Амонатдорӣ аз дидгоҳи Қуръон ва ривоёт

0
363

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Амонатдорӣ аз дидгоҳи Қуръон ва ривоёт

Муқаддима
Яке аз фазоили ахлоқии инсон, ки дорои арзиш ва аҳамияти фавқулодае мебошад, амонатдорӣ аст.
Калимаи амонат дар фарҳанги луғат, дорои маъноҳои мухталифе аст аз ҷумла; посдорӣ, ҳифозат, амният, амон, мувозибат, муроқибат, роздорӣ, нигаҳдорӣ, оромиши рӯҳ ва ҷон аз ҷумлаи маъноҳои “амонат” аст ва мафоҳиме чун: хиёнат, дуздӣ, найранг, ҷосусӣ, нифоқ, бӯҳтон, китмони ҳақиқат ва бедиққатӣ дар нигоҳдории асрор, синоними(мутазоди) маънои “амонат” мебошад.
Амонат  яке аз сифоти ахлоқӣ ва малакутие аст ки, барои беҳтар ва равшантар шудани ин сифати ахлоқӣ аз вожаҳои зебо ва пурмаъно истифода шудааст. Вуҷуди ин вожаҳо нишон диҳандаи қадосат ва шоистагии хориқулодае мебошад, ки дар ҳақиқати маънои  “амонат” ҳувайдо аст.
Ин хислати маънавӣ ва рӯҳонӣ, дар рӯҳ ва равони инсонҳои поксират вуҷуд дорад ва ҳамвора дар гуфтор, рафтор, кирдор ва аъмоли онҳо намоён аст.

Амонатдорӣ аз дидгоҳи Ислом
Амонатдорӣ дар назари Ислом, аз арзиш ва ҷойгоҳи волое бархурдор аст, ба тавре, ки намунаҳои фаровоне аз сафоришҳо ва таваҷҷӯҳоти илоҳӣ дар Қуръон ва аҳодис ба чашм мехӯрд.
Худованд дар Қуръони Карим нисбат ба ҳифзи амонат ва супоридани он ба дасти соҳибонашон мефармояд:

 إِنَّ اللَّهَ يَأْمُرُكُمْ أَنْ تُؤَدُّوا الْأَمَانَاتِ إِلَى أَهْلِهَا
“Худо ба шумо фармон медиҳад, ки супурдаҳоро(амонатҳоро) ба соҳибони онҳо бар гардонед”. (Сураи Нисо, ояти 58)

Паёмбари бузургвори Ислом низ, ки худашон намуна ва сармашқи зиндагии мо мебошанд ва ба сифати Муҳаммади Амин машҳуранд,  амонатдориро яке аз нишонаҳои инсони бо имон шуморидааст, ки боиси зебоии ахлоқи ӯ мегардад. Он ҳазарт(с) фармуданд:

 لَا إِيمَانَ لِمَنْ لَا أَمَانَةَ لَهُ، وَلَا دِينَ لِمَنْ لَا عَهْدَ لَهُ
“Имон надорад он ки амонат нигаҳ намедорад ва дин надорад он ки аҳду паймон намешиносад.”(Саҳеҳи ибни Ҳаббон, ҳадиси 423; Сунани Байҳақӣ, Абубакр Аҳмад ибни Ҳусейн ибни Алии Байҳақӣ, ҳадиси 13065)

Анвои амонатдорӣ
Амонатдорӣ анвои бисёре дорад, монанди:

  • Амонатдорӣ дар ибодат
    Таклифи фарди мусалмон дар мавриди амонатдорӣ дар адои фарзҳои диниаш ин аст, ки онро онгуна, ки лозим аст, баҷой оварда, пойбанди намоз, рӯза ва некӣ бо волидайн ва дигар фароизаш бошад. Инсони мусалмон бояд  амонати Парвардигори ҷаҳониёнро ба шоистагӣ ба ҷой овард.
  • Амонатдорӣ дар нигаҳдорӣ аз бадан
    Фарди мусалмон бояд бидонад, ки тамоми аъзои бадани инсон амонат буда ва лозим аст аз онҳо муҳофизат кунад, набояд аз аъзои бадан барои аъмоле, ки хашми Худованди Субҳонро бар меангезад истифода кунад. Чашм амонате аст, ки бояд аз нигоҳи ба ҳаром баста шавад, гӯш амонате аст, ки бояд аз шунидани ҳаром дӯр нигоҳ дошта шавад, даст амонат аст, по амонат аст ва хулоса тамоми бадан амонате аст пеши мо, ки бояд аз ин амонат нигаҳдорӣ шавад ва дар роҳи савоб баҳра бурда шавад.
  • Амонатдорӣ дар сухан гуфтан
    Яке аз амонатҳо ин аст, ки мусалмон зебо сухан бигӯяд ва аҳамият ва қадри каломи худро бидонад. Калом, соҳибашро ворид биҳишт мекунад ва ӯро аз аҳли тақво қарор медиҳад, ҳамчунон, ки Худованди Мутаол мефармояд:

أَلَمْ تَرَ كَيْفَ ضَرَبَ اللَّهُ مَثَلًا كَلِمَةً طَيِّبَةً كَشَجَرَةٍ طَيِّبَةٍ أَصْلُهَا ثَابِتٌ وَفَرْعُهَا فِي السَّمَاءِ
“Оё надиди Худо чигуна масал зада сухани пок, ки монанди дарахти пок аст, ки решааш устувор ва шохааш дар осмон аст.” (Сураи Иброҳим, ояти 24)

Ба ҳамин тартиб инсон  бар забон рондани сухани куфромез, аз аҳли ҷаҳаннам хоҳад гашт. Худованди Мутаол мисоли онро монанди дарахти нопок баён намуда ва мефармояд:

وَمَثَلُ كَلِمَةٍ خَبِيثَةٍ كَشَجَرَةٍ خَبِيثَةٍ اجْتُثَّتْ مِن فَوْقِ الْأَرْضِ مَا لَهَا مِن قَرَارٍ
“Ва масали сухани нопок чун дарахти нопок аст, ки аз рӯи замин канда шуда ва қароре надорад”. (Сураи Иброҳим, ояти 26)

Паёмбар(с) низ аҳамияти калом ва осори онро баён карда ва мефармоянд:

إِنَّ الرَّجُلَ لَيَتَكَلَّمُ بِالْكَلِمَةِ مِنْ رِضْوَانِ اللَّهِ مَا كَانَ يَظُنُّ أَنْ تَبْلُغَ مَا بَلَغَتْ يَكْتُبُ اللَّهُ لَهُ بِهَا رِضْوَانَهُ إِلَى يَوْمِ يَلْقَاهُ وَإِنَّ الرَّجُلَ لَيَتَكَلَّمُ بِالْكَلِمَةِ مِنْ سَخَطِ اللَّهِ مَا كَانَ يَظُنُّ أَنْ تَبْلُغَ مَا بَلَغَتْ يَكْتُبُ اللَّهُ لَهُ بِهَا سَخَطَهُ إِلَى يَوْمِ يَلْقَاهُ
“Ҳамоно мард калимае аз ризои Худовандро бар забон меоварад, дарҳоле ки гумон намекунад, ки ба он чи расида, бирасад, Худованд ба сабаби он барояш ризои худро то рӯзе, ки бо вай рӯбарӯ шавад, менависад. Ҳамоно мард калимаи аз қаҳри Худоро бар забон меронад, дар ҳоле ки гумон намекунад, ки ба он чи расида, бирасад ва ба сабаби он Худованд бар вай қаҳр ва ғазабшро то рӯзе, ки вайро муллоқот кунад, менависад”. (Муваттаи Молик, Молик ибни Анас, ҳадиси 3612)

Мусалмони хайрхоҳ, бо каломи зебо ва сухани зебояш ба Худованди Субҳон наздик мешавад, ба ин тартиб, ки ҳар сухани нек ва зебоеки бар забон ҷори мекунад садақае дар роҳи Худо кардааст. Паёмбари Акрам(с) фармуданд:

 وَالْكَلِمَةُ الطَّيِّبَةُ صَدَقَةٌ
“Каломи неку садақа аст”.(Саҳеҳи Бухорӣ, Муҳаммад ибни Исмоили Бухорӣ, ҳадиси 2827)

  • Амонатдорӣ дар ҳифзи асрор
    Мусалмон бояд сир ва рози бародарашро ҳифз намуда ва ба ӯ хиёнат накунад ва асрорашро фош нанамояд. Паёмбар(с) фармуданд:

إِذَا حَدَّثَ الرَّجُلُ بِالْحَدِيثِ ثُمَّ الْتَفَتَ فَهِىَ أَمَانَةٌ
“Вақте фарде сухане баён намуда ва биравад, дигар он сухан амонат аст”. (Сунани Тирмизӣ, Муҳаммад ибни Исои Тирмизӣ, ҳадиси 1882; Сунани Аби Довуд, Абу Довуд Сулаймон ибни Ашъаси Сиҷистонӣ, ҳадиси 4870)

  • Фазилати амонатдорӣ
    Вақте ки мардум пойбанди амонатдорӣ гарданд, ба суд  ва манфиат расида ва дӯстӣ дар миёни онҳо роиҷ мегардад. Худованд бар бандагони худ ҳифзи амонатдориро таъкид кардааст, онҷо ки мефармояд:

 وَ الَّذِينَ هُمْ لِأَماناتِهِمْ وَ عَهْدِهِمْ راعُونَ
“Ва касоне ки амонатҳо ва паймони худро муроот мекунанд.” (Сураи Маориҷ, ояти 32)

Дар охират амонатдорон ба ризо ва хурсандии Парвардигорашон ва ба биҳиште, ки вусъати он ба андозаи замину осмонҳо, ки барои парҳезгорон муҳаё гаштааст, ноил мегарданд.

  • Хиёнат дар амонат
    Касе ки амонатеро ки бар уҳда дорад ба ҷой наёварад, хоин аст. Худованди Субҳон хоинонро дӯст надошта ва мефармояд:

إِنَّ اللَّهَ لا يُحِبُّ مَنْ کانَ خَوَّاناً أَثيماً
“Худованд ҳар касро, ки хиёнатгар ва гуноҳ пеша бошад дӯст надорад.” (Сураи Нисо, ояти 107)

Ва Худованди Мутаол дар ҷои дигар ба мо амр кардааст то хиёнат накунем ва мефармояд:

إِنَّ اللَّهَ لا يُحِبُّ مَنْ کانَ خَوَّاناً أَثيماًيَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لَا تَخُونُوا اللَّهَ وَالرَّسُولَ وَتَخُونُوا أَمَانَاتِكُمْ وَأَنْتُمْ تَعْلَمُونَ
“Эй касоне ки имон овардаед ба Худо ва Паёмбари Ӯ хиёнат накунед ва (низ) дар амонатҳои худ хиёнат наварзед ва худ медонед (ки набояд хиёнат кард)” (Сураи Анфол, ояти 27)

Ва Паёмбари Ислом(с) низ моро ба амонатдорӣ дар иртиботи бо ҳамаи мардум суфориш намуда ва инки бо хиёнат пешагон, хиёнат наварзем. Ҳазрат фармуданд:

 أَدِّ الأَمَانَةَ إِلَى مَنِ ائْتَمَنَكَ وَلاَ تَخُنْ مَنْ خَانَكَ
“Амонат нигаҳдор бо он ки туро амонате диҳад ва хиёнат макун бо он ки бо ту хиёнат варзид”. (Сунани Тирмизӣ, Муҳаммад ибни Исои Тирмизӣ, ҳадиси 1185; Сунани Аби Довуд, Абу Довуд Сулаймон ибни Ашъаси Сиҷистонӣ, ҳадиси 3536)

  • Ҷазои хиёнаткор
    Паёмбари Худо(с) баён кардаанд, ки хиёнатгар ба далели хиёнате, ки муртакиб шудааст, дар оташи дӯзах азоб дода хоҳад шуд ва рӯзи қиёмат мояи пушаймонӣ ва сарафкандагиаш хоҳад гашт. Он ҳазрат фармуданд:

لِكُلِّ غَادِرٍ لِواءٌ يُعرَفُ بِهِ يَومَ القيامَةِ
“Барои ҳар паймоншикан дар рӯзи қиёмат парчаме аст, ки ба он шинохта мешавад”. (Шаъбул имон, Абубакр Аҳмад ибни Ҳусейн ибни Алии Байҳақӣ, ҳадиси 5546)

Паноҳ бар Худованд аз ин расвоӣ дар миёни тамоми халоиқ! Тарси аз ин гуна расвоӣ мусалмононро водор мекунад, то пайваста нисбат ба нигоҳдоштан ва ба ҷой овардани амонат ҳарис буда ва бо касе бадаҳдӣ ва хиёнат наварзад ва дар адои ҳақ ва ҳуқуқе, ки аз ҷониби Худо бар уҳдааш гузошта шуда, сустӣ накунад.

  • Хиёнаткор мунофиқ аст
    Амонатдорӣ аз нишонаҳои имон буда ва хиёнат яке аз нишонаҳои нифоқ мебошад. Паёмбари Акарам(с) мефармоянд:

آيَةُ الْمُنَافِقِ ثَلاَثٌ إِذَا حَدَّثَ كَذَبَ، وَإِذَا وَعَدَ أَخْلَفَ، وَإِذَا اؤْتُمِنَ خَانَ
“Нишонаи мунофиқ се чиз аст: ҳаргоҳ суҳбат кунад, дурӯғ гӯяд; ҳаргоҳ ваъда диҳад, хилофи ваъда кунад; ва ҳар замон мардум ба ӯ итминон кунанд, ба онон хиёнат намояд.” (Саҳеҳи Бухорӣ, Муҳаммад ибни Исмоили Бухорӣ, ҳадиси 5744; Саҳеҳи Муслим, Муслим ибни Ҳаҷҷоҷи Найшобурӣ, ҳадиси 220; Сунани Тирмизӣ, Муҳаммад ибни Исои Тирмизӣ, ҳадиси 2555)

Мусалмон на амонатро зойеъ мекунад ва на хиёнат мекунад, бар хилофи мунофиқ, ки ба ҳеҷ як аз аҳд ва паймонаш устувор намемонад.
Пас яке аз фазоили ахлоқии инсон, ки дорои арзиш ва аҳамияти зиёде буда ва Худованд низ ба он амр фармудааст, амонат ва амонатдорӣ аст, ки худ ақсоме дорад аз ҷумла: Амонатдорӣ дар ибодат, амонатдорӣ дар нигаҳдорӣ аз аъзои бадан, ки мабодо бо ин аъзо, ки амонати Худо дар назди мост, муртакиби гуноҳ шавем, амонатдорӣ дар сухан гуфтан, ки ҷуз сухани ҳақ ва савоб ба забон ҷорӣ накунем, Амонатдорӣ дар ҳифзи асрор, аммо хиёнати дар амонат осор ва натиҷаҳои дардноке дар қиёмат дорад, ки дар оёт ва ривоёт ба он ишора шуд.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед