Эҳтиром-ба-дигарон-дар-маорифи-қуръонӣ-ва-сираи-набавӣ

0
298

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
 Эҳтиром ба дигарон
дар маорифи қуръонӣ ва сираи набавӣ

Муқаддима
Иртибот ва зиндагӣ бо дигарон аз заруриёти ҳаёти башарӣ аст. Мӯъмин, ки ҳам вазифаи инсонӣ ва ҳам вазифаи шаръиаш ӯро ба иртибот бо дигарон водор мекунад, бояд беҳтарин равишҳоро ба кор гирад.Қуръони Карим ва Расули Мукаррами Ислом(с), ки асосан барои иртибот ва зиндагии иҷтимоӣ нозил ва мабъус гаштаанд, бар зарурат ва чигӯнагии иртибот бо дигарон сухани зиёде доранд.

Дар ин навиштор бо нигоҳ ба оятҳои қуръонӣ ва сираи набавӣ, ба чанд маврид аз рафторҳое, ки нишонаи адои эҳтиром нисбати дигарон аст ва робитаҳоро солим мегардонанд, ишора мешавад.

  1. Салому ҳолпурсӣ бо дигарон
    Аз некӯтарин корҳое, ки мӯъминон ба он бовар доранд ва пойбанд ҳастанд, “суннати салом” аст.

Дар шариати исломӣ “салом” яъне “бароят орзӯи саломатӣ дорам” ва ё ин ки “бидон ту дар назди ман дар саломат ва дар амон ҳастӣ”.

Сираи Набии Мукаррами Ислом(с) ва фармони қуръонӣ ин аст, ки вақте мӯъминон ҳамдигарро мебинанд, бо гуфтани “салом” ҳамдигарро оромиш бибахшанд. (Бурҳон Абдуллоҳ, Ихлоси амал, саҳ.3)

Салом гуфтан ва пурсидани ҳоли ҳамдигар ва ҳамдардию ҳамшодӣ бо дигарон, аз ҷумлаи рафторҳои некӯест, ки ҳар инсонеро маҷзуб ва хӯшбин мекунад ва ба робитаҳо вусъат мебахшад.

Худованди Мутаол дар одоби вуруд ба хонаҳо ин гӯна мефармояд:

فَإِذَا دَخَلْتُم بُيُوتًا فَسَلِّمُوا عَلَى أَنفُسِكُمْ تَحِيَّةً مِّنْ عِندِ اللَّهِ مُبَارَكَةً طَيِّبَةً كَذَلِكَ يُبَيِّنُ اللَّهُ لَكُمُ الْآيَاتِ لَعَلَّكُمْ تَعْقِلُون
“… ва ҳангоме, ки ба хонаҳо даромадед, пас бар худатон салом гӯед; [ин] таҳиятест муборак [ва] пок аз ҷониби Худо. Ингуна Худо оятҳоро барои шумо баён мекунад, шояд шумо биандешед” (Сураи Нур, ояти 61)

Дар аввали оят ҳукми истифода аз он чи дар хонаи наздикон дар ихитёри меҳмон ҳаст баён мешавад ва дар бахши поёнӣ ба суннати некӯи “салом” амр мекунад, “вақте вориди хонае шудед, агар касе онҷо набошад, бар худатон салом бигӯед”.

Чунон, ки салом бар дигарон оромиш мебахшад, агар касе набуд, “салом гуфтан бар худ” низ сабаби баракат ва раҳмати илоҳӣ аст.

Ҳамчунин, вақте касе салом мегӯяд ва эҷоди иртибот мекунад, бояд ҷавобаш низ бо посӯхи беҳтар дода шавад, ки ин кор идомаи робитаро беҳтар мегардонад.

Қуръони Карим дар омӯзиши ҷавоби салом мефармояд:

وَإِذَا حُيِّيْتُم بِتَحِيَّةٍ فَحَيُّواْ بِأَحْسَنَ مِنْهَا أَوْ رُدُّوهَا إِنَّ اللّهَ كَانَ عَلَى كُلِّ شَيْءٍ حَسِيبًا
Ва ҳангоме, ки ба шумо [салому] дуруде гуфта шуд, пас бо [салому] дуруде беҳтар аз он ва ё ҳамонанди онро посух диҳед. Қатъан Худо бар ҳама чиз ҳисобрас аст” (Сураи Нур, ояти 86)

Барои ин ки мӯъминон ба салом ва таҳийят ба ҳамдигар бештар таваҷҷӯҳ дошта бошанд ва аз фоидаҳои он баҳраманд гарданд, Худованд саломро сухани мӯъминон ва аҳли биҳишт меномад ва мефармояд:

وَأُدْخِلَ الَّذِينَ آمَنُواْ وَعَمِلُواْ الصَّالِحَاتِ جَنَّاتٍ تَجْرِي مِن تَحْتِهَا الأَنْهَارُ خَالِدِينَ فِيهَا بِإِذْنِ رَبِّهِمْ تَحِيَّتُهُمْ فِيهَا سَلاَمٌ
Ва касоне, ки имон оварданд ва корҳои шоиста анҷом доданд, ба боғҳое ки наҳрҳо аз зераш ҷорист, дароварда шаванд. Ба хости Парвардигорашон дар он ҷо ҷовидонанд. Дурӯдашон дар он ҷо “салом” аст” (Сураи Иброҳим, ояти 23)

Ҳамчунин ба ин ҳақиқат ишора дорад, ки Худованд ва фариштагон ба мӯъминон салом мегӯянд ва онҳоро ба вуруд дар биҳишт башорат медиҳанд.

Худованд мефармояд:

سَلَامٌ قَوْلًا مِن رَّبٍّ رَّحِيمٍ
«Салом, сӯхане аз ҷониби Парвардигори Меҳрубон аст» (Сураи Ёсин, ояти 58)

Фариштагони дари биҳишт мегӯянд:

يَقُولُونَ سَلامٌ عَلَيْكُمُ ادْخُلُواْ الْجَنَّةَ بِمَا كُنتُمْ تَعْمَلُونَ
“… Мегӯянд: Салом бар шумо! Ба хотири он чи анҷом медодед, вориди биҳишт шавед” (Сураи Наҳл, ояти 32)

  1. Гуфтори некӯ бо дигарон
    Ҳар робитае бо салому ҳолпурсӣ оғоз гардад, дорои осори некӯест, ки баён гашт.

Аммо сухани некӯ гуфтан ва некӯ сухан гуфтан яке дигар аз ҳунарҳои муҳим барои эҷод ва идомаи иртибот бо дигарон аст.

Онҳое, ки ҳам сухани некӯ мегӯянд ва ҳам суханҳоро некӯ баён мекунанд, дар робитаҳо дорои ҷойгоҳи бартаранд.

Қуръони Карим дар бораи гуфтори некӯ оятҳои зиёде дорад ва намунаҳои бисёреро аз таърихи анбиё ва авлиёи илоҳӣ нақл кардааст. Дар сураи Бақара мефармояд:

وَإِذْ أَخَذْنَا مِيثَاقَ بَنِي إِسْرَائِيلَ لاَ تَعْبُدُونَ إِلاَّ اللّهَ وَبِالْوَالِدَيْنِ إِحْسَانًا وَذِي الْقُرْبَى وَالْيَتَامَى وَالْمَسَاكِينِ وَقُولُواْ لِلنَّاسِ حُسْنًا وَأَقِيمُواْ الصَّلاَةَ وَآتُواْ الزَّكَاةَ ثُمَّ تَوَلَّيْتُمْ إِلاَّ قَلِيلًا مِّنكُمْ وَأَنتُم مِّعْرِضُونَ
“Ва ҳангоме, ки аз Бани Исроил паймон гирифтем, ки ҷуз Худоро напарастед ва ба падару модар ва хешовандон ва ятимон ва бенавоён некӣ кунед ва бо мардум неку [сӯхан] бигӯед ва намозро барпо доред ва закотро бипардозед. Сипас, ба ҷуз андаке аз шумо, рӯй гардонидед, дар ҳоле ки сарпечӣ мекардед” (Сураи Бақарф, ояти 83)

Худои Мутаол аҳду паймонеро, ки аз Бани Исроил гирифт, ёдоварӣ мекунад. Пайравони Мусои Калим(а) вазифадор буданд “ғайри Худоро ибодат накунанд ва ба падару модар ва хешовандон ва ятимон ва нотавонҳо эиҳтиром бигӯзоранд”. (Замахшарӣ, Кашшоф, ҷ.1, сураи Бақара, ояти 83)

Худованд баъд аз ёдоварии тавҳид дар ибодат ва некӣ ба дигарон, пеш аз амри ба намозу закот, аз бандагон мехоҳад “бо мардум некӯ сухан бигӯянд”, ки ҳамин низ аҳаммияти некӯ сухан гуфтанро мерасонад.

Дар маорифи қуръонӣ “гуфтори некӯ ва бахшиши ҳамдигар” аз садақаи молие, ки баъдаш садақагиранда озор дода шавад, бартар дониста мешавад. Чунон, ки Қуръони Карим мефармояд:

قَوْلٌ مَّعْرُوفٌ وَمَغْفِرَةٌ خَيْرٌ مِّن صَدَقَةٍ يَتْبَعُهَآ أَذًى وَاللّهُ غَنِيٌّ حَلِيمٌ
“Гуфтори писандида ва бахшиш аз садақае, ки озоре ба ҳамроҳи он бошад, беҳтар аст.  Худованд бениёзи бурдбор аст” (Сураи Бақара, ояти 263)

Ҷамъбандӣ
Мӯъмин бояд бо дигарон робитаи солим дошта бошад ва дигарон аз ҳузури ӯ дар оромиш бошанд ва баҳраманд гарданд.

Расули Худо(с) беҳтарин робитаро бо дигарон доштаанд ва барои оғози робита, гуфтани “салом” ва ҳолпурсиро тавсия намудаанд.

Салом, ки ба маънои орзӯи оромиш барои дигарон аст, ҳам анҷоми вазифаи шаръист ва ҳам бар мухотаб таъсири рӯҳӣ ва ҷисмӣ мегӯзорад.

Посӯхи ҳар коре бояд ба беҳтарин равиш ҷавоб дода шавад. Салом ки худ як сухани илоҳӣ ва каломи аҳли биҳишт аст, бо посӯхи беҳтар, баргардонда мешавад.

Некӯ сухан гуфтан ба монанди сухани некӯ гуфтан дорои аҳаммият аст. Шахсони некӯсухан ҳамеша бо дигарон хӯшрафторанд ва робитаҳои беҳтареро хоҳанд дошт.

Мардумро, махсусан инсонҳои мустазъаф ва ниёзмандро бо суханони некӯ хитоб қарор додан, аз сифатҳои мӯъминон аст ва назди Худованд дорои аҷру подош мебошад.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед