Аҳамияти ҳифзу фарогирии чиҳил ҳадис

0
256

Ба номи Худованди Бахшанда ва Меҳрубон
Аҳаммияти ҳифз ва фарогирии чиҳил ҳадис

Муқаддима
Хондан, ҳифз кардан ва фарогирии аҳодис Расули Акрам (с) ва диққату тафаккур дар маънии онҳо илова бар инки дилро нуроният мебахшад амал ба мӯҳтавои онҳо сабаби саодатмандӣ дар дунё ва охират мегардад, зеро ҳар чӣ, ки инсон дар зиндагии дунё ва охирати худ ниёз дорад дар суханони Паёмбари Худо (с) ёфт мешавад.
Ба аҳамият ва арзиши ҳифзу фарогири чиҳил ҳадис дар манобеи ҳадисӣ бисёр таъкид шудааст ва яке аз арзишҳои эътиқодӣ ва манобеи динии мо мусалмонон аҳодиси Расули Акрам (с) аст. Аз ҳамин ҷиҳат ҳамон тавр, ки ба ҳифзи Қуръони Карим супориш шудааст барои ҳифзи аҳодиси Расули Худо (с) ҳам таъкид шудааст. Мо дар ин навиштор аҳамияти ҳифзу фарогирии чиҳил ҳадисро бо таваҷҷуҳ ба суханони Расули Худо (с) барои ошноӣ ва амал ба аҳодис эшон баён хоҳем кард.
Аҳамияти ҳифзу фарогирии чиҳил ҳадис дар суханони Паёмбари Акрам (с):
Паёмбари Акрам (с) дар ҳадиси маъруфи “Арбаин”, ки дар манобеи ҳадисӣ ба иборатҳои мухталиф зикр шудааст супориши зиёде ба ҳифзу фарогирии чиҳил ҳадис карда ва фармуданд:

 مَنْ حَفِظَ عَلَى أُمَّتِي أَرْبَعِينَ حَدِيثًا مِنْ أَمْرِ دِينِه بَعَثَهُ اللَّهُ فَقِيهًا

Ҳар касе аз уммати ман чиҳил ҳадисро дар амри динаш ҳифз кунад Худованди Мутаол (Рӯзи қиёмат) ӯро фақеҳ маҳшур (мабъус) мекунад. (Шӯабул-имон, ҷ 2, саҳ 270-271).

Паёмбари Акрам (с) боз дар ҷои дигар дар мавриди подоши касе, ки чиҳил ҳадис аз эшон ҳифз кунад фармуданд:

مَن حَفِظَ على‏ اُمّتي أرْبَعينَ حَديثاً يَنْتَفعونَ بِها بَعثَهُ اللَّهُ يَومَ القِيامَةِ فَقيهاً عالِماً

Касе, ки барои уммати ман чиҳил ҳадис ҳифз кунад, ки аз онҳо баҳра манд шаванд, Худованд дар Рӯзи қиёмат ӯро фақеҳ ва олим маҳшур мекунад. (Ҷомеул-аҳодиси Сиютӣ, ҷ 22, саҳ 257).
Дар бархе аҳодис омадааст, ки Худованд ӯро олиме маҳшур мекунад, ки дараҷааш ҳафтод мартаба болотар аз обид (ибодат кунанда) аст ва аз фосилаи ҳар як дараҷааш танҳо Худованд огоҳ аст. (Шӯабул-имон, ҷ 2, саҳ 270; Ҷомеул-аҳодис, ҷ 20, саҳ 255).
Дар бархе дигар аз аҳодис Паёмбари Акрам (с) фармуданд, ки дар Рӯзи қиёмат шафоаташ хоҳам кард. (Ҷомеул-аҳодис, ҷ 20, саҳ 257).
Боз дар ҷои дигар Расули Акрам (с) фармуданд касе, ки чиҳил ҳадис аз ман ҳифз кунад Худованди Мутаол ба ӯ мегӯяд аз ҳар кадом дарҳои биҳишт, ки мехоҳад ворид шавад. (Ҷомеул-аҳодис, ҷ 20, саҳ 258).
Тавзеҳи аҳодис:
Ду нукта дар аҳодиси зикр шуда аст, ки қобили таваҷӯҳ аст ва он ин, ки манзур аз ду лафзи “ҳифз” ва адади “чиҳил” дар ривоятҳои фавқ чӣ мебошад?

  1. Нукта аввал лафзи “ҳифз”
    Нуктаи аввал, ки қобили зикр аст ин, ки манзур аз лафзи “ҳифз” дар аҳодиси чист? Оё мақсуд танҳо ҳифз кардан аст ё мақсуд дарку фаҳм ва дар натиҷа амал кардан ба он ҳадис аст? Ва ё ҳарду? Яъне мақсуд ҳам ҳифз ва ҳам фаҳмидани маъни ҳадис ва амал ба мӯҳтавои он аст.
    Бояд гуфт мақсадҳои зикр шуда ҳамагӣ аз марҳилаҳои ҳифз мебошанд ва шахс танҳо бо ҳифзи аҳодис поинтарин дараҷаи ҳифзро риоя кардааст ва ҳамин тавр фаҳми дуруст ҳадис ва амал ба он, омӯзиш ба дигарон, тарвиҷу ташвеқи мардум барои амал ба аҳодис ва пешгирӣ аз нобудии аҳодис аз болотарин марҳилаи ҳифз ба шумор мераванд.
  1. Нуктаи дувум адади “чиҳил”
    Нуктаҳое, ки дар Қуръони Карим ва ривоятҳо дар мавриди адад “чиҳил” ворид шудааст хеле зиёд мебошад, ки бархе аз онҳо иборатанд аз:
    Қуръони Карим камоли қудрат ва рушдро чиҳил солагии инсон медонад. (Сураи Аҳқоф, ояти 15) Ҳамчунин миқот (муноҷот)-и ҳазрати Мӯсо (а) чиҳил рӯз ба тӯл анҷомид. (Сураи Бақара, ояти 51).
    Оғоз рисолати Паёмбари Акрам (с) дар чиҳил солагӣ буд, чила нишнини орифон чиҳил рӯз аст, аз шаклгирии нутфа то таваллуди навзод чиҳил ҳафта замон металабад, ҳадди ҳамсоягӣ то чиҳил хона аст (Сунанул-кубро, ҷ 6, саҳ 276), пазируфта нашудани намози шахси шаробхор то чиҳил рӯз (Сунани Тирмизӣ, ҷ 4, саҳ 290, ҳадиси 1862).
    Аз матолибе, ки дар мавриди адади чиҳил зикр шуд маълум мешавад, ки адади чиҳил дар Ислом ҷойгоҳи хоссе дорад, ки барои расидан ба натиҷаи комил барои ба даст овардани мақомҳои маънавӣ ва рушд, инсон ниёзманди таҳаммули чиҳил рӯз риёзату талошу сахтӣ аст чунонки дар мавриди миқоти ҳазрати Мӯсо (а) баён шуд ва ҳамчунин барои раҳои аз олудагӣ инсон ниёзманди чиҳил рӯз замон аст то аз гуноҳе, ки анҷом додааст пок шавад ҳамон тавре, ки дар мавриди пазируфта нашудани намози шахси шароб хор ва ғайбат кунанда баён шуд.
    Пас маълум мешавад барои расидан ба подошҳои ухравӣ, ки зикр шуд инсон ниёзманди ҳифзи ҳадди ақал чиҳил ҳадис аз аҳодиси Расули Акрам (с) ҳамроҳ бо фаҳму амал ба онҳо мебошад.

Паёмҳои аҳодис:
Бо таваҷҷуҳ ба мӯҳтавои аҳодиси зикр шуда метавон паёмҳои зерро ба даст овард:

  1. Ҳифз: Яке аз паёмҳои муҳимми ин аҳодис ҳифз кардан ва ба ҳофиза сипурдани аҳодиси Расули Худо аст.
  2. Ҳифозат аз таҳриф: Паёми муҳимми дигари аҳодиси “аҳамияти ҳифз” ин аст, ки аҳодиси Расули Худо (с) аз таҳрифу тағйир дар амон бошанд ва касе натавонад дар онҳо тағйир ва дигаргунӣ эҷод кунад.
  3. Ташвиқ ва тарғиб: Бешак яке аз паёмҳои аслии ин аҳодис тарғибу ташвиқ ба ҳифзу фарогирии аҳодиси Паёмбари Акрам (с) аст.
  4. Шинохт ва маърифат: Ҳаркас бештар аҳодиси Паёмбари Акрам (с)-ро ҳифз ва фарогирад ба ҳамон андоза қалбаш нуронӣ ва шинохту маърифаташ ба Паёмбар (с) бештар шуда ва амал ба аҳодиси он ҳазрат саодату хушбахтӣ дар дунё ва охиратро дар пай хоҳад дошт.
  5. Нигориш(навиштан): Яке дигар аз паёмҳои аҳодиси ҳифзи чиҳил ҳадис ин аст, ки навиштани китобҳои ҳадисӣ зиёд шавад, то мардум битавонанд аз онҳо истифода кунанд.
  6. Адами фаромӯшӣ: Паёми дигарӣ ҳифзи чиҳил ҳадис ин аст, ки мардум аҳодиси Паёмбари Акрам (с)-ро биёмӯзанд, то дар натиҷа аҳодиси Расули Худо (с) фаромӯш нашаванд.
  7. Диққат ва тафаккур дар аҳодис ва амал ба онҳо: Паёми дигарӣ ин аҳодис аст, ки бо ҳифзу ҳамроҳ доштани аҳодис дар ҳофиза ҳамеша нисбат ба маънои онҳо диққат ва амал ба онҳо талош кунед. Сухани Худованд, ки дар Рӯзи қиёмат ӯро фақеҳ маҳшур мекунад ва ҷумлаи дар амри Дин (مِنْ أَمْرِ دِينِه) шоҳиди ин паём мебошад.

 Натиҷа:
Умедворем Худованди мутаол ба мо тавфиқ диҳад то дар кори ҳифзи аҳодиси Расули Акрам (с) ба болотарин марҳилаи ҳифз, ки ҳамон ҳифзи забонӣ ва фаҳму амал бо ҷавориҳ буда ва сабаби ба даст овардани саодати дунё ва охират аст муваффақ бошем.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед