Хонаводаи саодатманд

0
52

Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон
Хонаводаи мусалмони саодатманд

Муқаддима
Ҳузур дар ҷомеа ва ташкили хонавода аз лозимаҳои зинадгии инсонӣ аст, ки устуворӣ ва пешрафти он, ниёз ба муқаррароте дорад.

Муқаррарот бар асоси ҳар нигоҳ ва боваре бошанд, хонавода ва ҷомеаро ба ҳамон тараф ҳидоят мекунанд.

Нигоҳҳо динӣ бошад, амалкунандагон ба он низ ба ҳамон тараф майл пайдо мекунанд ва ҳосили зиндагӣ ва хонаводаҳо динмадорӣ ва динбоварӣ хоҳад буд ва агар ғайри он буд, таъсири ғайри динии номуносиби худро хоҳад гузошт.

Пас, лозим аст ҳар инсон бо таваҷҷӯҳ ба бовар ва ҳадафи зиндагиаш, муқарраротеро барои худ, хона ва хонаводааш қабул кунад ва бо ҳамкории дигар аъзоёни хона ва ҷомеъа амалӣ намояд.

Хонаводаи мусалмон, низ ҳамчун дигар  гурӯҳҳои иҷтимоӣ, ниёз ба қонунҳое дорад, то ҳам ташкил шавад ва ҳам қавӣ гардида, пешравӣ дар зиндагӣ бошад. Албатта пояҳо ва қавонину аҳдофи чунин хонавода, ки бар асоси омӯзаҳои хосси динӣ ва осмонӣ танзим мегардад, аз дигарон фарқ хоҳад кард.

Қонунҳои хонаводаи мусалмон аз маорифи Қуръони Карим  ва суннати набавӣ ва ҳаёти тайибаи  саҳобагон пешвоёни гиромӣ, гирифта мешавад ва ҳамаи барнома ва муқаррароти хонавода, бар асоси он аркон ва чорчуба танзим ва иҷро мегардад.

Дар ин навиштор, ба чанд маврид аз аркони муҳимме, ки дар қонунгзории хонаводаи мусалмон асл ҳастанд, ишора мекунем.

Аркони хонаводаи мусалмон

  1. Имон ва ихлос

Аъзоёни хонаводаи мусалмон, бояд ҳамагӣ ба Худованди Воҳид имон ва  нияти холис дошта бошанд. Агар касе дар он ҷамъ имонаш ва ё ихлосаш суст аст, бояд мавриди омӯзиш ва роҳнамоӣ қарор гирад, то ӯ низ дар ин рукни муҳим, бо дигар аъзоёни хонавода шарик ва ҳам ақида гардад.

Аввалин даъвати анбиёи илоҳӣ, хосса Расули мукаррами Ислом(с) низ ҳамин буд, ки ба Худои Воҳид имон биёваред ва аз ширку  дигарпарастӣ, ба сӯи тавҳид боз гардед.

Қуръони Карим дар мавриди даъвати анбиёи илоҳӣ, ҳамчун ҳазрати Нӯҳ, Ҳуд, Солеҳ ва …. мефармояд:

و … قَالَ يَا قَوْمِ اعْبُدُواْ اللّهَ مَا لَكُم مِّنْ إِلَهٍ غَيْرُهُ أَفَلاَ تَتَّقُونَ

“Гуфт: Эй қавм(-и ман)! Худоро бипарастед, ки ҳеҷ маъбуде ҷуз Ӯ барои шумо нест, пас, оё парҳезгорӣ намекунед?”(Сураи Аъроф, ояти65)

Дар солҳои аввали биъсати Паёмбари Хотам(с), Худои Мутаол амр мекунад, то наздиконашро даъват ва ҷамъе пойдор ва мӯъминро аз миёни аъзоёни хонавода эҷод кунад. Чун мусалмон шудани атрофиён, таблиғи динро барои он ҳазрат осонтар ва муассиртар мегардонд.(Собунӣ, Сафвату-тафосир, ҷ.2, саҳ 397)

Худованд дар сураи Шуъаро мефармояд:

وَأَنذِرْ عَشِيرَتَكَ الْأَقْرَبِينَ

Ва хешовандони наздикатро ҳушдор деҳ”(Сураи Шуаро, ояти214)

 Он ҳазрат дар оғози беъсат, ҳамсари гиромиаш ҳазрати Хадиҷа(рз) ва ҳазрати Алӣ(кр), ҳазрати Абубакр(рз) ва дигаронро ба дини Ислом даъват кард. Ва бо нозил шудани ин оят, маъмур гашт хешовандон ва наздиконашро низ ба тавҳид ва яктопарастӣ даъват ва ошно гардонад.

Бо қабули Ислом ва ворид шудани ҳар кадом аз онҳо ба сафи мусалмонон, хонаводаи имонии онҳо гӯстариш меёфт ва истиқомат ва пешрафти онҳо бештар мегашт. Чунон, ки олимони таърих низ нақл кардаанд, изҳори имони монанди Ҳамза(рз) сабаби эҷоди умед ва бовари бештар дар онҳо гашта, иҷтимоъ ва хонаводаҳои мусалмононро пурқудраттар гардонд ва дар баробари шиканҷаҳои душманони дин, муқовимтар шуданд.(Акбарзод, Андешаҳои бедоргар, ҷ.2, саҳ.67)

Ҳоло, ки имон ба Худованд рукни асосӣ барои як хонаводаи мусалмон дониста шудааст, пас бидонем, ки он имон лозимаҳое низ дорад ва бояд ҳамзамон омӯхта шаванд ва қабул гарданд.

Аз ҷумлаи лозимаҳои имон, имон ба малоика, имон ба анбиё ва имон ба китобҳои осмонӣ, бовари қалбӣ ба маод ва қиёмат, ихлос дар амал, тақво, амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар ва амал ба дастуроти Расули Хотам(с)мебошанд.

Худованд ба имони Расулаш ба ваҳйи илоҳӣ ва имони мӯъминон ба Худованд,  малоика, китобҳо ва анбиё ишора намуда, мефармояд:

آمَنَ الرَّسُولُ بِمَا أُنزِلَ إِلَيْهِ مِن رَّبِّهِ وَالْمُؤْمِنُونَ كُلٌّ آمَنَ بِاللّهِ وَمَلآئِكَتِهِ وَكُتُبِهِ وَرُسُلِهِ

“Паёмбар ба он чи аз ҷониби Парвардигораш ба ӯ нозил шудааст, имон дорад ва мӯъминон (низ) ҳамагӣ ба Худо ва фариштагони Ӯ ва китобҳои Ӯ ва паёмбарони Ӯ, имон овардаанд”.(Сураи Бақара, ояти285)

Пас, як хонаводаи мусалмон, бояд ҳамаи кору барнома ва зидангиашонро бар пояи имон ба он чи Худо ва Расул гуфтаанд, танзим ва иҷроӣ намояд, то солим, хушбахт ва саодатманд бошад.

  1. Итоат аз Расулуллоҳ(с)

Ҳазрати Муҳаммад(с), ҳам вазифаи дарёфти ваҳйро доранд ва ҳам вазифаи табйини он барои мусалмононро, бинобар ин пайравӣ аз он ҳазрат, ҳамчун пайравӣ аз Худованд фарзи айнӣ аст.

Худованд дар баёни фарз будани пайравии комил аз Расулаш, мефармояд:

وَمَا آتَاكُمُ الرَّسُولُ فَخُذُوهُ وَمَا نَهَاكُمْ عَنْهُ فَانتَهُوا

“Ва он чиро Паёмбар ба шумо бидиҳад, пас, онро бигиред ва он чи шуморо аз он манъ кунад, пас, боз истед”.(Сураи Ҳашр, ояти7)

Ҳарчанд шаъни нузули ин оят дар ҳодисаи эътирози баъзе Ансор ба Паёмбари Ислом(с)дар ҷараёни тақсими ғаниматҳо нозил гаштааст, аммо ҳукмашро ба ҳамаи амру наҳйи набавӣ нисбат додаанд.(Тафосири Имом Фахр, Муслим, Собунӣ, сураи Ҳашр, ояти7)

Дар ҷои дигар барои касоне, ки бихоҳанд ғайр аз тариқаи ваҳй ва омӯзаҳои Расуллуллоҳ (с) худро ба Худованд нисбат диҳанд ва ҷойгоҳи он ҳазратро нодида бигиранд, мефармояд:

قُلْ إِن كُنتُمْ تُحِبُّونَ اللّهَ فَاتَّبِعُونِي يُحْبِبْكُمُ اللّهُ وَيَغْفِرْ لَكُمْ ذُنُوبَكُمْ وَاللّهُ غَفُورٌ رَّحِيمٌ

“Бигӯ: Агар Худоро дӯст медоред, пас, манро пайравӣ кунед, то Худо шуморо дӯст дорад ва гуноҳонатонро бароятон биёмурзад! Ва Худованд омурзандаи меҳрубон аст.”(Сураи Оли-Имрон, ояти 31)

Ҳеҷ кас наметавонад худро банда ва дӯстдори Худо бидонад, аммо нисбати Расули хотам, ҳазрати Муҳаммад(с) бемайл ва ё беимон бошад, балки бояд дар ҳама ҳол ва замон, нисбати он ҳазрат имон ва итоатпазир бошад.(Ибни Касир,сураи Оли-Имрон, ояти31)

Пас, яке дигар аз асосҳои хонаводаи мусалмон, ин аст, ки ҳамаи аъзои хонавода нисбати мақоми Расули Худо(с)ошноӣ ва имон дошта бошанд ва итоат аз ӯро, воҷиб бидонанд.

  1. Амал ба фаризаҳои динӣ

Ҳар дин ва оине дорои қонунҳои хосси худ аст. Дини мубини Ислом, ки дини комил ва хотам аст, барои пайравонаш таклифҳое муқаррар намудааст, ки қатъан як хонаводаи мусалмон, лозим аст нисбати онҳо бештар аз дигарон огоҳӣ дошта бошад ва ба ҳар кадом, аз рӯи имон ва ихлос, амал намояд.

Яке аз он таклифҳои муҳим ва асаргӯзор дар зиндагӣ, иқомаи намозҳои панҷвақта ва намозҳои дигар, ки гоҳ бар мусалмонон фарз ва мустаҳаб мегарданд, мебошад. Ва ҳар як аз хонаводаҳои мусламон, онҳоро дар барномаи зиндагии ҷамъии худашон қарор медиҳанд.

Қуръони Карим дар чандин маврид ба иқомаи намоз ишора дорад. Дар сураи Нисо бо ишора ба фарз будани намоз, вақти онро низ таъкид мекунад ва мефармояд:

إِنَّ الصَّلاَةَ كَانَتْ عَلَى الْمُؤْمِنِينَ كِتَابًا مَّوْقُوتًا

“Дар ҳақиқат намоз бар мӯъминон фаризаи замондор аст.”(Сураи Нисо, ояти103)

Инсони мӯъмин, ҳамонтавр, ки барои иқомаи фаризаҳои динӣ дар хонаводаи худ талош мекунад, барои тарвиҷ ва иқомаи онҳо дар ҷомеа низ талош мекунад ва дар баробари онҳое, ки аз иқомаи намоз пешгирӣ мекунанд, истодагӣ ва мубориза  мекунад.

Худованд бо сарзаниши онҳое, ки аз баргузории намоз пешгирӣ мекунанд ва масҷидҳоро мебанданд, мефармояд:

وَمَنْ أَظْلَمُ مِمَّن مَّنَعَ مَسَاجِدَ اللّهِ أَن يُذْكَرَ فِيهَا اسْمُهُ وَسَعَى فِي خَرَابِهَا أُوْلَئِكَ مَا كَانَ لَهُمْ أَن يَدْخُلُوهَا إِلاَّ خَآئِفِينَ لهُمْ فِي الدُّنْيَا خِزْيٌ وَلَهُمْ فِي الآخِرَةِ عَذَابٌ عَظِيمٌ

“Ва чӣ касе золимтар аст аз касе, ки аз ёд кардани номи Худо дар масҷидҳо манъ намояд ва дар вайронии онҳо кӯшиш мекунад? Онҳоро сазовор нест, ки вориди он (масҷидҳо) шаванд, магар бо тарс ва ваҳшат. Барои онон дар дунё расвоӣ ва барои онҳо дар охират азоби бузурге хоҳад буд.”(Сураи Бақара, ояти114)

Онҳое, ки мусалмононро аз иқомаи намоз ва ёди Худованд боз медоранд ва ё барои вайронии масҷидҳо талош мекунанд, ин талош ба ҳар навъе бошад, нишонаи золим будани онҳост ва бояд дар ҷомеаи исломӣ сарзаниш шаванд, то натавонанд вориди масҷидҳо шаванд.(Собунӣ, Сафвату-тафосир, ҷ.1, саҳ.89)

Аммо нисбати маорифи ин оят бо хонаводаи мусалмон, дар ин аст, ки агар ин чунин инсони золим дар хонаводаи мусалмонон буд, дигарон барои ҳидояташ талош кунанд ва агар ҳидоят нашуд, аз баъзе неъматҳо ва имконоти хонавода маҳрум гардад, то вақте ки фикр кунад ва имон биёварад ва ҳамроҳӣ кунад.

Ва агар чунин инсонҳое таслими шариат нашаванд, бигӯзоред дар ҳамон хорӣ ва зиллате, ки интихоб кардаанд зиндагӣ кунанд. Онҳо наметавонанд ва набояд дар масъалаҳои асосии хонавода ва тасмимгириҳои ҷамъии мусалмонон  таъсиргузор бошанд! Ва албатта рӯзи қиёмат, хорӣ ва азоби дардноктаре дар интизори онҳо хоҳад буд.(Иршодул-ақлус-салим, ҷ.1, сураи Бақара, ояти144)

Ҷамъбандӣ
Бовар ба Худованд, анбиё, китобҳо, малоика ва рӯзи қиёмат, вақте метавонад зиндагии моро саодатманд ва хушбахт гардонад, ки маорифи илоҳиро аз роҳи дурусташ ба даст оварем ва дар роҳи дурӯсташ иҷроӣ намоем.

Ба фармудаи Худованди Мутаол, пайравӣ аз маорифи қуръонӣ ва сира ва суннати набавӣ, танҳо роҳи расидан ба саодат ва хушбахтӣ аст.

Пас, лозим аст ҳамаи аъзои хонавода ва ҷомеаи мусалмонон, нисбати маорифи қуръонӣ ва суннати набавӣ, огоҳии лозимро касб намоянд ва дар зиндагии фардӣ ва ҷамъӣ, аз онҳо баҳра бибаранд.

Мусалмонон бояд он қонун ва муқарраротеро барои зиндагӣ танзим ва иҷроӣ намоянд, ки маншаъ ва манбаъи онҳо дини мубини Ислом аст ва бо ақли салим онҳоро ба даст овардааст.

Имон ва ихлос, итоати Расулуллоҳ(с) ва амал ба фаризаҳои динӣ, аз нишонаҳо ва аркони қонун ва муқаррароти хонаводаи мусалмон мебошанд.

Ин гуна аст, ки аз як хонаводаи мусалмон, бо танзим ва амал ба муқаррароти исломӣ, як ҷомеа ва як миллати мусалмон ташкил меёбад ва ваъдаи илоҳӣ, ки оқибатро барои муттақин тақдир намудааст, муҳаққақ мегардад.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед