Бадзабонӣ аз нигоҳи Қуръони Карим

0
182

Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон

Забон ва гуноҳони забонӣ аз ҷумлаи домҳои шайтон барои бандагони Аллоҳ Таоло аст. Бисёре  аз гуноҳони забонӣ аз ҷумла ғайбат, туҳмат ва дуруғро ҳама мешиносем ва зиштиву муҷозоти онро медонем. Аммо дар байни гуноҳони забон як гуноҳи бисёр қабеҳе ҳаст, ки мутаасифона имрӯза дар байни мусалмонони тоҷики мо бадии онро камтар дар назар мегирем.

Бале гуноҳи баддаҳонӣ ва дашном доданро ҳамаи мо рӯзона шоҳидаш ҳастем, ки мардум аз гуфтани он парво надоранд. Калимоте, ки гуфтани он ҳароми қатъӣ мебошад ва хашму ғазаби илоҳиро ба дунбол дорад.

Ҳамонтавре ки дар навиштаҳои пешин иллати афзоиши бархе гуноҳон дар байни мардумони диндорро ҳокимони золим ва ҳукумати золимаш  боис шудааст,  ин гуноҳи бадзабонӣ низ реша дар набуди маросимоти мазҳабӣ  ва манъи амру наҳйи исломӣ мебошад.

Дар ин навиштор ба бадӣ  ва ҳукми дашном додан дар Қуръони Карим мепардозем.

Носазогӯӣ дар Қуръони Карим

Дар сураи Ҳуҷурот ояти 11 Худованди Мутаол баддаҳонӣ, тамасхур ва  лақабҳои бадро ба мусалмонон додан сареҳан наҳӣ кардааст ва касоне, ки ин корро анҷом медаҳанд дар зумраи ситамкорон қарор мегиранд.

أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لَا يَسْخَرْ قَوْمٌ مِنْ قَوْمٍ عَسَى أَنْ يَكُونُوا خَيْرًا مِنْهُمْ وَلَا نِسَاءٌ مِنْ نِسَاءٍ عَسَى أَنْ يَكُنَّ خَيْرًا مِنْهُنَّ  وَلَا تَلْمِزُوا أَنْفُسَكُمْ وَلَا تَنَابَزُوا بِالْأَلْقَابِ بِئْسَ الِاسْمُ الْفُسُوقُ بَعْدَ الْإِيمَانِ  وَمَنْ لَمْ يَتُبْ فَأُولَئِكَ هُمُ الظَالمونيَ

Эй аҳли имон! Ҳаргиз набояд қавме қавми дигарро масхара кунанд, шояд он қавм аз онҳо беҳтар бошанд ва низ байни занони боимон қавми дигарро масхара накунанд, шояд онҳо беҳтар бошанд ва ҳаргиз айбҷӯӣ накунед ва ҳаргиз ба номҳои зишт якдигарро махонед, ки пас аз имон ба Худо номи бад(бар мӯъмин ниҳодан) бисёр зишт аст ва касе тавба накунад чунин касон бисёр золим ва ситамкор ҳастанд. (Сураи Ҳуҷурот, ояти11)

Дар ин оят Худованд носазогӯӣ ба бародар ва хоҳари диниро манъ кардааст, оё ин ба он маъно аст, ки  носазогӯӣ бар бединон ва кофирон ҷоиз аст?! Қуръон ҷавоби ин саволро додааст, бале Худованд дашном ба кофиронро низ манъ кардааст, чаро ки ин хилофи роҳу равиши динӣ ва исломӣ аст, ҳамчунин ин амал мумкин аст боис шавад кофирон муқобила ба мисл кунанд ва ё ҳатто бадтар ба муқаддасоти динӣ беэҳтиромӣ кунанд. Худованд дар ояти дигар мефармояд:

وَلَا تَسُبُّوا الَّذِينَ يَدْعُونَ مِنْ دُونِ اللَّهِ فَيَسُبُّوا اللَّهَ عَدْوًا بِغَيْرِ عِلْمٍ  كَذَلِكَ زَيَّنَّا لِكُلِّ أُمَّةٍ عَمَلَهُمْ ثُمَّ إِلَى رَبِّهِمْ مَرْجِعُهُمْ فَيُنَبِّئُهُمْ بِمَا كَانُوا يَعْمَلُونَ

“Касоне, ки ғайри Худоро мехонанд дашном надиҳед, мабодо онҳо (ҳам) аз рӯи (зулм ва) ҷаҳл, Худоро дашном диҳанд! Инчунин барои ҳар уммате амалашонро зинат додем сипас бозгашти ҳамаи онҳо ба сӯи Парвардигор аст; ва онҳоро аз ончи амал мекарданд огоҳ месозад. (Сураи Анъом, ояти 108)

Забон ва гуноҳони забонӣ аз ҷумла домҳои шайтон барои бандагони Аллоҳ Таоло аст, хеле аз гуноҳони забонӣ аз ҷумла ғайбат, туҳмат ва дуруғро ҳама мешиносем ва зиштиву муҷозоти онро медонем. Ҳамонтавре ки зикр шуд  дар байни гуноҳони забон як гуноҳи бисёр қабеҳе аст, ки мутаасифона имрӯза дар байни мусалмонони тоҷики мо бадии он  камтар мади назар қарор гирифтааст.

Бале гуноҳи баддаҳонӣ ва дашном додан, ки ҳамаи мо ин рӯзҳо шоҳиди он ҳастем ва мардум аз гуфтани он парво надоранд ва ба забон овардани он ҳароми қатъӣ мебошад, ки дар натиҷа  хашму ғазаби илоҳиро ба дунбол дорад. Ҳамчунин ин гуноҳи бадзабонӣ дар дунё барои мо мусалмонон боиси аз байн рафтани фарҳанги асили исломӣ хоҳад шуд ва ҷавонони мо бо гузашти замон одобу рафтори динии худашонро фаромӯш хоҳанд кард. Ва ҳатто дашном додан аз назари Ислом ба ғайри мусалмонон низ манъ карда шудааст. Худованд дар яке аз оятҳои худ дар ин робита мефармояд:

وَلَا تَسُبُّوا الَّذِينَ يَدْعُونَ مِنْ دُونِ اللَّهِ فَيَسُبُّوا اللَّهَ عَدْوًا بِغَيْرِ عِلْمٍ  

“Ва шумо(муъминон) Ба ончи мушрикон ғайр аз Худоро  мехонанд дашном надиҳед, то мабодо душманон аз руи зулму ҷаҳолат Худоро дашном даҳанд.”  (Сураи Ҳуҷурот, ояти 108)

Бале бо таваҷҷӯҳ ба ояти шарифа дашном додан ба ғайри мусалмон низ ҷоиз намебошад.  Мутаасифона дар ҷомеаи мо баддаҳонӣ хеле роҳат аз овони кудакӣ одат мешавад ва мардум якдигарро бо лақабҳои зишт хитоб мекунанд. Бадгуӣ ва дашном додан одати мардум ва гӯё  нишонаи қудрати  онҳо шуда бошад ва ин феъли бад аз даруни хонаводаҳо оғоз ёфта, то миёни ҷомеа  ривоҷ ёфтааст. Бисёр ҷои таасуфро дорад, ки  шахсоне номи Худоро бар забон мебаранд ва бо ҳамон забон ба номуси худ ва дигарон раҳм намекунанду калимоти ношоистеро бар забон ҷорӣ мекунанд.

Ҷойгоҳи бадзабонон аз назари Қуръони Карим

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لَا تَقُولُوا رَاعِنَا وَقُولُوا انْظُرْنَا وَاسْمَعُوا وَلِلْكَافِرِينَ عَذَابٌ أَلِيم

«Эй аҳли имон! Нагӯед Роино (мурооти аҳволи моро кун)балки гӯед Унзурно(нозир ба аҳволи мо бош) ва (каломи Худоро) бишнавед ва барои кофирон азоби дарднок аст. (Сураи Бақара, ояти 104)

Лафзи “роино” дар ояти зикршуда дар байни яҳудиён ба маънои бехирад ва аҳмақ буд, аммо дар байни арабҳо ба маънои риоят кардани ҳол мебошад. Аҳаммияти ин нукта яъне дашном надодан дар дини Ислом он қадар зиёд буд, ки Худованди Мутаол дар ин оят аз мӯъминон мехоҳад, ки ин лафзро ба кор набаранд, то душманон  бардошти бад накунанд  ва барои касоне, ки ин корро мекунанд азоби дарднок ваъда додааст ва онҳоро аз кофирон хондааст. Бале ҳамчунин метавон аз ин оят ин бардоштро низ кард, ки ҳатто шояд шахсе  қасди беэҳтиромӣ  надошта бошад, аммо агар он ҳарф дашном бошад гуфтани  он ҷоиз нест.

Натиҷа

Забон узве аз бадан аст, ки метавонад боиси ҳақорат, шақоват ва ё саодат шавад.  Барои ҳидоят ёфтан бояд талош кард ва худсозӣ кард ва қадами аввал дар худсозӣ ин аст, ки  қабул кунем бадзабонӣ  ҳаром ва сабаби бадахлоқ шудан  аст.

Даҳони бад доштан бадтарин амале аст, ки як инсони мӯъмин метавонад дошта бошад, чаро ки ахлоқи хуб доштан лозимаи ҳар мусалмоне аст ва бадзабонӣ бо ахлоқи хуб зид ҳастанд ва инсони хуш хулқ забони некӯ дорад.

Интишор ва тарвиҷи  фарҳангу одобӣ  исломӣ  ва амал ба  амру наҳй дин  дар  ҷомеа, боиси коҳиши гуноҳ ва рушди фарҳангу одоби  мардум хоҳад шуд. Ба умеди рӯзе, ки ҷомеаи солим ва бархӯдор аз рушди фарҳангу ахлоқи исломӣ дошта бошем.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед