Дурӣ аз сифатҳои бад хислати ибодурраҳмон

0
295

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Дурӣ аз сифатҳои бад хислати ибодурраҳмон

Муқаддима
Худованди Мутаол, гоҳ бандагони хубашро бо сифат ва унвонҳои хоссе зикр мекунад ва башоратҳое барои онҳо медиҳад.

Яке аз унвонҳои зебое, ки Худованд барои бандагони некаш баён кардааст, “ибодурраҳмон” мебошад.

Ибодурраҳмон ҳамон тавр, ки  сифатҳои фозила ва нек доранд,  аз сифатҳои разила ва бад низ дур  ҳастанд. Ин баҳс дар илми ахлоқ ба унвони сифатҳои мусбат ва манфии ахлоқӣ матраҳ мешавад.

Дар ин гуфтор “ибодурраҳмон” ва баъзе аз сифатҳои манфии онҳоро бо нигоҳ ба оятҳои Қуръони Каримро матраҳ хоҳем намуд.

Ибодурраҳмон
Вожаи “Ибод” ба маънои бандагон ва «Раҳмон» ба маънои (Худои) «Бахшанда», як унвони қуръонӣ барои баъзе аз бандагон аст, ки мавриди раҳмати хоссаи Худованд қарор гирифтаанд.

Албатта бояд диққат намуд, ки «бандаи Худо будан» махсуси як гурӯҳ нест, балки ҳамаи инсонҳо бандаи Ӯ ҳастанд. Вақте инсон бандагиро бо ризояти Худо ҳамроҳ кунад, бандаи хосси Худованд аст ва агар дар гуфтору рафтор ризояти Худоро дар назар нагирад, бандаи осӣ ва гунаҳкори Худованд хоҳад буд.

Аз ҷумлаи ахлоқиёте, ки «ибодурраҳмон» доранд, тавозӯъ ва фурӯтанӣ аст. Ҳатто вақте роҳ мераванд, ҳеҷ худбинӣ ва такаббуре дар онҳо дида намешавад, чун онҳо бо оромиш ва фурӯтанӣ роҳ мераванд. (Замахшарӣ, Кашшоф,сураи Фурқон, ояти 63,  ҷ.3, саҳ 285)

Қуръони Карим дар баёни сифати некӯи онҳо мефармояд:

وَعِبَادُ الرَّحْمَنِ الَّذِينَ يَمْشُونَ عَلَى الْأَرْضِ هَوْنًا وَإِذَا خَاطَبَهُمُ الْجَاهِلُونَ قَالُوا سَلَامًا

“Ва бандагони [Худои] Раҳмон касоне ҳастанд, ки бар замин бо фурӯтанӣ роҳ мераванд ва ҳангоме, ки ҷоҳилон онҳоро [бо бадӣ] хитоб кунанд, [бо мудоро] салом гӯянд” (Сураи Фурқон, ояти 63)

Ин рӯҳия ва рафтори инсон ба сабаби шинохти ҷойгоҳи ночизи худ ва ҷойгоҳи бо азамати Худованд ва шинохти маорифи қуръонӣ ҳосил мегардад ва кибрро дур мекунад. Чун медонанд Худованди Раҳмон дар мазаммати кибр фармудааст:

إِنَّ اللّهَ لاَ يُحِبُّ مَن كَانَ مُخْتَالًا فَخُورًا

“Ҳатман Худо касеро, ки худхоҳи фахрфурӯш бошад, дӯст намедорад” (Сураи Нисо, ояти 36)

Бандагони дорои маърифати қуръонӣ, ҳеҷгоҳ кореро, ки мавриди писанди Худованд нест, анҷом нахоҳанд дод.

Сифатҳои салбии ибодурраҳмон
Чунон ки баён гашт, бандагони Худованд сифатҳои некӯро доранд ва аз сифатҳои бад ва салбӣ, дурӣ мекунанд.

Қуръони Карим вақте бандагони Худоро муаррифӣ мекунад, дар канори сифатҳои ахлоқии онҳо, баъзе аз сифатҳои салбиро низ баён кардааст, аз ҷумла:

  1. Тарки ширк ба Худованд

Дурӣ аз ширк ва рӯй овардан ба тавҳиди қалбӣ, гуфторӣ ва рафторӣ аз муҳимтарин сифатҳои “ибодурраҳмон” аст.

Худои Мутаол баъд аз муаррифии “ибодурраҳмон” дар сураи Фурқон ва баёни сифатҳои некӯи онҳо, ба сифатҳои салбиашон низ ишора мекунад ва мефармояд:

وَالَّذِينَ لَا يَدْعُونَ مَعَ اللَّهِ إِلَهًا آخَرَ

“Ва касоне, ки маъбуди дигарро бо Худо намехонанд” (Сураи Фурқон, ояти68)

Бандагони Худои Раҳмон аз ширк дурӣ мекунанд ва касеро дар канори Худованд, ҳамчун маъбуд қарор намедиҳанд. (Фахри Розӣ, Мафотиҳул-ғӯйб, сураи Фурқон, ояти 68, ҷ.4, саҳ95)

  1. Тарки исроф

Яке аз асоситарин унсурҳои ҷомеаи солим ва саодатманд ин аст, ки дар корҳо на ифрот ва зиёдаравӣ кунанд ва на тафрит ва танбалӣ дошта бошанд.

Бар асоси маорифи қуръонӣ, муътадил будан ва амал ба вазифа, сифати “ибодурраҳмон” дониста шудааст.

Онҳо ҳатто вақте кори некӯ ва инфоқ мекунанд, дар чорчубаи шариат аст, лизо Худованд мефармояд:

وَالَّذِينَ إِذَا أَنفَقُوا لَمْ يُسْرِفُوا وَلَمْ يَقْتُرُوا وَكَانَ بَيْنَ ذَلِكَ قَوَامًا

“Ва касоне, ки ҳар гоҳ инфоқ кунанд, зиёдаравӣ намекунанд ва бухл намеварзанд ва байни ин [ду] мӯътадил ҳастанд” (Сураи Фурқон, ояти 67)

Инфоқ метавонад бо пулу мол бошад ва ниёзмандеро таъмин кунад ва метавонад бо гуфтору рафтор бошад ва дигаронро шод кунад ва рӯҳияи беҳтар бидиҳад.

Эҳтироми волидайн, зану фарзандон, ҳамсоягон, ҳамкорон ва ғайра низ аз инфоқҳои гуфторӣ ва рафторӣ ҳастанд, ки дар ҷомеаи имрӯз бисёр зарурӣ шудааст.

Касоне ки дунболи корҳои нек ҳастанд ва мехоҳанд хайру садақа ва инфоқ дошта бошанд, мумкин аст бо эҳсосотӣ шудан ва хоҳиши дигаронро бароварда кардан, чунон инфоқ кунанд, ки сабаби аз байн рафтани ҳамаи молашон гардад ва дар натиҷа натавонанд амали зебои некӯкориро идома диҳанд.

Қуръони Карим барои ҳифзи тавони молӣ ва ҳифзи иззату обурӯи худ ва хонавода ва дигарон, ин сифати неки “ибодурраҳмон”-ро, ки дурӣ аз ифрот ва тафрит аст, баён мекунад.

Аҳли инфоқ вақте мехоҳанд хайру садақаи молӣ кунанд ва ё бо рафтору гуфтори нек нисбати дигарон инфоқе кунанд, бояд дар ҳадде бошад, ки дороияшон тамом нашавад ва ё иззату имонашон поймол нагардад. Ингуна метавонанд ҳам инфоқи доимӣ дошта бошанд ва ҳам иззати нафсашонро ҳифз кунанд.

  1. Тарки шаҳодати дурӯғ

Инсонҳо дар ҷомеаи муртабит бо ҳамдигар зиндагӣ мекунанд. Гоҳ ин зиндагии ҳамагонӣ ниёзманди ин аст, ки гурӯҳе барои гурӯҳи дигаре шаҳодат бидиҳанд ва таъйид кунанд ва интихоб кунанд ва ё такзиб кунанд ва рад намоянд.

Таъйид ва интихоб ва ё такзиб ва радди дигарон, ки ба маънои шаҳодат бар некӣ ва ё бадии онҳост, бояд бар асоси шинохти шаҳодатдиҳанда нисбати онҳо бошад ва на аз рӯи дурӯғ. Чун мумкин аст шаҳодати як нафар бар хубӣ ва ё бадии касе, сабаб шавад дигарон ӯро ба унвони инсони нек интихоб кунанд ва ё ба унвони инсони бад ва муҷрим рад ва маҳкум кунанд.

Дар ҳақиқат шаҳодат надодан аз рӯи дурӯғ бар некӣ ва ё бадии дигарон, як амри фиқҳӣ ва ҳуқуқӣ аст, ки Қуръони Карим онро ба унвони яке аз сифатҳои салбии “ибодурраҳмон” зикр мекунад ва мефармояд:

وَالَّذِينَ لَا يَشْهَدُونَ الزُّورَ

Ва касоне, ки гувоҳии дурӯғ намедиҳанд” (Сураи Фурқон, ояти 71)

Ҷамъбандӣ

Бандагони Худованд дар Қуръони Карим ба унвонҳои гуногӯне муаррифӣ мешаванд, ки яке аз онҳо “ибодурраҳмон” аст.

“Ибодурраҳмон” дорои сифатҳои фозила ҳастанд ва аз сифатҳои паст ва разила дурӣ мекунанд, ки ба унвони “сифатҳои салбӣ” шинохта мешаванд.

Аз ҷумлаи сифатҳои салбии “ибодурраҳмон”, ки дар оятҳои қуръонӣ зикр гардидааст, инҳо ҳастанд:

  • Ҳеҷгоҳ дар ибодат барои Худованд шарик қоил немешаванд.
  • Дар инфоқ кардан на дучори исроф мешаванд ва на камкорӣ.
  • Ҳеҷгоҳ бар хубӣ ва ё бадии дигарон шаҳодати дурӯғ намедиҳанд.

Худоё! Моро низ аз гурӯҳи “ибодурраҳмон” қарор бидеҳ.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед