Ҳасад ва ғибта

0
45

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Мафҳӯми ғибта (мунофисаҳ) бо вуҷӯди тафовут,   бо ҳасад дар иртибот аст.(Ғаззолӣ, Эҳёи улуми дин, ҷ3, саҳ202) Ғибта замоне рӯх медиҳад, ки одам орзӯи заволи(аз байн рафтани) неъмати дигаронро надорад,  балки фақат мехоҳад ӯ низ аз он неъмат баҳраманд шавад. Ғибта  бар зидди ҳасад  сифати писандида аст, ба вижа  он ки дар ривоят  ба сароҳат ғибта аз сифоти мӯъмин ва ҳасад аз хислатҳои мунофиқ дониста шудааст.

Ғибта дар луғат ба маънои шодмонӣ ва хушҳол шудан аст. Ғибта рӯҳияи инсонро зинда мекунад ва бо мушоҳидаи  муваффақият ва камоли дигарон   саъй мекунад худаш ҳам мисли онро дошта бошад, ки  ҳамин тамоюл   омили ҳаракат ба самти камол хоҳад шуд. Бидӯни он ки орзӯи нобӯдии онро барои дигар намояд.  Ин як фазилати ахлоқӣ ба ҳисоб меояд. Бар асоси ривоёт чунин сифат аз вижагиҳои инсонҳои муъмин аст. Муъминон ғибта мехӯранд,  аммо нисбат ба дигарон ҳасодат намеварзанд. Аммо мунофиқон баръакс   ҳасодат варзида,  вале ғибта намехӯранд.

Ҳасад  рӯҳияи хорӣ ва худкамбинӣ аст, ки фарди ҳасуд дар худ мебинад ва ба дунболи он орзӯ мекунад, ки фарде, ки дорои неъмати воқеъӣ ё хаёлӣ аст, аз он неъмат маҳрум шавад,  ҳол чи он неъмати воқеъӣ ё хаёлиро худ дошта бошад ва ё надошта бошад,  ё ба ӯ расад ё нарасад.

Ҳасад дар ривоёт

الْحَسَدُ يَأْكُلُ الْحَسَنَاتِ كَمَا تَأْكُلُ النَّارُ الْحَطَبَ، وَالصَّدَقَةُ تُطْفِئُ الْخَطِيئَةَ كَمَا يُطْفِئُ الْمَاءُ النَّارَ

Ҳасад ҳасанотро мехӯрад ҳамон гӯна ки оташ ҳезумро мехӯрад ва садақа месӯзонад гуноҳонро, ҳамонгуна ки хомӯш мекунад об оташро(Ибни Моҷа, ҷ5, саҳ 295)

لا يَجْتَمعُ فِي جَوْفِ عَبْدٍ الإِيمَانُ وَالْحَسَدُ

“Дар қалби инсон имону ҳасад якҷо ҷамъ намешавад” (Ибни Ҳубон, ҷ5, саҳ178)

Нишонаҳои ҳасад

1.Нороҳатӣ аз расидани неъмат ба дигарон  бидуни нишон додан дар амал.

2.Ғайбат ва айбҷӯӣ.

3.Душманӣ,  адоват ва коршиканӣ.

4.Бемеҳрӣ ё қатъи робита аз шахс ва пинҳон кардани сифоти барҷаста ба тавре, ки ҳатто намехоҳад сухане аз ӯ бишнавад.

Ин аст, ки мегӯянд ҳасуд қабл аз он ки ба тарафи мавриди ҳасодаташ латма ворид кунад,  ба худаш зулм ва ситам раво медорад ва дину  дунёи худро табоҳ месозад, зеро бо ҳасодати ӯ неъмати дигарон аз байн намеравад,  вале худи ӯ ба ҳалокат мерасад. Чунон ки шайтон ба хотири ҳасодаташ ба худ латма ворид карда,  вале Одам (а) ба унвони паёмбари Худо интихоб шуд.

Дармони ҳасад

Бемориҳои қалбӣ дармон намешавад,  магар бо илм ва амал; илм яъне ин ки шахси ҳасуд бидонад ҳасодат бар дин ва диёнати ӯ зарар дорад ва амал яъне ба он чӣ ки шинохт пайдо карда амал кунад. Монанди вақте ки фарди ҳасуд,  бар ин ки такаббури вай боиси ҳасади ӯ шуда шинохт пайдо кардааст. Пас бояд баръакси он амал кунад; яъне тавозӯъ ва шикастанафсӣ  ба харҷ диҳад.

Илмӣ

1)Шахси ҳасуд бояд бидонад, ки ҳасодаташ ба дин ва диёнати маҳсуд,  зарар намезанад, зеро неъмати ӯ бо ҳасади ҳасуд,  нобуд намешавад. Бояд шинохт пайдо кунад, ки он чи Худованд аз неъматҳо бар бандагонаш муқарар карда ногузираст, ки то вақташ истимрор дошта аст, на монее барои атояш ва на рад кунандаи барои қазояш хоҳад буд.” لِكُلِّ أَجَلٍ كِتَابٌ” барои ҳар аҷале,  мактӯб ва навиштаҳое аст. (Сураи Сод, ояти 38)

2 ) Ҳасуд бояд бидонад ки нисбат ба чӣ касе ё чӣ чизе ҳасодат мекунад. Оё нисбат ба мардумон ҳасад мекунанд,  ба хотири он чи Худованд аз фазли худ ба эшон дод? Аз ояти фавқ бардошт мешавад, ки ҳасуд ба неъматҳои Худованд ҳасодат мекунад.

3 ) Ҳасуд бояд бидонад, ки ҳасодаташ ҳеҷ зараре ба маҳсуд намезанад. Агар ба шумо хушӣ бирасад нохуш мешавад ва агар ба шумо газанде расад бидон, ки шод мешавад ва агар сабр кунад ва парҳезгорӣ намояд, найрангашон ҳеҷ зараре ба шумо намерасонад.

4) Ҳасуд бояд бидонад, то чашм бар  ҳам задани ҳосид ва маҳсуд дар хок,  пӯсида ва фосид шудаанд. Ҳасуд бояд бидонад ки дунё маҳали гузараст ва ҳасуду маҳсуд, то чашм барҳам бизананд,  дар зери хок пӯсида ва фосид шуда ва дар тӯли умрашон ба андозае, ки Худованд муқарар дошт ба онҳо мерасад.

5) Ҳасуд бояд бидонад оё ба он чӣ ки ҳасад мекунад ниёз дорад? ва дар сӯрати бадаст овардан  чизе оиди ӯ мешавад? ва агар онро ба даст наёварад, чи чизеро аз даст медиҳад? Ҳангоме ки он чӣ барои он ҳасад бурда мешавад аз байн биравад,  хоҳӣ донист ҳасуд бар чизи беарзиш ҳасад мебурдааст.

Натиҷа

Ҳасад яъне орзӯи заволи неъмат аз дигарон; чи фарди ҳасуд он неъматро барои худ бихоҳад ва чи хостори он неъмат барои худ набошад. Ҳасад як навъи марази қалбӣ ва дохилӣ аст ва шомили паёомадҳои ҷисмонӣ,  равонӣ ва маънавӣ мешавад. Фарди ҳасуд метавонад бо шиносоии иллатҳои ҳасад  худро дармон кунад ва аз ин бемории хатарнок раҳоӣ ёбад. Ҳасад бо ғибта фарқ мекунад. Дар ғибта бар хилофи ҳасад  шахс орзӯи аз байн рафтани неъмати дигаронро надорад. Қуръон ва ривоёт,  мӯъмининро аз ҳасад барҳазар доштаанд,  то ҷое ки дар ривоёт баён мешавад ҳасад имонро аз байн мебарад.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед