Исор ва гузашт аз нигоҳи Қуръон ва ҳадис1

0
132

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Исор ва гузашт аз нигоҳи Қуръон ва ҳадис

Қисмати аввал

Муқаддима

Исор ва фидокорӣ  яке аз барҷастатарин арзишҳои исломӣ ва инсонӣ мебошад, ки дар Қуръони Карим ва аҳодиси Паёмбари Акрам(с) ин амр ба хубӣ мушоҳида мешавад. Бо таваҷҷӯҳ ба вазъияте, ки имрӯза дар ҷомеа ҳоким аст, фарҳанги исор ва исоргарӣ аз аҳаммияти зиёде бархӯрдор мебошад. Дини мубини Ислом дини фардгаро нест, балки як дини ҷомеамеҳвар аст, ки бо амалӣ кардани ҳукмҳои он ҷомеаи ормонӣ ва солим ба вуҷуд меояд.

Имон ба Худованди Мутаол ва эътиқод ба он лозимааш исор аст. Инсон бо нияти холис ва ақидаи пок  метавонад вориди майдони амал шавад. Инсон бо исор ва кӯмакҳои худ метавонад такягоҳе барои фақирони ҷомеаи худ бошад. Бо ихлос ва исор кардани молу сарват мешавад ниёзҳои ҷомеаро бартараф кард ва мояи ифтихор ва оромиши худ ва дигарон шуд. Дар ҳоли ҳозир бо таваҷҷӯҳ ба вазъияти бекорие, ки дар ҷомеа пеш омадааст, таблиғ ва амал кардан ба  фарҳанги исор ва фидокорӣ бузургтарин хидмат буда, ҳамчун як роҳкори исломӣ ва инсонӣ  барои аз байн бурдани мушкилоти ҷомеа мебошад ва ҳамчунин ин кор мояи сарбаландии инсон дар дунё ва охират хоҳад шуд.

Исор дар луғат                                                                      

Исор ба маънои  аз худгузаштагӣ, баргузидан, ато кардан ва манфиати дигаронро бар худ муқаддам донистан мебошад. (Луғатномаи Алмунҷид  ҷ 1, саҳ 6)

 Исор дар Қуръони Карим

Қуръони Карим бо баёни шавоҳид ва намунаҳое исор ва исоргаронро таърифу тамҷид кардааст. Аз ҷумла исори хонадони Пайғамбар )с(-ро ин гуна баён кардааст.

Худованди Мутаол мефармояд:

وَ يُطْعِمُونَ الطَّعامَ عَلي‏ حُبِّهِ مِسْکيناً وَ يَتيماً وَ أَسيراً  إِنَّما نُطْعِمُکُمْ لِوَجْهِ اللَّهِ لا نُريدُ مِنْکُمْ جَزاءً وَ لا شُکُوراً

“Онон ғизои худро бо ин ки худ ниёзи шадид доранд ба “Мискин” ва “Ятим” ва “Асир” медиҳанд. [Ва мегӯянд] мо танҳо барои ризои Худо ба шумо таом (ғизо) медиҳем  ва аз шумо интизори подош ва ташаккурро надорем.” (Сураи Инсон, ояти 8­­ ва 9)

 Барои шаъни нузули ин оят  аз ибни Аббос (рз) ривоят шудааст, ки эмом Ҳасан ва эмом Ҳусейн (рз) бемор шуданд,  Паёмбари Худо(с) бо ҳамроҳи асҳоб ба аёдати онҳо рафтанд.  Паёмбар)с( ба ҳазрати Алӣ(к) фармуданд: Хуб аст, ки барои шифои фарзандонат назр кунӣ. Ҳазрати Алӣ(к) ва ҳазрати Фотима(рз) ва Физза канизашон назр карданд, ки агар эмом Ҳасан ва эмом Ҳусейн(рз) аз беморӣ  беҳбуд ёбанд се рӯз рӯза мегиранд.

Эмом Ҳасан ва эмом Ҳусейн(рз) аз беморӣ шифо ёфтанд, дар ҳоле  ки дар хонаи ҳазрати Алӣ )а( чизе барои хӯрдан набуд. Ҳазрати Алӣ(к) аз як нафар се соъ  ҷав қарз гирифт ва ҳазрати Фотима (рз) аз он орди ҷав нон пухт. Ҳамаи аҳли хона рӯзаи назр кардаашонро гирифтанд.  Шаб ҳангоми ифтор нонҳоро дар пеши худ гузоштанд, то ифтор кунанд,  ногаҳон фақире аз дари хонаи онҳо ворид шуд ва гуфт: Салом бар шумо эй Аҳли Байти Нубувват! Мани мискинро таом диҳед, то Худо  шуморо аз моидаҳои биҳиштӣ итъом диҳад.

Онҳо гурӯснагии фақирро  бар гурӯснагии худ тарҷеҳ дода нони ҷавро ба ӯ доданд.  Дар ҳоле ки танҳо об ифтор карда буданд, шабро бе ғизо хобиданд.  Рӯзи дуввумро низ рӯза гирифтанд.  Чун ҳангоми азони мағриб ва вақти ифтор расид,  онҳо нони ҷавро дар пеши  худ гузоштанд, то ифтор кунанд, ногаҳон боз  ятиме   дари хонаи ҳазрати Алӣ(к)-ро зада  ва нон хост, онҳо нони худро бароварда ба ӯ бахшиданд ва худашон бе ифтор хобиданд. Дар рӯзи севвум низ асире омада аз хонадони Расули Худо кӯмак хост ва эшон бо ӯ низ чунин карданд ва нони худро ба ӯ дода беифтор хобиданд.

Субҳ  ҳазрати Алӣ (к) ҳамроҳи эмом Ҳасан ва эмом Ҳусейн (рз)   ба сӯи хонаи  Паёмбар (с) рафтанд. Ҳангоме ки чашми Паёмбар (с) ба онҳо афтод, ки аз шиддати гуруснагӣ  меларзиданд фармуд;  чӣ қадар бар ман ногувор аст, ки ин ҳолатро  дар шумо мебинам! Пас Паёмбар(с)  ба ҳамроҳи онҳо ҳаракат кард, то назди ҳазрати Фотима(рз) омаданд, ӯро дар меҳробаш диданд, ки шикамаш ба пушташ часпида ва чашмонаш бар сараш фурӯ рафта буд. Паёмбар(с)  аз ин ҳолати онҳо нороҳат шуд. Дар ин ҳолат ҳазрати Ҷабраил(а)  нозил шуд ва гуфт; Эй Паёмбар(с) Худованд чунин хонадонеро бар ту табрик мегӯяд. Он гоҳ оятҳои сураи Инсон нозил гардид. (Тафсири Фахри Розӣ ва тафсири Кашшоф, сураи Инсон зайли, ояти 8 ва 9)

Исори ҷон барои ҷонон

Исор танҳо бо мол ва сарват нест, балки аз ҷони худ гузаштан ҳам  беҳтарин исор аст. Дар ин робита ба ин мавзӯъ Худованди Мутаол мефармоянд.

وَ مِنَ النَّاسِ مَنْ يَشْري نَفْسَهُ ابْتِغاءَ مَرْضاتِ اللَّهِ وَ اللَّهُ رَؤُفٌ بِالْعِبادِ

“[Гурӯҳе] аз мардум касоне ҳастанд, ки ҷонашонро дар роҳи Худо мебахшанд ва Худованд ба бандагонаш меҳрубон аст”

(Сураи Бақара, ояти 207)

Ибни Абилҳадиди Муътазилӣ, дар шарҳи Наҳҷулбалоға овардааст, ки  ин оят дар бораи ҳазрати Алӣ ибни абу Толиб (рз) нозил шудааст аст, ки ӯ дар ҳодисаи лайлатулмабит дар бистари Паёмбари Худо (с) хобид, то ҷони Расули Худоро наҷот диҳад.  Ӯ мегӯяд ин мавзӯъ дар ҳадди тавотур аст, ки ҷуз кофир ё девона онро инкор намекунад. (Шарҳи Наҳҷулбалоға,  Ибни Абилҳадид ҷ 13, саҳ 262)

Мушрикони Макка қарор гузоштанд аз ҳар қабилае як нафарро барои куштани Паёмбар(с)  интихоб кунанд ва Паёмбар(с)-ро аз байн баранд. Бо ин нақша онҳо мехостанд  бани Ҳошим натавонад дар муқобили ҳамаи қабилаҳо   ба хунхоҳии  Расули Худо қиём кунад ва бо ин корашон аз даъвати Паёмбар(с)  халос шаванд. Паёмбар(с)  аз нақшаи шуми онҳо бохабар шуд. Паёмбар(с)  аз ҳазрати Алӣ(к)  хост  ба ҷои ӯ дар бистари хобаш бихобад, то ин ки мушрикон фикр кунанд, ки Расули Худо дар хонааш хобидааст. Ҳазрати Алӣ(к) дастури Паёмбарро ба ҷо оварда  дар бистари Паёмбар(с)  хобид ва бо ин нақша  Паёмбари Акрам(с) аз Макка ба саломат хориҷ гардиданд ва ин ояти шарифа дар васфи  ҳазрати Алӣ(к) нозил гардид. (Муснади Имом Аҳмад ибни Ҳанбал  ҷ1,  саҳ 348)

Натиҷа

Исор ва фидокорӣ, ки по гузоштан бар хоҳишҳои нафсонии хеш аст, танҳо бо буридан аз дунё ва таалуқоти он ба даст меояд. Инсон бо муқаддам доштани дигарон рӯҳи худро аз асорати хоҳишҳои дунявӣ мераҳонад. Исор ва фидокорӣ ҷони инсон ва зарфи рӯҳи ӯро  аз талотуми шаҳватҳои ботинӣ наҷот дода, вуҷудашро бузург мекунад. Бузургии рӯҳи инсон  барои расидан ба камол ҳосили ин талоши ахлоқӣ аст. Аз ин рӯ рушди инсон дар сояи исор ва саховатмандӣ ба даст меояд.  Агар ҳамаи инсонҳо аз имконот ва шароити иқтисодии  яксон бархурдор бошанд,  заминае барои нишон додани ин камоли ахлоқӣ;  яъне исор ва фидокорӣ  боқӣ намемонад. Бинобар ин яке аз сабабҳои фақр ва сарватмандӣ дар дунё, имтиҳони илоҳӣ барои мо мебошад, ки дар ин озмуни илоҳӣ иштирок карда рӯҳиёт ва фазилатҳои ахлоқии худамонро парвариш диҳем.

Исор ва аз худгузаштагӣ дар зиндагӣ аз муҳимтарин фазоили ахлоқӣ аст. Барои ҳидояти ҷомеа  мавъиза ва роҳнамоӣ ба танҳоӣ кифоят намекунад, балки  дар амал бо исор ва фидокорӣ метавонем ҷомеаро ҳидоят кунем.

Идома дорад…

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед