Робитаи ихлос бо рӯза ва рӯзадорӣ

0
209

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Робитаи ихлос бо рӯза ва рӯзадорӣ
Дар миёни ибодатҳои илоҳӣ, рӯза ва рӯзадорӣ ҷойгоҳи хос ва мутафовитеро ба худ ихтисос додааст. Ҳар ҳамд, ситоиш ва ибодате, ки нисбат ба Офаридгори ҳастӣ, анҷом мегирад, зебо, хостанӣ ва дилпазир аст. Аммо дар ин миён, рӯзаи моҳи мубораки Рамазон, як чизи дигаре аст ва як рангу бӯи дигареро бо худ ҳамроҳ дорад.

Яке аз масъалаҳои муҳим ва асосии муртабит бо рӯза ва рӯзадорӣ масъалаи ихлос дар рӯза аст.

Ихлос ба маънои анҷом додани кор ва амал фақат барои Худованди Мутаол ва пок кардани нияти ғайри Худо аст. Дар донишҳои исломӣ аз ҷумла фиқҳ, ахлоқ, тафср ва … ихлос бо таъбирҳои мухталифе баён шудааст. Дар илми фиқҳ дар бобҳои марбут ба ибодот монанди намоз, рӯза, ҳаҷ ва … ихолос рукн ва пояи аслии ният баён шудааст. Дар илми фиқҳ ихлос ин аст, ки банда дар амали ибодии худ ҷуз қасди наздикӣ, бандагӣ ва убудият барои Парвардигор, ҳеҷ ангезаи дигаре надошта бошад. Ихлос дар амали ибодӣ, шарт ва ибодат бидуни он ботил аст. Дар муқобили ихлос риё қарор дорад, ки боиси ботил шудани амали ибодӣ мешавад. (Абдураҳмон Ҷазирӣ, Алфиқҳ алал мазоҳибил арбаъа, ҷ 2, саҳ 209 то 210)

Маъно ва мафҳуми ихлос ва анҷом додани амал фақат ба хотири Худованд дар Қуръони Карим дар оятҳои мутааддид ва зиёде бо калимаҳо, вожаҳо ва иборатҳои гуногуне баён шудааст ва бар он таъкиди зиёде шудааст, ба гунае ки набудани ихлос боиси ботил шудани амал ва ибодат унвон шудааст.

Албатта лозим ба ёдоварӣ аст, ки дар ин навишта манзури мо аз ихлос, маъно ва мафҳуми ислос аст; яаъне анҷом додани амал фақат ба хотири ризои Худованд аст, на ба лиҳози лафзу вожа ва калимаи ихлос, балки ҳар маънову мафҳум ва иборате, ки маънои ихлосро бирасонад.

Мо дар ин мақола ва навишта фақат чанд ояти Қуронро дар мавриди масъалаи ихлос ва  анҷом додани амал фақат ба хотири Худованд, зикр мекунем ва сипас робитаи ихлосро бо рӯза ва рӯзадорӣ тавзеҳ медиҳем.

1- Худованди Мутаол дар Қуръони Карим мефармояд:

وَمَا أُمِرُوا إِلَّا لِيَعْبُدُوا اللَّهَ مُخْلِصِينَ لَهُ الدِّينَ حُنَفَاء 

 “Ва ба онҳо дастуре дода нашуда буд, ҷуз ин ки Худоро бипарастанд, дар ҳоле ки дини худро барои Ӯ холис кунанд ва аз ширк ба тавҳид боз гарданд”. (Сураи Байина, ояти 5)

Худованд дар ин оят дар бораи аҳли китоб ва мушрикин мегӯяд: Онҳо амр ва дастур дода нашуданд, ҷуз ба ин ки Худовандро парастиш кунанд, ибодати Ӯро аз ибодати ғайри Ӯ холис созанд, аз ҳар гуна ширк муназзаҳ шаванд ва ба тавҳид боз гарданд.

Аз ин ояти Қуръон, бо ду тариқ ихлос дар рӯза ва рӯзадориро метавон ба исбот расонд.

Аввал ин ки дар ин оят ба ибодат ва парстиши холисонаи Худованд ва дурӣ аз ҳар гуна ширк ва наздикӣ ба тавҳид, дастур дода шудааст. Аз тарафи дигар, бидуни шак яке аз аслитарин ибодатҳо дар Ислом рӯза аст ва дар ҳақиқат яке аз рукнҳои Ислом аст. Бинобар ин, дар рӯза ва рӯзадорӣ ихлос ва анҷом додани он фақат барои Худо ва муназзаҳ кардани он аз ҳар гуна ширк, лозим ва зарурӣ аст.

Дуввум ин ки дар ин оят дастур дода шудааст, ки инсон бояд дини худро холис созад ва аз ҳар гуна ширк муназзаҳ намояд. Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки дин мафҳуми густарда дорад ва ақоид ва аҳкому ибодот ҳамаро шомил мешавад, лизо шомили рӯза ва рӯзадорӣ низ мешавад, чун ҳамон гуна, ки баён кардем, рӯза яке аз рукнҳои Ислом аст. Бинобар ин, таъбири ин оят нишон медиҳад, ки ҳамаи аҳком ва дастурҳои илоҳӣ аз ҳақиқати тавҳид ва ихлос сарчашма мегирад.

Дар Қуръони Карим оятҳои дигаре низ вуҷуд дорад, ки матлаби боло аз онҳо истифода мешавад, аз ҷумла оятҳои зер:

فَادْعُوا اللَّهَ مُخْلِصِينَ لَهُ الدِّينَ وَلَوْ كَرِهَ الْكَافِرُونَ

 “Пас Худованро дар ҳоле ки ибодатро барои Ӯ холис кардаед, бихонед, ҳар чанд кофиронро хуш наёяд”. (Сураи Ғофир, ояти 14)

قُلْ إِنِّي أُمِرْتُ أَنْ أَعْبُدَ اللَّهَ مُخْلِصًا لَّهُ الدِّينَ 

“Бигу ман амр шудаам ки Худоро дар ҳоле ки дин ва бандагиро барои Ӯ холис кардаам, бипарастам”. (Сураи Зумар, ояти 11)

2- Ҳамчунин Худованди Мутаол дар ояти дигаре дар ин замина мефармоя:

بَلَى مَنْ أَسْلَمَ وَجْهَهُ لِلّهِ وَهُوَ مُحْسِنٌ فَلَهُ أَجْرُهُ عِندَ رَبِّهِ وَلاَ خَوْفٌ عَلَيْهِمْ وَلاَ هُمْ يَحْزَنُونَ 

“Бале, касе, ки рӯи худро таслими Худо кунад ва некӯкор бошад, подоши ӯ назди Парвардигораш собит аст, на тарсе бар онҳо аст ва на ғамгин мешаванд”. (Сураи Бақара, ояти 112)

Дар ин оят “таслим кардан” ба “ваҷҳ (сурат)” нисбат дода шудааст, яъне касе, ки сурати худро дар баробари Худо таслим кунад. Ин ба хотири он аст, ки равшантарин ва ошкортарин нишона ва далел барои таслим шудан дар баробари чизе он аст, ки инсон бо тамоми сурат мутаваҷҷеҳи он бошад.

Ин эҳтимол низ вуҷуд дорад, ки “ваҷҳ (сурат)” дар ин оят ба маънои зот аст. Яъне касе, ки бо тамоми зот ва вуҷуд, худро таслими Парвардигор мекунад.

Аз ин ояти Қуръон истифода мешавд, ки касе, ки тамоми вуҷуд, зот ва ҳастии худро дар баробари Худованди Мутаол комилан таслим мекунад ва аъмолу ибодатҳои худро холис барои Худованд анҷом медиҳад, аҷру подоши ӯ назди Худованд аст ва ӯ мавриди ризояти илоҳӣ мебошад.

Аммо робита миёни таслими маҳз будан дар баробари Худованди Мутаол ва ихлос дар амал ва ибодатҳо ин аст,  касе, ки зот ва вуҷуди худро дар баробари Худованд таслим мекунад ва касе ҷуз Худовандро дар назар намегирад, бидуни шак ин масъала дар аъмол ва рафтори ӯ низ ҷорӣ мешавад ва аъмол ва ибодатҳои худро фақат барои Худованд анҷом медиҳад. Рӯза ва рӯзадорӣ низ аз беҳтарин ва муҳимтарин ибодатҳо дар Ислом ба шумор меояд. Бинобар ин ихлос ва маҳз ба хотири Худованд анҷом додан дар рӯза ва рӯзадорӣ лозим ва зарурӣ аст ва бидуни он рӯза ботил аст.

Аз оятҳои Қуръони Карим, ки зикр шуд ва тавзеҳу табйин намудем, ба равшанӣ истифода мешавад, ки “ихлос” ва анҷом додани аъмол фақат ба хотири Худо ва дурӣ аз ширк, яке аз шароити асосӣ ва аз рукнҳо ва пояҳои ҳар ибодате, аз ҷумла рӯза ва рӯзадорӣ аст. Пас рӯза ва рӯзадорӣ фақат дар сурте мавриди қабули Худованди Мутаол воқеъ мешванд, ки мухлисона бошад ва фақат ба хотири Худованд анҷом шавад.

Ҳар чанд дар оятҳои зикршуда калимаи “савм (рӯза)” ба сароҳат зикр нашудааст, аммо дар тамоми ин оятҳо дастур ва амр ба ибодат ва амали холисона дода шудааст ва бидуни шак рӯза яке аз мисдоқҳои асосии ибодат дар Ислом ва яке аз рукнҳои Ислом мебошад.

Бинобар ин, масъалаи “ихлос” ва анҷом додани рӯза ва рӯзадорӣ фақат ба хотири Худованд, аз шароит ва рукнҳову пояҳои аслии рӯза ва рӯзадорӣ аст.

Аммо миёни масъалаи “ихлос” ва рӯзаву рӯзадорӣ як робитаи вижае вуҷуд дорад, ки онро аз дигар ибодатҳо ҷудо мекунад. Ҳарчанд ихлос дар тамоми ибодатҳо шарт ва рукну пояи аслӣ ба шумор меояд, вале он дар рӯза ва рӯзадорӣ аз ҷойгоҳи хос ва вежае бархӯрдор аст.

Чунон ки баён кардем ихлос яъне ин ки инсон корро фақат барои Худо ва ишқи ба анҷоми вазифаи илоҳӣ, анҷом диҳад. Яъне ин ки инсон барои ҳавои нафс, расидан ба молу сарват, расидан ба мақом, номи нек, қазовати таърих, барои ангезаҳои нафсонӣ, барои сер шудани сифати палиди ҳасад, тамаъ, ҳирс, зиёдаталабӣ ва монанди онҳо, кор накунад, балки корро фақат барои Худо ва иҷрои вазифаи илоҳӣ, анҷом диҳад.

Ихлос дар ҷавҳара ва зоти рӯза наҳуфтааст, зеро ибодате аст хомӯш ва бесадо ва ҳамонанди намоз, ҷиҳод, ҳаҷ ва … бо ҳаракати баданӣ ва аъмоли зоҳирӣ ҳамроҳ нест ва то замоне, ки шахс худ изҳори рӯзадорӣ накунад, касе аз зоҳири ӯ наметавонад ба рӯзадориаш пай бибарад. Бинобар ин, рӯза ба таври табиӣ, шахсро ба ихлос ва ибодат барои ризои Худованд ҳидоят мекунад.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед