Робитаи мусалмонон  бо ғайри мусалмонҳо  

0
89

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Робитаи мусалмонон  бо ғайри мусалмонҳо  

Бахши аввал

Таълимот ва дастуроти Ислом бар пояи усули фикрии хоссе дар бораи ҷаҳон, инсон ва иҷтимоъ аст ва чун қонунгузори Ислом офаринандаи инсон аст, ба ниёзи ӯ нисбати таомул бо афроди ҷомеа таваҷҷӯҳ карда ва илова бар таъйини қонунҳо барои танзими робитаи фард бо Худо, худ ва ҷаҳон, дастуроти хоссе барои чигунагии равобит бо инсонҳои дигар вазъ кардааст. Ислом ба барқарории равобити иҷтимоии хосс байни мусалмонҳо  дастур дода ва бар асоси маслиҳатҳо, маҳдудиятҳо ва мамнуъиятҳо дар робитаи мусалмонҳо  бо ғайри мусалмонҳо  таъйин кардааст. Дастуроти Ислом дар ин замина, аз муҳимтарин дастурот ва сабаби рушду пешрафти иҷтимоии дини Ислом аст, ки агар мусалмонҳо  дар сабки зиндагиашон ба он дастурот бетаваҷҷӯҳ бошанд, исломе боқӣ намемонад. Дар оятҳои мухталифи Қуръони Карим масъалаи чигунагии таомул ва робитаи мусулонон бо ғайри мусулмон баён шудааст ва ба он таъкидҳои фаровон шудааст. Худованди Мутаол дар Сураи Оли Имрон мефармояд:

لَا يَتَّخِذِ الْمُؤْمِنُونَ الْكَافِرِينَ أَوْلِيَاءَ مِنْ دُونِ الْمُؤْمِنِينَ وَمَنْ يَفْعَلْ ذَلِكَ فَلَيْسَ مِنَ اللَّهِ فِي شَيْءٍ إِلَّا أَنْ تَتَّقُوا مِنْهُمْ تُقَاةً وَيُحَذِّرُكُمُ اللَّهُ نَفْسَهُ وَإِلَى اللَّهِ الْمَصِيرُ

“Ашхоси боимон набояд ба ҷои мӯъминон, кофиронро дӯст ва сарпарасти худ интихоб кунанд ва ҳар кас чунин кунад, ҳеҷ робитае бо Худо надорад (ва пайванди ӯ, ба куллӣ аз Худо канда мешавад), магар ин ки аз онҳо бипарҳезед (ва ба хотири мақсадҳои муҳимтаре тақия кунед). Худованд шуморо аз (нофармонии) худ барҳазар медорад ва бозгашти (шумо) ба сӯи Худо аст. (Сураи Оли Имрон, ояти 28).

Қуръони Карим мусалмонҳоро ба шиддат аз дӯстӣ бо ғайри мусалмонҳо  парҳез медиҳад ва онҳоро аз ингуна дӯстиҳо сахт барҳазар медорад. Албатта на дар ин шакл, ки сабаби буғзу душманӣ миёни мусулмон ва ғайри мусулмон шавад. Бар хилофи ончи дар ҷаҳони масеҳият пас аз кашфи қораҳои ҷадид ва пайдо шудани қабилаҳои бумӣ иттифоқ афтод, ба тавре, ки ғайри масеҳиёнро нима инсон ва нима ҳайвон донистанд ва ба ин бовар буданд, ки куштани мусалмонҳо  ҳеҷ гуноҳе надорад ва ин бовари носаҳеҳ сабаби кушторҳои зиёди сиёҳпӯстону сурхпӯстон дар ҷаҳон шуд.

Бояд донист, ки дини Ислом мухолифи некӣ бо ғайри мусалмонҳо  нест. Худованд дар ояти 8 сураи Мумтаҳинамефармояд:

لَا يَنْهَاكُمُ اللَّهُ عَنِ الَّذِينَ لَمْ يُقَاتِلُوكُمْ فِي الدِّينِ وَلَمْ يُخْرِجُوكُمْ مِنْ دِيَارِكُمْ أَنْ تَبَرُّوهُمْ وَتُقْسِطُوا إِلَيْهِمْ إِنَّ اللَّهَ يُحِبُّ الْمُقْسِطِينَ

“Худо шуморо аз некӣ кардан ва риояти адолат нисбат ба касоне, ки дар роҳи дин бо шумо пайкор накарданд ва аз хонаву диёратон берун наронданд, наҳй намекунад, зеро Худованд адолатпешагонро дӯст дорад.” (Сураи Мумтаҳина, ояти 8)

 Қуръон намегӯяд, ки кори некатон фақат барои мӯъминон ва мусалмонҳо  бошад, балки мегӯяд, ки Расули Акрам(с) раҳмате барои ҷаҳониён аст, аммо Ислом аз ин ҷиҳат, ки мумкин аст дӯстӣ бо кофирон сабаби тавонмандии онҳо дар душманиашон шавад, мусалмонҳо ро аз дӯстӣ бо онҳо парҳез медорад.

Мусулмон бояд бидонад, ки узви як ҷомеа аст ва бояд шароит ва қонунҳои марбут ба пайкараи исломиро риоят кунад ва равобити ӯ бояд бо аъзои дигар ҷомеаҳои ғайри мусулмон ба шакле бошад, ки ҳадди ақал бо узвияти ӯ дар маҷмӯаи мусалмонҳо  дар носозгорӣ набошад.

 Дӯстӣ ё сарпараст қарор додани ғайри мусулмон дар нигоҳи дини Ислом ин аст, ки як мусулмон ҳамвора дар баробари ғайри мусалмонҳо  бидонад,  ки узве аз як пайкари бегона дар баробари ӯ қарор дорад ва бар асоси омӯзаҳои исломӣ таомул ва иртиботаш бо ғайри мусулмонро ҷиҳат бахшад. Равобити мусулмон бо мусулмон набояд монанд ё наздиктар аз равобити мусулмон бо ғайри мусулмон бошад.

 Башардӯстӣ ин аст, ки инсон ба саодати ҳамаи башар алоқаманд бошад, аммо вақте ҳамаи башарро натавонист ҳидоят кунад, набояд онҳоеро, ки ҳидоят шудаанд, фидои онҳое, ки ҳидоят нашудаанд, намояд, чароки ҳам дӯстӣ ва ҳам буғзу душманӣ дар Ислом вуҷуд дорад, аммо на душмании ғайри мантиқӣ, балки инсон дар доираи Ислом ҳама чизро бо тарозуи мантиқ ва ақл месанҷад ва равобити иҷтимоии худро танзим мекунад ва мантиқу ақли исломӣ аст, ки хубу бадро аз якдигар ҷудо мекунад ва дар шинохти ҳаққу ботил ба инсон кӯмак мекунад. Агар дӯстӣ ҳам дар миён бошад, бояд бар асоси омӯзаҳои исломӣ бошад ва агар душманӣ ҳам бошад боз ин Ислом аст, ки тарозуи ҳамагуна афкору андешаҳо ва иқдомоти ҷомеаи исломӣ мебошад.

Албатта бояд гуфт ин ба маънои он нест, ки мусулмон дар шароити сахти фитнаҳои хасмонаи душманони динӣ сокит бошад, чароки дини Ислом барои ҳамеша ва ҳамаҷо ва барои тамоми шароит дастурҳои хосси худашро дорад ва барои онгуна шароит, ки фитна бар ҷаомеа рахна мекунад, меҳру муҳаббат ва ҳаргуна дӯстиро дар назар нагирифта ва муқобила дар баробари фитнаҳо дастури ҷиҳод медиҳад. Дар Қуръони Карим мехонем.

وَقَاتِلُوهُمْ حَتَّى لَا تَكُونَ فِتْنَةٌ وَيَكُونَ الدِّينُ كُلُّهُ لِلَّهِ فَإِنِ انْتَهَوْا فَإِنَّ اللَّهَ بِمَا يَعْمَلُونَ بَصِيرٌ

“Ва бо онҳо пайкор кунед, то фитна (ширк ва салби озодӣ) барчида шавад ва дин (ва парастиш) ҳама махсуси Худо бошад. Ва агар онҳо (аз роҳи ширку фасод бозгарданд ва аз аъмоли нодуруст) худдорӣ кунанд, (Худованд онҳоро мепазирад). Худо ба ончи анҷом медиҳанд, бино аст.” (Сураи Анфол, ояти 39)

Фахри Розӣ дар тафсири Мафотиҳулғайб дар шарҳу тафсири ин ояти сураи Анфол ва маънои “фитна” баъд аз баёни маъноҳои гуногон ва сабабҳои шаъни нузули мухталиф менависад:

“Замоне, ки Ансор бо Расули Худо(с) байати Ақабаро анҷом доданд, Қурайш тавтеа кард, то бо макру найранг мардуми Маккаро аз динашон гумроҳ созад, пас мӯъминон бояд ҷаҳду талоши бештаре мекарданд, то битавонанд дар муқобили нақшаҳои фитнаангези Қурайш муваффақ бошанд, Худованд ҳам дастури ҷиҳод дод, то решаи фитна канда шавад ва ин фитна аз ҷомаи исломӣ нобуд шавад.” (Мафотиҳулғайб, Фахри Розӣ, ҷ 15, саҳ 168)

Табиати инсон ба шакле аст, ки дар канори ҳар муҳите, ки бошад аз он таъсир мепазирад ва чӣ басо ба шакли нохудогоҳ афкору андешаҳои дигаронро аз худ мекунад. Ислом ба шиддат ба ин масъала таъкид дорад, ки мабодо дӯстии мусулмон бо кофир сабаби таъсирпазирии мусулмон аз ӯ шавад, балки ин мусулмон аст, ки бояд дар дӯстӣ бо ғайри мусалмонҳо  ба рӯи онҳо таъсир бигузорад ва дар ҳидояти ҷомеаи инсонӣ саҳми худро боқӣ бигузорад.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед