Ҷойгоҳ ва аҳамияяти ихлос дар Қуръон ва ривоёт

0
253

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Ҷойгоҳ ва аҳаммияти ихлос дар Қуръон ва ривоёт

Муқаддима
Барои ибодатҳо шароите таъйн шудааст, ки муҳимтарини онҳо, ихлос дар ният аст. Аҳаммияти ихлос дар аъмол, то онҷост, ки амали беихлос, натанҳо муқарриб  нест; яъне шахсро ба Худо наздик намекунад, балки сабаби дӯр шудан аз даргоҳи илоҳӣ мешавад. Болотарин мартабаи ихлос, он аст, ки ҳаргоҳ шахс амалеро анҷом медиҳад, ба камтарин аҷру подош, дар ду олам чашм надошта бошад ва назари ӯ, фақат ризои Ҳақ Таоло бошад ва ба ҷуз Ӯ, мақсад ва матлубе надошта бошад. Ин мартаба аз ихлос, ихлоси содиқин ва ростгӯён аст ва ба ин марҳала намерасанд, магар касоне, ки дар дарёи азамати илоҳӣ ғарқ гашта бошанд.

Расидан ба ин мартаба аз ихлос фароҳам намешавад, магар инки аз ҳамаи хоҳишҳои нафсонӣ даст бардорӣ ва пушти по бар ҳавову ҳавас бизанӣ ва дили худро машғули фикр дар сифот ва афъоли парвардигори худ намуда ва вақти худро ба муноҷоти Ӯ сарф кунӣ, то анвори ҷалол ва азамати Ӯ, бар соҳати дили ту партав афканад ва муҳаббат ва унси бо Ӯ дар дили ту ҷой гирад. Инсон дорои  ихлос намешавад, магар инки таъриф, тамҷид ва такзиби ӯ аз тарафи мардум дар назараш яксон бошад. Чун медонад, ки таъриф ва такзиби онҳо воқеиятро тағйир намедиҳад. Пас хушҳол набошад ба таърифи касе, чаро, ки тамҷид, мақоми инсонро дар назди Худо зиёд намекунад ва бениёзаш намесозад аз ончи барояш муқаддар гардидааст. Пас, ихлос ба маънои пок кардани ният аз ғайри Худо ва анҷом додани аъмол фақат ва фақат барои Холиқи яктост.

Ихлос дар ҳар коре лозим аст
Мусалмон бояд дар ҳар амал нияти худро пок ва холис намояд, то аз ҷониби Худованди Мутаол пазируфта шавад. Худои Субҳон танҳо амалеро мепазирад, ки холис ба хотири Ӯ бошад,  Худованд дар Қуръони Карим мефармояд:

وَ مَا أُمِرُواْ إِلَّا لِيَعبُدُواْ اللَّهَ مُخلِصِينَ لَهُ الدِّينَ حُنَفَآءَ

“Ва фармон наёфта буданд ҷуз, инки Худоро бипарстанд ва дар ҳоле ки ба тавҳид гароидаанд дини [худ]-ро барои Ӯ холис гардонанд.” (Сураи Байина, ояти 5) Ва низ дар ҷои дигар мефармояд:

أَلَا لِلَّهِ الدِّينُ الخَالِصُ

“Огоҳ бошед, оини пок аз они Худост.” (Сураи Зумар, ояти 3)

Ва Паёмбари бузургвори Ислом(с) низ мефармоянд:

إِنَّ اللَّهَ لَا يَقْبَلُ مِنْ الْعَمَلِ إِلَّا مَا كَانَ لَهُ خَالِصًا وَابْتُغِيَ بِهِ وَجْهُهُ

“Худованд ҳеҷ амалеро намепазирад, магар онки холис ва пок барои Ӯ буда ва бахотири ризои Ӯ анҷом шуда бошад.” (Сунани Нисоӣ, ҳадиси 3140)

Ихлос яке аз сифоти ҳамешагии мусалмон аст, чӣ хидматкор бошад ва чӣ тоҷир ё донишҷӯ, ё ҳар шуғли дигаре дошта бошад. Хидматкор кори худро ба дурустӣ ба анҷом мерасонад, чаро ки Худованд ӯро ба диққат ва дурустӣ дар кораш амр фармудааст, тоҷир низ дар тиҷорати хеш аз Худо парво дошта ва ба мардум гарон намефурӯшад, балки пайваста ба думболи касби тиҷорати  ҳалол аст. Донишҷӯ низ, дар мутолиот ва фарогирии дарсҳояш мекӯшад ва мақсади вай аз касби илм касби ризои Парвардигор ва хидмат ба ҷомеа мебошад.

Чанд намуна аз ихлос:

  • Ихлос хислати паёмбарон

Худованди Мутаол дар мавриди ҳазрати Мӯсо(а) баён мефармояд:

وَ اذكُر فِي الكِتَبِ مُوسَى إِنَّهُۥ كَانَ مُخلَصاً وَ كَانَ رَسُولا نَّبِيّاً

“Ва дар ин китоб Мӯсоро ёд кун; ба дурустӣ ки ӯ холисшуда ва фиристодашуда [ва] паёмбар буд.” (Сураи Марям, ояти 51)

Ва Худованди Мутаол ҳазрати Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб(а)-ро низ ингуна тавсиф мефармояд, ки:

وَ اذكُر عِبَادَنَا إِبرَهِيمَ وَ إِسحَقَ وَ يَعقُوبَ أُوْلِي الأَيدِي وَ الأَبصَارِ إِنَّآ أَخلَصنَاهُم بِخَالِصَة ذِكرَى الدَّارِ وَ إِنَّهُم عِندَنَا لَمِنَ المُصطَفَينَ الأَخيَارِ

“Ва ёд кун бандагони мо Иброҳим ва Исҳоқ ва Яъқубро, ки тавонманд ва бо басират буданд. Ҳамоно Мо онҳоро бо хислате [нек], ки ёдовари саро[-и охират] аст, холис кардем. Ва ба дурустӣ, ки онҳо назди Мо аз баргузидагони некон буданд.” (Сураи Сод, ояти 45 -47)

  • Ихлос дар ният

Гурӯҳе  назди Паёмбар(с) рафта ва гуфтанд: Эй Паёмбари Худо! Мехоҳем ҳамроҳи шумо барои ғазваи Табук берун биёем, вале тӯша ва аслиҳае надорем. Паёмбари Худо(с) низ чизе надошт, то ба онҳо кӯмак намояд, бинобар ин фармуд  баргарданд. Эшон   бо ғаму  андӯҳ ва дар ҳоле ки  барои ҷиҳоди дар роҳи Худо тавоноӣ надоштанд, нолону гирён бозгаштанд. Худованд дар ҳаққи онҳо оёти Қуръониро нозил намуд, барои онки то рӯзи қиёмат роҳнамо бошад:

لَّيسَ عَلَى الضُّعَفَآءِ وَلَا عَلَى المَرضَى وَلَا عَلَى ٱلَّذِينَ لَا يَجِدُونَ مَا يُنفِقُونَ حَرَجٌ إِذَا نَصَحُواْ لِلَّهِ وَرَسُولِهِ مَا عَلَى المُحسِنِينَ مِن سَبِيل وَ اللَّهُ غَفُور رَّحِيم وَ لَا عَلَى الَّذِينَ إِذَا مَآ أَتَوكَ لِتَحمِلَهُم قُلتَ لَا أَجِدُ مَآ أَحمِلُكُم عَلَيهِ تَوَلَّواْ وَّ أَعيُنُهُم تَفِيضُ مِنَ الدَّمعِ حَزَنًا أَلَّا يَجِدُواْ مَا يُنفِقُونَ

“Бар нотавонон ва бар беморон ва бар касоне, ки чизе намеёбанд, ки [барои ҷиҳод] инфоқ кунанд, ҳеҷ боке нест, ҳангоме ки барои Худо ва паёмбараш хайрхоҳӣ кунанд. Бар некӯкорон ҳеҷ роҳ[-и сарзаниш]-е нест; ва Худованд омурзандаи меҳрубон аст. Ва [низ] бар касоне, ки чун назди ту оянд, то [бар маркабе] саворашон кунӣ, гуфтӣ: «Чизе намеёбам, ки шуморо бар он савор кунам», баргаштанд, дар ҳоле ки аз андӯҳ ашки чашмонашон ҷорӣ мешуд, ба хотири ин ки чизе намеёбанд, ки [барои ҷиҳод] харҷ кунанд.” (Сураи Тавба, оёти 92 ва 93)

Вақте Паёмбари Акрам(с) равонаи ҷанг шуд, ба ёронаш фармуд:

إِنَّ أَقْوَامًا بِالْمَدِينَةِ خَلْفَنَا، مَا سَلَكْنَا شِعْبًا وَلاَ وَادِيًا إِلاَّ وَهُمْ مَعَنَا فِيهِ، حَبَسَهُمُ الْعُذْرُ

“Ҳамоно, дар Мадина касонеро тарк намудем, ки ҳеҷ роҳи кӯҳистонӣ ва ҳеҷ водиро тай накардем, магар инки онон бо мо буданд (яъне ба андозаи мо подош мегиранд) ва ҷуз узр, онҳоро чизе аз ҳамроҳӣ бо мо боз надошт.” (Саҳеҳи Бухорӣ, ҳадиси 2684)

  • Ихлос дар ибодат

Худованди Мутаол ҳеҷ тоат ва ибодатеро аз инсон намепазирад, магар онки холис барои Ӯ буда бошад. Паёмбар(с) дар ҳадиси қудсӣ аз Парвардигори олам, ривоят фармудаанд:

أَنَا أَغْنَى الشُّرَكَاءِ عَنِ الشِّرْكِ مَنْ عَمِلَ عَمَلاً أَشْرَكَ فِيهِ مَعِى غَيْرِى تَرَكْتُهُ وَشِرْكَهُ

“(Худованди Таоло мефармояд:) Ман бениёзтарин шурако аз ширк мебошам. Онки амале анҷом диҳад, ки ғайрамро дар он бо ман дар назар дошта бошад, худаш ва ширкашро фурӯ мегузорам.” (Саҳеҳи Муслим, ҳадиси 7666)

Инсони мусалмон дар намоз рӯи дил ба сӯи парвардгори ҷаҳониён дорад ва онро бо хушӯъ, оромиш ва виқор баҷой меоварад. Мусалмон бо умеди ба подоши Худованд рӯза мегирад ва на барои онки мардум бигӯянд: фалон кас намоз мегузорад, закот медиҳад, рӯза мегирад ва … , балки тамоми корҳояшро ба хотири хушнудии парвардгори худ анҷом медиҳад.

  • Ихлос дар ҷиҳод

Мусалмон дар ҷиҳоди  роҳи Худо, нияте ҷуз дифоъ аз дини Худо ва барафроштани калиматуллоҳ ва дифоъ аз сарзамини худ ва аз мусалмонон надошта ва ҳаргиз нияти ӯ ин нахоҳад буд, ки мардум бигӯянд чиқадар марди қаҳрамон ва шуҷое аст. Марде назди Паёмбар(с) омад ва гуфт: Эй паёмбари Худо, ман дар  ҳангоми ҷанг хӯшнудии Худоро дар назар дошта ва дар айни ҳол, дӯст дорам дигарон ҷанги маро бубинанд ва аз шуҷоати ман бохабар шаванд. Паёмбар(с)  посухе надод, то инки ин оят нозил гашт:

فَمَن کَانَ یَرْجُواْ لِقَآءَ رَبِّهِ فَلْیَعْمَلْ عَمَلاً صَلِحاً وَلَا یُشْرِکْ بِعِبَادَةِ رَبِّهِ أَحَداً

“Пас ҳар кас ба лиқои парвардигори худ умед дорад, бояд ба кори шоиста бипардозад ва ҳеҷ касро дар парастиши парвардигораш шарик насозад.” (Сураи Каҳф, ояти 110)

Як бодиянишин назди Расули Худо(с) омада ва гуфт: Эй Расули Худо, касоне барои ба даст овардани ғаноим ва иддае ба хотири ёд шудан (шуҳрат ёфтан миёни мардум) мубориза мекунанд ва касоне ҳам барои он мубориза мекунанд, то мардум аз қудрат ва ҷойгоҳашон  бохабар гарданд, дар ин сурат чӣ касе дар роҳи Худо меҷангад? Он ҳазрат(с) фармуданд:

مَنْ قَاتَلَ لِتَكُونَ كَلِمَةُ اللَّهِ هِىَ الْعُلْيَا فَهُوَ فِى سَبِيلِ اللَّهِ

“Касе ки ба хотири эълои калиматуллоҳ биҷангад, ӯ муҷоҳиди роҳи Худо аст.” (Саҳеҳи Бухорӣ, ҳадиси 2655).

  • Подоши мухлисон

Шайтон аз мусалмони боихлос дӯр мешавад ва ӯро васваса намекунад, чаро, ки Худованд мӯъминини мухласро аз газанди шайтон маҳфуз медорад. Дар Қуръони Карим дар нақли як ҳодиса чунин омадааст, ки аз забони шайтон нақл мешавад, ки Худованд фармуд:

قَالَ رَبِّ بِمَا أَغْوَيْتَنِي لَأُزَيِّنَنَّ لَهُمْ فِي الْأَرْضِ وَلَأُغْوِيَنَّهُمْ أَجْمَعِينَ إِلَّا عِبَادَكَ مِنْهُمُ الْمُخْلَصِينَ

“Гуфт: «Парвардигоро! Ба сабаби он ки маро гумроҳ кардӣ, ҳатман [бадиҳоро] барояшон дар замин зинат медиҳам; ва қатъан ҳамаи онҳоро гумроҳ мекунам; магар аз миёни онҳо, бандагони холисшудаи Туро”. (Сураи Ҳиҷр, оёти 39 ва 40)

Ҳамчунин Худованди Мутаол дар бораи подоши мухлисон дар охират мефармояд:

إِلَّا الَّذِينَ تَابُواْ وَ أَصلَحُواْ وَ اعتَصَمُواْ بِاللَّهِ وَ أَخلَصُواْ دِينَهُم لِلَّهِ فَأُوْلَئِكَ مَعَ المُؤمِنِينَ وَ سَوفَ يُؤتِ اللَّهُ المُؤمِنِينَ أَجرًا عَظِيماً

“Магар касоне, ки тавба карданд ва ислоҳ намуданд ва ба Худо тамассук ҷӯстанд ва дини худро барои Худо холис карданд; пас, онҳо бо мӯъминонанд. Ва Худо ба зудӣ мӯъминонро подоши бузурге хоҳад дод”. (Сураи Нисо, ояти 146)

­­­­­

Пас, ихлос  ба маънои пок кардани ният аз ғайри Худо ва анҷоми тамоми аъмол ва кирдор барои Худост  ва дар аҳаммияти ихлос ҳамин бас, ки амали беихлос, натанҳо мақбули даргоҳи Ҳақ нест, балки сабаби дур шудани инсон аз Худованд аст ва болотарин мартабаи ихлос он аст, ки ҳаргоҳ шахс амалеро анҷом медиҳад, ҳеҷ гуна подоше аз касе нахоҳад ва ҳадафи ӯ, фақат ризояти Ҳақ Таоло бошад ва мусалмон бояд дар ҳар амал нияти худро пок ва холис намояд, то аз ҷониби Худованди Мутаол пазируфта шавад.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед