пеш гирад, инчунин инсоне агар аз ҳар нажоду қавм ва кишваре бошад, ба хотири ин фазоил дар назди Худованд арҷманд ва гиромӣ аст.

Паёмбари Акрам(с) дар замони фатҳи Макка, пас аз тавофи Каъба фармуданд:

يَاأَيُّهَا النَّاسُ، إِنَّ اللَّهَ قَدْ أَذْهَبَ عَنْكُمْ عُبِّيَّةَ الجَاهِلِيَّةِ وَتَعَاظُمَهَا بِآبَائِهَا، فَالنَّاسُ رَجُلَانِ: بَرٌّ تَقِيٌّ كَرِيمٌ عَلَى اللَّهِ، وَفَاجِرٌ شَقِيٌّ هَيِّنٌ عَلَى اللَّهِ، وَالنَّاسُ بَنُو آدَمَ، وَخَلَقَ اللَّهُ آدَمَ مِنْ تُرَابٍ 

«Эй инсонҳо! Худованди Мутаол, айби такаббур ва ҷоҳилият ва нозидан ба падаронатонро аз шумо дӯр кард. Огоҳ бошед! ҳамаи инсонҳо ду дастаанд; Дастаи солеҳ ва парҳезгор, ки дар пешгоҳи Худованд обрӯманд аст, ва дигарӣ фоҷир ва шақӣ, ки дар назди Худованд хор ва залил ва паст аст, ҳамаи инсонҳо фарзанди Одаманд ва Худованд одамро аз хок офаридааст». (Сунани Тирмизӣ, ҳадиси 4336, боби 75 фазоили Шом ва Яман)

Ва ҳамчунин  Паёмбари Акрам(с), низ дар Ҳаҷҷатул-видоъ дар хутбае фармуданд:

يَا أَيُّهَا النَّاسُ، إِنَّ رَبَّكُمْ وَاحِدٌ، وَإِنَّ أَبَاكُمْ وَاحِدٌ، أَلَا لَا فَضْلَ لِعَرَبِيٍّ عَلَى عَجَمِيٍّ، وَلَا لِعَجَمِيٍّ عَلَى عَرَبِيٍّ، وَلَا لِأَحْمَرَ عَلَى أَسْوَدَ، وَلَا أَسْوَدَ عَلَى أَحْمَرَ، إِلَّا بِالتَّقْوَى، إِنَّ أَكْرَمَكُمْ عِنْدَ اللهِ أَتْقَاكُمْ

«Эй мардум! огоҳ бошед, ки Парвардигори шумо яке аст, ҳеҷ арабе бар аҷам ва ҳеҷ аҷаме бар араб ва ҳеҷ сафеде бар сиёҳ ва ҳеҷ сиёҳе бар сафед, бартарӣ надорад, магар бо тақво, гиромитарини шумо назди Худованд парҳезгортарини шумост». (Шаъбул имон, ҳадиси 5137)

Ва дарҷои дигаре фармудаанд: Худованди Мутаол дар рӯзи қиёмат дар бораи ҳасаб ва насаби шумо нахоҳад пурсид, гиромитарини шумо назди Худованд касе аст, ки парҳезгортарини шумо бошад.

Ва дар ҳадиси дигаре Расули Худо(с) фармудаанд:

إِنَّ اللهَ لَا يَنْظُرُ إِلَى أَجْسَادِكُمْ، وَلَا إِلَى صُوَرِكُمْ، وَلَكِنْ يَنْظُرُ إِلَى قُلُوبِكُمْ

“Худованд ба шакл ва сурати шумо наменигарад балки ба дилҳо ва аъмолатон менигард”. (Саҳеҳи Муслим, боби ҳаромбудани зулми мусалмон, ҳадиси 34)

Ислом танҳо дине аст, ки инчунин қонуни бародарӣ ва мусовотро дар байни инсонҳо вазъ намуда ва амалан татбиқ кардааст. Дар ҷомеаи исломӣ ҷое барои табъиз бар асоси ранг ва нажод ва забон ва ватан ва қавмият вуҷуд надорад. Чомеае, ки дар он ҳеҷ боло ва поин ва тафриқа ва таассубе қобили тасаввур нест. Ҷомеае, ки дар он ҳамаи ҳуқуқ баробарӣ доранд ва сарфи назар аз ихтилофот дар нажоду қавм ва ранг, ҳама метавонанд ба узвияти он дароянд. Ҳатто душманони Ислом эътироф кардаанд, ки асли ваҳдат ва бародарӣ ва мусовоте, ки дар ҷомеаи исломӣ вуҷуд дорад, дар ҳеҷ дин ва низоме дар ҷаҳон ёфт намешавад. Ислом уммате аз нажодҳои мухталиф ташкил дод, ки дар он мелоки бартарӣ ва фазилат фақат дар имони ба Худо ва тақво ва парҳезгорӣ аст.

Бояд бидонем, ки сарчашмаи таассуби беҷо ва аъмоли ношоист, такаббур ва худхоҳӣ мебошад ва ҳамин такаббур ва худхоҳӣ аст, ки сабаб мешавад инсон дигаронро паст ва ҳақир бишуморад. Такаббур дар муқобили Худо ва Паёмбараш, куфр аст ва инсонро аз раҳмати Худо ва неъматҳои охират маҳрум менамояд. Худованди Мутаол мефармояд:

تِلۡكَ ٱلدَّارُ ٱلۡأٓخِرَةُ نَجۡعَلُهَا لِلَّذِينَ لَا يُرِيدُونَ عُلُوّٗا فِي ٱلۡأَرۡضِ وَلَا فَسَادٗاۚ وَٱلۡعَٰقِبَةُ لِلۡمُتَّقِينَ 

“Он сарои охират аст, ки онро барои касоне қарор медиҳем, ки ҳеҷ бартарӣ ва фасодеро дар замин намехоҳанд; ва оқибат[-и нек] барои парҳезгорон аст.” (Сураи Қасас, ояти 83)

Бале! оқибат аз они парҳезгороне аст, ки дилҳояшон аз олудгиҳои мақомталабӣ ва шӯҳратталабӣ ва бузургбинӣ ва табаҳкорӣ, пок аст.

Аз ҳазрати Абдуллоҳ ибни Масъуд ривоят шудааст, ки Расули Худо(с) фармуданд:

لَا يَدْخُلُ الْجَنَّةَ مَنْ كَانَ فِي قَلْبِهِ مِثْقَالُ ذَرَّةٍ مِنْ كِبْرٍ

“Онки дар дилаш заррае аз кибр бошад ба биҳишт дохил намешавад”. (Саҳеҳи Муслим, боби ҳаром будани кибр, ҳадиси 149)

Мусовот ва баробарӣ

Ислом ба мусовот ва баробарӣ таъкид менамояд ва дар ҷомеаи мусалмонон чизе ба номи низоми табақотӣ вуҷуд надорад. Дар ҳуқуқ ва воҷибот ҳама бо ҳам баробаранд ва ҳеҷ касе бар дигари бартарӣ ва фазилате надорад. Танҳо мадори фазл ва фазилат назди Худованд аст ва он ҳам бо тақво ва парҳезгорӣ! Ҳар шахсе, ки Худованди Мутаолро бештар аз дигарон ибодат намуд ва бо ҷиҳоди дар роҳи ӯ аз ҷон ва моли хеш гузашт, ҳамон шахс дар назди Худованди Мутаол гиромӣ ва бузургвор мебошад ва агар касе ба ин аъмоли хуб ва шоиста амал намояд, дар ҷомеаи башарӣ ҳеҷ бартарӣ бар дигарон надорад ва набояд интизор дошта бошад мардум барои ӯ эҳтиром ва тақаддус ва ҷойгоҳи хоссе дар назар бигиранд ва ё бо чашми дигар ба ӯ бингаранд, зеро вай ин аъмолро ба хотири касби ризояти Худо анҷом додааст, на инки худро болотар аз дигарон бишуморад.

Агар ба таърихи дурахшони Ислом назаре андозем мебинем, ки Исломи азиз дар аввалин рӯзгораш; Саҳиби Румӣ, Билоли Ҳабашӣ, Салмони Форсӣ ва Абубакри Арабии Қурайшӣ(рз)-ро зери як парчами (Ло илоҳа иллаллоҳ, Муҳаммад расулаллоҳ), дар оғӯш кашид, табъиз ва таассуби қавм, нажод, ранг, ватан, қабила ва ғайраро, поён бахшид ва офтоби Ислом дар ҳар русто, шаҳр, қабила ва хона дурахшид ва ба ҳамин хотир Паёмбари Акрам(с) фармуданд:

مَنْ قَاتَلَ تَحْتَ رَايَةٍ عِمِّيَّةٍ، يَدْعُو إِلَى عَصَبِيَّةٍ، أَوْ يَغْضَبُ لِعَصَبِيَّةٍ، فَقِتْلَتُهُ جَاهِلِيَّةٌ

“Ҳар касе зери парчами бо ҳувияяти хокистарӣ ва ғайри равшан, ки ба таассуб ва қавмгароӣ даъват мекунад, ё барои қавм ва қабилае хашм мегирад, биҷангад, ҷангаш бар пояи мафоҳими ҷоҳилона аст ва ҳеҷ арзише надорад ва агар дар ин роҳ ҷонашро аз даст диҳад, дар пешгоҳи Худо бидуни ҳаргуна арзише аст!” (Шаъбул имон, Абубакр Аҳмад ибни Ҳусейн ибни Алии Байҳақӣ, чопи аввал 1410, ҳадиси 7495)

Ба иборати дигар, Ҳар кас барои таассуботи қавмӣ ва забонӣ биҷангад ва ё ба сӯи ин табъизи нажодӣ даъват намояд ва дар он ҳолат бимирад, аз уматти Муҳаммад(с) нест.

Ингуна буд, ки тасаввури нажодпарастӣ ва қавмгароӣ ва забонпарастӣ бо тамоми ақсом ва анвоаш сарнагун шуда ва аз ҷомеаи исломӣ фурӯ рехт ва аз ҳам пошид ва аз ҳамон замон, ватани мусалмон танҳо сарзамине, ки ӯ дар он зиндагӣ мекунад набуда, балки дар ҳар сарзамине, ки метавонад аҳкоми дини худро амалӣ намояд ва дар ҳар ҷое, ки бошад, хоҳ дар шарқ ё дар ғарби ҷаҳон ҳамонҷо ватан ва сарзамини ӯст.

Натиҷа

Бинобр ин, дар дини мубини Ислом, қавмгароӣ ва нажодпарастӣ бисёр мазаммат шуда ва мусалмононро аз он нҳай намудааст ва яке аз осебҳое аст, ки ҳамвора ҷавомеи мухталиф ба он дучор буда ва аз дербоз дар ҷавомеи гуногун, матраҳ будааст ва дар тӯли таърихи башар, муъзали худхоҳӣ ва нажодпарастӣ, сарчашмаи бисёре аз ҷангҳо ва хунрезиҳо буда ва  яке аз авомили муҳимми ақабмондагии бархе ҷавомеъ ва низ рушд накардан ва парвариш наёфтани истеъдодҳое аст, ки ба далели вуҷуди табъиз ва нажодпарастӣ, фурсати шукуфоӣ барои онҳо фароҳам намешавад.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед