Иқомаи намоз нишонаи растагорон

0
209

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Иқомаи намоз нишонаи растагорон

Муқаддима
Инсони мӯъмин дар натиҷаи шинохте, ки нисбати Худованд дорад, ба сифатҳое наздик ва аз сифатҳое дур мегардад.

Сифатҳое, ки наздик мегардад “одобу ахлоқи динӣ” ҳастанд ва инсони дорандаи он сифотро “мӯъмини боахлоқ” меноманд.

Аз  он сифатҳое, ки дур шудааст “сифатҳои разила” ҳастанд ва инсони дуршуда аз он сифатҳоро “мӯъмини ботақво” меноманд.

Дар илми ахлоқ ин дуро бо унвони “сифатҳои иҷобӣ ва салбӣ” мавриди баҳс қарор медиҳанд, ки дар ин гуфтор, нигоҳи кӯтоҳе хоҳем намуд ба яке аз он сафатҳои иҷобӣ, ки сабаби растагории инсон мегардад.

Аҳли фалоҳ ва растагорон

Қуръони Карим дар аввалин оят аз сураи “Мӯъминун” ба касоне, ки ба Ӯ имон доранд, башорат медиҳад ва мефармояд:

قَدْ أَفْلَحَ الْمُؤْمِنُونَ

“Ба таҳқиқ мӯъминон растагор шудаанд” (Сураи Мӯъминун, ояти1)

Хабари растагории мӯъминон дар ин оят, бо ин ҷумлаи қатъӣ ва таъкидӣ, хабар аз як “воқеияти муҳаққақа” аст. Пас, бояд ҳеҷ шакке намонад, ки инсон агар он чи Худованд хостаастро дар худ эҷод кунад, аҳли фалоҳ ва наҷот хоҳад буд. (Замахшарӣ, Кашшоф, ҷ.3, саҳ.170)

Аммо ин ки инсони мӯъмин бояд чӣ бикунад ва чӣ дошта бошад, то мисдоқи мӯъмини растагор бошад, Қуръони Карим нишонаҳоеро баён намудааст, ки дар инҷо ба як маврид аз онҳо ёдоварӣ мегардад.

Иқомаи намоз  сифати иҷобии мӯъминони растагор

Мӯъмин будан ба Худованд ба ин маъно аст, ки фарзу воҷиботи шариатро бишиносад  ва ба сифатҳои иҷобӣ пойбанд ва аз сифатҳои салбӣ парҳез кунад.

Чунон, ки як табиб баъд аз қабули фанну ҳирфааш худро дар шаклу намуди пизишк медарорад ва либоси сафедро ифтихори худ мепиндорад, инсони мӯъмин низ, ки бар асоси ихтиёр вориди шариат шудааст, бояд нишонаҳои онро дар худ эҷод кунад ва либоси дину диндориро, ки ҳамон тақво ва покдоманист, ҳамеша бар тан дошта бошад.

Яке аз намодҳо ва нишонаҳои инсони мӯъмин, барпо доштани намоз аст. Мӯъмин намозро аввалин кори рӯзона ва шабонаи худ қарор медиҳад, чун намоз меъроҷ ва роҳи мулоқоти ӯ бо Худованд аст.

Худои Мутаол дар бораи аҳаммият ва ҷойгоҳи иқомаи намоз ва бандагии Худованд мефармояд:

فَإِذَا قَضَيْتُمُ الصَّلاَةَ فَاذْكُرُواْ اللّهَ قِيَامًا وَقُعُودًا وَعَلَى جُنُوبِكُمْ فَإِذَا اطْمَأْنَنتُمْ فَأَقِيمُواْ الصَّلاَةَ إِنَّ الصَّلاَةَ كَانَتْ عَلَى الْمُؤْمِنِينَ كِتَابًا مَّوْقُوتًا

“Ва ҳангоме, ки намозро тамом кардед, пас, Худоро истода ва нишаста ва бар паҳлӯи хеш [такя дода] ёд кунед. Ва замоне, ки осудахотир шудед, пас, намозро [комил] барпо доред. Дар ҳақиқат,намоз бар мӯъминон фаризаи замондор аст” (Сураи Нисо, ояти 103)

Худованди Мутаол намозро бузургтарин зикр номида ва яке аз роҳҳои иртиботи бандагонро дар намозҳои фарзӣ ва мустаҳаббӣ қарор додааст.

Намозро сабаби дурии мӯъмин аз фаҳшо ва мункарот донистааст ва мефармояд:

اتْلُ مَا أُوحِيَ إِلَيْكَ مِنَ الْكِتَابِ وَأَقِمِ الصَّلَاةَ إِنَّ الصَّلَاةَ تَنْهَى عَنِ الْفَحْشَاء وَالْمُنكَرِ وَلَذِكْرُ اللَّهِ أَكْبَرُ وَاللَّهُ يَعْلَمُ مَا تَصْنَعُونَ

“Он чиро ба сӯи ту аз китоб ваҳй шудааст, бихон; ва намозро барпо дор; ҳамоно намоз аз корҳои зишт ва нописанд, боз медорад ва албатта ёди Худо бузургтар аст ва Худо ончиро анҷом медиҳед, медонад” (Сураи Анкабут, ояти 45)

Ҳамчунин Худованд дар Қуръони Карим бо ишора ба рӯзи қиёмат, ки ҳеҷ чизе барои инсон боқӣ намемонад, намоз ва инфоқро василаи наҷоти онҳо зикр мекунад, бинобар ин аз бандагони мӯъминаш мехоҳад намозро иқома намоянд:

قُل لِّعِبَادِيَ الَّذِينَ آمَنُواْ يُقِيمُواْ الصَّلاَةَ وَيُنفِقُواْ مِمَّا رَزَقْنَاهُمْ سِرًّا وَعَلانِيَةً مِّن قَبْلِ أَن يَأْتِيَ يَوْمٌ لاَّ بَيْعٌ فِيهِ وَلاَ خِلاَلٌ

“Ба бандагони Ман, ки имон овардаанд, бигӯ: Намозро барпо доранд ва аз он чи ба онҳо рӯзӣ додаем, пинҳонӣ ва ошкоро инфоқ кунанд, пеш аз он ки рӯзе фаро расад, ки дар он на хариду фурӯше бошад ва на дӯстие” (Сураи Иброҳим, ояти 31)

Дар сураи мӯъминун,  низ баъд аз ин ки мӯъминонро аҳли фалоҳ ва растагорӣ меномад, яке аз нишонаҳои онҳоро намози ҳамроҳ бо хушӯъ медонад (Замахшарӣ, Кашшоф, ҷ.3, саҳ 171) ва мефармояд:

قَد أَفْلَحَ الْمُؤْمِنُونَ * الَّذِينَ هُمْ فِي صَلَاتِهِمْ خَاشِعُونَ

“Ба таҳқиқ мӯъминон растагор шудаанд * Касоне, ки онҳо дар намозашон фурӯтананд” (Сураи Мӯъминун, ояти 1-2)

Дар идомаи ҳамин оятҳо, нишонаи дигари мӯъминони растагорро, ки намози бохушӯъ доранд, дурӣ аз лаҳву лаиб ва беҳудагиҳои зиндагии дунёӣ мешуморад ва мефармояд:

وَالَّذِينَ هُمْ عَنِ اللَّغْوِ مُعْرِضُونَ

“Ва касоне, ки онҳо аз [кори] беҳуда рӯйгардонанд” (Сураи Мӯъминун, ояти 3)

Дар ояти аввал фалоҳро башорат дод ва дар ояти дуюм ва сеюм, ду сифатро, ки яке иҷобӣ аст ва яке салбӣ, барои онҳо зикр намуд. Яъне шахси  мӯъмин дар ҳоле, ки аҳли иқомаи намоз ва хушӯъ ҳаст, аҳли эъроз ва дурӣ аз лаҳву лаиб ва бадиҳо низ мебошад. (Замахшарӣ, Кашшоф, ҷ.3, саҳ 171)

Ҷамъбандӣ

Бандагони Худованд, ки ба Ӯ имон доранд, бояд дар худ сифатҳоеро эҷод намоянд, ки матлуби шариат бошад. Он сифатҳое, ки бояд дошта бошанд, сифатҳои иҷобӣ ва он сифатҳое, ки набояд дошта бошанд, сифатҳои салбӣ номида мешаванд.

Имони ҳақиқӣ, маърифати қуръонӣ, огоҳӣ аз аҳкому шариат ва пойбандӣ ба онҳо ва дурӣ аз мункарот, аз мавридҳое ҳастанд, ки инсони мӯъмин бояд ба онҳо муттасиф буда ва шинохта шавад.

Худованд инсонҳои мӯъминро аҳли фалоҳ ва растагорӣ аз балоҳои дунёӣ ва азобҳои ухравӣ номидааст.

Яке аз сифатҳои иҷобӣ ва зарурии инсонҳои мӯъмин, иқомаи намоз аст.

Иқомаи намоз бояд бо хушӯъ ва изҳори бандагии воқеӣ ҳамроҳ бошад ва чун намоз худ монеъ барои сифатҳои салбӣ, ҳамчун лаҳву лаиб ва беҳӯдагӣ аст, мӯъмини аҳли намоз, аз чизҳои беҳӯда ва лағв дурӣ мекунад ва худро дар паноҳи намоз ва инфоқ қарор медиҳад.

Худоё! Моро аз мӯъминоне, ки иқомакунандаи намоз ва аҳли фалоҳанд бигардон ва аз бадиҳои рӯзгор дар амонамон қарор бидеҳ омин!

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед