Рибо дар Қуръон ва суннат (бахши аввал)

0
97

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Рибо ва рибохорӣ аз хатарноктарин офатҳои иҷтимоӣ ва аз гуноҳоне ба ҳисоб меояд ва ҳукми шаръии он тавре баён шудааст, ки қубҳи зотии он маълум ва равшан аст. Рибо дар Қуръони Карим ҳамчун эълони ҷанг бо Худо ва Расули Акрам(с) дониста шудааст. Қуръони Карим ва ривоятҳо ба шиддат бо маъсалаи рибо бархурд кардааст, ки дар идомаи баҳс баён хоҳад шуд. Худованди Мутаол дар сураи Бақара мефармояд:

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا اتَّقُوا اللَّهَ وَذَرُوا مَا بَقِيَ مِنَ الرِّبَا إِنْ كُنْتُمْ مُؤْمِنِينَ

Эй касоне, ки имон овардаед! Тақвои Худоро пеша кунед ва агар мӯъмин ҳастед, он чиро аз рибо боқӣ мондааст, раҳо кунед. (Сураи Бақара, ояти 278).

Рибо аз назари луғат

Қабл аз баҳс дар бораи рибо, аз назари луғавӣ ва истилоҳӣ ба таърифи ин масъала мепардозем.

Роғиби Исфаҳонӣ  нависандаи яке аз беҳтарин китобҳои луғатӣ дар заминаи Қуръони Карим, дар бораи маънои рибо мегӯяд: “Рибо дар луғат ду маъно дорад: як; зиёдӣ, дуввум; бартарӣ”. (Муфрадоти Роғиб, саҳ 336)

Аҳмад ибни Форис мегӯяд: “Рибо ба маънои зиёдӣ ва рӯшд аст.” (Мақоисуллуғат, саҳ 381).

Ибни Манзур навиштааст: “Рибо ба маънои зиёдӣ аст”. (Лисонулараб, саҳ 399).

Дар маҷмӯъ, бо таваҷҷӯҳ ба таърифҳои донишмандони илми луғат, метавон ингуна баён кард, ки рибо ба манънои “бахши зиёдшуда”, “фузунӣ”, “афзӯда” аст, ки ба он “баҳра” ҳам гуфта мешавад. Ватқе чизе ба касе дода мешавад ва зиёда аз он чиз, аз вай пас гирифта мешавад, он қисмати зиёдияшро “рибо” гуфта мешавад.

Инсон аз тариқи неруи фитрӣ хайру шар ва бадию хубиро аз ҳам фарқ мегузорад ва роҳи саҳеҳи зиндагиро мепаймояд, аммо инсоне, ки гирифтори шайтон шуда бошад, рибо мехӯрад ва ин дар натиҷаи заиф будани қувваи ташхис байни зишту зебо ва хайру шар аст ва бар хилофи фитрати инсонӣ аст. Зеро фитрати инсонӣ металабад, ки инсон моли зиёда аз ниёзашро ба дигароне, ки эҳтиёҷ доранд, тақдим кунад ва ё бо он чизе, шахси дигар ниёз дорад, иваз кунад, на инки бештарашро аз он шахс бигирад.

Рибо; эълони ҷанг бо Худо ва Расул (с)

Дар Қуръони Карим фақат аз рибохӯранда ва рибо хӯрдан сухан ба миён омада ва ҳаром шудааст, аммо аз рибо додан ва рибодиҳанда сухане гуфта нашудааст. Дар ояти 131 сураи Оли Имро рибо хӯрдан (гирифтани баҳраи зиёд) наҳй шудааст. Дар ояти 275 сураи Бақара аз рибогирандагон сухан гуфта шудааст ва дастур дода шудааст, ки “рибо нагиред” ва дар ояти 279 ҳамон кори касонеро, ки рибо мегиранд, ҳамчун эълони ҷанг бо Худованд донистааст ва мефармояд:

فَإِنْ لَمْ تَفْعَلُوا فَأْذَنُوا بِحَرْبٍ مِنَ اللَّهِ وَرَسُولِهِ وَإِنْ تُبْتُمْ فَلَكُمْ رُءُوسُ أَمْوَالِكُمْ لَا تَظْلِمُونَ وَلَا تُظْلَمُونَ

Ва агар [чунин] накардед, пас бидонед, ки дар ҷанге бо Худо ва расулаш ҳастед; ва агар тавба кардед, пас, асли сармояҳоятон, аз они шумост. На зулм мекунед ва на зулм мешавед.” (Сураи Бақара, ояти 279)

Аз ояти зикршуда чанд паём фаҳмида мешавад:

  1. Касе, ки рибо анҷом медиҳад, бо ин кори худ эълони ҷанг бо Худо кардааст ва бояд бидонад, ки дар як тараф ӯ қарор дорад ва дар тарафи дигар Худованди Мутаол.
  2. Рибогиранда фақат соҳиби асли моли худаш аст ва молики баҳраи он намебошад.
  3. Адолати иқтисодӣ аз вазифаҳои ҳукумати исломӣ аст ва зулму ситам дар он раво намебошад.

Ҳақиқат ин аст, ки рибо фақру бадбахтиро меофаринад ва ҷомеаро ба гумроҳӣ мекашонад. Касоне, ки гуноҳи риборо анҷом медиҳанд, дар ҳамин оташи фақре, ки барои ҷомеа ба вуҷуд овардаанд, месӯзанд, чароки сабаби ба бадбахтӣ кашондани ҷомеа, ҳамон касоне ҳастанд, ки дар зиндагии худ рибо анҷом медиҳанд, дар ҳоле ки Худованди Мутаол онро ҳаром кардааст ва дар сураи Бақара мефармояд:

الَّذينَ يَأْکُلُونَ الرِّبا لا يَقُومُونَ إِلاَّ کَما يَقُومُ الَّذي يَتَخَبَّطُهُ الشَّيْطانُ مِنَ الْمَسِّ ذلِکَ بِأَنَّهُمْ قالُوا إِنَّمَا الْبَيْعُ مِثْلُ الرِّبا وَ أَحَلَّ اللَّهُ الْبَيْعَ وَ حَرَّمَ الرِّبا فَمَنْ جاءَهُ مَوْعِظَةٌ مِنْ رَبِّهِ فَانْتَهي‏ فَلَهُ ما سَلَفَ وَ أَمْرُهُ إِلَي اللَّهِ وَ مَنْ عادَ فَأُولئِکَ أَصْحابُ النَّارِ هُمْ فيها خالِدُونَ

Касоне, ки рибо мехӯранд, бар намехезанд магар ҳамонанди бархестани касе, ки шайтон бо осеб расондан ӯро девона сохтааст. Ин ба хотири он аст, ки онҳо гуфтанд: Ҳамоно доду ситад мисли рибост» ва ҳол он ки Худо доду ситадро ҳалол ва риборо ҳаром намудааст. Ва ҳар кӣ панде аз ҷониби Парвардигораш ба ӯ расад ва [аз рибохорӣ] боз истад, пас, он чи гузашт, барои ӯст ва кораш бо Худост; ва ҳар касе, ки [ба рибохорӣ] бозгардад, пас онон аҳли оташанд, онҳо дар он мондагоранд. (Сураи Бақара, ояти 275)

Бар асоси ояти мазкур рибохӯр дар рӯзи қиёмат ҳамчун девонагон маҳшур мешавад, чароки дар дунё роҳу равиши ӯ сабаби бар ҳам хӯрдани таодули ҷомеа гардидааст; сарватпарастӣ чашми ақлашро кӯр карда ва бо амали худ ихтилофҳои табақотӣ ва кинаро ба вуҷуд меоварад, ки ин омили густариши фақр ва кина мешавад.

Маломати рибокорон

Аз он ҷиҳат, ки рибо офате барои ҷомеа мебошад, Расули Акрам (с) ҳам рибогиранда ва ҳам рибодиҳандаро мавриди лаънати худ қарор додааст:

عَنْ عَبْدِ اللهِ، قَالَ: «لَعَنَ رَسُولُ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ آكِلَ الرِّبَا وَمُؤْكِلَهُ»

Абдуллоҳ дар ривояти худ гуфтааст: “Расули Худо (с) ҳам рибогиранда ва ҳам рибодиҳандаро лаънат кардааст.” (Саҳеҳ Муслим, ҷ 3, саҳ 1218)

Ҳаром будани рибо умумӣ аст ва барои ҳамаи афрод ва дар тамоми шароит мебошад. Ҳукми ҳаром будани рибо фақат дар ҳолате нест, ки яке аз тарафайни муомила сарватманд ва тарафи дигар фақир бошад; чӣ бисёр сарватмандон ва тоҷироне вуҷуд доранд, ки ба сабаби анҷоми рибо дар масоили иқтисодии худ, муфлис шуданд. Зеро камтар зиёне, ки дар он вуҷуд дорад, ин аст, баракати мол аз байн меравад. Рибодиҳандагону рибогирандагон  дар дунё растагор намешаванд. Инчунин  ба сабаби эҷоди фасодҳои иқтисодӣ ва фақр дар байни мардум ва дар охират ҳам гирифтори азоби илоҳӣ мешаванд.

Идома дорад…

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед