Ҷойгоҳи хонавода ва волидайн

0
251

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Ҷойгоҳи хонавода ва волидайн
дар маорифи қуръонӣ ва сираи набавӣ

Муқаддима
Ҷамъияти оила ё хонавода ташкилёфта аз марду зан ҳамчун падару модари хонавода ва фарзандон ҳамчун аъзоёни он, назди шариати исломӣ ва сираи илоҳии ҳазрати Муҳаммади Мустафо(с) дорои ҷойгоҳи бисёр бо арзиш мебошад.

Хонавода оғози зиндагии ҷамъии инсон аст ва ҷомеаи хӯрд номида мешавад. Агар ҳар кадом аз онҳо солим бошанд, дар таомул бо дигар мавҷӯдот ва иртибот бо дигар хонаводаҳо, як ҷомеаи солим ва хушояндро ташкил медиҳанд. (Абдулфаттоҳ Умар, Хонавода ва ҷомеа, саҳ.1)

Ин ки инсонҳо асолати иҷтимоъгароӣ доранд, як масъалаи ҳақиқӣ ва қатъӣ аст, аммо ин ки он иҷтимои писандидашудаи инсонҳо кадом аст, мавриди ихтилофи соҳибназарони ҷомеашинос буда ва ҳаст.

Аммо шакке нест, ки Холиқи ҳастӣ, ки офаридгори фарду ҷамъ ва тадбиргари умури онҳост, низому шароит ва сунатҳоеро барои махлуқоташ ташреъ ва ирсол кардааст.

Чунон, ки дар Қуръони Карим мефармояд:

لاَ إِكْرَاهَ فِي الدِّينِ قَد تَّبَيَّنَ الرُّشْدُ مِنَ الْغَيِّ فَمَنْ يَكْفُرْ بِالطَّاغُوتِ وَيُؤْمِن بِاللّهِ فَقَدِ اسْتَمْسَكَ بِالْعُرْوَةِ الْوُثْقَىَ لاَ انفِصَامَ لَهَا وَاللّهُ سَمِيعٌ عَلِيمٌ

“Ҳеҷ икроҳ [ва иҷборе] дар дин нест, ба ростӣ, ҳидоят аз гумроҳӣ равшан шудааст, пас, ҳар касе ба тоғут куфр варзад ва ба Худо имон оварад, дар ҳақиқат,ба дастовези устуворе чанг задааст, ки ҳеҷ гусастание барояш нест. Ва Худованд шунавои доност” (Сураи Бақара, ояти 256)

Агар инсонҳо бо шинохти хайру шар ва ҳаққу ботил, роҳи дурустро интихоб кунанд ва зиндагиҳоро бар пояи он ташкил диҳанд, қатъан назме эҷод мегардад, ки барои ҳамаи башар ва балки барои дигар мавҷудоти олами ҳастӣ, манфиатдор хоҳад буд.

Ҷойгоҳ ва аҳаммияти хонаводаи солим
Вақте бо шинохти маорифи динӣ ва ҷудоӣ байни хайру шар зиндагиҳо оғоз мегардад,  хонавода(оила) мавриди ризои илоҳӣ хоҳанд буд ва ризқу рӯзӣ ва некиҳоро барояшон сарозер мекунад. Аммо, онҳое, ки аз ташкили хонавода парҳез мекунанд ва ё аз роҳи ғайри шаръӣ вориди ин иртиботи инсонӣ мешаванд, мавриди ғазаби илоҳӣ ва дучори азоби дунёӣ ва охиратӣ мегарданд.

Худованд бо тарғиб ба издивоҷ ва ташкили хонавода мефармояд:

وأَنكِحُوا الْأَيَامَى مِنكُمْ وَالصَّالِحِينَ مِنْ عِبَادِكُمْ وَإِمَائِكُمْ إِن يَكُونُوا فُقَرَاء يُغْنِهِمُ اللَّهُ مِن فَضْلِهِ وَاللَّهُ وَاسِعٌ عَلِيمٌ

“Ва беҳамсарони аз миёни худ ва шоистагони аз бардагонатон ва канизонатонро ба издивоҷ дароваред. Агар фақир бошанд, Худо аз фазли Худ онҳоро бениёз мегардонад. Ва Худо кушоишгари доност” (Сураи Нур, ояти 32)

Издивоҷи мӯъминон бо занони мӯъмина ва солеҳа аз таъкидоти шариат аст, чун оғозгари як иҷтимоъ хоҳанд буд ва ҷамъи ду мӯъмин, мӯъминонро ба ғоят ва мақсади солим хоҳанд расонд.

Албатта набояд дар зиндагӣ зиёдаравӣ ва  кутоҳӣ дошт, ба ин маъно, ки зану мард талоши худро барои касби ризқу рӯзӣ дошта бошанд. Камбудиҳои моддӣ сабаби тарки издивоҷ ва ё тарки хонавода нагардад, ки ин куфрони неъмат аст ва Худованд аз касоне, ки ба ин сабаб аз издивоҷ дурӣ кунанд, розӣ нахоҳад буд.

Расули Мукаррами Ислом(с) бар асоси ривояти Уммулмӯъминин Оиша(рз), дар бораи касоне, ки аз ташкили хонавода дурӣ мекунанд, мефармоянд:

اَلنِّکَاحُ سُنَّتِی فَمَن رَغِبَ عَن سُنَّتِی فَلَیسَ مِنِّی

“Никоҳ (издивоҷ) суннати ман аст. Пас, ҳар кас аз суннати ман дурӣ кунад, аз (пайравони) ман нест” (Исмоил, Бухорӣ, Ассаҳиҳ, ҷ.7, саҳ2)

Ҳамчунин дар бораи касоне, ки аз фарзандоварӣ дурӣ мекунанд, шариати Ислом нигоҳи мусбат надорад, балки ҳамаи динҳои осмонӣ ва балки инсонҳои соҳиби андешаи ҷомеъ, ҳам ташкили хонаводаро зарурӣ ва ҳам тавлиди наслро лозимаи ҷомеаи солим ва бодавом медонанд.

Ҳатто имрӯза ҷомеаи моддигаро низ ба ин ҳақиқат расидааст ва дар пайи зиёд кардани насли нав, ҷӯёи роҳкор ҳастанд.

Худованд дар Қуръони Карим бо ишора ба қудрати холиқияташ ва ин ки ҳамсару фарзанд ва наводагон низ аз нишонаҳо ва неъматҳои илоҳӣ ҳастанд, мефармояд:

وَاللّهُ جَعَلَ لَكُم مِّنْ أَنفُسِكُمْ أَزْوَاجًا وَجَعَلَ لَكُم مِّنْ أَزْوَاجِكُم بَنِينَ وَحَفَدَةً وَرَزَقَكُم مِّنَ الطَّيِّبَاتِ أَفَبِالْبَاطِلِ يُؤْمِنُونَ وَبِنِعْمَتِ اللّهِ هُمْ يَكْفُرُونَ

Ва Худо аз худатон барои шумо ҳамсароне қарор дод. Ва аз ҳамсаронатон барои шумо писарон ва наводагоне қарор дод. Ва аз покизаҳо ба шумо рӯзӣ дод. Пас, оё [боз ҳам] ба ботил имон меоваранд ва онҳо ба неъмати Худо носипосӣ мекунанд” (Сураи Наҳл, ояти 72)

Бешак тарк ва дурӣ аз ин неъматҳои илоҳӣ сабаби пирӣ ва танбалӣ ва нобудии хонавода ва ҳатто аз байн рафтани насли як миллат мегардад.

Ва ин кор қатъан куфрони неъмати илоҳист, неъмати беназире, ки Худованд онро дар ихтиёри бандагонаш қарор додааст. (Замахшарӣ, Кашшоф, ҷ.3, сураи Наҳл, ояти72)

Дар сира ва суннати набавӣ вақте инсон, падар ва ё модари хонавода дар зоти худ дорои ҳусни ахлоқ бошанд, онро ба дигар аъзои хонавода ворид мекунанд ва бо тавсия ва ташвиқи ҳамдигар, ҷамъи саодатмандеро эҷод мекунанд. (Бурҳон, Абдуллоҳ, Ихлоси амал, саҳ.3)

Ҷойгоҳи волидайн дар хонавода
Ҷомеаи даврони нузули Қуръон, он чунон гумроҳ буд, ки фаҳшу бадгӯӣ ва бадкориро ифтихор медонист ва баъзе аз қабилаҳо фарзандони духтарро бе гуноҳ зинда ба гӯр мекард ва барои таъйини ин ки кӯдаки наврасида падараш кист, гоҳ ба назари чеҳрашиносон руҷӯъ мекарданд. (Акбарзод, Андешаҳои бедоргар, ҷ.2, саҳ.59)

Дар чунин давроне Расули Худо(с) бо азамати рӯҳӣ ва рафторҳои илоҳӣ мабъус гаштанд ва бо ҳама сахтиҳо, тавонистанд шахсиятҳои бузургеро тарбият кунанд ва сира ва сулуки некӯеро барои онҳо омӯзиш диҳанд ва барои ояндагон, маҷмуаи комиле аз ахлоқиёти бартарро бар ҷой гузоранд.

Чунон, ки бар асоси ривояти имом Муслим ва имом Термезӣ ва ғайра, он ҳазрат дар бораи маорифе, ки барои ҳидояти ояндагон гузоштаанд, мефармоянд:

ألَا اَیُّهَا النّاسُ! … و أنَا تَارِکٌ فِیکُم ثَقَلَینِ أوَّلُهُمَا کِتَابَ اللهِ فِیهِ الهُدَی وَ النُّورُ … وَ أهلُ بَیتِی –  مَا إن أخَذتُم بِهِ لَن تَضِلُّو کِتابَ اللهِ وَ عِترَتِی أهلَ بَیتِی

“Эй мардум! … Ман дар байни шумо ду чизи гаронбаҳоро мегӯзорам: Аввалаш Китоби Худост, ки дар он ҳидоят ва нӯр аст … ва (дуюмаш) Аҳли байтам. (дар баъзе матнҳо) Ва агар ба он ду чанг бизанед, ҳеҷгоҳ гумроҳ намегардед! Он ду китоби Худо ва Итратам, яъне Аҳли байтам ҳастанд”(Саҳеҳи Муслим, к.Фазоили саҳоба, ҳ.4425 / Саҳеҳи Термизӣ, к.Фазоили Алӣ, ҳ.4155)

Бо нигоҳ ба ҳамин ду такягоҳи бузург, мефаҳмем, ки аз ҷумлаи ислоҳоти асосие, ки он ҳазрат дар ҷомеа эҷод намуданд ва имрӯз низ улгӯ ва усваи некӯе барои ҷомеаи навини ҷаҳонист, чигӯнагии ташкили хонавода ва навъи рафтору кирдори ҳар кадом аз аъзои он бо ҳамдигар аст.

Ҷойгоҳи падар ва модар ҳамчун раъси хонавода, дар шариати муҳаммадӣ як асл аст ва риоят ва ҳифзи ҳарими онҳо як амри зарурӣ ва воҷиб дониста шудааст. (Тафсири Сирот, сураи Луқмон, ояти 12)

Ин масъала он қадар муҳим аст, ки вақте бандагонро ба шукри неъматҳои илоҳӣ амр кард, ба шукри волидайн низ амр мекунад:

وَوَصَّيْنَا الْإِنسَانَ…أَنِ اشْكُرْ لِي وَلِوَالِدَيْكَ إِلَيَّ الْمَصِيرُ

“Ва инсонро нисбат ба падару модараш супориш кардем …, ки барои Ман ва падар ва модарат шукргузор бош, ки бозгашт ба сӯи Ман аст” (Сураи Луқмон, ояти 14)

Худованд аввалу охири ҳама чиз аст ва ҳама ба сӯяш боз мегарданд, лизо бояд шокири Ӯ бошем. Аммо ташаккур аз волидайн низ зарурӣ дониста шудааст, чун онҳо низ беминнат заҳмати бордорӣ ва таваллуд ва бузург карданро бар ӯҳда доранд ва шоистаи тақдир ва ташаккуранд.

Қуръони Карим мефармояд:

وَقَضَى رَبُّكَ أَلاَّ تَعْبُدُواْ إِلاَّ إِيَّاهُ وَبِالْوَالِدَيْنِ إِحْسَانًا إِمَّا يَبْلُغَنَّ عِندَكَ الْكِبَرَ أَحَدُهُمَا أَوْ كِلاَهُمَا فَلاَ تَقُل لَّهُمَآ أُفٍّ وَلاَ تَنْهَرْهُمَا وَقُل لَّهُمَا قَوْلًا كَرِيمًا

“Ва Парвардигорат ҳукм кард, ки ҷуз Ӯро напарастед. Ва ба падару модар некӣ [кунед]. Агар яке аз он ду ё ҳар ду дар канори ту ба пирӣ расиданд, пас, ба он ду “ӯф” нагӯй! Ва он дуро марон! Ва ба онҳо сӯхани каримона бигӯ(Сураи Исро, ояти 23)

Мӯъминон бо ҳукми ақлу шаръ, Худои ягонаро шоистаи парастиш медонанд ва волидайнро, махсусан вақте пир шудаанд ва  ҷисмашон заиф гаштааст, бештар эҳтиром мегӯзоранд ва аз гуфтору рафторе, ки нишонаи хастагӣ ва нороҳатӣ дар баробари онҳо бошад, парҳез мекунанд. (Абдулҳақ ибни Умар, Ҳаққул-волидайн, саҳ.5)

Қуръони Карим беҳтарин инфоқро низ барои волидайн медонад ва мефармояд:

يَسْأَلُونَكَ مَاذَا يُنفِقُونَ قُلْ مَا أَنفَقْتُم مِّنْ خَيْرٍ فَلِلْوَالِدَيْنِ

“Аз ту мепурсанд: Чӣ чизе инфоқ кунанд? Бигӯ: Ҳар хайр[мол]-е инфоқ кунед, пас, барои падару модар … бошад” (Сураи Бақара, ояти 215)

Ҳамчунин дар ин шакли хонавода, марду зан нимаи ҳамдигар ва комилкунандаи имон номида мешаванд ва бартарие аз назари инсонияташон вуҷуд надорад.

Худованди Мутаол мефармояд:

هُنَّ لِبَاسٌ لَّكُمْ وَأَنتُمْ لِبَاسٌ لَّهُنَّ

“Онон либосе барои шумо ва шумо либосе барои онон ҳастед” (Сураи Бақара, ояти187)

Агар зану мард ҳамдигарро бишиносанд ва дурӯст интихоб кунанд ва хонаводаи матлуби шариатро ташкил диҳанд, ҳаркадом либос ва пӯшиш барои ҳамдигар ва такмилкунандаи имон ва амалҳои неки ҳамдигар хоҳанд буд. Дар натиҷа насле ҳамчун худашонро тарбият ва ба ҷомеаи башарӣ тақдим мекунанд.

Ва ин гуна аст, ки барои имону амали солеҳи худашон аҷру подош мегиранд ва ҳам ба сабаби фарзандони солеҳе, ки тарбият мекунанд,  аҷри азими дигаре хоҳанд дошт. (Бурҳон, Абдуллоҳ, Ихлоси амал, с140)

Ҷамъбандӣ
Маорифи қуръонӣ ва сираи илоҳии Раслуи Мукаррами Ислом(с) улгӯи некӯ барои ҳамаи башарият ҳастанд.

Ҳар кадом аз хонаводаҳо оғози ташкили як ҷомеаи башарӣ ҳастанд ва он чи дар онҳо эҷод мегардад, ҷомеаро низ ба ҳамон сӯй мекашонад, лизо бояд пояҳои хонавода аз ду шахси мӯъмин ва мӯъмина ташкил гардад, то насли мӯъмин ва солим эҷод кунанд.

Яке аз меҳварҳои ахлоқӣ дар ташкили хонавода ва ҷомеаи башарӣ, ҳифзи ҷойгоҳ ва ҳурмату азамати волидайн аст. Дар шариати некӯи Паёмбари Хотам(с), ҳеҷгӯна беҳурматӣ нисбати падару модар ҷоиз нест ва дар давраи пирӣ ва заъфи онҳо, бояд бештар такрим шаванд.

Волидайн ба хотири бордорӣ, таваллуд ва тарбияти насли некӯкор мавриди ташаккури илоҳӣ ва фарзандон қарор доранд ва барои ин ки ҷомеаи саодатмандеро ташкил додаанд, назди Худованд низ дорои аҷри азим хоҳанд буд.

Ингӯна аст, ки мӯъминон бо амали некӯ ва солеҳот, ба лиқои илоҳӣ мерасанд ва аҷру подоши азиме насибашон мегардад.
Худоё! Хонавода ва насли моро аз солеҳин қарор бидеҳ

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед