Чаро ғайбати дигарон ҳаром аст? (қисмати аввал)

0
138

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Ғайбат ва нешу киноя задан ба дигарон, айбҷӯӣ ва масхара кардан дар Қуръону ҳадисҳои Паёмбар (с) манъ шудааст. Чаро ки бадгӯӣ ба дигар бародарони мусалмон  чизест, ки шахсият ва ҳувияти дигаронро ошкор мекунад. Суннат ва иродаи Худованд бар пӯшида ва пинҳон будани айбу нуқсони мардум мебошад. Нуктае, дигар ин ки густариши ғайбат монеи рушди истеъдодҳои афрод мешавад ва эътимоди иҷтимоиро дар миёни мӯъминон аз байн мебарад. Дар ин мақола ба ҷойгоҳи амали ғайбат ба унвони разилати ахлоқӣ мепардозем, то рашан шавад, ки назари Қуръон ва ҳадисҳои Паёмбар (с) дар мавриди ғайбат ва айбҷӯи аз дигарон чист?. Дар куҷо пушти сари дигоран сухан гуфтан ва айбҳои онҳоро ошкор кардан иҷозат аст?   Ин мақола дар ду бахш ғайбатро аз дидгоҳи Қуръон ва ҳадисҳо мавриди баҳс қарор медиҳад.

Маънои ғайбат

Ғайбат чист ва ғайбаткунанда ба чӣ касе гуфта мешавад?   Имом Ғаззолӣ дар китоби худ маънои ғайбатро ба таври шоиста тавзеҳ дода  ва мегӯяд: Ғайбат ба маънои  нопадидӣ, пинҳон будан, ҳозир набудан, дурӣ, ҷудоӣ ва муфориқат мебошад.  Ғайбат айби касеро дар пушти  касе гуфтан ё айбҷӯӣ кардан аз пушти каси дигар, бадсуханӣ, бадгӯӣ низ мебошад .(Эҳёи улуми дин, бахши офоти забон).

Аз Паёмбари Акарам(с) ҳадис нақл шуда аст ки фармуданд:

  « أَتَدْرُونَ مَا الْغِيبَةُ ». قَالُوا اللَّهُ وَرَسُولُهُ أَعْلَمُ. قَالَ «ذِكْرُكَ أَخَاكَ بِمَا يَكْرَهُ». قِيلَ أَفَرَأَيْتَ إِنْ كَانَ فِى أَخِى مَا أَقُولُ قَالَ «إِنْ كَانَ فِيهِ مَا تَقُولُ فَقَدِ اغْتَبْتَهُ وَإِنْ لَمْ يَكُنْ فِيهِ فَقَدْ بَهَتَّه»

  Паёмбар (с) фармуданд: “Оё медонед ғайбат чист? Саҳобагон изҳори нодонӣ карданд ва гуфтанд: Худо ва паёмбараш донотаранд, Ҳазрат фармуданд: Ин ки аз бародарат чизе бигӯӣ, ки дӯст надорад. Арз шуд: Агар он чӣ мегӯем дар бародарам буд чӣ? Фармуд: Агар он чӣ мегӯӣ дар ӯ бошад ғайбаташ кардаӣ ва агар он чӣ мегӯӣ дар ӯ набошад ба ӯ тӯҳмат задаӣ.” (Саҳеҳи Муслим, ҳадиси 6758 ).

Пас ғайбат як айб ва нуқсест дар бародари мӯъминат, ки пинҳон ва ё ошкор аст ва шумо онро дар пушти сари он ба дигарон нақл мекунӣ, ки бародари мӯъминат аз он нороҳат мешавад.

Ғайбат дар Қуръон

Қуръон ғайбатро ба унвони як амали ҳаром ва аз разилатҳои ахлоқи иҷтимоъӣ медонад, ки бояд аз ҷомеа дур карда шавад, то афрод ба дунболи рушди истеъдодҳои худ ва дур кардани разилатҳои ахлоқӣ аз худ бошанд, на ин ки худро машғули айбҷӯӣ ва бад кардани дигарон кунанд . Дар Қуръон оятҳое, ки дар мавриди ғайбат омадааст метавон онҳоро  ба ду даста тақсим кард. 1. Оятҳое ки ғайбат,  айбҷӯӣ ва пайдо кардани нақсҳои дигаронро ҳаром эълом кардааст. 2. Оятҳое, ки ҳикоят аз ғайбате мекунад, ки иттифоқ афтодааст. Дар ин ҷо танҳо ба оятҳое, ки ғайбатро манъ кардааст мепардозем  ва онҳоро ба таври хулоса шарҳ медаҳем.

Ояти аввал

Худованд дар Қуръони Карим  хитоб ба мӯъминон мефармояд:

يا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا… وَ لا يَغْتَبْ بَعْضُكُمْ بَعْضاً أَ يُحِبُّ أَحَدُكُمْ أَنْ يَأْكُلَ لَحْمَ أَخِيهِ مَيْتاً فَكَرِهْتُمُوهُ وَ اتَّقُوا اللَّهَ إِنَّ اللَّهَ تَوَّابٌ رَحِيم

“Эй касоне, ки имон овардаед!… баъзе шумо баъзе [дигар]-ро ғайбат накунад; оё яке аз шумо дӯст дорад, ки гӯшти бародарашро, дар ҳоле ки мурдааст бихӯрад? Пас, онро намеписандед; ва аз Худо битарсед ҳамоно Худованд бисёр тавбапазири меҳрубон аст.” (Сураи Ҳуҷурот, ояти12).

Дар тафсири ин оят бояд гуфт, ки ғайбат дар ҳақиқат ҳувият ва шахсияти инсонро, ки ӯ дӯст дорад пинҳон бошад, вале фарди ғайбаткунанда онро ошкор мекунад. Барои мисол инсонҳо дӯст доранд, ки сифатҳои мусбат ва хуби ахлоқӣ дошат бошанд, вале дар асари бетаваҷҷӯҳи онро ба даст намеоваранд ва айбҳои зиёде доранд ва дӯст доранд, ки он айб ва нақс аз чашми дигарон пинҳон бошад.

Худованд  лутф кардааст ва суннати илоҳӣ бар он аст, ки пардае рӯӣ онҳо кашидааст, ки бандагонаш битавонанд бо ҳамдигар дар ҷомеа иртибот ва доду гирифт дошта бошанд ва дар канори ҳам зиндагӣ кунанд.

Ҳол бояд таваҷҷӯҳ дошт, ки дар асари ғайбат ва ошкор кардани айбҳои дигарон  ҳаргиз ҳеҷ ҷомеаи тавҳидӣ ташкил намешавад,  чаро ки ҳеҷ инсони бегуноҳ пайдо намешавад ва агар ҳам пайдо шуд, бо инсонҳое, ки гуноҳи онҳо барои дигарон ошкор шудааст, наметавонад кор кунад ва як ҷомеаи тавҳидӣ,  ки мавриди ризоияти Худованди Мутаол аст, ташкил намешавад.

Ин ки Худовнад мефаромяд, “Оё яке аз шумо дӯст дорад, ки гӯшти бародарашро, дар ҳоле ки мурдааст бихӯрад?” Ҳадаф аз ин ташбеҳ чист ва чаро Худованд чунин ташбеҳ кардааст? Гушти бародари мурда, на гӯши бародар!. Посухи ин пурсиш ин аст, ки Худованд дар ин оят нафармуд ғайбат ҳаром аст, балки фармуд, амали ғайбат ҳамонанди хӯрдани гушти бародари мурда аст. Ботин ва ҳақиқати амали ғайбат хӯрдани гушти бародари мӯъмин аст. Ин ки чаро бародари мурда гуфтааст  ба хотири он аст, ки он фарде, ки мавриди ғайбат қарор мегирад дар он ҷо ҳозир нест, ки аз худ дифоъ кунад ҳамонанди мурдаест, ки ҳаргиз наметавонад аз худ дифоъ кунад. Дар ҳақиқат сурати барзахии ғайбат хӯрдани гушти мурдор аст, ки ҳаром ва ғайри қобили хӯрдан аст. Ин ки Худованд фармуд  амали ғайбатро  намеписандед, таъкид бар ин дорад, ки ҳеҷ инсоне дӯст надорад ва розӣ намешавад, ки гушти бародарашро, ки мурдааст бихӯрад. Пас ҳамон тавре ки ин амалро дӯст намедоред, пас чӣ гӯна метавонед   ғайбат ва бадгӯӣ кардани пушти сари бародари худро дуст дошта бошед? Худованд дар ин оят  бо ташбеҳе, ки кардааст мехоҳад инсонҳо худашон  зарару зиёни ғайбатро бидонанд ва бишносанд.

Ояти дуввум

Айбҷӯӣ аз дигарон яке дигар аз мисдоқҳо ва намунаи ғайбат аст, ки Худованд хуш надорад, ки инсонҳо аз ҳамдигар айбҷӯӣ кунанд:

«وَيْلٌ لِكُلِّ هُمَزَةٍ لُمَزَةٍ»

 “Вой бар ҳар айбҷӯи таъназан!” (Сураи Ҳуммаза, ояти1)

Дар ин оят ҳам Худованд ба ҳақиқат ва  ботини амали айбҷӯи таъкид мекунад ва чунин афродеро, ки аз дигарон айбҷӯи мекунанд дар ин ояти шарифа эшонро мавриди мазаммат қарор медиҳад. Ин оят бо таҳдид шурӯъ мешавад ва ба айбҷуён мегӯяд вой бар шумо чаро чунин кардед?. Дар ҳақиқат  натиҷаи ин ғайбату айбҷӯи бисёр ғамангез ва саҳнаи дарднок аст.

Шахси айбҷӯ, таъназан, ғайбаткунанда, масхарагар касе аст, ки пайваста дигаронро масахара ва айбҷӯӣ мекунад ва обрӯ ва эҳтироми дигаронро мебарад ва мавриди таъна қарор медиҳад. (Сайд Қутб, Тафсири Физилол, зайли  сураи Ҳуммазза)

  Ғайбат кори афроди заъиф

Ғайбат нишонаи нотавонӣ ва аз заъфи инсон бармехезад. Ғайбат кардан як навъ сам ва заҳрест, ки вақте дар инсон ба вуҷуд омад шурӯъ мекунад ба таъназанӣ ва айбҷуи дигарон. Ғайбат фикри инсонро аз масоили муҳим дур мекунад ва ба корҳои беҳуда ва  ба айбҷӯӣ аз дигарон машғул мекунад ва дар натиҷа боиси коҳиши фикру андеша мешавад. Ғайбат заминаи таҳрифи ҳақиқат ва воруна ҷилва додани онро дар андеша ба вуҷуд меоварад.

Ғайбат мудати тулони дар андеша ва фикри инсон вуҷуд дошта бошад  кам кам ба як тафриҳу саргармӣ табдил мешавад ва инсонро ба як фарди манфинигар нисбат ба дигрон табдил мекунад. Дар ҳоле ки инсони ғайбаткунандаро дар чашми мардум ба як инсони ғайри қобили эътимод табдил  мекунад. Ҳазрати Алӣ (рз) фарди ғайбаткунандаро ба лиҳози рӯҳӣ фарди заъиф ва нотавон муаррифӣ мекунад:

  «الْغِيبَةُ جُهْدُ الْعَاجزِ»

 Ғайбат кардан талоши инсони нотавон аст.(Наҳҷулбалоға, ҳикмати 461)

Қуръони Карим  ҳамон тавре ки гузашт ғайбатро ҳаром медонад, ва инсон ғайбаткунандаро ҳамонанди инсоне медонад, ки гӯшти бародари худро мехӯрад. Ҳол ки чунин аст, инсони оқил набояд ғайбат кунад.

Макун ғайбат, агар ақлат тамом аст,

Ки гуфтори ту дар ғайбат ҳаром аст.

Агар айби ту гардад бар ту зоҳир,

Ба айби кас куҷо пардозӣ охир?

Ҳар гоҳ инсони муъмин айберо дар дигарон бубинад, бояд ба худаш муроҷиат кунад ва агар чунин айберо дар худаш дид, шарманда аз айбҳои худ шавад, ки чаро чунин айбҳое дар ӯ ҳаст, вале аз онҳо ғофил шудааст. Бузургтарин айб ин аст, ки инсон айберо дар дигарон бубинад ва пушти сараш ғайбат кунад, вале ҳамон  дар худаш бошад. Паёмбари Акрам (с) фармуданд:

«طُوبَى لِمَنْ شَغَلَهُ عَيْبُهُ عَنْ عُيُوبِ النَّاسِ»

 “Хушо ба ҳоли шахсе ки айбҳояш ӯро аз таваҷҷӯҳ ба айбҳои дигарон боз дорад.” (Эҳёи улуми дин бахши офатҳои забон)

Идома дорад….

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед