Рибо дар Қуръон ва суннат (бахши дувум)

0
162

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Рибо аз ҷумлаи гуноҳони бузурге аст, ки дар оятҳо ва ривоятҳо ба баъзе аз сабабҳо ва фалсафаҳои ҳаром будан ва таъсирҳои зиёнбори он дар дунё ва охират ишора шуд ва дар ин қисмату идомаи баҳс анвои он мавриди баҳсу баррасӣ қарор мегирад. Тавре, ки дар қисмати аввали баҳс баён шуд, амали рибо ба далели реша давондан дар байни мардум ва кашондани ҷомеа ба марзи нобудӣ, ҳукми ҳаром будани он кам-кам ташреъ шуд. Рибо рӯҳияи ҳамкорӣ ва таомули мавриди қабули дини Исломро аз байн мебарад ва дар муқобил, базри тафриқа ва душманиро дар байни мардум мепошад ва дар натиҷа ин офат ба тамоми ҷомеаи исломӣ зиён мерасонад ва ҳамчун офате балои ҷони мардуми мусалмон мешавад. Аз ҳамин рӯ Расули Худо(с) дар ҳадисе фармудаанд:

عَنْ عَبْدِ اللهِ، قَالَ: «لَعَنَ رَسُولُ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ آكِلَ الرِّبَا وَمُؤْكِلَهُ»

Абдуллоҳ дар ривояти худ гуфтааст: “Расули Худо (с) ҳам рибогиранда ва ҳам рибодиҳандаро лаънат кардааст.” (Саҳеҳ Муслим, ҷ 3, саҳ 1218

Расули Акрам(с) дар ҳадиси худ, рибогиранда ва рибохӯрандаро мавриди лаънати худ қарор додааст ва ин лаънат ҳам барои худ фалсафа дорад; зеро бо таваҷҷӯҳ ба омӯзаҳое, ки дини Ислом дар бораи зиндагӣ ба мо таълим дода ва дар талош аст, то ҷомеаи исломӣ ҳамчун як ҷомеаи солим ҳамроҳ бо иқтисоди солим ва пайвандҳои отифӣ бошад.

Нигоҳи дин ба рибо

Аз нигоҳи дин ҷомеае, ки фаъолиятҳои иқтисодӣ ва маишатии худро бар пояи рибо сомон мебахшад ба сӯи нобудӣ қадам мегузорад ва дар роҳи саркашӣ ва носипосӣ аст. Аз растагорӣ ва шукуфоии воқеъӣ боз мемонад ва анвои инҳирофҳо, ноадолатиҳо ва фасодгариҳо дар он ҷомеа ривоҷ пайдо мекунад ва албатта дар ин равиш, бахше аз мардуми ҷомеа аз неъматҳои лаззатбахши зиндагӣ маҳрум мешавад.

Аз нигоҳи дини Ислом, бадтарин, палидтарин ва хатарноктарин роҳи касби даромад ва таъмини зиндагӣ ин аст, ки мардум тариқи даромади ҳосилшуда аз рибо, тавон ва рушди иқтисодии худро  афзоиш бидиҳад. Ба ҳамин сабаб ба мӯъминон тазаккур медиҳад, ки аз рибохӯрӣ ва ривоҷи фарҳанги рибо ва сомондеҳии иқтисоди ҷомеаи исломӣ бар асоси ин амали нописанд ба шиддат парҳез кунанд ва ба тақво ва тақвияти арзишҳои динӣ дар ҷомеа рӯй оваранд ва бо далелтарошиҳои гуногӯн, худ ва ҷомеаро ба ин душмани пинҳоӣ ва фиребанда олӯда накунанд.

Анвои рибо

Риборо ба шаклҳои мухталиф тақсим кардаанд, аммо ба таври куллӣ рибо ба ду навъ аст; рибои фазл ва рибои ҷоҳилӣ, ки Қуръону суннат ҳар ду навъи риборо ҳаром кардааст.

Рибои фазл

Саид ибни Ваҳф дар таърифи рибои фазл дар китобаш чунин зикр кардааст:

هُوَ الزِّيادَةُ فِي مُبَادَلَةِ مَالٍ رَبَوِي بِمَالٍ ربويٍّ مِن جِنسِهِ

“Рибои фазл, заёдие дар муомилаи моли рибо ба моли рибо аз ҷинси худаш аст” (Саъид ибни Ваҳф Қаҳтонӣ, ар-рибо азвоуҳу ва осоруҳу фи завилкитоби вас-сунна, ҷ 1, саҳ 18)

Рибои фазлро ингуна таъриф кардаанд; навъе муомилаи нақдии ду колои аз ҷинси якдигар бо зиёдӣ дар як тараф, ки албата  бо далелҳои ҳадисӣ ин навъ рибо ҳаром дониста шудааст.

قَالَ رَسُولُ الله – صَلَّى اللهّ عَلَيهِ وَسَلَّمَ: «الذَّهَبُ بِالذَّهَبِ وَالْفِضَّةُ بِالْفِضَّةِ وَالْبُرُّ بِالْبُرِّ وَالشَّعِيرُ بِالشَّعِيرِ وَالتَّمْرُ بِالتَّمْرِ وَالْمِلْحُ بِالْمِلْحِ مِثْلاً بِمِثْلٍ سَوَاءً بِسَوَاءٍ يَدًا بِيَدٍ فَمَن زَادَ أو استَزَادَ فَقَد أَربی»

Расули Акрам (с) дар ҳадисе фармудаанд: “Тилло бо тилло, нуқра бо нуқра, гандум бо гандум, ҷав бо ҷав, намак бо намак, ба андозаи ҳам, яксон бо ҳам, даст ба даст (киноя аз нақдӣ будани муомила). Дар ин муоммила(-и нақдӣ) агар касе бештар пардохт кард ё талаби зиёдӣ кард, рибо анҷом додааст.” (Саҳеҳ Бухорӣ, ҷ 3, саҳ 75)

Бар асоси ин ҳадиси Расли Акрам(с) бахше аз шаклҳои мухталифи муомила баён доштааст ва дар қисмати охири ҳадис баён шудааст, ки агар талаби зиёдатӣ аз ҷониби ҳар кадом аз тарафҳои муомила анҷом шавад, шомили рибо мешавад. Ба таври мисол, агар як килло гандум дар баробари ду килло гандум муомила шавад, шомили рибои фазл мешавад ва шаръ онро ҳаром кардааст.

Рибои ҷоҳилӣ

Мақсуд аз рибои ҷоҳилӣ (нися=نسیئه), фурӯхтани масалан як килло гандум дар баробари ду килло гандум аст ва ба хариду фурӯше гуфта мешавад, ки коло ё пул дар муддатзамони мушаххасшуда бештар аз асли мол дода мешавад ва ғолибан, ин навъ рибо дар сурати нотавонии молӣ аст, ки ба он қарзи ҳаром ҳам гуфта мешавад. Ба ин навъ муомила аз он ҷиҳат рибои ҷоҳилӣ гуфта мешавад, ки пули бештаре ба сабаби таъхир дар адои пардохт дарёфт мешавад.

Албатта ин навъ рибо шаклҳои мухталифе дорад, ки баъзе аз онҳо ҷоиз ва баъзе дигар ҳаром аст; шакли нодуруст ва ҳароми ин навъ муомила дар ривояти Муслим ингуна омадааст:

عَنِ النَّبيِّ – صَلَّى اللهّ عَلَيهِ وَسَلَّمَ – قَالَ: الذَّهَبُ بالذَّهَبِ، والْفِضَّةُ بالفِضَّةِ، والْبُرُّ بالبُرِّ، والشَّعِيرُ بالشَّعِيرِ، والتَّمْرُ بالتَّمْرِ، والْمِلْحُ بالمِلْحِ، مِثْلًا بمِثْلٍ، سَواءً بسَواءٍ، يَدًا بيَدٍ، فإذا اخْتَلَفَتْ هذِه الأصْنافُ، فَبِيعُوا كيفَ شِئْتُمْ، إذا كانَ يَدًا بيَدٍ

Расули Акрам (с) дар ҳадис фармудаанд: “Тилло бо тилло, нуқра бо нуқра, гандум бо гандум, ҷав бо ҷав, намак бо намак, ба андозаи ҳам, яксон бо ҳам, даст ба даст, аммо замоне, ки ин қолоҳо фарқ карданд, (масалан нуқра бо тилло ё намак бо гандум) ҳар тавре, ки хостед муомила кунед, модоме, ки нақдӣ бошад.” (Саҳеҳ Муслим, ҷ 3, саҳ 1211).

Бар асоси ин ҳадис, ин навъ мумоила шомили рибои ҷоҳилии ҳаром мебошад. Ба таври мисол агар хурмо бо колои дигар, мисли гандум муомила шавад, ҷоиз нест ва ҳаром мебошад. Аммо як навъи дигари ин муомила ҷоиз аст, ки дар он муомилаи “салаф”, “салам” мегӯянд ва дар он меваҷот ё зироате, ки ҳоло мавҷуд нест, мавриди муомила қарор мегирад; ин навъ муомила ба ин шакл аст, ки кишоварз колои мавриди назарро дар оянда дар замони бардошти маҳсул, бо вазни маълум ба муштарӣ таҳвил медиҳад, аммо пулро айни замони муомила таҳвил мегирад. Бар асоси ҳадиси Бухорӣ ва Муслим, ин навъ хариду фурӯш то ду сол ва бештар аз ду сол ҳам ҷоиз мебошад:

عَنِ ابْنِ عَبَّاسٍ، قَالَقَدِمَ النَّبِیُّ صَلَّى اللهُ عَلَیْهِ وَسَلَّمَ الْمَدِینَةَ، وَهُمْ یُسْلِفُونَ فِی الثِّمَارِ السَّنَةَ وَالسَّنَتَیْنِ، فَقَالَ: «مَنْ أَسْلَفَ فِی تَمْرٍ، فَلْیُسْلِفْ فِی کَیْلٍ مَعْلُومٍ، وَوَزْنٍ مَعْلُومٍ، إِلَى أَجَلٍ مَعْلُومٍ»

Ибни Аббос (рз) ривоят кардааст, ки Расули Худо(с) ба (шаҳри) Мадина омад ва онҳо меваҷотро ба муддати як солу ду сол ба шакли салаф муомила мекарданд. Расули Худо (с) ба онҳо фармуд: “Ҳар кас дар хурмо муомилаи салаф мекунад, бар вазни маълум то замони мушаххасшудае муомила кунад.” (Саҳеҳ Муслим, ҷ 3, саҳ 1226)

Маълум аст, ки дар андешаи динӣ, рушди иқтисодӣ, асоси бисёре аз тавоноиҳо ва иқдомоти муҳимми зиндагӣ аст ва коҳиши сармоя фақру дармондагиро ба дунбол дорад. Мол ҳамун хунмояи ҳаёт аст ва бояд дар гардиш бошад, то фаъолиятҳои иқтисодии дурусту саҳеҳро дар ҷомеа парвариш бидиҳад ва ин сабаби пешрафти ҷомеаи исломӣ ва дур шудан аз офатҳои иқтисодӣ хоҳад шуд.

Рибо дар Қуръон ва суннат (бахши аввал)

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед