Ҳусни хулқ дар сираи набавӣ(с)

0
251

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Ҳусни хулқ дар сираи набавӣ (с)

Муқаддима
    Чуноне ки маълум аст, маҷмуаи маорифи шариати Ислом, дар яке аз се унвон “Ақоид, Аҳком, Ахлоқ” қарор доранд ва ҳар мӯъмин, бояд аслу фаръи онҳоро бидонад, бовар кунад ва амал намояд, то ҳукми мусалмонӣ ва мӯъмин будан бар ӯ ҷорӣ гардида  ва аз самараҳои Ислом ва имонаш, дар дунё ва охират баҳраманд шавад.
Ҳарчанд ҳамаи онҳо зарурианд, аммо баъзеро нишонаи мусалмонӣ ва сабаби рушди бештари имони инсонҳо донистаанд, ки метавон ба тавҳид, иқомаи намоз ва риояти одобу ахлоқ, махсусан назди волидайн ишора намуд, ки сабаби саломатии бадан, давоми умр ва ҳатто аз шартҳои бандаи Худо будан, дониста шудааст. (Оиз Қаранӣ, Байтун уссиса алат-тақво, саҳ11)
Ҳар касе яке аз ин се  усули ёдшуда, аз маорифи диниро бовар надошта бошад, амалҳои ӯ барбод ва беасар мегардад. (Идрис, Ровандӣ, Ал-имон, саҳ10)
Дар аввали ин  навиштор, барои ошноии бештари улум ва маорифи динӣ, ишораи кӯтоҳе ба ҳар кадом аз унвонҳо мешавад ва дар бахши одобу ахлоқ, матолибе бо баҳрамандӣ аз Қуръон ва суннат, баён мегардад.

  1. Ақоид: Он чи ба бовару имони инсон вобаста аст, дар илми калом ва ақида қарор доранд ва ҳар кадом аз усулу фуруи он, бар пояи ақли солим ва ваҳйи илоҳӣ устуворанд. (Бурҳон, Абдуллоҳ, Ихлоси амал, саҳ3)

Бовар ба “тавҳид, нубувват ва маод” асоситарин бахши маорифи ақидавӣ ҳастанд ва меҳвари дигар маърифатҳои динӣ қарор мегиранд. Надоштани ин маърифат, сабаби ботил шудани дигар боварҳо ва рафторҳои инсон мегардад ва ҳамчун мушрик, бар ӯ ҳукм мешавад.
Бар ҳамин асос аст, ки мусалмонии ҳар инсон, вобаста ба иқрораш ба ваҳдонияти Аллоҳ ва нубуввати Муҳаммади Мустафо(с) ва ҳаққонияти маод мебошад. (Бурусӣ, тафсири  Руҳул-Баён, ҷ.1, зайли  сураи  Бақара, ояти163 ва177)

  1. Аҳком: Он чи ба рафтору кирдори инсон, аз ҷиҳати боядӣ ва набоядӣ марбут аст, дар илми фиқҳ қарор мегирад. (Бурҳон Абдуллоҳ,Ихлоси амал, саҳ 4)

Ин бахш аз маорифи динӣ низ, дар асл бар пояи ақли солим устувор аст ва қоидаи шукри мунъим «зарурати ташаккур аз Холиқ ва Розиқ», онро собит кардааст, аммо чистӣ ва чигунагии ҳар кадомро Қуръон ва суннат таъйин мекунад ва мӯъмин бар ҳамон асос, онҳоро мешиносад ва амал мекунад, барои ҳамин аҳкоми шаръӣ маориф ва авомири тааббудӣ ҳастанд.

  1. Ахлоқ: Он чи дар иртибототи инсонҳо, ғайр аз бояд ва набоядҳои фиқҳӣ, вуҷуд дорад ва аз назари шариат ва ақли солим ва одоби инсонӣ некӯ дониста мешавад, дар бахши маорифи ахлоқӣ қарор дорад. (Бурҳон, Абдуллоҳ, Ихлоси амал, саҳ 4)
    Инсонҳое, ки дар иртиботашон риояти ҳаққу ҳуқуқи дигарон ва ҳатто дигар мавҷӯдот навъе аз ҳиссу бовар ва рафторро матлуб медонанд, ки болотар аз ду мавриди пешин қарор дорад ва тааҳҳуде беш аз бояд ва набоядҳои каломӣ ва фиқҳиро қабул мекунанд, инсонҳои ахлоқӣ номида мешаванд.

Ин гӯна инсонҳо дар бештари даъвоҳо, пеш аз он ки ба ҳукми қазо ва ҷазо бирасанд, масъаларо байни худ, бо сифатҳои ахлоқӣ, ҳамчун ҳилму бурдборӣ ва исору гузашт, ҳал мекунанд. (Акбарзод, Андешаҳои бедоргар, ҷ.1, саҳ101)
Дар ин гуфтор нигоҳ мекунем ба сеюмин бахш аз маорифи динӣ, яъне одобу ахлоқи мусалмонӣ, ки ба унвони ҳусни хулқ матраҳ шудааст ва яке аз нишонаҳои мусалмонӣ низ мебошад.
  Ҳусни хулқ
  Ҳарчанд ҳар кадом аз заруриёти динӣ дорои аҳаммияти хосси худ ҳастанд, аммо шояд битавон ҳусни хулқро аз муҳимтарини онҳо донист. Чунон, ки барои шинохти мӯъмин аз ғайри мӯъмин низ ба доштан ва ё надоштани шохисаҳои ахлоқӣ истидлол мегардад.
Инсонҳо толиби ин ҳақиқатанд, ки дар робитаҳои дутарафӣ рафтору гуфтореро дошта бошанд, ки шомили адои эҳтиром, ҳифзи ҳарим, ҳифзи ҳақ ва иззати нафсашон бошад. Ҳеҷ шахси соҳиби ақл розӣ нест дигарон нисбати ӯ беҳурматӣ ва тавҳинеро раво доранд ва ё ҳатто ӯро нодида ва ночиз бишуморанд. (Шарбосӣ, Ахлоқи қуръонӣ, ҷ.1, саҳ 20) Балки шахси мӯъмин ва бо шараф, худ низ талош мекунад, то он чиро намеписандад, бар дигарон низ раво надорад. (Сармадпошо, Сираи Набавӣ, саҳ190)
Бахше аз маърифатҳое, ки дар ҳамаи динҳо барои зиндагии беҳтари инсонҳо нозил ва таблиғ гаштааст, ҳамон аст, ки дар маорифи Қуръонӣ ба номи “ҳусни хулқ, ахлоқи ҳамида ва эҳсон” омада ва инсонҳоро бар риояти онҳо тавсия намудааст. Ва Расули Хотам(с) низ вазифаи худро комил намудани он донистааст. (Афиф Таббора, Маал-Анбиё фил-Қуръон, саҳ 8)
Худованди Ҳаким аҳкому ахлоқиёти диниро ошкор ва ҳамагонӣ номидааст ва радду пазириши ҳар кадомро ихтиёрӣ, аммо пазириши натиҷаи ҳар кадомро амри муқаддар ва ҳатмӣ гардонидааст!
Дар бораи ихтиёри инсон бар интихоби хайру шар мефармояд:

لاَ إِكْرَاهَ فِي الدِّينِ قَد تَّبَيَّنَ الرُّشْدُ مِنَ الْغَيِّ فَمَنْ يَكْفُرْ بِالطَّاغُوتِ وَيُؤْمِن بِاللّهِ فَقَدِ اسْتَمْسَكَ بِالْعُرْوَةِ الْوُثْقَىَ لاَ انفِصَامَ لَهَا وَاللّهُ سَمِيعٌ عَلِيمٌ* اللّهُ وَلِيُّ الَّذِينَ آمَنُواْ يُخْرِجُهُم مِّنَ الظُّلُمَاتِ إِلَى النُّوُرِ وَالَّذِينَ كَفَرُواْ أَوْلِيَآؤُهُمُ الطَّاغُوتُ يُخْرِجُونَهُم مِّنَ النُّورِ إِلَى الظُّلُمَاتِ أُوْلَئِكَ أَصْحَابُ النَّارِ هُمْ فِيهَا خَالِدُونَ

«Ҳеҷ икроҳ [ва иҷборе] дар дин нест. Ба ростӣ, ҳидоят аз гумроҳӣ равшан шудааст. Пас, ҳар касе ба тоғут куфр варзад ва ба Худо имон оварад, дар ҳақиқат, ба дастовези устуворе чанг задааст, ки ҳеҷ гусастание барояш нест. Ва Худованд шунавои доност. Худо сарпарасти касонест, ки имон овардаанд. Онҳоро аз торикиҳо ба сӯи нур берун меоварад. Ва касоне, ки куфр варзидаанд, сарпарастонашон тоғутанд, ки ононро аз нур ба сӯи торикиҳо мебаранд. Онҳо аҳли дӯзаханд, онҳо дар он мондагоранд» (Сураи  Бақара, оятҳои 256-257)

Некӣ ва бадӣ дар усулу фурӯъ ва ахлоқиёти шариат баён гаштааст ва ҳукми ончи баён нашуда аст, бар асоси дарк ва иҷтиҳоди аҳли илм ва иҷмои оқилони ҷомеаи мусалмонӣ, ба даст меояд. Бад буд, парҳез мешавад ва некӯ буд, амал мегардад. (Бурҳон, Абдуллоҳ, Ихлоси амал, саҳ36)

Бар асоси ривояте, ки Абу-ҳурайра(рз) аз Расули Худо(с) нақл кардааст, он ҳазрат ҳадафи беъсати худро интавр баён мекунанд:

إنَّمَا بُعِثتُ لِاُتَمِّمَ مِکَارِمَ الأخلاقِ

“Ҳамоно ман мабъус шудам барои комил кардани макорими ахлоқӣ” (Байҳақӣ, Ас-сунанул-кубро, ҷ.10, саҳ 323)

Ончи аз маорифи қуръонӣ ва таърихӣ ба даст меояд, бештари анбиё барои ислоҳи як ва ё чанде аз хусусиёти ботил ва гуноҳони роиҷи қавми худ мабъус мегаштаанд, чунон ки Иброҳими Халил(а) барои рафъи бутбарастӣ, Лути Набӣ(а) барои рафъи ливотагарӣ, Мусои Калим(а) барои наҷоти қавми мустазъаф, Ҳуди Набӣ(а) барои рафъи камфурӯшӣ ва ғайра омада будаанд. (Акбарзод, Андешаҳои бедоргар, ҷ.2, саҳ12)
Онҳо ҳам ҳадафи асосиро баён менамуданд ва ҳам қавму уммати худро ба ваҳдоният, аҳкому шариат ва одобу ахлоқи динӣ ҳидоят мекарданд.
Расули Мукаррами Ислом(с) низ чунин ҳастанд, бо ин фарқ, ки дини Ислом хотами адён ва ҳазрати Муҳаммад(с) хотами анбиё ҳастанд.  Уммате, ки дар асри нузули Қуръон вуҷуд дошт, чунон дар гумроҳӣ ва гуноҳони гуногӯн гирифтор буд, ки дар ин китоб усулу фурӯъ ва гоҳ ҷузъиёти ақоиду аҳком ва ахлоқиёт низ баён гаштааст. Як ҷо аз ваҳдоният ва далелҳои ақлию таҷрибии он сухан меравад, то ширкро бизудояд ва  ҷои дигар аз аҳкоми шариат ва фоидаҳои онҳо дар ҷомеа мегӯяд, то мардумро ба убудият ва бандагӣ тарғиб намояд. Ҷои дигар одобу ахлоқиёти фардӣ ва иҷтимоиро баён мекунад ва натиҷаи онҳоро низ ёдовар мешавад, то як уммати бартар ва саодатманд ташкил гардад.
Ва ҳамзамон Расули Худо(с) бо гуфтору рафторашон бисёре аз он зиштиҳо ва гуноҳонро аз ҷомеа пок мегардонанд ва одобу ахлоқи ҳамидаи илоҳиро ҷойгӯзин мекунанд, то он ҷое, ки саҳобагоне дар тарози бартарин бандагони илоҳиро тарбият мекунанд, ки то ба имрӯз ҷаҳоне аз вуҷӯди онҳо баҳраманд ҳастанд.
Паёмабари Ислом(с), ки ҳам расонандаи ваҳй ҳастанд ва ҳам баёнгари он, худро низ бо беҳтарин ахлоқиёт ороста намудаанд, чунон, ки Худои Мутаол он ҳазратро таъйиди комил мекунад ва рафтору гуфтори ӯро илоҳӣ меномад. (Замахшарӣ, Ал-кашшоф, ҷ.3, зайли  сураи Наҷм, ояти 3)
Худованд дар Қуръони Карим аз он ҳазрат ба унвони усва ва улгӯи бартар ва хулқи азим ёд мекунад ва мефарояд:

لَقَدْ كَانَ لَكُمْ فِي رَسُولِ اللَّهِ أُسْوَةٌ حَسَنَةٌ لِّمَن كَانَ يَرْجُو اللَّهَ وَالْيَوْمَ الْآخِرَ وَذَكَرَ اللَّهَ كَثِيرًا

“Ба таҳқиқ барои шумо дар Расули Худо улгӯи некӯст, барои касе, ки ба Худо ва рӯзи қиёмат умед дорад ва Худоро бисёр ёд мекунад” (Сураи Аҳзоб, ояти 21)

Расуле барои башарият омадааст, ки дар сабру истиқомат, ҳилму бурдборӣ, мубориза бо ширку тоғут ва зулму беадолатӣ ва ибодати холисонаи Худованди Ҳаким, беҳамтост ва усваи ҳамаи некиҳо ва ахлоқиёти қуръонӣ аст. (Афиф Таббора, Маал-Анбиё фил-Қуръон, саҳ500)
Ӯро бояд шинохт ва ӯро бояд пайравӣ кард, чунон ки асҳобу ёрони бовафояш ҳамеша ин гӯна будаанд. (Ибни Касир, ҷ.3, саҳ 424 зайли сураи Аҳзоб, ояти 21)

Худованд дар ояти дигаре мефармояд:

وَإِنَّكَ لَعَلى خُلُقٍ عَظِيمٍ

“Ва ҳамоно ту бар хулқи бузурге ҳастӣ” (Сураи Қалам, ояти 4)

Вуҷуди мубораки он ҳазрат бар асоси ахлоқи некӯ офарида шудааст, лизо Худованд ӯро чунин хитоб қарор медиҳад ва зоташро дорои ахлоқиёти азим меномад.
Ҳамчунин Қуръони Карим яке аз намунаҳои боризи ахлоқии он ҳазрат дар иртибот бо дигаронро ин гӯна баён мефармояд:

فَبِمَا رَحْمَةٍ مِّنَ اللّهِ لِنتَ لَهُمْ وَلَوْ كُنتَ فَظًّا غَلِيظَ الْقَلْبِ لاَنفَضُّواْ مِنْ حَوْلِكَ فَاعْفُ عَنْهُمْ وَاسْتَغْفِرْ لَهُمْ وَشَاوِرْهُمْ فِي الأَمْرِ فَإِذَا عَزَمْتَ فَتَوَكَّلْ عَلَى اللّهِ إِنَّ اللّهَ يُحِبُّ الْمُتَوَكِّلِينَ

“Ва ба сабаби раҳмате аз ҷониби Худо бо онон нармхӯ шудӣ ва агар бадхулқ ва сангдил будӣ, ҳатман аз атрофи ту пароканда мешуданд. Пас, аз онҳо даргузар ва барояшон омурзиш бихоҳ ва дар корҳо бо онҳо машварат намо. Ва ҳангоме  ки тасмим гирифтӣ, пас, бар Худо таваккул кун, бетардид Худо таваккулкунандагонро дӯст медорад” (Сураи Оли Имрон, ояти189)

Бузургии шахсият ва ахлоқиёти азими ӯ, ҳар шахси дорои ақлу инсофро бедор ва ба ҳақиқат ҳидоят мекунад.

Ҷамъбандӣ
Дин ва шариати исломӣ бар пояи боварҳои ақлонӣ ва ваҳёнӣ устувор аст ва шинохти маорифи он, фақат аз тариқи шинохти Қуръони Карим ва сираи илоҳии ҳазрати Муҳаммади Мустафо(с) муяссар мегардад.
Илму маорифи динӣ дар қолиби ақоид, аҳком ва ахлоқ матраҳ мегарданд, ки дарбаргирандаи тамомии ниёзҳои боядӣ(фарзҳо ва воҷибҳо),  набоядӣ(ҳаромҳо ва макруҳот) ва ихтиёрии(мубоҳҳо ва мустаҳабот) инсон дар равобиташ бо Худо ва халқи Худо, мешавад.
Инсонҳои соҳиби ақлу хирад, ҳамеша корҳои некӯро меписанданд ва онро барои худ ва дигарон тавсия мекунанд.
Барои мӯъминон Расули Худо(с) улгӯи бартарин ҳастанд ва хулқи ҳасанаро аз он ҳазрат омӯхта ва дар равобити фардӣ ва иҷтимоии худ ба кор мегиранд.
Яке аз боризтарин ахлоқиёти некӯи Расули Худо(с) чеҳракушодӣ ва хӯшрафторӣ бо атрофиён аст, ки Қуръони Карим ҳамин хулқи ҳасанаро сабаби наздикӣ ва мӯъмин гаштани дигарон медонад.
Ҳар мусалмон ва пайрави Қуръон ва суннати набавӣ(с), бояд дар баробари дигарон сарчашмаи некиҳо ва рафторҳои ҳасана бошад ва бо амали худ, мардумро бо дину шариат ва Қуръону суннат ошно гардонад.
Худоё! Гуфтору рафтори моро некӯ бигардон ва моро  аз мубаллиғони шариати муҳаммадӣ(с) қарор бидеҳ
омин

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед