Исор ва гузашт аз нигоҳи Қуръон ва ҳадис2

0
87

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Исор ва гузашт

Қисми дуввум

Исор дар аҳодис

Паёмбари Исолм(с) мефармояд:

أيما امرئ اشتهى شهوة فرد شهوته وآثره على نفسه غفر له

 “Ҳар кас ҳавас кунад, ки  ҳаваси хешро канор  бизанад ва дигаронро  бар худ муқаддам дорад, Худованд гуноҳони ӯро мебахшад” (Таърихи Димишқӣ, 31/142/6495)

 Аҳаммият ва арзиши исор

Исор аз барҷастатарин фазоил ва арзишҳои инсонӣ аст, ки дар Қуръони Карим ва аҳодиси набавӣ аз он сутуда шудааст. Инсон бо исору фидокорӣ бо молу сарвате, ки дар ихтиёр дорад, метавонад ниёзҳои ҷомеаро бартараф созад ва мояи ифтихор ва оромиши худ ва дигарон шавад. Ин бузургтарин хидмат аст ки, як нафар бо хоҳиш ва майли худ гиреҳ аз мушкилоти як ҷомеаро боз кунад. Чунин фидокорӣ ва ихлос мояи сарбаландии  инсон воқеъ мешавад.

Фазилати боазамати исор дар Қуръони Карим борҳо зикр ва аз он тамҷид шудааст. Аз ҷумла дар бораи исори хонадони Расули Худо(с) ва дар мавриди исори ҷони ҳазрати Али(к) ва дар ҷои дигар дар мавриди Ансор дар ҳоли фақр ва тангӣ аз бародарони муҳоҷири худ бо тақсими амвол ва хонаҳои хеш истиқбол карданд ва онҳоро дар мол ва хонаҳои худ шарик қарор доданд.

Имон ба Худо ва пойбандӣ ба дастуроти дин натиҷааш исор  ва фидокорӣ мешавад. Инсон бо нияти холис ва пок метавонад корҳои бузург ва боарзишро анҷом дода такягоҳе барои маҳрумон ва ниёзмандон гардад.

Анвои исор

Исор чанд навъ дорад, ки барои намуна мо чандтои онро зикр мекунем.

Исор дар мол. Дар оятҳо ва ривоятҳо бештарин корбурди калимаи исор ва ончи ки ин маъноро мерасонад, исор дар мол аст. Ин ба он сабаб аст, ки ниёзҳои молӣ аз густардатарин ва заруритарин ниёзҳои инсон аст.

Исор дар ҷон.  Аҳаммият ва арзиши исор дар ҷон фаротар аз исор дар мол аст. Камтар касе аст, ки ҳозир мешавад зиндагии дигареро бар зиндагии худ муқаддам дорад. Исор дар ҷон аз корҳои инсонҳои бузург аст. Исори ҳазрати Алӣ(к) дар Лайлатулмабит мавриди ситоиши Худованди Мутаол қарор гирифт. (Сураи Бақара, ояти 207)

Исоргарони дар ҷон ба воситаи имони ростин ба хубӣ дар сафи муҷоҳидони роҳи Худо даромада ва бо исори ҷон ва моли худ дини Худоро ёрӣ мекунанд. Исоргарон ва онҳое, ки ҷон бар каф гирифта ва аз Ислом ва марзҳои исломӣ дифоъ мекунанд ва шояд ҳам хуни покашон дар роҳи посдорӣ аз Ислом ва арзишҳои исломӣ рехта шавад. Болотарин дараҷаи исор ва маҳбубтарин мақомро дар назди Худо исоргарони дар ҷон доранд.

Исор дар дуо. Исор дар дуо муқаддам доштани дигарон дар дуо аст.

Одоб ва равиши исор

Риояти одоби исор шарти асосии анҷом ва қабули исор ва ин фазилати боарзиши ахлоқӣ мебошад. Ин сифати оилии ахлоқӣ бартарин имтиёз дар робитаи инсонӣ, мардумгароӣ ва ғамхорие, ки аз имони саршор ва муҳаббат ба Худо ва мардум ва эҳсоси вазифаи иҷтимоӣ сарчашма мегирад, бо одоби махсуси худ сурат мегирад, ки иборатан аз:

  1. Ихлос

Нахустин одоби исор ихлос аст. Зебоӣ ва арзишмандии исор дар сурате аст, ки ин кори боарзиш дар ростои хушнудии Худованд ва холисона анҷом гирад ва ҳеҷгуна интизорӣ аз дигарон надошта бошад. Чунон ки мо дар бузургони худ инро мебинем, ки баъд аз исору бахшиш ҳеҷ интизоре ғайр аз хушнудии Худовандро надоранд. Агар ихлос набошад муқаддам доштани дигарон имкон надорад.

  1. Муқаддам доштани наздикон

Муқаддам доштани наздикон ва касоне, ки фароҳам кардани ниёзҳои зиндагии онҳо бар инсон воҷиб аст, яке дигар аз  одоби исор мебошад. Зеро муқаддам доштани дигарон бар наздикон дуруст ва саҳеҳ намебошад.

  1. Муқаддам доштани аҳли имон

Одоби дигари исор  муқаддам доштани аҳли имон аст. Исор  ҳадафдор ва ҳисобшуда бояд ба ҷо оварда шавад, то  самара диҳад. Яъне ба як парҳезкор ва бо тақво дода шавад, ки эшон аз он истифода кунанд ва ба дигарон низ кӯмак кунанд. Ҳамчунин барои касоне, ки беимон ё бадкор ва бадсират ҳастанд дода нашвад,  то заҳматҳоеро, ки ба мардум меоваранд идома диҳанд.

  1. Муқаддам доштан ниёзҳои аввалиндараҷа

Ин одоб низ яке дигар аз шартҳои исор аст. Фароҳам кардани ниёзҳои  ғайри асосии дигарон бо ниёзҳои аввалияашон ончунон боарзиш маҳсуб намегарданд.

  1. Бархурди хӯш

Яке дигар аз шартҳои исор бархурди хӯш бо мардум мебошад. Риояти ин одоб касби хушнудии мардум ва Худовандро дар бар дорад. Он гуна ки бузургон гуфтаанд; Хушруӣ аз туршрӯии исоргар беҳтар аст.

Омилҳо ва ангезаҳои исор

Иллатҳо ва ангезаҳое, ки боиси зиёд шудани исор мегардад иборатанд;

Якум  тамоюл ба макорими ахлоқ. Инсон зотан ба хислатҳои хуби ахлоқӣ тамоюл дорад, исор аз бартарин хислатҳои ахлоқӣ аст.

Дуввум нафрат аз бахилӣ. Ҳаргоҳ инсон аз бухлу бахилӣ нафрат пайдо кунад ва онро зишт бидонад, бояд худро ба исор мулзам кунад, то роҳе барои наҷот аз маҳлакаи бухл пайдо кунад.

Фоидаҳо ва самараҳои исор

Ислом дар муқобили мактабҳои моддӣ, ки фарҳанги худхоҳӣ ва худпарастиро таблиғ ва ривоҷ медиҳанд, аз худгузаштагиро ба мо меомӯзад ва худхоҳиро решаи ҳамаи фасодҳо ва гирифториҳо медонад. Бо тарвиҷи фарҳанги исор ва аз худгузаштагӣ Ислом мехоҳад ин решаи хатарнокро хушк кунад. Исоргар илова бар зебо будан ба беҳтарин фазилатҳои ахлоқӣ ба баракатҳои дигар низ мерасад, ки ба бархе аз онҳо ишора мекунем.

  1. Маҳбуби Худо ва халқ шудан. Инсон бо исори худ маҳбуби Худованд ва халқаш мегардад.
  2. Сарварӣ. Инсон бо исораш бар дигарон сарварӣ меёбад.
  3. Камоли ахлоқӣ. Исоргар қабл аз исор, аз сифатҳои разила ва паст монанди бухлу ҳирс ва молдустӣю дунёпарастӣ наҷот пайдо мекунад.
  4. Фақрзудоӣ. Ашхоси сарватманд бояд аз роҳи муҳаббат ва инсондустӣ ба ҳамнавъони худ кӯмак кунанд, то бори сангини фақрро аз души онҳо кам кунанд.

Мавонеи исор

Исор ва фидокорӣ монеаҳое низ доранд, ки намегузорад инсон ин корҳои хуб ва боарзишро анҷом диҳад.

  1. Бухл. Дар Қуръони Карим оятҳои фаровоне аст, ки бухл ва сифоти афроди бахилро баён мекунад ва кайфарҳое барои афроди бахилро зикр мекунад.
  2. Ҳирс. Дустии дунё инсонро аз касби аъмоли хайр ва захира карадан барои охират боз медорад ва ӯро ба ҳалокат мерасонад. Шахси ҳарис бар дунё монанди кирми абрешим мемонад, ки ҳарчи бештар абрешим бар худ мепечад роҳи берун шуданаш дуртар ва бастатар мегардад, то ин ки аз ғам ва андӯҳ мемирад.
  3. Риё. Риё яъне худро ба неккорӣ ҷилва додан ва бар хилофи ҳақиқат худро ба некӯкор нишон додан аст ва амали нек барои ҷалби ризои мардум ва на барои ризои Аллоҳ аст. Поёни амали риёкор шикаст ва кӯтоҳ аст.
  4. Исроф. Миёнаравӣ дар махориҷи зиндагӣ яке аз равишҳои писандида аст, ки дар Ислом суфоришҳои зиёд ба миёнарвӣ шудааст. Дар муқобили миёнаравӣ исроф аст. Исроф сабаби аз байн бурдани молу зиндагӣ мешавад. Ҳарҷо исроф ва зиёдаравӣ бошад, наметавонад дар онҷо исор ва бахшиш ба дигарон ҳам бошад.

Натиҷа

Исору бихшидан ва муқаддам доштани дигарон бар худ як  амри писандида шуморида шудааст. Исор некӯтарин эҳсон ва болотарин мартабаи имон мебошад. Имон ва эътиқод ба Худованд  мунҷар ба исор мегардад. Инсон бо нияти холис ва ақидаи пок метавонад вориди ин амал ва исоргар гардад ва ҳамвора барои рафъи ниёзмандон як такягоҳ шавад. Инсон бо ихлоси бо мол ва сарвати каме, ки дорад метавонад ниёзҳои чандин ниёзмандро бароварда кунад ва сабаби ифтихор ва оромиши дигарон гардад. Исор ва фидокорӣ по гузоштан бар ҳавои нафс аст ва бо бениёзӣ ва бидуни вобастагӣ ба дунё ва зарқу барқаш меанҷомад. Инсон бо муқаддам доштани дигарон рӯҳи худро аз асорати хоҳишҳои дунявӣ мераҳонад.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед