Чаро ғайбат ҳаром аст? (қисмати дуввум)

0
47

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Дар ҳадисҳои Паёмбари Акрам (с) низ ғайбат ба унвони як мункар ва ҳаром мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифта аст. Гоҳе он Ҳазрат ба унвони раҳбари ҷомеаи исломӣ аз ёрони худ мепурсад, ки оё медонед ғайбат чист? Баъд аз он тавзеҳ медиҳад ки ғайбат яъне чӣ. Мехоҳад аҳаммияти ин амали зишту пастро барои онҳо ошкор кунад. Гоҳе  ғайбатро ба буӣ бад ташбеҳ мекунад, ки ҷомеаро фаро мегирад ва баъзе вақтҳо ҳамаи мардумро хитоб қарор медиҳад ва ёдоварӣ мекунад, ки имон бо ғайбат кардан  дар як қалб қарор намегирад. Яъне  ҳамзамон инсон наметавонад дар айни ҳол ки мӯъмин бошад, ғайбати дигаронро ҳам бикунад. Баъзе вақтҳо ҳам бо сароҳат дар муқобили ғайбаткунандагон меистад ва онҳоро аз ғайбат кардан наҳй мекунад ва мисдоқи ғайбатро равшан мекунад.

Дар инҷо чанд ҳадисро аз Расули Худо (с) меоварем, барои тарбияти ахлоқии мову шумо  ва ҷомеае, ки орӣ аз ғайбаткунандагон дошта бошем.

  1. Аз Абуҳурайра (рз) нақл аст, ки Расули Худо (с) фармуданд:

أَتَدْرُونَ ما الغِيبَةُ؟ قالوا: اللَّهُ ورَسولُهُ أعْلَمُ، قالَ: ذِكْرُكَ أخاكَ بما يَكْرَهُ قيلَ أفَرَأَيْتَ إنْ كانَ في أخِي ما أقُولُ؟ قالَ: إنْ كانَ فيه ما تَقُولُ، فَقَدِ اغْتَبْتَهُ، وإنْ لَمْ يَكُنْ فيه فقَدْ بَهَتَّهُ

“Оё медонед ғайбат чист?” Саҳобаҳо фармуданд: Худо ва Раслуаш беҳтар медонанд. Расули Худо (с) фармуд: “Аз бародарат ба тавре ёд бикуни ки дӯст надорад” шахсе пурсид: агар ончизеро ки дар мавриди ӯ мегӯем дар ӯ вуҷуд дошат бошад чӣ? Расули Худо (с) фармуданд: “Агар ончизеро ки мегӯяед дар ӯ вуҷуд дошта бошад ғайбаташ кардаед; ва агар он сифат дар ӯ набошад, бар ӯ туҳмат ва буҳтон бастаед”  (Саҳеҳи Муслим, ҳадиси 2589)

  1. Аз Ҷоббир ибни Абдуллоҳ нақл аст, ки Расули Худо (с) фармуданд:

يا معشرَ من آمنَ بلسانِه ولم يدخلْ الإيمانُ قلبَه ، لا تغتابوا المسلمين ، ولا تتَّبعوا عوراتِهم ، فإنه من اتَّبعَ عوراتِهم يتَّبعُ اللهُ عورتَه ، ومن يتَّبعِ اللهُ عورتَه يفضحُه في بيتِه

Эй гурӯҳи аз мардуме, ки  ба забонҳояшон имон овардаанд ва дар ҳоле ки  имон дар қалбҳояшон ворид нашудааст, ғайбати мусалмононро накунед,  дар ҷустҷӯӣ авратҳои пинҳон ва айбҳои  онҳо набошед, зеро касе ки дар пайи ҷустҷӯи айби бародари худ бошад, Худованд айби ӯро ошкор мекунад ва касеро, ки Худованд айбашро ошкор кунад, дар даруни хонааш расвояш мекунад. (Сунани Абу Довуд, ҳадиси 4880)

Дар ин ҳадис Расули Худо (с)  аз ҳақиқати ғайбат парда бармедорад ва ботини онро ошкор мекунад ва он иборат аст аз ин ки дар ғиёб ва набуди бародари мусалмонат ба тавре аз ӯ ёд куни, ки дӯст намедорад ва намеписандад. Фарқ  намекунад, ки сифатеро ки шумо дар пушташ гуфтаед дар ҷисмаш бошад ё дар ахлоқ ва рафтораш ва  ё дар дигар сифатҳояш бошад. Муҳим  ин аст, ки он сифат дар ӯ бошад, аммо агар он сифат дар ӯ набошад ва шумо чизеро бар ӯ нисбат бидиҳед ки дар ӯ нест,  дар ин ҷо илова бар ғайбат туҳмат ҳам бар ӯ задаед. Дар мавриди ғайбат аҳодис зиёд аст, ба хотири ҷилвагири аз тӯлонӣ шудани баҳс аз оврадани онҳо худдорӣ мешавад.

Гуноҳи шунавандаи ғайбат

Шунавандаи ғайбат ҳам гунаҳгор мешавад ва дар ғайбати бародари динии худ шарик аст, вале агар инсон хост, ки ин гуноҳро аз чеҳраи худ пок кунад, то барои ӯ ҳам навишта нашавад, бояд бо фарди ғайбаткунанда мухолифат кунад, то ин гуноҳи бузург барои ӯ низ навишта нашавад.

Паёмбар (с) дар мавриди касе, ки ғайбати дигаронро мешунавад, чунин фармуданд: «المستمع احد المغتابین» Гӯшкунандаи “ғайбат” яке аз ғайбаткунандагон аст. (Эҳёи улуми дин, бахши офатҳои забон)

Ҳамчунин ду нафар аз саҳобагон, ки яке аз онҳо ба ёри худ мегуфт: фалон шахс ҳамеша дар хоб аст, баъд аз ин сухан омаданд аз Расули Худо (с) нон ва гушт талаб карданд, то бихӯранд.  Расули Худо (с) фармуданд: шумо нону гушт хӯрдед. Гуфтанд  мо чизе нахурдаем. Расули Худо (с) фармуданд: Гушти бародар ва ёри худро нахӯред. Имом  Ғазолӣ мегӯяд яке аз он ду нафар дар бораи шахсе сухан мегуфт ва айбҳои ӯро ошкор мекард ва дигарӣ ба суханони ӯ гӯш медод. Имом Ғазолӣ аз ҳадиси Расули Худо(с) натиҷа мегирад, ки  шунавандаи ғайбат ҳам аз гуноҳи ғайбат дур намешавад, магар бо се роҳ:

  1. Бо забон мункири он шавад.
  2. Бо дил ва аз таҳи қалб бо он мухолиф бошад.
  3. Ва агар битавонад бо буридани сухан монеи он шавад. (Эҳёи улуми дин, бахши офатҳои забон)

Ҳукми ғайбат

Ин  ки ҳукми ғайбат чист ва ғайбат аз кадом навъи гуноҳон аст, оё  гуноҳони бузург ё кучак (гуноҳи кабира ва сағира) аст?. Бо таваҷҷӯҳ ба оятҳои Қуръон ва ҳадисҳои Паёмбар (с) ғайбат аз гуноҳони кабира ва бузург аст, ҳамон тавре ки бузургон ҳам ба ин нукта ишора кардаанд, ки ғайбат аз гуноҳони бузург мебошад.

Имом ибни Ҳаҷар ғайбатро аз гуноҳони бузург ва кабира дониста ва мегӯяд: далелҳои зиёде ҳам бар ин далолат мекунад, ки ғайбат аз гуноҳони кабира аст, чаро ки оятҳои Қуръон онро ҳамонанди хӯрдани гӯшти бародари динии худ медонад  ва ҳамчунин дар ҳадис омадааст, ки Расули Худо (с) фармуданд:

الْمُسْلِمَ، کُلُّ الْمُسْلِمِ عَلَى الْمُسْلِمِ حَرَامٌ، دَمُهُ، وَمَالُهُ، وَعِرْضُهُ

Рехтани  хуни мусалмон, гирифтани моли мусалмон ва низ аз байн бурдани обрӯяш  ҳаром аст. (Китоби Назратунаъим фи макорими ахлоқи Расули Карим, ҷ 11)

Дар  ин ҳадис ғайбат ҳамонанди гуноҳони ҳамчун куштани инсон ва ғасби мол ва сарвати  ӯ омада аст, ки ин ду аз гуноҳони кабира буда ва бар ин ки онҳо аз гуноҳони карбира ҳастанд иҷмои уламо мебошад.

Мавридҳое ки  ғайбат ҷоиз аст

Ҷомеа ва зиндагии ҷамъӣ ҷоест, ки инсон ба ночор бо дигарон сарукор дорад ва бо эшон дар  иртибот аст. Гоҳе  ба ӯ зулм мешавад ва ё гоҳе лозим аст, барои иҷрои як амри динӣ  дар пушти дигарон   сухане бигӯяд. Савол дар ин ҷо   аст, ки оё дар ҳар ҷой сухан  гуфтан пушти сари дигарон  ғайбат ба ҳисоб меояд?. Ин маворид маъмулан барои ислоҳи як шахс  аст, ки  бо гуфтани айбҳои  ӯ  ва тазаккур доданаш ислоҳ мешавад  ва ба ночор бояд ба ӯ гушзад кард ва ё ба дигарон  гуфт, ки  то эшон  ислоҳ шавад. Пас дар ҷое ки агар қасди  тарбият ва ё ислоҳ  бошад, ҷоиз аст айбҳои ӯ гуфта шавад ва он мавридҳо иборат аст аз:

  1. Дар ҷое ки ба инсон зулм шудааст ва наметавонад зулмро аз худ дур кунад, магар бар ин ки онро ифшо кунад, то ба ҳақаш бирасад.
  2. Дар ҷое ки ҳадафи инсон кӯмак ва ёрӣ хостан барои тағйири мункар ва хилофи шаръ ва баргардонидани фарди гунаҳкор ва ислоҳ кардани он бошад. Яъне иҷозати ғайбат барои ислоҳ аст, бинобар ин  ҳаром нест.
  3. Фатво хостан; монанди ин ки касе назди муфтӣ биравад ва  бипурсад, ки падарам, модарам, ҳамсарам  ба ман зулм кардааст чӣ гӯна аз он халос шавам? Дар чунин ҳолат  ғайбат ба ҳисоб намеояд. Вале беҳтар аст ки бигӯяд; агар касе ки падар, модар ва  ҳамасараш бар ӯ зулм карда бошанд, чӣ гӯна монеи зулми онҳо шавад?.
  4. Барҳазар доштани мусалмонон аз шарру бадии касоне, ки бидъатгар ва фосиқанд ва шумо аз фисқи ӯ огоҳед ва  дигарон низ бояд бидонанд, то аз эшон дурӣ кунанд. Бар ҳамин асос  ҳадисе аз Расули Худо(с)дар ин боб гуфта шудааст.

قال رسول الله(ص): اذكر الفاسق بما يعرفه النّاس؟ اذكروه بما فيه حتّى يحذره النّاس

Рафтор ва амали шахси фосиқро ба мардум бигӯед то мардум аз ӯ барҳазар шаванд. (Эҳёи улуми дин, бахши офатҳои забон)

Бузургон  гуфтаанд се гурӯҳро ғайбат набошад; ҳокими ситамгар ва золим, бидъатгари дар дин ва касе ки ошкоро фисқ анҷом медиҳад.

  1. Лақаби машҳур ва маъруф; яъне инсоне ки   лақабе дорад  дар он айб ва нақс бошад. Уламои дин гуфтани чунин лақаберо ҳаром намедонанд. Вале инро ҳам қайд мезананд, ки бишавад бо калимаҳои  беҳтаре онҳоро садо зад.  Масалан  барои афроди нобино  лақаби басирро мегӯянд,  то нақс нагуфта бошанд. Инҳо мавориде буд, ки ғайбат ба шумор намеоянд. (Эҳёи улуми дин ва китоби  Назрату наъим фи макорими ахлоқи Расули Карим)

Натиҷа

Бояд гуфт  яке аз разилатҳо ва сифатҳои пасти ахолқӣ ғайбат кардани дигарон аст, ки аз гуноҳони бузург ва кабира аст. Ғайбат ба маънои нақс ва айберо дар бародари мӯъминат бубинӣ ва дар пушти сараш ба дигарон бозгӯ кунӣ. Дар Қуръон ва ҳадисҳои Паёбмар (с) амали ғайбат яке аз амалҳои бисёр пасти инсонӣ ба шумор меояд, ки ба таври қотеъ манъ шудааст. Ботин  ва ҳақиқати ғайбат ҳамонанди хӯрдани гӯшти инсони мурда аст. Худованд аз азоб ва иқоби ин амал таасуф мехӯрад, ки чаро инсон чунин амалеро анҷом медиҳад.  Ғайбат кори афроди заъиф аст, вале  гоҳе айбҳои дигаронро гуфтан ғайбат нест ва онро барои ислоҳи шахс бигӯяд  гунаҳкор намешавад.

Дар ниҳоят ғайбат  эътимоду иртиботӣ самимиро дар ҷомеаи мӯъминон аз байн мебарад ва инсонро шахси манфинигар мекунад, чаро ки инсони ғайбаткунанда суннати илоҳиро нодида гирифтааст.  Худованд бар рӯи айбҳо парда гузоштааст, набояд он парда  дарида  шавад.

Чаро ғайбати дигарон ҳаром аст? (қисмати аввал)

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед