Саҷдаи тиловат(қисмати якум)

0
155

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Дар ҳангоми хондани ояти саҷдадори Қуръони Карим, саҷдаи тиловат ба хонанда ва шунавандаи он воҷиб мешавад.

Анҷоми саҷдаи тиловат бо тиловати 14 ояти Қуръони Карим воҷиб мегардад:

1 Сураи Аъроф, ояти 206 8 Сураи Раъд, ояти 15
2 Сураи Наҳл, ояти 49 ва 50 9 Сураи Исро, ояти 107
3 Сураи Марям, ояти 58 10 Сураи Ҳаҷ, ояти 18 (саҷдаи аввал)
4 Сураи Фурқон, ояти 60 11 Сураи Намл, ояти 25 ва 26
5  Сураи Саҷда, ояти 15 12 Сураи Сод, ояти 24
6 Сураи Фуссилат, ояти 37 ва 38 13 Сураи Наҷм, ояти 62
7 Сураи Иншиқоқ, ояти 21 14 Сураи Алақ, ояти 19

Саҷдаи тиловат танҳо як саҷда аст дар байни ду такбир бо тамоми шароите, ки барои намоз лозим аст, ба монанди таҳорату қибла.

Хондани саҷдаи тиловат дар намоз

Ҳар вақто, ки намозгузор ин 14 мавриди болоро дар намоз тиловат кард, бояд билофосила ба саҷда рафта ва бармегардаду ба намозаш идома медиҳад.

Чанд масъала дар мавриди саҷдаи тиловат

Масъалаи якум

Савол: Саҷдаи тиловат кай лозим мешавад?

Ҳар вақто, ки инсон ояти саҷдадорро ба ҳадде бихонад, ки садо ҳосил шавад, ҳарфҳо ҳосил шавад, худи хонанда бишнавад ё касе, ки канори ӯ нишастааст, бишнавад, ба шарте, ки оятро тиловат кунад бо ҳаракати лабҳо, ҳосил шудани садо ва ҳосил шудани ҳарфҳо, агар яке аз ин се шарт бошад саҷда тиловат воҷиб намешавад.

Масъалаи дуюм

Қисмате, ки марбут ба саҷдаи тиловат аст, бояд комил ва муттасил хонда шавад, агар ҷудо-ҷудо хонда шавад ё ҳиҷо-ҳиҷо хонда шавад ё ин ки чанд нафар як ҳарф-як ҳарф бихонанд саҷдаи тиловат лозим намешавад.

Агар инсон ояти саҷдадорро аз чанд нафар бишнавад ба тавре, ки ҳар кадоме аз онҳо як ҳарфи онро бихонад, то калима комил шавад, дар ин сурат саҷдаи тиловат лозим намешавад.

Масъалаи сеюм

Асл дар вуҷуби саҷдаи тиловат ин аст, ки шахси хонандаи он оят, бояд аҳлияти вуҷуби намозро дошта бошад, ё намозхон бошад ё агар намозро қазо мекунад қазои онро адо кунад, агар шахсе, ки аҳли намоз набошад саҷдаи тиловат бар ӯ лозим намешавад.

Масъалаи чорум

Агар як кофир ё девона ё кӯдак ё ҳоиз ё нуфасо ё зани нуфасое, ки камтар аз 40 рӯз тоҳир шудааст, ояти саҷдадорро бихонанд, саҷдаи тиловат бар ин афрод лозим намешавад, аммо бар касоне, ки онро мешунаванд лозим мешавад, ба шарте, ки шунаванда оқилу болиғ бошад.

Масъалаи панҷум

Агар шахси бетаҳорат ё ҷунуб ё ин ду аз касе дигар бишунаванд, чун инҳо аҳлияти намозро доранд, саҷдаи тиловат бар ҳардуи онҳо (бетаҳорат ва ҷунуб) лозим мешавад. Яъне лозим мешавад, ки бетаҳорат таҳорат кунад ё ҷунуб ғусл кунад ва сипас саҷдаи тиловатро анҷом диҳад.

Масъалаи шашум

Агар саҷдаи тиловат аз даҳони паранда шунида шавад (масалан баъзе аз тутиҳоро Қуръон меомузанд) саҷдаи тиловат лозим намешавад.

Масъалаи ҳафтум

Агар шахсе дар хоб саҷдаи тиловатро бихонад, дар ин маврдид ихтилоф аст, ки бар худи шахси хоб лозим намешавад, вале бар шунаванда лозим мешавад, агар касе ба шахси хоб гуфт, ки дар хоб ояти тиловатро хондӣ дар ин сурат бар шахсе, ки дар хоб ояти тиловат хондааст ҳам саҷдаи тиловат лозим мешавад.

Масъалаи ҳаштум

Агар саҷдаи тиловат тариқи садо шунида шавад ба таври ғайри мустақим, дар ин сурат саҷдаи тиловат бар ӯ лозим намешавад.

Масъалаи нуҳум

Агар саҷдаи тиловат тавассути маст хонда шавад, чун нушидани шароб гуноҳ аст, аммо худи он шахс аҳли намоз аст ва ба монанди кофиру кудаку девона нест, ҳам бар шахси маст лозим мешавад ва ҳам бар касе, ки онро бишнавад.

Масъалаи даҳум

Агар зане ояти саҷдадорро дар дохили намоз бихонад, вале онро дар дохили намоз ба ҷо наоварад ва пас аз хондани намоз ба одати моҳонааш дучор шавад, саҷдаи тиловат аз ин зан соқит шуда ва адои он лозим нест.

Масъалаи ёздаҳум

Намозгузоре, ки намози нофила мехонад, ҳар вақте, ки ояти саҷдадорро тиловат кунад ва онро дар дохили намоз оварад ва пас аз он намозашро фосид кунад, қазои саҷдаи тиловат бар ин шахс лозим мешавад, баръакси масъалаи даҳум. Яъне чун шахси намозгузор худаш сабаби ботил шудани намозаш шудааст, бар қазои саҷдаи тиловат лозим мешавад ва ҳамчунин як қонуни куллӣ дорем, ки агар намозгузор намози нафлро оғоз кард ва дар байни намоз онро фосид кард, бояд намози нафлро дубора бихонад. Ин шахсе, ки намозашро комил накардааст, бояд ҳам намозро қазо кунад ва ҳам саҷдаи тиловате, ки дар намози нафл хондааст.

Масъалаи дувоздаҳум

Як қавл аст, ки ҳар гоҳ ояти саҷдадорро бо забони форсӣ тиловат кунад, фарқе намекунад он касе, ки онро мехонад ё онро мешунавад, саҷдаи тиловат лозим мешавад. Албатта дар ин маврид ихтилоф аст. Назди Имомайн он шахсе, ки оятро мехонад бояд бидонад, ки ин матне, ки мехонад тарҷумаи Қуръон аст, то саҷдаи тиловат бар ӯ лозим шавад, агар надонад саҷдаи тиловат лозим намешавад. Аммо агар ба забони арабӣ ояти саҷдадор хонда шавад шахси тиловаткунанда хоҳ маънии онро бидонад ё надонад саҷдаи тиловат лозим мешавад.

Масъалаи сездаҳум

Ҳарвақто, ки имом саҷдаи тиловатро бихонад, бояд билофосила онро ба ҷо оварад ва сипас ба намози худ идома медиҳад, аммо агар замми сураро ба андозаи кофӣ хонда бошад, дигар бар намегардад ба идомаи замми сура ва ҳам нияти саҷдаи тиловатро мекунад ва ҳам нияти саҷдаи намозро, агар ният накунад, бояд се саҷда ба ҷо оварад.

Масъалаи чордаҳум

Агар маъмум ба ҷамоат пайваст дар ҳоле, ки имом саҷдаи тиловатро хонда ва онро ба ҷо овардааст, маъмум саҷдаи тиловатро ба ҷо меорад, хоҳ онро шунида бошад ё нашунида бошад. Тафовуте намекунад, ки дар намози ҷаҳрия бошад ё намози хафия.

Барои имом мустаҳаб аст, ки дар намозҳои хафия ояти саҷдадорро нахонад, зеро мардум мутаваҷҷеҳ намешаванд, ки ояти тиловат хонда шудааст.

Масъалаи понздаҳум

Агар имом саҷдаи тиловатро аз шахсе, ки берун аз ҷамоат аст бишнавад, бар имом лозим мешавад, ки онро берун аз намози ҷамоат ба ҷо оварад ва агар дар дохили намоз онро ба ҷо оварад, намоз ботил мешавад.

Масъалаи шонздаҳум

Агар шахсе ояти тиловатро аз имом дар ҳоле, ки ҳануз ба намоз дохил нашудааст, бишунавад ва пеш аз онки имом саҷдаи тиловатро ба ҷо оварад, ба намоз дохил шавад ҳамроҳи имом саҷдаи тиловатро ба ҷо меорад, ба шарте, ки дар ҳамон ракъате, ки ояти тиловат хонда шудааст, дохили намоз шавад, аммо агар дар ракъати баъдӣ вориди намоз шавад саҷдаи тиловатро пас аз намоз адо мекунад.

Масъалаи ҳабдаҳум

Дар адои саҷдаи тиловат нияти саҷдаи вақт ё қазо шарт нест, баръакси намозҳои фарзӣ, ки нияти намози вақт ва қазо шарт аст.

Идома дорад…

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед