Фазилати умед ва раҷо дар оёт ва ривоёт

0
228

 Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Фазилати умед ва раҷо дар оёт ва ривоёт

Муқаддима
Умед фарохии қалб дар вақти тангно ва буҳрон аст ба гӯнае, ки инсон ҳангоми мусибат мунтазири фараҷ ва осонӣ буда ва умед, инсонро ба сӯи муваффақият дар ончи пеш аз он дар анҷомаш ноком будааст, раҳнамун мекунад ва дар расидан ба ҳадафи худ дилсард нахоҳад шуд. (Фуруқуллуғавия, Абу Ҳилол Аскарӣ, ҷ1, саҳ 248)

Умеди Паёмбарон
Яке аз боризтарин хусусиёти Паёмбарон, умед ва орзу дар зиндагӣ аст, ки боис гаштааст то, пайваста ва бидуни сустӣ ва дилсард гаштан, қавми худро ба сӯи Худованд даъват намоянд. Паёмбарон бо вуҷуди инки бо сахтӣ ва озору азияти умматҳояшон мувоҷеҳ буданд, ба ҳидояти қавми худ дар оянда умедвор буданд.

Умедвории Расули Худо(с)
Паёмбари Акрам(с), барои ҳидоят ва наҷоти қавми хеш ҳарис буд. Эшон(с) ҳеҷ вақт дар анҷоми рисолати хеш ноумед ва дилсард нашуданд ва пайваста барои ҳидояти қавм ва фарохии дилҳояшон дуо мекарданд, то Исломро бипазиранд.

Ҷабраил(а), пас аз сафари пурмашаққати Паёмбар(с) ба назди он ҳазрат(с) омада ва гуфт:

لقد بَعَثَنِي رَبِّي إلَيْكَ لِتَأْمُرَنِي بِأَمْرِكَ، فَمَا شِئْتَ، إنْ شئْتَ أطْبَقْتُ عَلَيْهِمُ الأَخْشَبَيْنِ. فَقَالَ النبي: بَلْ أرْجُو أنْ يُخْرِجَ اللهُ مِنْ أصْلاَبِهِمْ مَنْ يَعْبُدُ اللهَ وَحْدَهُ لاَ يُشْرِكُ بِهِ شَيْئاً

“Маро Парвардигорат ба сӯят фиристодааст, то маро дастур диҳӣ ҳар гуна, ки бихоҳӣ ду куҳи бузурги Маккаро бар сарашон фуруд оварам. Паёмбар(с) фармуданд: умедворам Худованд аз наслашон касонеро падид оварад, ки Худои воҳидро парастиш намуда ва ба Ӯ чизеро шарик қарор надиҳанд.” (Саҳеҳи Бухорӣ, ҳадиси 3059)

Умедвории ҳазрати Нӯҳ(а)
Ҳазрати Нӯҳ(а) пайваста ва то нӯҳсаду панҷоҳ сол ба даъвати қавмаш ба сӯи имони ба Худованд идома медод. Дар ин кор дилсардӣ ва малолат ва хастагиро ба худ роҳ намедод ва шабу рӯз, ошкоро ва пинҳон, дар хилват ва ба сурати ъаланӣ, ба даъвати онҳо мепардохт ва аз ҳар роҳе даъваташро ба умеди имон овардани қавмаш ба Худованди Мутаол талош намуд:

قَالَ رَبِّ إِنِّي دَعَوۡتُ قَوۡمِي لَيۡلا وَنَهَارا * فَلَمۡ يَزِدۡهُمۡ دُعَآءِيٓ إِلَّا فِرَارا * وَإِنِّي كُلَّمَا دَعَوۡتُهُمۡ لِتَغۡفِرَ لَهُمۡ جَعَلُوٓاْ أَصَٰبِعَهُمۡ فِيٓ ءَاذَانِهِمۡ وَٱسۡتَغۡشَوۡاْ ثِيَابَهُمۡ وَأَصَرُّواْ وَٱسۡتَكۡبَرُواْ ٱسۡتِكۡبَارا * ثُمَّ إِنِّي دَعَوۡتُهُمۡ جِهَارا * ثُمَّ إِنِّيٓ أَعۡلَنتُ لَهُمۡ وَأَسۡرَرۡتُ لَهُمۡ إِسۡرَارا

“[Нӯҳ] гуфт: «Парвардигоро! Ҳамоно ман шабу рӯз қавми худро даъват кардам, пас, даъвати ман ҷуз гурехтан ба онҳо наафзуд. Ва ҳамоно ман ҳар гоҳ онҳоро даъват кардам, то онҳоро биомурзӣ, ангуштонашонро дар гӯшҳояшон қарор доданд ва либосҳояшонро бар сар кашиданд ва пофишорӣ карданд ва бо худхоҳӣ такаббур варзиданд. Он гоҳ, дар ҳақиқат, ман онҳоро бо овози баланд даъват кардам; Сипас, ҳамоно ман барояшон [ҳақиқатро] ошкор кардам ва [низ дар] хилват барояшон пинҳонӣ гуфтам.” (Сураи Нӯҳ, оёти 5 – 9)

Сипас Худованд ба ҳазрати Нӯҳ(а) ваҳй фармуд, ки касе дигар, ба ҷуз пайравонаш, ҳамроҳи ӯ имон нахоҳад овард. Ӯ як киштӣ сохт ва Худованд ӯ ва дигар мӯъминонро наҷот дод ва ҳазрати Нӯҳ(а) дар тули ин ҳама сол, дилсард ва ноумед нашуд ва ба умеди ҳидояти қавмаш, то ҷое ки метавонист саъй ва талоши худро кард.

Умедвории ҳазрати Яъқуб(а)
Худованди Субҳон Паёмбараш Яъқуб(а)-ро бо гум шудани ду фарзандаш, Юсуф ва Бинёмин, мубтало сохт. Ӯ барои онҳо бисёр андӯҳгин шуд, то ҷое, ки биноии худро аз даст дод. Лекин ҳазрати Яъқуб(а) ҳамчунон бар қазои Парвардгор собир ва шакебо боқӣ монд ва аз бозгашти фарзандонаш ноумед нагашт ва умед ва орзуи ӯ ба Худованди Субҳон лаҳзае кам нашуд ва пайваста ба Ӯ умедвортар мешуд. Аз  писаронаш мехост то думболи он ду бигарданд чаро, ки набояд аз умед ва раҳмати Худованд ноумед шуд ва мегуфт:

يَٰبَنِيَّ ٱذۡهَبُواْ فَتَحَسَّسُواْ مِن يُوسُفَ وَأَخِيهِ وَلَا تَاْيۡ‍َٔسُواْ مِن رَّوۡحِ ٱللَّهِۖ إِنَّهُۥ لَا يَاْيۡ‍َٔسُ مِن رَّوۡحِ ٱللَّهِ إِلَّا ٱلۡقَوۡمُ ٱلۡكَٰفِرُونَ

“Эй писарони ман! Биравед ва аз Юсуф ва бародараш ҷустуҷӯ кунед ва аз раҳмати Худо ноумед нашавед; ҳамоно ҷуз гурӯҳи кофирон, аз раҳмати Худо ноумед намешаванд”. (Сураи Юсуф, ояти 87)

Умедвории ҳазрати Мусо(а)
Дар амалкарди ҳазрати Мусо(а) ба ҳамроҳи қавмаш умед ва итминон ба нусрат ва ёрии Худованд ба шакли комилан мушаххас буд. Замоне ки Фиръавн ва сарбозонаш дар паи онҳо буданд. Қавми Мӯсо гумон мекарданд, ки Фиръавн онҳоро дастгир мекунад ва бо дидани Фиръавн, ки ба онҳо наздик мешуд ва ҷуз дарё роҳи фироре надоранд, эҳсоси яъс ва ноумедӣ карданд ва ба Мӯсо гуфтанд:

إِنَّا لَمُدۡرَكُونَ    “Мо қатъан гирифтор хоҳем шуд.” (Сураи Шуаро, ояти 61)

Паёмбари Худо ҳазрати Мусо(а) бо тамоми имон ва яқин ба онҳо фармуд:

قَالَ كَلَّآۖ إِنَّ مَعِيَ رَبِّي سَيَهۡدِينِ

“Гуфт чунин нест, зеро Парвардигорам бо ман аст ва ба зудӣ маро роҳнамоӣ хоҳад кард.” (Сураи Шуаро, ояти 62)

Онгоҳ Худованди Мутаол ба ӯ амр намуд, то асояшро ба рудхона бизанад ва оби он ба ду ним гашт ва Мусо(а) ҳамроҳи қавмаш аз он ба саломат гузаштанд. Дубора оби рудхона ба ҳолати қаблии худ баргашта ва фиръавниён ҳамагӣ дар он ғарқ шуда ва Мусо(а) ва қавмаш наҷот ёфтанд.

Умедвории ҳазрати Аюб(а)

Худованди Мутаол ҳазрати Аюб(а)-ро бо ҷон ва мол ва авлодаш озмоиш намуд ва ӯ ҳаргиз умеди худро ба ёрии Худованд ва раҳоияш аз он мусибат аз даст надод. Ӯ ҳамвора ба даргоҳи Худованд дуо ва ниёиш мекард. Худованди Мутаол мефармояд:

وَأَيُّوبَ إِذۡ نَادَىٰ رَبَّهُۥٓ أَنِّي مَسَّنِيَ ٱلضُّرُّ وَأَنتَ أَرۡحَمُ ٱلرَّٰحِمِينَ

“Ва Аюб, ҳангоме, ки Парвардигорашро нидо кард, ки ба ман ранҷ расидааст, дар ҳоле ки Ту меҳрубонтарини меҳрубононӣ.” (Сураи Анбиё, ояти 83)

Худованд умед ва орзуи ӯро рад накард ва онро баровард ва ӯро шифо дод ва аз беморӣ раҳоӣ бахшид ва ончиро аз даст дода буд дубора ба ӯ ато фармуд.

Умед ва кору талош

Умед доштан ба Худованд ва чашми умед  доштан ба бахшиши  Ӯ сабаби  талош ва кӯшиши бештар аст ва  боиси танбалӣ ва гумонҳои беасос намешавад. Худованд дар Қуръони Карим мефармояд:

فَمَن كَانَ يَرۡجُواْ لِقَآءَ رَبِّهِۦ فَلۡيَعۡمَلۡ عَمَلا صَٰلِحا وَلَا يُشۡرِكۡ بِعِبَادَةِ رَبِّهِۦٓ أَحَدَۢ

“Ва ҳар кас ба лиқои Парвардигораш умедвор бошад, пас, бояд кори шоистае анҷом диҳад ва ҳеҷ касро дар парастиши Парвардигораш шарик насозад.” (Сураи Каҳф, ояти 110). Ҳамчунин мефармояд:

إِنَّ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَٱلَّذِينَ هَاجَرُواْ وَجَٰهَدُواْ فِي سَبِيلِ ٱللَّهِ أُوْلَٰٓئِكَ يَرۡجُونَ رَحۡمَتَ ٱللَّهِۚ وَٱللَّهُ غَفُورٞ رَّحِيمٞ

“Ҳамоно касоне, ки имон оварданд ва касоне, ки ҳиҷрат карданд ва дар роҳи Худо ҷиҳод намуданд, онҳо ба раҳмати Худо умедворанд ва Худованд омурзандаи меҳрубон аст.” (Сураи Бақара, ояти 218)

Бинобар ин инсон набояд бигӯяд: Ман ба Худованд умед дорам ва гумони некӯ мебарам, вале дар масире, ки вазоифашро дар ба ҷой овардани дастурҳо  ва воҷиботи Парвардигор ва дар тарки ҳар ончи Худованд наҳй кардааст саъй ва талош накунад. Чунин касе инсони фиребкоре аст, ки худашро ба масхара гирифтааст, чаро ки умед дар канори саъй ва талош аст.

Фазилати раҷо ва умедворӣ

Умедворӣ инсонро пайваста ба сӯи кор ва талош роҳнамоӣ мекунад. Агар раҷо ва умедворӣ набуд, инсон даст аз идомаи зиндагиаш бар медошт ва аз рӯ ба рӯ шудан бо мушкилот ва душвориҳо фирор мекард ва яъсу  ноумедӣ қалбашро дар ихтиёри худ гирифта ва муштоқи марг ва нестӣ мегашт. Барои ҳамин гуфтаанд: “Яъс таслими қабр гаштан аст ва умед, нӯри зиндагӣ аст”. Ё инкӣ: “Ноумедӣ бо зиндагӣ мумкин нест ва зиндагӣ бо ноумедӣ маҳол аст”.

Инсони мусалмон аз раҳмати Худованд ноумед намегардад, чун ки умед доштан ба авф ва гузашти Худованд ба тавба ва пайравӣ аз сироти мустақим меанҷомад. Худованди Мутаол бар ин матлаб таъкид фармуда ва аз ноумедӣ ва дил буридан аз раҳмат ва омурзиши Ӯ барҳазар дошта мефармояд:

قُلۡ يَٰعِبَادِيَ ٱلَّذِينَ أَسۡرَفُواْ عَلَىٰٓ أَنفُسِهِمۡ لَا تَقۡنَطُواْ مِن رَّحۡمَةِ ٱللَّهِۚ إِنَّ ٱللَّهَ يَغۡفِرُ ٱلذُّنُوبَ جَمِيعًاۚ إِنَّهُۥ هُوَ ٱلۡغَفُورُ ٱلرَّحِيمُ

“Бигӯ: Эй бандагони ман, ки бар худ зиёдаравӣ кардед! Аз раҳмати Худо ноумед нашавед, ба дурустӣ ки Худо ҳамаи гуноҳонро мебахшад; ҳамоно Ӯ Худ омурзандаи меҳрубон аст.” (Сураи Зумар, ояти 53)

Вақте, ки инсони мусалмон муртакиби гуноҳе мешавад билофосила ба сӯи тавбаи ростин мешитобад, ки бархоста аз умеди ӯ ба гузашти Парвардгор ва қабули тавбааш мебошад. Умед нерӯе аст, ки Худованди олам онро дар қалби одамиён қарор додааст, то бар ободонии ин ҷаҳон талош ва кӯшиш кунанд. Паёмбар(с) мефармоянд:

إِنْ قَامَتِ السَّاعَةُ وَبِيَدِ أَحَدِكُمْ فَسِيلَةٌ فَإِنِ اسْتَطَاعَ أَنْ لاَ يَقُومَ حَتَّى يَغْرِسَهَا فَلْيَفْعَلْ

“Агар қиёмат барпо шуд ва ниҳоли хурмое дар даст доштед, то онро бикоред, чунончи то қабл аз барпоӣ қиёмат тавонистед онро бикоред, ҳатман онро бикоред!. (Муснади Аҳмад ибни Ҳанбал, ҳадиси 13004)

Ин ҳадис нишондиҳандаи он аст, ки мо дар ҳеҷ шароите набояд умеди худро аз даст бидиҳем ва бояд ҳамеша ба Худо ва раҳмати Ӯ умедвор бошем, чаро ки ин худ яке аз дастуроти муҳими  Худованд ба бандагон аст, ки мефармояд:

وَلَا تَاْيۡ‍َٔسُواْ مِن رَّوۡحِ ٱللَّهِۖ إِنَّهُۥ لَا يَاْيۡ‍َٔسُ مِن رَّوۡحِ ٱللَّهِ إِلَّا ٱلۡقَوۡمُ ٱلۡكَٰفِرُونَ

“Ва аз раҳмати Худо ноумед нашавед; ҳамоно ҷуз гурӯҳи кофирон, аз раҳмати Худо ноумед намешаванд.” (Сураи Юсуф, ояти 87)

Бинобар ин метавон натиҷа гирифт, ки умед нерӯе аст, ки Худованд онро дар қалби одамиён қарор додааст, чароки бидуни умед ва раҷо инсон ҳатто як соат ҳам наметавонад зинда бимонад ва зиндагӣ кунад. Аз хусусиёти вежаи Паёмбарон, умедвории ба Худо ва раҳмати бепоёни Ӯ буд ва дар ҳеҷ шароите умеди худро аз даст намедоданд ва аз талош ва кӯшиш даст бар намедоштанд.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед