Эътидол асоси ахлоқи нек

0
160

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Эътидол асоси ахлоқи нек

Ҳакимон асоси ахлоқи некро эътидол (миёнаравӣ) дар ахлоқҳо ва сифатҳо медонанд ва барои наҷот ва расидан ба растагории инсон ва расондани вай ба саодату хӯшбахтӣ роҳи эътидолро тавсия ва супориш мекунанд.

Барои расидан ба эътидол беҳтарин ва осонтарин роҳ  пайравӣ кардан аз улгу ва намунаи комили эътидол яъне Паёмбари Акрам (с) аст. Эмом Ғаллозӣ дар ин маврид мефамоянд: Паёмбари Акрам (с) ба камоли эътидол дар ахлоқу сифатҳои нек расида буд ва ҳар кас дар ин маврид ба Паёмбар (с) наздик бошад ба ҳамон андоза ба Худо наздик аст ва чунин шахсе ба саодат хоҳад расид ва ҳар кас дар ин маврид аз Паёмбар (с) дур бошад ба ҳамон андоза аз Худо дур аст ва аз расидан ба саодату хӯшбахтӣ маҳрум аст. (Эҳёул-улум, ҷ 3, саҳ 55)

Паёмбари Акрам (с) ва ҷонишинону солиҳони уммат намунаи комили роҳи росту мустақим ҳастанд ва пайравӣ аз ахлоқи муътадили онҳо роҳи расидан ба хушбахтӣ аст. Пас ҳар кас ахлоқи худро муътадил кард бидонад, ки дар сироти мустақим қадам гузоштааст.

Ҳаргуна инҳироф (зиёдаравӣ ва камкорӣ) инсонро аз роҳи рост хориҷ мекунад ва ба нобудӣ мекашад ба ҳамин хотир бояд фард ва ҷомеаро ба суи сифати эътидол, ки дар ҳақиқат роҳи рост аст даъват кард ва заминаи иҷрои онро ҳам омода кард.

Пас бар мо лозим аст, ки бо риояи эътидол аз мубтало шудан ва бадии ифроту тафрит ҷилавгирӣ кунем.

Худованди Мутаол дар Қуръони Карим ба паёмбари худ чунин тавсияҳо мекунад:

وَلَا تَجْهَرْ بِصَلَاتِكَ وَلَا تُخَافِتْ بِهَا

“Ва намозатро бо садои баланд махон ва [низ] онро [бисёр] оҳиста махон;”

Пас ҳар кас аз он таҷовуз кунад, кори бад кардааст.

وَابْتَغِ بَینَ ذلِكَ سَبِیلً

“Ва байни он [ду], роҳе биҷӯй.” (Сураи Исро, ояти 110)

وَلَا تَجْعَلْ یَدَكَ مَغْلُولَةً إِلَی‏ عُنُقِكَ وَلَا تَبْسُطْهَا کُلَّ الْبَسْطِ

“Ва дастатро ба гарданат баста қарор мадеҳ ва онро ба таври комил магӯшой.” (Сураи Исро, ояти 29)

وَالَّذِینَ إِذَا أَنْفَقُوا لَمْ یُسْرِفُوا وَلَمْ یَقْتُرُوا

“Ва касоне, ки ҳар гоҳ инфоқ кунанд, зиёдаравӣ намекунанд ва бухл намеварзанд;”

Пас ҳам исроф ва ҳам бахилӣ ҳар ду бад аст:

وَکَانَ بَینَ ذلِكَ قَوَاماً

“Ва байни ин [ду] мӯътадил ҳастанд.” (Сураи Фурқон, ояти 67)

Бинобар ин,  ахлоқи неку дар миёни ду бадии ифроту тафрит  эътидол аст.

Ҳар сифат ва рафторе як тарафаш ифрот ва тарафи дигараш тафрит қарор дорад ва расидан ба ҳадди васат сахту душвор аст. То ҳадди тавон бояд талош кунем, то худро ба васат наздиктар кунем ва аз ифроту тафрит дурӣ кунем.

Паёмбар ва пешвоёни ҳақии дин ҳам  ба риояи эътидол дар ҳамаи корҳо тавсия кардаанд.

Шахсоне, ки Паёмбари Акрам (с) онҳоро тарбият карданд дар ҳамаи корҳо эътидолро риоят карда ва аз миёнаравӣ хориҷ нашуданд.

Раҳбарони дин инсонҳоро ҳамеша бим (тарс) ва умеди баробар ва муътадил ба сӯи ҳақ даъват кардаанд, зеро агар одам бимаш беш аз андоза шавад, аз ҳаракат ба сӯи ҳақ боз мемонад ва агар умедаш аз андоза бештар шавад, бепарво ва саркаш мешавад. Пас беҳтарин замина барои рушду таолии фарду ҷомеа риояти эътидол аст.

Ба ҳамин хотир барои мавъизагарони дин лозим аст, ки дар ин робита доно ва фаҳмида амал кунанд, то мардумро аз бахшиш  ва меҳрабонии Худо ноумед накунанд ва ҳамчунин аз азоби Худо ҳам инсонҳоро бохабар кунанд.

Беҳтарин роҳ барои ҳидояти фард ва ҷомеа даъвати мардум ба риояти эътидол аст. Худованди Мутаол ҳам одамиёнро аз роҳ ба камол мерасонад тавре, ки дар Қуръони Карим канори оятҳои азоб (бим) оятҳои ташвиқ (умед) ҳам қарор дорад ва вазифаи паёмбарон ҳам башорат (умед додан) ва ҳам инзор (тарсондан аз азоб) аст.

Худованд инсонҳои воломақомро миёнарав тавсиф мекунад, чуноне, ки дар мавриди инсони олим мефармояд:

أَمَّنْ هُوَ قَانِتٌ آنَاءَ اللَّيْلِ سَاجِداً وَقَائِماً يَحْذَرُ الْآخِرَةَ وَيَرْجُوا رَحْمَةَ رَبِّهِ قُلْ هَلْ يَسْتَوِي الَّذِينَ يَعْلَمُونَ وَالَّذِينَ لَا يَعْلَمُونَ إِنَّمَا يَتَذَكَّرُ أُوْلُو الْأَلْبَابِ

“Оё [чунин касе беҳтар аст, ё] касе, ки ӯ дар лаҳзаҳои шаб саҷдакунон ва истода фармонбардорӣ мекунад; аз охират метарсад ва ба раҳмати Парвардигораш умед дорад? Бигӯ: «Оё касоне, ки медонанд ва касоне, ки намедонанд, баробаранд?» Танҳо соҳибони хирад панд мегиранд.” (Сураи Зумар, ояти 9)

Дар ин оят инсони олиму хирадманд ибодаткунанда муаррифӣ мешавад, мақомаш риояти эътидол аст.

Паёмбарон ва солеҳон намунаҳои камоли эътидол ҳастанд, ҳам дар ахлоқу сифатҳо ва ҳам дар рафтору равишҳо. Барои ҳаракат ба сӯи саодати мутлақ ҳар ду мавриди зикршуда лозим аст. Хориҷ шудан аз эътидол дар ахлоқу сифатҳо ё дар рафторҳову равишҳо сабаби эҷоди мушкил дар ахлоқу рафтори инсон мешавад. Бисёре аз инсонҳо дар мавридҳои мухталиф эътидолро риоят намекунанд. Бархе худро кам мешуморанд ва қадри худро намедонанд ва арзишҳои худро намешиносанд, нотавону беирода ҳастанд. Бархе дигар худро зиёд мешуморанд, инҳо ҳам қадри худро намедонанд, дар худбинӣ ва худхоҳӣ ғарқ шудаанд гарданкашу мутакаббир ҳастанд. Ҳар ду қисм аз эътидол берунанд ва бояд ҳар кадомро ба роҳи эътидол даъват кард. Ба инсони худхоҳ бояд гуфт:

Эй инсоне, ки аз нутфа ва оби мании бадбӯ халқ шудаӣ ва поёнат ҳам марг аст, наметавонӣ ба худат рӯзӣ диҳӣ ва наметавонӣ маргро аз худат дур кунӣ. Пас такаббурро раҳо кун ва ба роҳи эътидол ворид шав.

Аммо он кас, ки қадри худро гум кардааст ва намедонад, ки чӣ касе аст, бояд ба ӯ гуфт, ки арзишҳои худро бишинос:

Инсон ҷонишини Худо дар рӯи замин ва саҷдашудаи фариштагон аст. (Сураи Бақара, ояти 30 ва 34)

Чунин инсоне баҳояш танҳо биҳишт аст, пас набояд худро бо камтар аз он фурӯхт.

Ба ҳамин хотир эътидол замина ва асоси тарбияти саҳеҳ аст ва вазифаи мураббӣ он аст, ки тарбиятшавандаро ба сӯи эътидол даъват кунад, то битавонад ӯро ба роҳи саҳеҳ ҳидоят кунад.

Паёмбари Акрам (с), ки худ намуна ва усва дар камоли эътидол ҳастанд, таъкид мекарданд, ки умматаш аз Эшон пайравӣ кунанд ва аз ифроту тафрит дурӣ кунанд:

أَیُّهَا النَّاسُ، عَلَیکُمْ بِالْقَصْدِ، عَلَیکُمْ بِالْقَصْدِ، عَلَیکُمْ بِالْقَصْدِ

Эй мардум бар шумо бод риояи эътидолу миёнарвӣ, эътидолу миёнарвӣ, эътидолу миёнарвӣ. (Сунани Ибни Моҷа, ҷ 2, саҳ 1417)

Натиҷа

Барои ҳар инсони хирадманде лозим аст, ки барои касби аҳлоқи нек, ки ҳадди миёнаи он эътидол дар рафтору сифот аст, талош кунад ва аз бадиҳо, ки ифроту тафрит аст, дурӣ кунад, то ба саодати абадӣ бирасад ва агар дар ин роҳ кӯтоҳӣ кунад, гирифтори нобудӣ  ва бадбахтӣ хоҳад шуд.

 

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед