Адолатмеҳварӣ дар мудирият

0
230

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Адолатмеҳварӣ дар мудирият

Муқаддима
Дар шариати илоҳӣ ва маорифи қуръонӣ, адолат як масъалаи асосӣ ва ҳамагонӣ аст. Ҳамаи анбиёи илоҳӣ барои иқомаи адолат қиём кардаанд ва дар омӯзаҳои худ, бар он таъкид намудаанд.
Дар масъалаи мудирият, махсусан онҷое, ки аз ахлоқи мудириятӣ сухан меравад, қисту адл ҷойгоҳи асосӣ ва асаргӯзор пайдо мекунад.
Чунон, ки Худованд мефармояд:

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُواْ كُونُواْ قَوَّامِينَ لِلّهِ شُهَدَاء بِالْقِسْطِ وَلاَ يَجْرِمَنَّكُمْ شَنَآنُ قَوْمٍ عَلَى أَلاَّ تَعْدِلُواْ اعْدِلُواْ هُوَ أَقْرَبُ لِلتَّقْوَى وَاتَّقُواْ اللّهَ إِنَّ اللّهَ خَبِيرٌ بِمَا تَعْمَلُونَ

Эй касоне, ки имон овардаед! Қиёмкунанда барои Худо [ва] гувоҳидиҳанда ба адолат бошед. Ва албатта душмании гурӯҳе шуморо ба тарки адолат водор накунад! Адолат пеша кунед, ки он ба тақво наздиктар аст. Ва тақвои Худоро пеша кунед, ҳамоно Худованд ба он чи анҷом медиҳед, огоҳ аст”(Сураи Моида, ояти8)

Дар ин оят ба ин масъалаи муҳимми инсонӣ низ таъкид шудаст, ки агар касоне дар баробари мӯъминон ҷурме анҷом додаанд, сабаб нашавад мӯъминон низ тарки адолат кунанд! Балки бо адолат рафтор кунанд ва ҳукми шариатро, ҳамонтавре ки Худо фармудааст, бифаҳманд ва иҷро намоянд.

Адолатмеҳварӣ дар мудирият
Дар мудирияти исломӣ, ба маънои исломӣ будани маншаъ ва манбаи барнома, аҳком ва равишҳои идораи созмон, ҷомеа, кишвар ва ғайра, адолатмеҳварӣ аз усул ва мабонӣ дониста шудааст.
Ба ҳамин ҷиҳат, яке аз шартҳои асосии роҳбари ҷомеа низ, ки ҷойгоҳи мудириятӣ ва ҳидоятӣ дорад, доштани адолат дар гуфтор ва рафтор мебошад. Маъно ва мақсад аз адл ва адолат, қарор гирифтани ҳар чизе дар ҷойгоҳи аслии худ аст.
Мӯъмин дар зиндагӣ ва бандагӣ, таврест, ки ҳаққи касеро ҷобаҷо ва поймол намекунад.(Шарбосӣ, Доиратулмаорифи ахлоқи қуръонӣ, ҷ.1, саҳ.43)
Қуръони Карим вақте адолатро матраҳ мекунад, лағзишгоҳеро низ барои он ёдовар мешавад ва аз мӯъминон мехоҳад, агар дар чунин ҳолате қарор гирифтанд, худро аз гирифторӣ дар бемории кинаварзӣ, наҷот диҳанд.
Бо ин нигоҳ, вақте мӯъмине дорои масъулият ва мудирият дар сатҳи созмон, корхона, шаҳр ва ё уммате бошад, бояд ин хислати илоҳӣ ва сираи набавиро дар ҳамаи корҳои худ, асл қарор диҳад.
Бо ин нигоҳ, ки меҳвар будани адолат дар рафтору гуфтор ва ҳатто фикру андешаи мудири мусалмон, аз заруриёти эътиқодӣ ва ахлоқӣ аст, мудири мусалмон мазҳари ҳаққу адолат мебошад.
Чунон, ки оятҳои қуръонӣ ишора доранд, яке аз вазоифи муҳимми Паёмабари Ислом(с) риояти ҳамин сифати ахлоқӣ дар мудирияти ҷомеа будааст.
Худованд хитоб ба Паёмбар(с) мефармояд:

قُلْ أَمَرَ رَبِّي بِالْقِسْطِ

Бигӯ: Худованди ман ба адолат амр кардааст”(Сураи Аъроф, ояти29)
Худованд дар баёни вазифаи анбиё ва адолатварзии онҳо низ мефармояд:

لَقَدْ أَرْسَلْنا رُسُلَنا بِالْبَيِّناتِ وَ أَنْزَلْنا مَعَهُمُ الْكِتابَ وَ الْميزانَ لِيَقُومَ النَّاسُ بِالْقِسْط

Ҳамоно паёмбаронамонро бо далелҳои равшан фиристодем ва ҳамроҳи онҳо китоб ва мизон фурӯ фиристодем, то мардум барои адолат бапо хезанд”(Сураи Ҳадид, ояти25)

Худованд дар ин оят бо баёни ин ки анбиё дорои китоб ва мизон ҳастанд, мардумро даъват ба қиём мекунад ва мехоҳад, дар роҳи иҷрои адолат бапо хезанд ва бар асоси китоб ва мизоне, ки анбиё овардаанд, ҳаққу адолатро бисанҷанд ва амалӣ намоянд.
Аз Расули мукаррами Ислом(с) ривоят аст, ки он ҳазрат фармуданд:

عَدْلُ ساعَةٍ خَيرٌ مِن عِبادَةِ سَبعينَ سَنَةٍ

Як соат адолатгарӣ, беҳтар аз ҳафтод сол ибодат аст”(Абунаъим Исбаҳонӣ, Фазилати одилон, ҳадиси 16)
Аз он чи дар боло зикр шуд натиҷа гирифта мешавад, ки мусалмонон бояд бовар дошта бошанд, ки адолат дар ҳамаи шуъуноти зиндагӣ лозим аст. Ҳам Худованд ва ҳам фитрати инсонӣ толиби адолат ҳастанд.
Паёмбарон, ки ҳамагӣ даъваткунанда ба адолатанд, омӯзаҳоеро барои мардум оварданд, ки бояд бар асоси онҳо, ҳамагӣ ба дунболи ҳаққу адолат бапо хезанд ва китоб ва мизонро сираи худ қарор диҳанд.
Расули Мукаррами Ислом(с)низ дар саҳнаи мудирияти хонавода, ҳамсарон, фарзандон, ва ҳамсоягонро дар робита бо ғуломону асирон ва дӯстону бегонагон ва ҳатто душманон, адолатварзиро меҳвар қарор додаанд ва дигаронро низ ба риояти он тавсия карданд.
Худованд Паёмбарашро бар риояти адлу қист дар ҷомеа амр мекунад ва мӯъминон низ бояд аз он итоат кунанд.
Бо ин нигоҳ, инсоне ки солҳо машғӯли зиндагӣ, ибодат, илмомӯзӣ ва ғайра аст, вале дар баробари беадолатӣ сокит ва балки худро зери низомот ва ё созмону идораҳое қарор медиҳад, ки дучори зулму фасоданд, ҳеҷ гоҳ ба саодате, ки Худованд хостааст ноил намегардад.
Балки гоҳ ба сабаби беамалӣ ва сокит мондани мӯъминон дар баробари беадолатӣ, аҳли зулму  фисқ бар ҷомеа ҳоким мешаванд ва ин гӯна мусалмонон низ шарики беадолатиҳо ва ҷурми онҳо хоҳанд гашт.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед