Баррасии сираҳои фаромуш шудаи Паёмбар(с)

2
696

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Баррасии сираҳои фаромуш шудаи Паёмбар(с)

Муқаддима
Ахлоқ мавзуи бисёр муҳимме аст, ки  дар дини мубини Ислом таъкиди фаровоне амал, ба он  шудаст. Ҳадафи фиристодани паёмбарон ва даъвати анбиёи илоҳӣ тарбияти ахлоқии инсонҳо ва расонидани онҳо ба камоли саодат мебошад. Бинобар ин Расули Акрам (с) ҳадафи худ аз беъсатро чунин баён карааст:

إنَّمَا بُعِثتُ لِاُتَمِّمَ مَکَارِمَ الأخلاق
Ҳамоно мабъус шудаам, то макорими ахлоқро комил кунам. (Байҳақӣ, Ас-сунанул-кубро, ҷ.10, саҳ 323)

Аз ин ҳадис дар бисёре аз мавридҳо таҳлилҳо ва бардоштҳои ҷузъи мешавад истифода кард; ба ин маъно, ки мақсад аз макорими ахлоқро фақат ба маънои ин ки касе инсони бо ахлоқ аст, ки дар ҷомеъа ҳамчун як фарди сар ба поён бошад, бо дигарон рафтори муносиб дошта бошад ва дигарон ҳамеша аз ӯ розӣ бошанд. Ҳол он ки ин ҳадиси набавӣ ҳамаи марҳалаҳои рафтории инсонҳоро дар назар дорад, яъне ин ки Паёмбари Ислом(с) маънои умумӣ дар робита бо комил намудани макорими ахлоқро дар назар дорад ва уммати Ислом бояд шеваи зиндагии  эшонро умуман улгуи худашон қарор диҳанд.
Худованди Мутаол  шеваи зиндагии расулашро низ дар назар гирифта, эшонро  ба унвони дорои  “хулқи аъзим”  ёд мекунад:

 إِنکَ لَعَلَی خُلُقٍ عَظَیمٍ
“Ҳамоно ту хулқи аъзим ва барҷастае дорӣ.” (Сураи Нун, ояти 4).

Ин ояти шарифа ва  ҳадиси набавӣ Расули Худо(с)- ро ба унвони улгу муаррифӣ кардааст, то мо   дар ҳамаи ҳолатҳо  рафторҳои ахлоқии худамонро аз он бузургвор бигирем.
Ҳамонтавре, ки зикр шуд яке аз ҳадафҳои асосии рисолати  Расули Худо(с)   комил кардани ахлоқи ҷомеа ва тарвиҷи он дар ҷаҳон мебошад. Акнун бояд гуфт, ки вазифаи  уммати Ислом алалхусус уламои дин ин аст, ки рафтору кирдори  Паёмбари Акрам (с)-ро аз ҳама ҷиҳат улгӯи худ қарор диҳанд. Албатта инро бояд зикр кард, ки улгу ва усва қарор додани раслуи Худо на  танҳо  дар  ҷихатҳое, ки ба нафъи мо аст онро улгуи худамон қарор диҳем, балки инро бояд дар назар дошт, ки  мо бояд аз муборизот, шуҷоат, дифоъ аз мазлум ва мубориза бар зидди золимро низ аз  Расули Акрам(с) ёд бигирем ва сохтори зиндагии худамонро дар ин асос идома диҳем. Ҳаёти бобаракати  Паёмбари Акрам(с) танҳо дар рӯза гирифтан ва намоз хондан хулоса нашудааст,  балки он ҳазрат  дар муқобила бо тоғут  ва золимҳои замони худ истодагӣ ва муқовимат мекарданд. Бояд  ахлоқро аз он инсони комил  фаро гирифт ва ба он ҷомаи амал пӯшонд. Имрӯза ҷойгоҳи илми ахлоқ ва фарогирии он дар зиндагии мусалмонон ва ҳатто дар ғайри мусалмонон низ ҷои холии худ ва ниёзи мардум ба онро нишон медиҳад ва  ин беадолатиҳо ва нооромиҳое, ки дар ҷомеа дида мешавад ба сабаби дур шудан аз фармудаҳои Худо ва Расулаш мебошад. Сабабгори асосии ин бадбахтиҳои мардум ва дур шудани эшон аз асли хеш, сояи наҳси  ҳокимони золим ва тоғутсифат аст, ки инсонҳоро ба хотири манофеи шахсии худ   аз Ислом ва арзишҳои он ва фаромини илоҳӣ дур кардаанд.
Барномаҳо ва дастуроти  мактаби Ислом ҳамаҷониба аст, ки  зиндагии фардӣ ва иҷтимоии инсонҳоро дар бар мегирад. Ин мактаби боазамат тамоми дастуроти лозимро, ки дар  зиндагии инсон  оромишро ба армағон меоварад, баён кардааст. Корбурди амалии ахлоқи Паёмари Худо(с) ба маънои саҳеҳи он боиси парвариши рӯҳи фардӣ,  иҷтимоӣ ва ҳамчунин бедории виҷдонҳои хуфта ва таҳзиби нафсҳо  мегардад.
Ахлоқ: Ахлоқ ҷамъи хулқ ва ё халқ аст, ки бамаънои сиришт ва ё хӯй(феъли) дарунии инсон мебошад. (Тоҷул-арус ва Лисонул-араб, вожаи ахлоқ).
Ахлоқ дар истилоҳ:
Ахлоқ илме аст, ки фазоил ва разоили нафсонии инсонро шиносоӣ ва баён мекунад. Ба иборати дигар бо шинохти камоли қуваҳои нафс, фазилатҳои нафсонии лозим барои расидан ба камолро хоҳем донист. Илми ахлоқ илова бар шиносоии фазоил ва разоил арзиши рафтору кирдори инсонро ҳам мушахас мекунад. Ба таври мухтасар метавон қоидаи куллӣ барои ташхиси хубӣ ва бадии аъмолро ингуна муаррифӣ кард; ҳар амале, ки ба эҷоди  камоли инсон кӯмак кард хуб ва дуруст аст ва ҳар амале, ки камоли инсонро ба хатар андохт нодуруст ва бад аст. Бо таваҷҷӯҳ ба ончи, ки зикр шуд метавон илми ахлоқро ингуна таъриф кард.
Ахлоқ илме аст, ки ба мо нишон медихад чигуна иртиботҳои  худамонро танзим кунем, то ба ҳадафи аслӣ аз хилқати хеш, ки ҳамон камоли мутлақ ва расидан ба саодати дунё ва охират аст, даст ёбем.
Ин таъриф мумкин аст боис шавад саволҳоеро дар зеҳнҳои мардум ба вуҷуд биорад.

1  Оё ахлоқ аз шароит ва муқарароте, ки  марбут ба моликияти инсон нисбат ба хуқуқи шахсии худ  аст баҳс мекунад?
2  Оё дар илми ахлоқ аз муҷозоти тоғут ва муқобила бо он баҳс мешавад?
3  Оё ахлоқ ба маънои сабр кардан ва сухан  назадан дар муқобили зулми ҳокимони золим ба ҷомеа метавонад бошад ? ва ё ахлоқ фақат хондани намоз ва гирифтани рӯза аст?
Ин тавр саволҳо ба вучуд меоянд, то ахлоқи воқеӣ, ки дар фитрати инсонҳо наҳуфтааст бедор шавад.

Таҳрифи маънои ахлоқ бо гузашти замонҳо
Дар муддати 1400 сол, ки аз реҳлати охирин сафири илоҳӣ ҳазрати  Муҳаммад (с) ва пешвоёни ҳақиқии Ислом  мегузарад,  маънои асосии  ахлоқ  фарқ кардааст. Дур шудани мардум аз Қуръони Карим ва суннати Раслуи Худо(с)  тавассути ҳукуматҳои золим ва майл пайдо кардани мардум ба молу мансаб ва хомӯш мондан дар муқобили тоғутҳо ба хотири  тарси аз даст додани молу мулкашон  сабаб шудааст,  ҳаргуна зулме, ки аз ҷониби золимон мешавад, арзишҳои исломӣ аз он ҷумла  маънои  ахлоқ тағйир кунад. Ин сабаби он шудааст, ки шахси боодобу ахлоқ ба касе гуфта шавад, ки фақат намоз хонад, рӯза бигирад ва хушрафтору хушчеҳра бошад, дар натиҷа ба чунин шахсе бигӯянд, ӯ дорои ахлоқи набавӣ аст. Бале дуруст аст касе, ки чунин хислатро дошта бошад, мешавад ба ӯ инсони боахлоқ гуфт,  вале инро набояд фаромуш кард, ки хомӯш мондан бо ингуна одобу ахлоқ дар муқобили ҳокимони золим ё ба хотири дуруст дарк накардани маънои ҳақиқии ахлоқи Расули Худо(с) аст ва ё ба хотири тарс аз ҷони худ. Чаро ки расули Худо(с) ҳаргиз дар муқобили ҳокимони золим хомӯш набуданд. Пайғамбари Худо (с) бо ҳукми Қуръон дорои ахлоқи бузург ва  боахлоқтарин фарди  ҷомеа буд (ва мо, ки бо ифтихор худамонро  уммат ва пайрави эшон медонем), ҳамеша муқобили золимони ҷомеа меистоданд ва лаҳзае хомӯш намонда,  дар муқобили  золимон сарсахтона  муқовимат ва мубориза кардаанд. Ҳамчуноне, ки Худованд рафтори паёмбарашро дар муқобили кофирони золим  муаъррифӣ карда мефармояд:

مُحَمَّدٌ رَسُولُ اللَّهِ وَ الَّذينَ مَعَهُ أَشِدَّاءُ عَلَى الْكُفَّارِ رُحَماءُ بَيْنَهُمْ
“Муҳаммад (с) фиристодаи Худо аст ва касоне, ки бо Ӯ ҳастанд дар баробари кофирон сарсахтона муқовимат мекунанд  ва дар миёни худашон(бо ҳамдигар) меҳрубонанд.” (Сураи Фатҳ, ояти 29)

    Замона тавре шакл гирифтааст, ки ҳаркас хомӯштар, сарбазаминтар ва нисбат ба ҷомеа беаҳмияттар ва ё зулмпазиртар бошад, ба чунин инсоне як шахси боахлоқ  мегӯянд. Аммо касе, ки аз ҳаққи худ дифоъ кунад ва нагузорад бар худаш ва ҷомеъае, ки дар он зиндагӣ мекунад  зулм шавад,  ӯро шахси бадахлоқ, саркаш ва вайронгар мегӯянд.
Дар ҳоле, ки сира ва рафтори  Пайғамбар (с) ҳамин будааст, ки ӯ ҳаргиз дар муқобили золимон хомӯш набудааст. Ҳар касе, ки даъвои мусалмонӣ дорад инро бояд бидонад, ки   Пайғамбар (с) тибқи фармудаи Қуръони Карим усваи ҳасана  барои мусалмонон аст. Пайравӣ аз ӯ барои мо  дар ҳолате маъно пайдо мекунад, ки ҳамаи рафтору кирдори он ҳазрат аз он ҷумла рӯҳияи зулмситезии ӯро сармашқи зиндагии худамон қарор диҳем.

لَقَد کَانَ لَکُم فِی رَسُولِ للهِ أسوَةٌ حَسَنَة
“Ҳамоно барои шумо дар (иқтидо) ба Расули Худо сармашқи некуе аст.” (Сураи Аҳзоб, ояти 21)

Дар    ояти дигар Қуръони Карим Худованд ба мо мусалмонон хитоб карда ҳадди итоатпазирии мо аз паёмбарашро  бе ягон қайду шарт  муъаян мекунад, то мо бечуну чаро аз эшон пайравӣ кунем. Худованд мефармояд:

وَمَا آتَاكُمُ الرَّسُولُ فَخُذُوهُ وَمَا نَهَاكُمْ عَنْهُ فَانْتَهُوا وَاتَّقُوا اللَّهَ إِنَّ اللَّهَ شَدِيدُ الْعِقَابِ

“ Ва ба шумо ончиро паёмбар дастур диҳад бипазиред ва аз ончи ки шуморо наҳӣ мекунад(онро) раҳо кунед ва аз  Худо битарсед, ки азоби Ӯ бисёр сахт аст.” (Сураи Ҳашр, ояти 7)
Бо диққат дар ду ояти зикршуда маълум мешавад,  ки Расули Худо(с) ҳамчун як инсони комил барои мо мусалмонон ба унвони намуна,  улгӯ ва сармашқи зиндагиямон бошад ва ба уммати мусалмон воҷиб аст, ки аз феълу гуфтори  он бузурвор пайравӣ кунанд ва агар фақат баъзе аз  суннат ва рафтори ӯро, ки ба фоидаи мо аст сармашқи зиндагиямон қарор диҳем ва аз дигар суннати эшон, ки ба зарари дунёи мо аст дурӣ кунем, ба фармудаи Худованд азоби бисёр сахт дар интизори мо хоҳад буд.
Дар ин навиштор қарор аст, ки як силсила  мавзуъҳое монанди амри ба маъруф, ҳиҷрат, тоғут, итоъат аз ҳоким , сабр, шуҷоъат, иззат, муқовимат, фидокорӣ, адолат ва шаҳодатро  бо таваҷҷӯҳ ба сираи паёмбари Худо(с) ва Қуръони Карим мавриди баҳсу баррасӣ қарор диҳем.
Идома дорад……

2 ШАРҲҲОИ

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед